Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
ГУЛЧИН
Тақдим ба хонум Аъзам Гулчини Муқаддам Маҷид аз зинаҳои бинои дуқабата, ки ошхона дар он ҷойгир шуда буд, поин меомад. Дар зер паҳлуи зинаҳо курсиҳо гузошта буданд. Истироҳаткунандагони осоишгоҳ пеш аз вориди ошхона шудан, агар бармаҳал омада бошанд, ин ҷо каме интизор мешуданд ва ё баъди аз ошхона баромадан нишаста, аз ҳар кую дар суҳбат меоростанд. Ҳоло рӯи курсиҳо ду нафар – марду як хонуми ҷавон нишаста, бо поин ва наздик омадани ӯ, мард ба Маҷид номаълум ишора карда, бо ҳам чӣ гуфтанд, ки ҳар ду дар ханда шуданд. Маҷид аз зинаҳо поин омада, ҷониби онҳо равон гашт, ин дам мард аз ҷой бархоста, хандида-хандида рафт.
– Амак, алҳол наравед. Хоҳиш мекунам, аввал латифае, ки гуфта ҳар ду хандидед, барои ман такрор бикунед. Вай чи гуна латифаи намакин буд, ки ин қадар ширин хандидед? Ман ҳам шунида, хушҳол шавам, – хоҳиш кард Маҷид.
– Ба шумо ин кас ҳикоя мекунанд, – ҷониби хонум ишора карда, -гуфт мард ва дигар аз роҳаш барнагашт.
– Номи ман Маҷид, – наздик шуда гуфт вай ва интизори он истод, ки хонум ҳам чӣ ном доштанашро мегӯяд. Вале вай дар гуфтани ном таъхир карда, аз фарқи сар то ба по – сару либоси сап – сафеди Маҷид: каллапӯши тобистонаи сафед, пироҳани сафед, шими сафед ва кетиву ҷӯрабҳои сафеди ӯро хомӯшона назари харидорӣ партофта, интизори он шуд, ки фаҳмад: ин ҷавон дар кӯлбори ақлу фаросати худ барои суҳбату ошноӣ боз чӣ дорад, яъне, чӣ мегуфта бошад. Маҷид андаке ранҷидахотир пандомез гуфт: – Дар диёри мо ҳамчунин расм аст: вақте дами ошноӣ ба касе ному фомил мегӯянд, дигарӣ ҳам мебояд, ақаллан номашро бигӯяд. Балки ин тартиб, як навъ меъёри рафтор ва ахлоқи эътирофшудаи умумибашарист… Вале хонум ин гуфтаро ношунида гирифт, ҳамоно хомӯш ба ҷойи ном гуфтан табассуми ширине хайр кард, ки аз он ҳусни бе он ҳам зебояш зеботар гашт.
Маҷид паҳлуи хонум, мисле ки бо ҳам шиноси дерина бошанд, наздик нишаст. Ин дам онҳо ду қуи сафеди ошноро мемонданд.
Маҷид ба умеди шунидани он чӣ миёни онҳо гуфта шуда буд, ҷониби ӯ, тавре ташна ба об менигарад, дида дӯхт. Лаҳзае чанд нигоҳи онҳо ба ҳам гиреҳ хӯрда, ҳар кадом аз ин ба таври худ маънӣ бардошт: Маҷид тану тӯши варзишгарона, чашмони хокиранг, абрӯвони пайвастаи чун дарави хобида, бинии ба чеҳра мувофиқ дошт. Радаи дандонҳои сафеди садафмонандаш дами суҳбат мегуфтӣ ҷило медиҳанд. Вай аз хонуми ҷавон каме баландтар менамуд… Хомӯшӣ миёни онҳо хеле тӯл кашид. Мард аз ӯ чашм намеканд. Зан нигоҳи доманадори мардро дидаву бо тамоми вуҷуд эҳсос карда, табассуми афсунгаронае эҳдо намуд, ки аз он дар тарафи чапи рухсорааш чоҳи нозуке, ки шоирон онро ҳусни зиёдатӣ ном бурдаанд, намоён гашта, ба ростӣ чеҳраи ӯро боз ҳам дилкаш кард. Табассуми дилфиреби хонум ба Маҷид ҷуръат бахшид, ки бори дигар гуфт: – Хоҳиш мекунам, латифаро бигӯед. Ман ҳам шунида кайф бикунам. Ба ростӣ, ба хандаҳои ширини шумо ҳавасам рафт…
– Ҳеҷ гуна латифа набуд.
