Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба осонӣ ва ин зудӣ аз гуноҳи Беранг гузаштанаш багумон аст… Лекин мо. Мо ку ба пагоҳ нияти дигар дорем. Чӣ бояд кард? Аз баҳри амалиёт гузарам? Бигузор ҳайати даста уҳда карда амалӣ созанд. Лекин. Лекин намегуфта бошанд, ки: «Амалиёти хонаи Боир ки хатари бузург дорад, худро канор гирифт…».

…Паҳлуи кати хоб мизи болояш пур аз нозу неъмат: шарбату нӯшокиҳои спиртӣ – арақу коняк ва барои ду нафар ҷомҳои хурду калони заррин гузошта шуда буд. Ин хона ва ин хони пур аз нӯшу неъмат ба ҷуз шикам сер кардан маънии дигаре ҳам дошт, ки барои фаҳмидани он соҳиби ақли комил будан шарт набуд. Нигор аз ҷумлаи меваҳо ва пораи тарбуз сурати дил кашида, сабзие ба ранги хаданги партобӣ ҷониби дил гузошта буд. Вакил ин ҳамаро дидан замон ба маънии таҳдори он пай бурд. Нигори бе он ҳам нозанин сару зулф оро дода, атри хушбӯи фаронсавӣ зада, хилъати ҳарир ба бар кардаву бо банди алобуло, ки мегуфтӣ думи паланг бошад, миён баста буд. Чоки гиребони хилъати ӯ ба ҳаде кушода буд, ки дами андаке хам зада, чизе гирифтану гузоштан кулчаи синаҳои тарангу дамидааш намоён шуда, шаҳвати меҳмонашро барангехтанд… Вакил бо сари ангушт миёнбанди думи палангии ӯро чирт кардан замон хилъат боз шуда, тани урёни ба ваҷдоварандаи зебои зан батамом пеши назар ҷилвагар гашт…

…Вақте Нигор пас аз ҳамхоба шудан ба ҳуш омад, бо ҳайрати тамом болои сари худ андешаманд нигаристани Вакилро дида, ба хубӣ маънӣ бардоштаву аз барои чӣ дар ҳайрат мондани ӯро ба фаросат пай бурд. Нигор бе он ки ӯ чизе пурсад ва ё мунтазири пурсиши Вакил шавад, болишт ба такия кашида, лаб ба қисса кушод:

– Ана ҳамин хел гапу кор ҷаноби Вакил. Ман Зулайховор се сол аст, ки бо қумандони шумо ҳамсарам ва бо ӯ ҳамеша содиқ будам, вазифаҳои ҳамсарии худро аз дили соф, аз нигоҳи шариат ва хутбаи ақди никоҳ ба уҳда гирифтаам, ба ҷо меовардам, ҳарчанд метавонистам аз ҳафтаю моҳҳои аввали хонадоршавӣ, ин роз ошкор созам, вале ин ҳама солу моҳ сабру таҳаммул пеша кардам.

Гуфтам: аҷаб не, нооромии асаб аст, имрӯз не, пагоҳ хуб мешавад.

Имрӯзу пагоҳи ман се сол тӯл кашид ва дар ин муддат боре дар дили ман фикри хиёнат ба ӯ пайдо нашуд ва умед доштам, сабру таҳаммули ман мерасад ва ҳеҷ гоҳ фикри хиёнат пайдо намешавад, – Нигор бо гӯшаи ҷилди болишт ашк пок карда, бо овози ҳазину дилреш идома дод: – Ман борҳо ба қумандони шумо маслиҳати табобат додам, вале ҳар бор ӯ ба дуруштӣ рад мекард ва худро солим вонамуд месохт ва шояд солим ҳам буд, вале на бо ман… Акнун ки дафъаи севум аст, ман шоҳиди хиёнат ва ҷинояти ӯ шудам, дигар косаи сабрам лабрез шуд, тоқатам тоқ гашт…

Ростӣ намедонам, дар ин замони ноором, ки ӯ худро ҳокими вақт, нархари бенухтаи якто мепиндорад, зани чандум аст, ба мурод расида ва ё нарасида мекушад ва ин дафъа сари кафида зери тоқӣ намонд, шумо ҳам аз моҷаро воқиф шудед. Вай ростӣ ки ба як маняки бераҳму шафқат бадал гаштааст. Агар раҳу рафтори ӯ пешгирӣ нашавад, Худо медонад, то поёни ин ҷанги бемаънӣ чӣ қадар зану духтарони дигари мардум туъмаи нопоки ӯ ва бадномзада мешаванд…

Вакил аз ҷой бархост, андешаманд чизе нагуфта, либос пӯшид ва бастаи саддолларӣ болои миз гузошта, бо ҳамон ҳолати саргармии андешаҳои худӣ аз дар баромаданӣ буд, ки Нигор базудии зуд бастаи пули гузоштаи ӯро бардошта, башитоб пеши роҳаш гирифту ба дасташ дода, гуфт: – Эҳтиёҷ надорам. Аз ин бастаҳо дорем.