– Ин қадар ширин хандидед – ку?
Хонуми ҷавон боз табассум карда, ҳамоно эрод гирифт: – Магар дар диёри шумо бидуни латифа хандидан намешавад?
– Мешавад, вале тавре шумо хандидед, намешавад. Хоҳиш мекунам, бигӯед, – боисрор талаб кардани Маҷид занро маҷбур сохт асли суҳбати миёни ӯ ва он марди калонсолро бигӯяд:
– Эшон, – ҷониби марди ҳозир аз ин ҷо рафта, бо даст ишора намуд, – ба ман гуфтанд: Дер боз мебинам, ки танҳоед. Бо ягон ҷавон ошно нашудед, ки суҳбат карда, бори танҳоӣ фаромӯш созед? Гуфтам: На. Гуфт: Чаро? Гуфтам: Ягон мард хушам наёмад.
Нафаре табъи дилам нест. Ҳамин вақт шумо аз боло поён шудед.
Гуфтанд: ана атои Худо. Бовар дорам, ана ҳамин кас табъи дилат, ба ҳама талаботатон ҷавобгӯ аст. Ҳар шарте ки доред, ба ҷо меоваранд, чӣ талаб дошта бошед, албатта, раво мекунанд.
– Ҳа-а. Дуруст гуфтанд. Ман ҳозирам.
Зан бо табассуми ба ӯ ошно қонеъ карду мард баланд хандид.
– Вай одами солхӯрдаи дунёдидаи ботаҷрибаи… хулоса, аз табори Ҳазрати Хизр гӯям, ғалат намешавад, ҳар гапи беҳуда намегӯяд, – афзуд Маҷид ним шӯхиву ним ҷиддӣ. – Бовар кунед, ҳақи гапро гуфтааст. Ман ҳам ин ҷо, агарчи мардум зиёд аст, эҳсоси танҳоӣ мекунам, то ҳол шахси табъи дилам вонахӯрда будам.
– Шахси табъи дил? Яъне чӣ?
– …Яъне, касе, ки ба осонӣ бо ӯ дарди дил бигӯям…
Ҳамин буду шуд, мо бо ҳам ошно шудем. Вай Гулчин ном дорад.
Аз аввал дар гуфтаю кардаи худ якравӣ ва исрор карданам баъдҳо нафъ бахшид. Вақте ошно шудем, Гулчин гуфт, ки мардони боиродаро хуш дорад, касонеро ки дар гуфтаю кардаи худ устуворанд…
Ва ин гуфтаи ӯ як навъ раҳнамои амали минбаъдаи ман шуд.
Дар гармои тобистон, ки мардҳо бо пироҳани остинкӯтоҳ ва шалвори доманкӯтоҳ мегаштанд, вай бо пироҳани домандарози ба тан печида, саргири нафисе ба сар дошт, мисли либоспӯшии занҳои эронӣ, вале ба лаҳни тоҷикӣ равон суҳбат мекард, ки хориҷӣ буданашро шахси ноогоҳ аз тобиши шеваи эронӣ ва тоҷикӣ ба ҳеҷ ваҷҳ пай намебурд.
Ба ӯ гуфтам: Биё бо ҳам фол бигирем?
Гуфт: – Яъне, чӣ тавр?
Гуфтам: Бигӯ ки ман, аз кадом халқияту миллатам ва баъд шаҳриям ва ё рустоии шаҳришуда? Пайрави кадом касбу ҳунарам? Ҳамсар дорам ё не, нагӯӣ ҳам мешавад!..
Гуфт: – Ба гумонам одам бо ту дилгир намешавад!
Гуфтам: То ҳол чунин таъриф нашунида будам.
Гуфт: – Ин ҳанӯз таъриф нест.
Гуфтам: Бале. Лекин мани сарсахт ҳамин қадарашро ҳам нашунида будам. Хандиду мисле ки бори аввал маро медида бошад, боз сӯям назари ташхисомезе афканда афзуд: – Пиндору кирдорат нек бошад, иншоолоҳ бисёр мешунавӣ…
Гуфтам: Як шарти дигарашро нагуфтед.
Гуфт: – Чӣ шарт аст?
Гуфтам: Гуфтори нек.