– Ин ҳам истад. Халал намерасонад.

– Не.Боз вай аз ман гумони бад набарад.

– То ман зинда ҳастам, на фикру бими гумони бад бикуну на хатари дигаре.

– Бо вуҷуд, – ба Нигор исрори Вакил хуш наомад, ки гуфт: – Ман танфурӯш нестам ва ният ҳам надорам! Балки ба ту дил бастам.

Табассуми қаноатмандонае дар чеҳраи Вакил соя андохт. Вакил хомӯш ангуштарини худро, ки нигинаш лоҷварди пок буд, чашми бинанда мебурд, ба ангушти ӯ гузаронид.

Рӯзи дигар Беранг дар ангушти ҳамсараш ангуштарини таърифии Вакилро, ки аз хосиятҳои муъҷизаофарии он дар суҳбатҳо ҳар сари чанд вақт гап карда буданд, дидан замон шинохт, вале бо вуҷуд забони маломат ва ифшои роз нигаҳ дошт, то бубинад, ки ба ростӣ ҳам, азони Вакил аст ё ба ҳамун монанд. Пагоҳӣ ҳамин ки ҳар ду дучор омаданд, Вакил кушиш кард, дасташро, ба хусус ҳамоне ки дар ангушт ангуштарӣ дошт, аз назари Беранг пинҳон дорад, вале нашуд, набудани ангуштарӣ ба Беранг маълум гашт ва дигар барояш ҷои шубҳа намонд.

Нигор барвақтхез буд, вале ин пагоҳӣ ҳарчанд кард, худро ҳушёр кардан натавонист. Шавҳараш, хизматгорзан ҳам ба бедор шудану нашудани ӯ аҳамият надодаанд. Бо вуҷуди дер бедор шудан, бедор шуда бошад ҳам, рӯи бистар дароз кашида, майли хестан надошт.

Манзараи ун зани хуфтаи даступобастаро, ҳарчанд кӯшид на шаб пеш аз хоб ва на лаҳзаи ба хоб рафтан ва на инак, аз пеши назар дур кардан наметавонист, чизе ба ранги ҳалқадавак гулӯяшро беист фишор медод. Назараш ба тали дискҳо афтод, ки шаб барои фаромӯш кардани он манзара як-як ин ҳамаро монд, вале ҳеҷ кадоме ба дардаш нахӯрд, на тамошо кардан тавонисту на фаромӯш. Аҷаб ҳолате дошт. Хост ба дугонааш занг занад, ёдаш расид, ки ба Вакил аз хусуси меҳр, садоқат ва намакношиносии дугонаву ҷӯра чӣ гуфта буд. Аз даруни ҷойгаҳ каме яктарафа хам зада, даст дароз карду хост аз ғаладони тумбучкаи паҳлуӣ доруи оромибахши асаб бигирад, дасташ ба қуттичаю бастае расид, ки пештар он ҷо набуданд. Зуд аз ҷой хест ва он қуттичаю бастаҳоро, ки дар набудан ва ё вақти хоб будани ӯ гузоштаанд, аз назар гузаронид: ду хели атри фаронсавӣ, ду хел атри арабӣ, ки ба ҳаминҳо монанди як навъашро аз бибиҳоҷии шиносаш аз ин пеш «ба муроде, ки сафари ҳаҷ ба ӯ ҳам муяссар гардад» туҳфа гирифта буд. Нусхаи гарданбанде, ки замони духтариҳош дар гардани муаллимаи забони англисиашон дида, солҳо боз ҳаваси доштани он мекард, куртавори атласи «Намози шом» ва бар замми инҳо бастаи доллар ва дар коғазчае ин сатрҳо буд: «Ҷонам! Ин ҳама фидои ту. Мехоҳам ин матоъ ва ороишотро дар танат бубинам ва аз шамидану бӯидани сару баёзи гардани ту лаззат барам». Аз ҳусни хат кӣ буданашро нафаҳмид. Кӣ оварда бошад? Шавҳараш? Не! Вай мебуд, бо дасти худ, аввал як қасри миннат бино кардаву баъди пургӯӣ туҳфа мекард. Ба ғайр аз ин, бо Вакил будани маро фаҳмида бошад, дар ду дунё туҳфа аз гӯшаи хаёлаш намегузарад. Баръакс ягон балои ногаҳоние ба сарам набиёрад, сад шукр. Не. Наход Вакил? Худ ба худ суол кардаву аз касе напурсид, ки инҳо инъоми кӣ бошанд?..

Шояд ин ҳамаро Беранги Худозада, ҳанӯз аз рози миёни ману Вакил бехабар, барои пӯшондани гуноҳи онрӯзаи худаш оварда бошад, – аз дил гузаронид ва бар асари ин хулоса буд ё доруи оромибахши асаб, ки каме осуда шуд Нигор.

Аз сари субҳ ҳаво тира ва моил ба боронгарӣ буд. Ба абрҳои сиёҳи ҳарҷогард дуди ғализи хонаҳои оташгирифтаи Вистан ҳамроҳ шуда, ҳавои болои деҳкадаро боз ҳам тира ва дилгир карда буданд. Ҳама ҷоро як ҳолати ҳузнангез фаро гирифта, мегуфтӣ аз он ғалмағалу садои хандаю шодӣ ва ободии Вистан нишоне намондааст.

Бо амри Вакил ба ҷуз онҳое, ки бо дурбин ба назораи даробуро ба хонаҳои Боири раис, Ҳотам Ҳакимбоевичи директори фабрика ва муҳосибони хоҷагӣ вазифадор шудаанд, дигарон мебоист ба қароргоҳ ҷамъ меомаданд ва ҳоло даъватшудагон пичир-пичир аз ҳамдигар чӣ гапу коре будан ва ба хотири чӣ даъват шуданро мепурсиданд. Вакил дар ҳоле, ки аз шодӣ чеҳрааш барқ мезад ва мехост он ҳама шодиву хурсандии чандмоҳаи аз ин диёр реҳлаткардаро дар ваҷоҳати худ таҷассум созад ва барои он ки ҳозирон ҳама ӯро ба хубӣ бубинанд, сари баландие баромад.

– Бародарон! Севанчӣ диҳед! – сухан оғоз кард ӯ, – Муждаи хуше дорам ба ҳайати дастаи «Фидоиён». Шукри Худо, бародарони эронӣ ба мо пешкаши кӯмаки хайрияи худро сар карданд.

Гуфтушунидҳо ва саъйи бародарамон ҳазрати Умар натиҷаи дилхоҳ доданд… Аз номи ҳамаи шумо ман ба бародарони эронӣ ва ҳазрати Умар, ташкилкунандаи ин амали нек ташаккур баён мекунам. Бародарон, донед, ки амалҳои нек аз ҷониби Худованди кариму раҳим пазируфта шуда, дар доираи як маҳал боқӣ намемонанд, садҳо садду монеаҳоро гузашта, ба дуродур мераванд ва номи накукоронро машҳур ва вирди забонҳо мегардонанд. Ва инак, донед, ки ном ва корнамоиҳои дастаи «Фидоиён»-и мо аз марзу буми Тоҷикистони азиз ба некӣ берун рафтааст… Гапа зиёд намекунам! Марҳамат, ба ин тараф гузаред ва худатон бо чашми сар бубинеду ба гуфтаҳои ман бовар бикунед! – ҷониби дари анбор ишора намуда, аз теппача поин шуд. – Гузаред ва чизи бароятон дилхоҳро хуш карда гиред!

Якбора овози хушу хурсандӣ аз миёни ҷамъомадагон дар атроф танинандоз гашт. Ҳанӯз садои «Оҳ-ҳо, чи хел нағз! Чи хел хуб! Ана инаш аз ман! Ку,бубин ба ман мезебад?», «Як ин тараф нигоҳ кунед» ва боз ба ҳамин монанд гуфтугӯ ва изҳори шодмониҳо пасанда нагашта, аввал миш-миш шуд ва баъд бо овози ба ҳама шунаво касе буд, ки гуфт:

– О, ин бору буна ҳама аз Душанбеи худамон ку?!

– Ба Худо, ки ҳақ мега! Ина, ҳама молҳои истеҳсоли фабрикаи дӯзандагии «50 солагии Тоҷикистон»-анде! Касе ба гапам бовар накунад, мана бинад, коғазчаҳои этикеткаҳошона! Ина ярлик!..