Вай табассум карда, боз афзуд: – Қасди ман такрори панди ориён набуд…
– Иншооллоҳ, дунё ба умед. Таърифро ба хусус аз худат мешунидам, эҳ-ҳа! – Кулоҳчаяки тобистонаамро ба ҳаво партоб кардам. Агар ӯ онро чобук намедошт, ба замин мезад. Кулоҳамро аз дасти ӯ гирифта, боз гуфтам: – Ин фоли нек аст.
Гуфт: – Чӣ тавр?
Гуфтам: – Маро минбаъд аз афтидан, гуноҳу хато нигаҳ медорӣ. Нигаҳбони қисмати ман мешавӣ. Баланд хандид. Гуфтам: –
Магар бовар надорӣ, ки домани мақсуд ба шахси танҳо даст намедиҳад. Шайх Саъдии ширинсуханро ёд биёр: Як гули мақсуд дар ин бӯстон, Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Гулчин аз ҷой бархост: – Идомаи суҳбат фардо, – гуфту гӯё гапу кори таъҷилие ба ёдаш омада бошад, башитоб рафт. Багумонам ҷон аз баданам мерафт. Мехостам аз паяш биравам, вале боз аз одоб надонистам. Агар майли ошноӣ намедошт, ваъдаи фардо намекард, ба худ андешидам.
Фардо, баъди субҳона, ба Гулчин гуфтам: – Чӣ мешавад, ҳамроҳ ба офтобдиҳӣ биравем? Гуфт: – Чигуна офтобдиҳӣ? Гуфтам: – Луч, урён шуда, рӯи қум-реги гарм дароз мекашем, баданро дар пешорӯи офтоб медорем, обутоб медиҳем, асабҳо ором ва пӯсти бадан тобовар мешавад… Хулласи калом, ҳар он чӣ дар сифати офтоб додани бадан шунидаву медонистам, ба мисли табибе, ки ба тавсияаш сад дарсад бовар дорад, якояк гуфтам. Тавре боварибахш мегуфтам, ки гӯё борҳо санҷидаву манфиаташро дида бошам.
Паҳлуи рӯди шӯхи кӯҳӣ қумзоре буд, хеле офтобрас. Ман порчаи матои сафеди бо худ овардаамро болои қум густурда, тавре чогаҳи хоб мепартоянд, ҷо дуруст кардам. Гулчин хомӯш ба ҳар як ҳаракати ман назора мекарду ҳарфе ба забон намеовард. Ман ба ҷои дуруст кардаам, ишора намуда, гуфтам: – Марҳамат. Ва худам либос бадар карда, лаби ҷӯй рафтам, каме ба баданам об пошидаю андармони ину он гашта, маътал шудам, ки ӯ ҳам тағйири либос бикунад. Вақте бозгаштам, вай дар як гӯшаи ҷойи дуруст кардаи ман нишаста, болои сар чатр боз кардаву ба кӯҳҳои атроф ҳарисона нигариста, ғарқи андеша буд. Ман ба ҷараёни андешаи ӯ халал нарасонида, чизе нагуфта, болои матоъ дароз кашида, бо сачоқ болои чашмонамро пӯшондам. Ин дам хаёлам дар фазои озоди кӯҳистон дар парвоз шуд. Лекин ба ҳар сӯ ки мерафт, бо ёди Гулчин буд… Осоишгоҳу санаторияҳо ҷойҳоеанд, ки меҳмонони он ба ҷуз табобату муолиҷа, ба айшу ишрат ва ҳар навъи фароғат машғул мешаванд… Аз ошноии мо чанд рӯз гузашта бошад ҳам, вале ҳанӯз бӯсу канор ун тараф истад, гуфтугӯи мо аз доираи гуфтугӯи расмӣ берун нарафта, ҳарфу ҳиҷое аз ишқу муҳаббат ва ҳамхобагӣ ба забон наёвардаем. То ба ҳол на ӯ дасти маро доштаву на ман аз ӯро. То кай ин ҳол идома меёфта бошад?.. Дар ҳамин андешаҳо будам, ки ба бозуи дастам расидани ангуштони нозук, агарчи расидани барқро надидаам, вале тасаввур мекунам, ба ҳамон ранг вуҷудамро ба ларзиш даровард, лекин рӯҳафзою лаззатбахш. Гулчин бозуи маро ламс карда, ба пушти гарданам, даст бурда пурсид: – Маҷид, ту шиаӣ?
– Падару модарам суннӣ буданд, ман фарзанди бовафои эшонам, гуфтам. – Барои чӣ чунин суол кардӣ?
Вай болои мушакҳои бозу ва баёзи гарданам, ки бар асари машқи вазнбардорӣ сахту ҷо-ҷо гурмдор шуда буданд, ангуштони нозуки худро болову поин лағжонда, ба нармӣ гуфт: – Мисле ки дар мотами Ошуро ширкат доштаӣ.
Гуфтам: – На.
Гуфт: – Чаро?
Гуфтам: – Фаҳмиши мо дар ин бора дигар аст.
Гуфт: – Чигуна?
Гуфтам: – Мардуми мо, ба ҷуз аҳли уламо, аслан дар бораи Ошуро тасаввурот надоранд… Ба хотири ин ки ин кор ба мазҳаби мо бегона аст… Бечора дини мубораки Ислом ва пешвоёни он дар тӯли таърих ҳай рӯзҳои сахту мудҳишро аз сар гузаронидаанд.
Гуфт: – Чӣ гуна?
Гуфтам: – Ёд дорӣ, ки бо фитнаи байни мусулмонон Имом Ҳусайн(р)-набераи пайғамбарамон кушта шуд. Пайғамбарамон(с) низ пас аз заҳр хӯрдан, баъд аз ду сол фавтиданд. Ҳазрати Умар(р) дар вақти намоз бо шамшери заҳролуд шаҳид шуданд ва ҳазрати Усмон(р) дар вақти тиловати Қуръон кушта шуданд, ки нишоне аз хунашон ҳанӯз ҳам дар варақи он ҳаст. Падари Имом Ҳусайн – ҳазрати Алӣ(а) ҳам дар вақти адои намоз ба шаҳодат расиданд…
– Чаро мардуми шумо аз сатр парҳез доранд?
– Чунки дар тӯли 70 соли шӯравӣ сари мардуми мо фишор оварданд. Вале имрӯзҳо шукри Худо дар Тоҷикистон ягон қонуне нест, ки сатрро манъ бикунад. Дар гузашта занҳои тоҷик ҳам сатрро ба ҷо меовардаанд, ба хусус дар шаҳрҳо. Дар кӯҳистон занҳо аз қайди ҳар гуна банду басти хурофоти динӣ озод буданд… Ҳай ҷои пандгӯи ёфтам, бубахшед… Гулчин, мехоҳам бароят қаср бисозам!
– Чие? – пурсид ӯ маро нафаҳмида. Ман ба ҷои шарҳи суолам, аз ҷой бархоста, бо халтачаи селофанӣ аз ҷӯй об оварда, болои рег рехтаву ба ӯ ишора кардам, ки ин ҷо биё. Гуфтам: – Тоҷмаҳал хонда ва ё шунидаӣ?
Гуфт: – Ман он ҷо будам.
Гуфтам: – Агар Шоҳиҷаҳон дар соҳили Ҷамнаи Агра барои ҳамсараш Мумтоз бо номи Тоҷмаҳал қасри азими меъморӣ бино карда бошад, ман дар канори ин ҷӯи пурхурӯши кӯҳии Тоҷикистон барои Гулчин «Гултоҷ» месозам ва об овардаю ба шӯридани рег шурӯъ кардам. Мешӯридаму лаби анҳори оби деҳа, хоначасозиҳои даврони кӯдакӣ ёд меомад. Ба худ чӣ гуна тарҳ доштани он хоначаҳоро меандешидам ва ростӣ ҳам як навъ дар фикри он будам, ки корро чӣ гуна сомон бидиҳам. Ба толеам Гулчин ҳам остин таҳ карда, ба ман ҳамроҳӣ, балки ҳамроҳӣ гуфтан кам аст, раҳнамоӣ кард. Зеро ман аз сабаби аҷала ба кор оғоз намудан ва пешакӣ тарҳи биноро ба дурустӣ наандешидан, аҷаб не, бе ёрии ӯ раҳгум мезадам, чӣ гуна анҷом додани онро сарфаҳм намерафтам.