Вакил чунин ранг гирифтани кору пайдо шудани шубҳаро умед надошт, ки дар хиҷолат монда, ошуфта гашт, дарзамон ранги рӯяш канд, намедонист чӣ ҷавоб гӯяду пеши шакку шубҳаи ононро бигирад. Акнун аз он хушҳолие, ки лаҳзае пеш дар вуҷуд дошт, ному нишоне намонд. Умар ҳоли зори ӯро аз ҳама пештар мушоҳида намуда, ба мадад расид, ҷониби гӯянда, қадаме пеш гузошта, бо овози баланду қатъӣ чунин таъбир кард: – Дуруст гуфтӣ, сағера! Ҳама аз моли Тоҷикистонанд!

Вакил дар ибтидо ба таҳти сухани Умар нарасида, ҳоли бадаш бадтар шуд, дарзамон худро пеши ҳамяроқон таҳқиршуда, дурӯғгӯ ва фиребандае дид, ки аз ёрони худ шарм намедорад ва боз Худро аз онҳо беҳтару бартар меҳисобад… Аз дили озурдаи ӯ дарзамон чи гапҳои аз ин ҳам бадтар гузашт, Худо беҳтар медонад.

Умар ин дам ба суханаш идома дода, ба гӯяндаи шубҳаю гумон бо ҷаҳл таъна зад ва бо ҳамон оҳанги дурушт пурсид: – Лекин ту ба мо гӯй?! Медонӣ, ки аз Эрон то Душанбе чӣ қадар масофа аст?!

– ҳамяроқи шаккокаш ҳанӯз лаб ба сухан во накарда, худ боз бо ҳамон оҳанги таънаомез таъкид кард: – Бовар дорам, на танҳо то

Эрон, балки ҳатто то Маскав, ки замони шӯравӣ беисту монеа, бе ҳамун шиносномаи хориҷӣ равуои озод доштем, чӣ қадар дурӣ буданашро намедонӣ! То Маскав чоруним ҳазор километр аст!

Акнун то Эрона худ тасаввур кун! Ин ҳама молу ҳолро то аз Эрон ба Тоҷикистон аз чанд давлату гузаргоҳи гумрукӣ чуну чаро карда, гузаронидану интиқол додан дида, яъне овардан, оё аз ҳамин ҷо харидан беҳтар ва арзонтар намеафтад?! Ана барои ҳамин бародарони эронӣ, ки назар ба мо дар ҳунару илми тиҷорату доду гирифт пухта ва комилтар ҳастанд, ба бародарамон Вакил пул додаанд, ки аз ҷои худатон, табъи дили худатон, чизи ба худатон заруру муҳиму лозимӣ, аз номи мо харида, худатон туҳфа кунед.

Вакил бошад мана бинед, колои зиёду ҳархела бароятон бор карда овардааст, лозимашро бигиред, ғами боқимондаро нахӯред, ҳисобашро меёбем. Ба ягон ятимхона, ки ҳамин шабу рӯзҳо бесоҳибдарак гашта, рӯ ба раҳми Худо мондаанд, бурда хайр мекунем. Яке аз рукнҳои Ойинномаи дастаи мо хайру саховат ба мардуми камбизоат ва беваю бечораҳост…

– Ҳамин хел сафедкунанда бошад, Худо як аст, ними дунёра алов занӣ ҳам ба поят хор намехалад, – оҳиста ба ҷавони паҳлуяш гуфт Бердӣ. – Бовар мекунӣ ё не, мо инҳора дина шаб аз мағозаи марказӣ ғорат кардаем…

– Аку Валлоҳ, ки рози кулоҳи Масъудияш ҳам бароям рӯшан шуд. – дар тақвияти сухани ӯ гуфт ҳамсилоҳи дигар.

Вакил зуд-зуд ба ранги баъзе аз ҳунарпешаҳо сару либосашро дигар – дигар мекард ва боре бо ифтихор гуфта буд, ки Аҳмадшоҳи

Масъуд, Қаҳрамони машҳур ва миллии Афғонистон, ки корнамоиҳояш як навъ шакли афсона гирифтаанд, «Аз Афғонистон бароям як сару либос туҳфа фиристодааст. Ва ин кулоҳ, ки сари ман мебинед, нусхаи кулоҳи худаш аст, ки ба ман инъом кардааст!».

Вакил зуд паҳлуи Умар гузашта, дар ҳоле ки ҳар ду бари ба бар рост меистоданд, ноаён кафи дасти ӯро ба каф гирифт, андаке такон дода, бе сухан барои дастгириаш миннатдорӣ баён кард.

…Ҳоло як поси шаб гузашта, аз ин ҷову он ҷо фарёди тоқатоқаи хурусҳо, ки хеле ва хеле кам, шояд дар Вистан ангуштшумор мондаанд, шунида шуд. Дари дафтари кории дастаи «Фидоиён»-ро башаст боз карданд. Пештар ҳар гоҳ силоҳбадасти навбатдор медаромад, иҷозаи воридшавии корафтода мепурсид, вале ҳозир ду тан ҳамяроқон пешодумкол як навъ калавида, кӯшиши аз ҳам пешгузарӣ кардаву ворид гаштан замон, бе салому алайк якеш, ки ба назар калонсолтар менамуд, ҳарф чинда гуфт: – Х-хх…аз…рат! – аз афти кор масти лояқил буд, ки даҳон гапаш намегирифт, ба ҳоле худро ислоҳ карда, ба ҷои х, ҳ. канда-канда

Ҳазрат гуфт. – Да х о на и Ра ис бӯр иё кӯ бон. Ма р ха мат. – ва ба тақлиди ҳунарманди ҳаҷвнигор аз намоишномаи «Хизматгори ду хоҷа», даст пеши бар гирифта каме хам шуданӣ буд, ки ба зону зад ва ба ҳоле рост шуду дигар мунтазири чӣ ҷавоб гуфтану нагуфтани Вакил нашуда, пас гашт ва ба ҳамроҳаш ба маънии пеш гузар, рафтем, тунгӣ зад.

Вакил аз ин рафтори густохонаи ҳамяроқон наранҷида, зуд тапончаи Макаровро, ки паҳлуи миз меистод, гирифта дар ғилофи тасмаи шим ҷо кард, корд ба наём зад ва аз дар баромада, ба ҳамяроқони навбатдор, ки дар берун, саҳни қароргоҳ саргарми дуд додани сигор ва суҳбат буданд, чунин дастур дод:

– Қароргоҳро бе кас намонед! Баэҳтиёт бошед! Мо равем, ку ин шербачаҳо чӣ гуна бурёкӯбон ташкил карда бошанд, – ба ишора маътал будани ӯ маълум гашт. Аз паяш ду нафар аз нигаҳбон, яке ҳавлона сигор чирт карда, ҳарчанд шитоб доштанд қомату вазни худ яктарафа болои он гирифта, бо пошнаи туфлӣ онро зер кардаву тоб хурд ва дигарӣ сигор ба дур партоб намуда, чолок ба мошина нишастанд ва дар як чашм ба ҳам задан ба назди биное расиданд, ки дар қиёси дигар иморатҳо ба атроф ҳусн бахшида буд. Ин хона, хонаи Боири раис буд. Ба ростӣ ҳам хонаи раисӣ буд. Ҳамон хонаю ҳавлие буд, ки чанд муддат аст, зери назораи ёрони Вакил аст. Дар ҳамин шабу рӯзҳое, ки дар кӯчаҳои Вистан бар асари дуду оташ бароҳатӣ нафас кашида намешавад, ҳавои ин ҷо ба ранги маҳалҳои соҳили баҳр нарму сабук ва роҳатфизо аст.

Гулу буттаҳои сарсабз, дарахтони ғор(лавр), хурмо, бурсу санавбар, шамшоду маҷнунбед ва дигарҳо, ки ба ростӣ ҳам аз дигар мулку давлатҳо оварда буданд ва «оварда» номашон мебурданд ва мислашон дар боғи марказии пойтахт дида намешуд ва фаввораҳои хурду бузург, ки бо насби моҳиронаи фирӯзонакҳои рангаи гулобӣ, сабзу зарду сурху ҷигарӣ ҷило дода, олами афсона тавлид сохта, дил мерабуданд ва ҳавои атрофро муаттар менамуданд.

Паҳлуи даромадгоҳи дарвоза хоначае буд, барои нигаҳбони ин хонаву ҳавлӣ ва бо навтарин асбобу воситаҳои техникӣ –аз қабили телевизору компютер ва дастгоҳи ба симхорҳои девори ҳавлӣ васлкунандаи барқ муҷаҳҳазшуда, аз ин ҷо на танҳо дохили хонаву ҳавлӣ, балки атрофи наздикро зери назора гирифта, озод дида мешуд. Шербачаҳои Вакил ин ҳамаро ончунон ба зиракӣ омӯхтаву ғофилгир карда, безарар гардонида буданд, ки на танҳо соҳибхонаҳо, балки нигаҳбонон бехабар монданд ва ҳоло онҳо аз кардаи худ қонеъ бо дили пур айшу нӯш ва хушҳолӣ доштанд.

Чандест хандаю шӯхӣ ба гуфтае аз ин диёр кӯч баста буд, вале ҳоло садои қаҳ-қаҳа то беруни дарвозаи ҷигариранги баланду дутабақаи акси шерҳои ёлдамида ҳаккокишуда ва ба хотири омадани меҳмонон боз возеҳ шунида мешуд. Мошини сохти хориҷии Вакил вориди ҳавлӣ гаштан замон, чанд нафар истиқболгиранда, як навъ дастҳо пеши бар калов-калов наздик омаданд. Аз калавидану ба ҳоле роҳ рафтан ва дастпоча шуданашон яқин буд, ки ҳама мастанд. Аз як тараф садои ғалмағал, гуфтугӯи баланди одамони ширакайфу маст ва аз дигар тараф хандаю шӯхӣ ва фарёди ҷонкоҳонаи занонае шунида мешуд. Вакил ба ин ҳама, ки гӯё кори муқаррарӣ ва табиӣ бошад, эътиборе надода, бими он дошт, ки дар миёни ин хурсандӣ ягон нохалафе ғофилгир кардаву ногаҳон тираш назанад. Ҳарчанд ин ҳама, на танҳо ин ҷо, балки дар хонаи директори завод Ҳотам Ҳакимбоевич ҳам ин бегоҳ, ба ибораи худашон «ташкилӣ» бо машварати ӯ тарҳрезӣ шуда буд, худро тавре вонамуд сохт, ки акнун огаҳӣ меёбад: – Ҳай бачаҳои қобиле! Базма бе мо шуруъ кардаед, ку?! – суоли умумӣ дод, ба онҳое ки ба истиқбол омада, аз бару пешаш ба ҳар тараф бор гирифта мерафтанд. – Хӯриши ҳаққи мо фақат каҳу камол мондааст, ё?.. – интизори чӣ ҷавоб гуфтани онҳо нашуда, боз пурсид Вакил.

– Ин хел нагӯед, ҳазрат. Ба садоқати чокарони худ шубҳа накунед, – ҷавоб гардонд яке аз истиқболгирандагон. – Барои шумо беҳтарин нӯшу неъмат ва зеботарину ширинтарин ноздонаи ин хонадонро нигаҳ доштаем…

– Калони хонаро куҷо кардед? Ҳамоне ки аз дастдарозияш ифтихор дошт?! Ва ба мо таҳдид мекард?!

– Дасти дарозу пои кӯтаҳаш баста, дар кунҷи анбор. Аз давлату сарвати аз даст рафта, қисмати талху толеи бади худ ба даргоҳи

Худо нолида, шиштааст.

– Подоши азобҳои ба дигарон дода мебинад.

– Қанд занед! Чашм нарасад, дар баъзе корҳо ҳай қобилед, да-а!

– Устодамон шумо бошед.

– Ҳар кас ҳам ҳунари шогирдиву қобилӣ надорад. Танҳо чокарону дастёрони шумо ба ин қодиранд…

– Ками дигар дер мемондем, фирор мекарданд, – хабар дод

Мирзо, оне ки ба назар ин ҷо саркардаи ҳамяроқон буд. – Ҳазрат аввал ин тараф гузашта, аз нӯшу неъмат баҳра гиред, ба камари худ қувва зам кунеду баъд ба ҳарамсаро, назди дурдона дароед.

Эркатулфор, аз «шодӣ» ашк рехта, ба Худо зорӣ дорад, ки ҳазратро зудтар расонад…

Ин дам аз дари нимбози яке аз хонаҳо овози илтиҷою гиряи занонаро пахш намуда, садои мағрурона возеҳ шунида шуд:

– Ман туро дар ҳамон кате, ки Раис ба номуси дигарон дастдарозӣ мекард… – Ин суханҳо ба ҷойи раҳму шафқат, ҳисси шаҳвонии Вакилро бедор карданд, ки гуфт:

– Чил сол боз менӯшему мехӯрем! Дурдона куҷост?! – ва пеш гузашт. Вакилро назди дурдона, духтари ноболиғи Боири раис бурданд. Лаҳзае нагузашта, фиғони духтар дар фалак печид.

Онҳое, ки шикам сер кардаву нафси шаҳвонӣ қонеъ намуда буданд, аз бору бунаҳои хонаи Раис ба қадри зӯррас, чанде дар мошин, дар пушт, дар дасту бағал бардошта, мисли бозгашти бозоракиҳо мерафтанд. Яке ба дигаре эрод гирифт:

– Эй, ту аҳмақ будаӣ! То ин кӯрпаи ночиз гирифтан, ягон чизи қиматбаҳои кироӣ қаҳт зада буд?!

– Албатта, ман ҳам ҳамина мехостам, лекин то омадам, чизҳои қимату баарзиша мангирифту тақсиму тарака карданд. Аз хирс мӯе, ба мани бетолеъ ҳаминаш расид. Дасти холӣ наравам гуфта…

Вакил баъд аз шустушӯ, худро гӯё пок карду амр дод: – Хӯрдание барои мо монда бошед, гиред, ба қароргоҳ мебарем. Бо шербачаҳо бо ҳам мебинем, – вай инро ба маънии меҳрубониву ғамхорӣ ба ҳамсилоҳони худ гуфт, вале дар асл ҳарчи зудтар аз ин манзили хатар, ҷон ба саломат бурдан дошт. Вай инро гуфта, тарафи мошин раҳ гирифта буд, ки боз ҳамон яроқбадасти саркардаи ин амалиёт Мирзо, пеши роҳаш баромада, пурсид: – Ҳазрат, нагуфтед, калони хонаро чӣ кор кунем?

– Ками дигар бардошт! Сабр! Сабр кунед. Ку бо шербачаҳо чӣ ҷазо доданашро машварат кунем.

– Чӣ ҷои машварат? Вай дар ҳаққи мардум кам ҷабр кардааст, ки боз таҳаммулу бардошт кунем? Ба мо ҳам чандон назари хуш надошт, ба болои он, боз писараш рӯйрост бадхоҳи мо буд. Дасташ мерасид, дар пӯсти ҳар кадоми мо каҳ ҷо мекард…

– Медонам. Бо вуҷуд. Вай одами майда нест, шишка аст, шишка! Мефаҳмӣ?! Намешавад, ки бо як шасти даст аз баҳраш гузарем. Ин ҷо гап дигар аст. Манфиатҳои хурду бузург дар пешанд! – гуфта дари мошин пӯшиданӣ буд, ки Мирзои қумандони масъули ин «буриёкӯбон» боз хабар дод: – Ҳазрат, дар хонаи Ҳотам Ҳакимбоевич ҳам «ташкилӣ» дорем. Ун ҷо ҳам дурдонаю ноздонаҳои гулчини модараш бӯса накарда ҳаст, як сари қадам намегузаред? Мабодо дилатон боз хоҳад, ки…

– Не. Шакара камаш хуб. Барои ман кифоя. – як навъ шикастанафс будани худро нишон доданӣ шуд, – Худатон хурсандӣ кунед, дунёя ҳаминаш мемонад. Хайр.

Мошини Вакил ба ҳаракат даромада, аз худ дуди талх боқӣ монда рафт, силоҳбадастон хона бе хушдоман дида, яке аз дигарӣ пешдастӣ карда, ба сари дастархон, занҳои даступобаста ва ғорати хурду резаи молу амволи боқимондаи хонаю ҳавлӣ давиданд. Аз ҷасту хез ва кайфияти онҳо вақти зиёде сипарӣ нагашта, боз овози башаст истодани мошин баланд гашт.

– Ку бубин! Чӣ гап шуд, ки аз роҳ бозгаштанд? – таъкид кард Мирзои қумандон наволаи даҳон рӯи хон гузошта. Башаст ва якбора пайдо шуда, истодани мошини сабукрав, баланд гаштани ғиҷҷироси чархҳо нигаҳбонони ширакайфи силоҳбадастонро батамом ошуфта сохт. Онҳо аз кайфияти шикамсерӣ шароб нӯшидан ҳанӯз ба худ наомада, маънӣ набардошта, ки чӣ гапу кор рӯ задаст, чор дари мошин баробар кушода гашта, дарзамон беовоз нигаҳбононро ончунон чобукона аз по афтоданд, ки ба чӣ ранг сурат гирифтани ин корро касе пайхас накард. Омадагон, мисли он ки куҷо будани яроқбадастонро хуб медонистанд, ба ҳуҷум гузашта, дар як чашмпарӣ теппаи мурдаро миёни ҳавлӣ гузошта, Боири раисро озод карданд, мурдаи ҳамсару духтари ӯро бо як чобукии ҳайратовар ба мошин бор кардаву фирор намуданд.

…Занги паёпаи телефон Вакилро аз хоби роҳат бедор кард. Бе муқаддима касе буд, ки хоболуд нашнохт, гуфт: – Куҷо мегардӣ?!

Аз ҳоли мо намепурсӣ? Худо, капаи ин қаровулони таърифиат дар гирад! Ту моро ба умеди киҳо монда мегардӣ?! Имшаб хоҳару духтарат хонаи Ҳотам ден рождений мерем, гуфта ина то ҳолӣ дараки мурдаю зиндашон нест. Хабар омад ки ҳамун ҷа чанде духтарҳора бесатр карда, куштаву мурдаҳошона куҷое бурда партофтаанд… – дигар гиря нагузошт идомаи сухан бигӯяд.

Пас аз шунидани занги телефон, ғазаби дарандаи захмиро дида бошед, ҳоли Вакилро ба ҳамун монанд тасаввур бикунед. Вай телефон ба ҷояш гузошта, дар як они воҳид ҳамроҳи дастёронаш ба хонаи Ҳотам Ҳакимбоевич расиданд. Вакил тапонча дар даст бозӣ доронда, бо овози аз одамӣ дида, ба даранда монанд дод зад: – Сағераи ганда аввал хеши худаша фалон мекунад, гуфтани мардум беҷо набудаст. Шумо дар ҳамин Вистани сераҳолӣ дигар одам наёфтед?! Дигар касро надидед?! – садои даҳшатзои ӯро овози тири тапонча пахш кард, ҳар кӣ аз пеши рӯяш баромад, ба ибораи мардумӣ нархи пиёзу сабзӣ напурсида, ба гуфти худаш пешониша рангин кард. Одаме медидӣ, чун ниҳоли қаламзада аз по меафтад, як бар-бар аз зану мард, силоҳбадасту бесилоҳ рӯи замин ғелид…

Дигар касе набуд ҳурбаи пеш баромадан бикунад ва худаш ҳам чи фикре ба сараш заду ба дастёронаш ишораи рафтем кард ва вақти ба мошин нишастан: – Ба хона! – амр кард.

Ба дарвоза наздик шудани мошини Вакилро дидан замон дарвоза боз карданд. Ҳамин ки мошин вориди саҳни ҳавлӣ шуд, бо ишораи ӯ нигоҳ доштан замон аз мошин берун ҷаҳид ва бе он ки аз силоҳбадасти назди дарвоза чизе пурсад ва ё бигӯяд, бо таъбири дӯстдоштаи худаш пешонӣ рангин кард. Садои тир шунида, аҳли хонаводаи ӯ аз тирезаи ошиёнаи дувум берун нигаристанд. Вай чархи тирдони тапонча тоб дода, батакрор баланд садо кард: – Мерган! Ҳо Мерган! – сардори посбонҳои хона ларзидаю бо сад гумону тахмини ҷонкоҳ назди ӯ ҳозир шуд.

– Ту Мерган не! Ту марган! Яъне, ба марг маҳкумшуда!

Фаҳмидӣ?! –дод зад Вакил ва тапонча ҷониби пешонаи ӯ рост карда буд, ки ҳамсараш бо вуҷуди обистан будан, бо як чолокии ҳайратовар аз пас расида, дасти ӯро боло бардошт ва бо оҳанги зориву тавалло гуфт:

– Вакил ӯ гуноҳе надорад. Ӯ розӣ набуд. Гуноҳ аз ман гузашту.

– Аз ту?!

– Ҳо. Аз ману. – инро гуфта сокит гашт, ашк гулӯгираш шуд.

Вакил мили тапонча тарафи ҳамсараш гардонда, сухани охирини ӯро такрор намуда дод зад: «…аз ману» кӣ?! Зуд гӯй! Зуд!!!

Ҳамсараш ба ҷойи кӣ буданро гуфтан, оҳиста-оҳиста худро ба ӯ наздик гирифт, ба ҳаде ки ба тани ӯ расид ва тифли батнаш, ки ҳамун шабурӯзҳо ҳаракат мекардагӣ шуда буд, мисле ки бо амри модар ба ӯ «лагад зад», аз будани худ дарак дод. Зан гуфт: – Ману акои Мерган ҳарчанд духтарон якравӣ ва исрор карданд, муқобил будем. Ғайр аз ин, ҳамроҳи акои Мерган Худову ростӣ чанд дафъа занг задем, то ки ризояти туро пурсем, вале телефонатро касе набардошт, ҷавобе нашуд…

пешина
аз 22
навбатӣ