Ба бахтам, фаҳмиши меъморию устодии Гулчин дар ин боб аз ман дида бештару комилтар будаст, вале ман сир бой надода, муаммое пеш меомад, бо баҳонаи овардани об ва гапу кори дигаре гурез мекардам: -Барои атрофи ҳавзи об гул биёрам. Ин ҷо дарахт шинондан лозим, гуфтаю лаҳзае чанд ба атроф рафта гул мечидам, ба ягон кори дигаре андармон мешудам…
Баъди чанд соати ба таги обу арақ ғӯтида, заҳмат кашидани мо, нусхаи Тоҷмаҳал, ки ман ба тақлиди он «Гултоҷ» сохтанӣ будам, чун акси хира намоён гашт. Аз хӯроки нисфирӯзӣ дер мондем, лекин ҳар ду ҳам эҳсоси гуруснагӣ намекардем. Ман паҳлуи «қаср» дароз кашидаму Гулчин акс бардошт ва боз ӯ паҳлуи он нишасту ман акс бардоштам. Ва «қаср»-и худро дар паноҳи Яздони пок гузошта, роҳи хонаи дар осоишгоҳ будаамон, пеш гирифтем.
Вақте бармегаштем, ба ӯ гуфтам: Ту ки офтоб додан намехостӣ, пештар нагуфтӣ? Ягон ҷои дигар мерафтем?
– Фардо ҳамон «ҷои дигар» меравем, – гуфт ӯ ва ҳамон табассуми дилфиреб чеҳраи бар асари офтоб арғувонӣ гаштаашро ҳусн бахшид.
Худ барои худ дарди сар харидам. Тамоми шаб андешаи он ки ӯро «фардо ба дигар ҷо» куҷо барам? оромам намегузошт. Ин шаҳри мо ва атрофи он, куҷояш барои одами хориҷӣ диданибоб аст?
Дар ҳавои нарму софи куҳистон варзиш кардан аҷаб кайфияте доштааст. Аз осоишгоҳ то ба дуродур рафтанамро худ надонистам. Дар ҷои дилрабои кӯҳӣ, паҳлуи кӯли кабуд ошхоначаи тобистонаи сайёре буд, ки аз ин пеш ман меҳмони он шуда, бо кабобпаз Шаҳоб ошноӣ пайдо карда будам ва ёд овардани он бароям гиреҳи муаммои шабонаро кушод.
– Худат медонӣ, ки мо чандон гурусна нестем, – гуфтам ба шиноси кабобпазам Шаҳоб. – Ҳеҷ куҷо шитобе ҳам надорем, барои мо – ману ин хонуми зебо як хӯриши табъи дил омода соз.
Вай мисли низомиён даст ба гӯшаи саргираки сафеди матбахӣ бурда, гуфт:
– Дилпур бошед. Коре кунам, ки дар хонаи хушдоман чунин хӯрок ва иззат надидаед…
Мо дар гӯшаи канора даври миз нишаста, чархи суҳбат гардон кардем. Ҳар гоҳ ки назди Шаҳоб рафта, «Ваъда чӣ шуд, ҷӯра?» мепурсидам, «Мешавад, ками дигар сабр кунед», мегуфт. Ин дафъа ҷавобашро шунида, ба назди Гулчин баргаштанӣ будам, ки гуфт:
– Маҷид, сабр кунед. Вай аз дасти писарбачаи дар обу арақ таршудаи велосафедсавор буғчаеро гирифта, даруни хонаи вагон даромад ва лаҳзае пас овозаш баланд шуд: – Балки шумо рафта ба ҷоятон шинед… Вай ба гуфтааш вафо кард, лекин бо таъхир. Кабоби танӯрӣ димоғи на танҳо мо, ҳамчунин дигар нишастагони ин ошхоначаро пахш карда, онҳоро як навъ ба ҷунбиш овард. Ба ҳадде ки як-ду нафар мардони дағалмуомила ба овози баланду таҳдидомез ҷониби ошпаз ба маломат даромаданд: – Чӣ?! Ин ҷо хонаи очат аст? Мо бачаи ҷайраем?! Барои чӣ ба мо нагуфтӣ, ки инхелӣ кабоб дорӣ?! Ҳой, йндуқпаз! Ҳаминхелӣ ту барин одамҳое, ки ба ман ноназаргирӣ карданд, – гуфт яке аз онҳо, – анна, бо ҳамин дастонам даҳонашона аз пушти гардан кушодам! Сер шуда бошем ҳам, зуд барои мо аз ҳамун падават кун, а то сару даҳаната бо хуни худат рангин мекунам, нишоне аз туру танобат ҳам ин ҷо не останетса! Ҳашт соли дигар садқаи сарам, боз ба ихтиёри худам меравам. Лекин, погоди! аввал як-дута ту баринҳоро адаб дода, баъд меравам…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё