Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
Вай ба ин гуфтаҳо қаноат накарда, сари мо омада пурсид:
– Инхелӣ кабоб аз куҷо пайдо шуд? Кӣ овард?! Шумо кӣ, начайлики кадом калонаед, ки ба шумо медодаанду ба мо не?!
Гуфтам: – Аз ошпаз пурсед.
Суҳбати ӯ бо ошпаз напухт, як замон бинем, ҳамон тавре дар филми «Ҳоло ист, харгӯш!», харгӯш сари дасти гург овезон почак мезанад, Шаҳоб сари дасти ӯ буд, ӯро чунон бардоштааст, ки мислашро на дар ҳунарнамоии вазнбардорон ва на дар сирк дида будам.
Ману Гулчин ба мадади дӯсти хайрхоҳамон Шаҳоб шитофтем.
Ҳамин вақт марди дигари ҳамнишини ӯ давида, мехост бо сихи кабоб мисли шамшербозон ба тани кабобпаз бизанад, вале Гулчин дами аз баландии куфаки уштурмонанд гузаштан, номаълум ба ӯ тавре пешпо дод, ки сарозер ба замин ғелида ҷар шуд. Хайрият, аз он ки ӯро кӣ пешпо дод пай набурд, вагарна намедонам ҳоли ману Гулчин чӣ мешуд? Ману Гулчин ба миёна даромада, дар кӯшиши ором кардани онҳо шудем. Ҳанӯз натиҷаи саъйи мо маълум набуд, чӣ мешавад, мошинаи милиса пайдо шуда, аз дохили кабина майори милиса бо овози баланд, ҷониби кабобпаз фарёд зад:
– Шаҳоб, ҳама оромист? Ба мо ягон хизмат ҳаст?!
Кабобпаз як даст ба сина, бо дасти дигар ишораи «хуб» кард ва дигар милисаҳо чуну чаро раво надида рафтанд. Пайдо шудани мошини милисаҳо шасти ҷангхоҳонро то андозае гардонд, вале бо вуҷуд онҳо боз ҳам ба кабобпаз таҳдид мекарданд: – Ин кору рафтори туро мы так не оставим! То туро адаб надиҳем, дубора ба «хонаи истироҳат» намеравем! Аз поён ёфтани дағдағаи он ду нафар дараке набуд, ки овози ҷонхароши зане баланд гашт: – Ай Нилуфари ман!
Нилу! Ёрӣ диҳед! Мадад кунед! Нилуи ман ғарқ мешавад! Дух…
Ҳама ҷониби кӯл нигаристанд. Рӯи об ба ранги нилуфари обӣ гулбаргҳои сурху кабуду нилобӣ болои сари духтарча менамуданд, вай пар-парак дастак зада, раҳоӣ ёфтан мехост. Маҷид пойафзол бароварда, машғули бадар кардани сару либос буд, ки садои ба об хез задани Гулчин баланд шуд. Гулчину Маҷид Нилуфарро аз об бароварданд. Гулчин ба ранги парии обӣ менамуд. Мӯи мушкин ва бадани барфин, аз зери пираҳани сафеди ба тан часпида, пеши бар сари пистонҳои чун гелоси расида сиёҳаш ба назари Маҷид афтоданд.
Маҷид куртаи худ ба шонаҳои ӯ партофт. Модари духтарча ҳушу ёд банди фарзанд як замон ёдаш омад, ба Гулчину Маҷид миннатдорӣ накардааст. Вай сару рӯи Гулчин бӯсида, дуои давлат кард: – Худо, бачаҳом, умри оба насибатон гардонаду соҳиби бачаю кача шавед.
Нилуи мана наҷот додед, Худо аз тамоми балоҳои заминию осмонӣ нигаҳбонатон бошад!.. Гулчин бо пироҳани тар тифли навзои аз парда сар берунбаровардаро мемонд…
Ин дам яке аз мардон ҷангхоҳ мегуфт: – Ба хотири ҳами апашка, – ҷониби Гулчин, ишора карда, – йндуқпаз ин дафъа аз гуноҳат гузаштем. Но учти! Ин беҳурматии ба мо кардаат, беҷазо намемонад!
Баъдтар боз дар ин бора гуфтугӯ мекунем. Лекин апашка маладес будаст! Мо мардҳо садқаи хоки пои ту шавем! Ба хотири ту ин дафъа танбеҳу ҷазои йндуқпазро прошат мекунам! Лекин вай бояд ҳамаро бо як чашм бинад ва донад, ки мо ҳам иззати нафс дорем. Ун ҷо шиштан катӣ мо мусор, брак нестем, списат нашудаем?! – вай дастак зада гоҳ Гулчин таъриф мекарду гоҳ ба Шаҳоб таҳдид.
Аз Гулчин пурсидам: Майли шароб дорӣ? Ақаллан ашки булбул барин? Маст нашавем ҳам, ғубори дил барояд. Ҳеҷ не, ин тамошои дилғашкунандаро фаромӯш созем.
Гуфт: – Не. Мастии бе шароб ширину гуворотар аст.
Ҳамин вақт кабобпаз маро даъват карда, оҳиста гуфт: – Мехоҳӣ коре кунам, ки хонум кабки дастомӯз барин чирик-чирик карда, бо майли тамом дар бағалат дарояд?
Гуфтам: – Чӣ кор карданиӣ?
Гуфт: – Барои хонум ба чой ё нӯшокии дигаре шароб меомезам.
Гуфтам: – Не.
Дар бозгашт, ростӣ, намедонам аз меҳр буд ё асари шароб, ки худам танҳо андак нӯшида будам, номаълум дасти Гулчин ба даст гирифтам, оҳиста, чизе нагуфта, дасташ раҳо кард. Вақте ба хона наздик мешудем, гуфтам: Суруде ҳаст: …Ё маро бубар ба хона, ё биё ба хонаи ман… Гулчин ширину доманадор хандиду дар ҷавоб дандон сафед накард.
Рӯзи дигар, пас аз наҳорӣ ба Гулчин гуфтам: – Агар либоси варзишӣ дорӣ бипӯш ва ё бо худ бигир… Суханам нотамом гуфт:
– Ба мусобиқа меравем? Гуфтам: Не. Мусобиқаи дигаронро диданӣ. Ба мамнуъгоҳи Ромит.
Ҳоло даври гулхан нишаста, ба меҳмондории ҷангалбон, бобои Зокир, марди болобаланди зардина, назора мекардем. Вай ба мо рухсати ёрӣ надода, ҳама корро худаш саранҷом медод. Дар аввал аз ин рафтораш дилам дар хавотир буд: Мабодо тарзи пухту пазаш ба Гулчини шаҳргашта, ки ҳар гуна маводи хӯрокро чанд бор шустаю тоза карда, бо чумчаю чангак, дастпӯшакҳои сафеду гуногуни резинию селофанӣ одаткарда, писанд наояд. Не, шукри Худо тахминам ғалат баромад. Вай ончунон озодаю бо риояи шартҳои санитарӣ амал мекард, ки мегуфтӣ матбахи озмудаи президентӣ бошад. Аз дилам гузашт: аҷаб не, вай ин ҷо борҳо одамони соҳибмартабаи дохилию хориҷиро меҳмондорӣ кардааст, ки ин хел озодаю моҳирона ва дониста амал мекунад. Паҳлуи гулхан, аз ду арматури душохаи махсус барои ҳамин кор васлшуда ва бо мурури замон хеле суфтаю сайқалёфта, сутун омода кард ва болои онҳо аз чӯби заранг ходае бо гӯштҳои кабку оҳу гузошта, андак-андак ҳар ҷо-ҳар ҷои онҳоро чок кардаю намаку зираю сирко пошида, барои мо сихкабоб пухт.
– Бобоҷон, бобоҷон, ман шаҳрҳо ва меъмориҳои бисёр зебою нақшину муъҷизаосои машҳури дунёро дидаам, – қисса оғоз кард Гулчин, аз меҳмондории бобои Зокир ба ваҷд омада, – вале дар ҳеҷ куҷо ба ин ҳад хушҳол нашуда будам. Кабобҳои гуногуни кабку бедона, гӯшти оҳубара ҳам хӯрда будам, вале ин хел лаззат, ки ин дорад, надоштанд. Илоҳӣ, дасти шумо дард набинад, ғам аз гӯшаи ҳотаю дари шумо гузар накунад, бобоҷон.
Гулчин даври гулхан баъди хӯрок ва чанде суҳбат бо таъкиди бобои Зокир паҳлу зада, сар ба зонуи ман гузошт ва бобои Зокир моро ба ҳоли худ монда, чанде ҳезуми дигар паҳлуи гулхан захира карда, шаб ба хайр гуфта рафт, рафт ки бихобад.
– Маҷид, ту аз ман напурсидӣ, ки духтари ҷавон чӣ гуна тани танҳо ин ҷо, дар диёри шумо афтодаам?
– Акнун ки худ ёд овардӣ, бигӯ? – хоҳиш кардам.
– Мо, ману дугонаам Моҳрух аз миёни шаҳру устонҳои зебои давлатҳои зиёд Тоҷикистонро интихоб карда, ба нияти сайру саёҳат омадем. Дугонаамро бе хости ӯ, ба шахси барояш ноошно ба шавҳар доданӣ буданд, ба мисли анъанаи солҳои пешин, ки ба шунидам, дар ин диёри шумо ҳам роиҷ будааст. Ӯ нахост ва маро, ки ҳамроҳи бародари дар ҷанги таҳмилии миёни Ироқу Эрон шаҳидшудаам, зиёд шаҳргардӣ ва саёҳати даври олам карда будем, хоҳиш кард, ба Тоҷикистон биравем. Баъди ду рӯзи аз хона баромадани мо, ба ӯ симхат омад, ки «Модарат сахт бемор аст, ҳарчи зудтар худро бирасон». Вай рафту ман ин ҷо танҳо мондам.
Бародарам Вафо ҳар ҷо ки мерафт, маро бо худ мебурд ва ҳамин хел дар тинати ман, як, намедонам ҷасорат бошад, шуҷоат бошад, хулоса, як бебокие ташаккул ёфтааст, ки мисли баъзе духтарони дигар зудранҷу нозук ва тарсу нестам. Холаам мегӯянд: – Ту бояд бача мешудӣ, тасодуф духтар зоида шудаӣ…
Гулчин қисса карда, як замон бинам, хомӯш шуду худ нафаҳмида, хобаш бурд. Чеҳраи бар асари офтоб ва гармии гулхани иншаба арғувонигаштааш чунон дилрабо буд, ки болои он сар хам карданамро худ надонистам. Хостам ба рухсорааш бӯса занам, вале аз чӣ бошад, зуд аз ниятам гаштам. Лаззати бӯса дар ҳиссу идрок ва меҳру эҳсоси тарафайн аст. Не. Сабр мекунам, то бедор шавад, ва… Тавре асп рост хоб меравад, манро ҳам дар ҳамон ҳолат – нишаста хоб бурдааст. Як замон овози «Маҷид!» гуфтани касе аз хоб бедорам кард.
– Маҷид, акси моро бигир! – гуфтани Гулчин аз ҳаяҷон раҳоям карду боз ҳам дар ҳайрат гузошт: – Гулчин лаъличаи асал, ки бегоҳ бобои Зокир барои хӯрдани мо болои дастархон гузошта буд, дар даст паҳлуи хирси азими малламӯ меистод. Хирс аз лаълича асал лесида, ба маънии қаноатмандӣ як тика забони сурхашро бозӣ доронда, гоҳ ба Гулчин ва гоҳе ба ман менигарист. Ман башитоб аз паҳлуи сумкачаи Гулчин дастгоҳи аксбардорӣ гирифта бошам ҳам, ҷуръати пахши тугмача намекардам.
– Чӣ истодаӣ? – пурсид Гулчин.
– Мабодо чирикӣ карда, барқ задани дастгоҳ ба «ҳазрат» сахт расад.
– Барқ ҳам намепараду «ҳазрат» ҳам, то тамом шудани асал дар доми мо аст, зудтар тугмачаро пахш бикун.
– Гулчин, ту чӣ тавр аз хирс наҳаросидӣ?
Гуфт: – Вақте бедор шуда, ӯро дидам, ба худ гуфтам: Хӯрдание мехоҳад, ки ин қадар наздик омада, нигарон аст. Фикр кардам:
Барояш кабоб партоям? Боз андешидам, ки ҳайвонҳо ба хӯрдани гӯшти хом хӯ кардаанд, ба қадри кабоб намерасанд. Чӣ кунам?
Яке ба ёдам омад: хирсҳо асал дӯст доранд. Асал барои ӯ камёб аст, лекин. Чӣ навъ асалро ба вай диҳам? Хостам аз ту маслиҳат пурсам. Чунон зебою ором дар хоб будӣ, мисли тифлак, дар бағали модар. Дилам нашуд. Бахт аз таваккал гуфта, лаъличаи асал ба даст гирифтаю оҳистаю боэҳтиёт ба ӯ наздик рафтам.
Бӯйи асал шамидаю фаҳмида, ки аз лаълича чашм намеканд.
Ҳамин ки як бор ба лаълича забон расонда, лесид, овоз баровард.
Ба хаёлам, миннатдорӣ кард…
Аз ин сафари кӯтоҳ ҳар ду хушҳол баргаштем.
Рӯзи дигар, аз пагоҳӣ не гап, не хабар, Гулчин бедарак гашта, танҳо ҳангоми хӯроки шом, ғайри чашмдошти ман, пайдо шуда, ба мизи мо наздик омаду оҳиста дар гӯшам гуфт:
– Ин ҷо мулло ҳаст?
Гуфтам: – Ёфт мешавад.
Гуфт: – Баъди хӯрок ҳар ду ба хонаи ман биёед.
Ҳарчанд аз мақсадаш пай набурдам, вале табъи хушу даъвати самимӣ аз нияти нек дарак медод. Гуфтам: – Ба ҷонам. Вай ба назарам хӯроки шом ҳам нахӯрда рафт.
Воқеан бояд бигӯям, ки мо дар як долон, хонаҳои рӯ ба рӯ мезистем. Аз роҳрави байни хонаҳо тарафи чап дари умумӣ буду долон ва тарафи чапу рост ду хонаи дарун ба дарун, ки ин ҷо номи ҳар кадомашро люкс мегуфтанд. Вақте дари хонаи Гулчинро кӯфтам, аз хонаи Гулчин ба ҷои ӯ хонуми дигаре дар боз намуда, моро хуш омадед, гуфт ва ба дохили хона даъват карду ҷои нишаст нишон дод. Лаҳзае пас, ҳамон хонум баргашта, назди мо омаду ғайри интизор гуфт:
– Хуш омадед. Мехостам фаҳмам, ба чӣ омадед?
Аз роз бехабар лаҳзае худро гум кардам ва зуд худро ба даст гирифта, ба ранги сиёсатмадорон ба таври умумӣ гуфтам: Мехоҳам дар равобит ва дӯстии байни Эрону Тоҷикистон саҳмгузор бошам…
– Яъне, ки ба хостгорӣ омадаед, – аз пеши худ маънӣ бароварда, гуфт хонум. – Шумо бародар Маҷид, мехоҳед бо хонум Гулчин арӯсӣ бикунед?
Гуфтам: – Бале.
– Бародар мулло, хутбаи никоҳ бихонед, – хоҳиш кард ӯ. Мулло ки аз ин сирру савдо то ин дам огаҳӣ надошт, як навъ ҳайратзада китф дар ҳам кашида, ҷониби ман имдодталаб, ба маънии «чӣ кунам?» нигарист. Ман ба сар ишораи «бихонед», кардам. Мулло шердил шуда, мисле ки дар муқобили аксбардор истода суруд мехонда бошад, аввал гиребони курта дуруст кард, баъд овоз рӯшан намуда, гуфт:
– Арӯс куҷост? Аввал мо бояд аз ӯ ризоят бипурсем, шартҳои арӯсӣ ва заношавҳарӣ бифаҳмонем… Сухани мулло ба поён нарасида, хонум дари нимбози манзили паҳлуиро васеътар боз кард. Дидам, ки Гулчин дар либоси сафеди арӯсӣ, худро орою торо дода, ҳушу гӯш ба гуфтугӯи мо дорад. Мулло боз пурсид: – Аз рӯи Худо, на аз рӯи риё, бигӯед, ки дар никоҳи марди дигаре ҳастед ё на?
– На! – шунида шуд бо қатъият овози Гулчин.
Мулло дигар чуну чаро раво надида, ба хондани хутбаи никоҳ:
-Бисмиллоҳир-раҳмонирраҳим, гуфту хонданро идома дода, баъди каме хондан, ист карду хоҳиш намуд: – Хоҳарам Гулчини арӯсшаванда, наздиктар биёед! Ба забони худ номи худ ва падаратонро бо овози ба ин ҷамоаи муъминини ҳозирин шунаво бигӯед…
Қисса кӯтоҳ моро никоҳ карданд. Бо хоҳиши қаблии Гулчин ҷавоне дар ин соат бо дастгоҳи аксбардорӣ ҳозир шуда, ҷамъи моро аксбардорӣ кард. Ва Гулчин халтаҳои селофание пеши мулло, аксбардор ва дугонааш гузошта, ташаккур гуфт ва ҳарсеи онҳо моро ба ҳоли худ гузошта, аз хона бадар рафтанд. Мани аз ин савдо қаблан бехабар, ба ростӣ ҳайратзада, вале боз аз он ки соҳиби арӯси нозанин шудам, дар курта намеғунҷидам. Арӯс гуфт: – Акнун маро рӯи даст бардору хонаи худ бибар…
– Ба чашм, гуфтам. Лекин аввал рафта дар кушоям.
Гуфт: – Дар боз аст. Дигар фурсат аз даст надода, арӯс бардошта ба хона бурдам. Худоё! Аз дидани хона ба шигифт афтодам: – онро ба ранги хонаи шаҳ оин баста, аз пардаҳо моҳирона чодир сохта буданд… Қариб ки ҳама тартиботи тӯй ва шарту шароити шаҳу арӯсӣ риоя ва баҷо оварда шуда. Гулчинро дар оғуш гирифта, гуфтам: Баҷон мехоҳам, модари мушфиқи фарзандони ман бошӣ…
Гуфт: – Сода. О, мо барои ҳамин никоҳ кардаем. – Ва боз ҳамон табассуми дилҷӯи мафтункунанда ҳадя карда, афзуд: –
Чандто мехоҳӣ?
Гуфтам: – сето, як духтару як писар ва сеюмаш ба ихтиёри худат.
Гуфт: – Худо кариму бахшоянда аст, хоҳад мешавад. – Ва боз афзуд: – Маҷид, аз волидайнат рухсати издивоҷ гирифтӣ? Охир ин ҷо, дар ин осоишгоҳ…
Гуфтам: – Аввалан, ин ки ман мард ҳастам, ҳар киро хоҳам ихтиёр дорам. Сониян, одамон дар маҳбас ҳам издивоҷ мекунанд, ин ҷо ку ба ранги биҳишт аст. Вале ту чӣ кардӣ? Ризоят пурсидӣ?
Дуо гирифтӣ?..
Гуфт: – Ихтиёри издивоҷ ба худам додаанд, вале ба як шарт.
Гуфтам: – Чӣ шарт аст?
Гуфт: – Хостаи ман мебояд мусулмон бошад.
Гуфтам: – Пас ёфтӣ.
Гуфт: – Барои ҳамин бе шинохти дерин издивоҷ кардам. Ва боз чизи дигаре ҳам гуфтанӣ буд, ки сабр аз дил рафт ва қисса кӯтаҳ шуд… Мо ду тан ба ҳам ончунон печида, ки гӯё дар як пайкар будем. Ду дил ба як марому оҳанг ба шавқи ҳам мезад… Ин дам аз кайфияти мо рахти хоб овоз бароварда, изҳори шодмонӣ мекард.
– Муаллим, як занак омада гуфт: Ба шумо расонам, ки як хешатон омадааст, дар шипанги рӯи ҳавлӣ шуморо интизор аст.
– Вай кӣ будаст, ки ин хел нози хунук кардааст?! Нагуфтӣ, ки гапат бошад, даро ба худаш гӯ?!
– Гуфтам: гапат бошад, як дам сабр бикун. Ман ҳозир даромада аз Маҷид Шарифович рухсат пурсам. Иҷоза диҳанд, даромада гапата мегӯӣ. Маҷид Шарифович вақти беҳуда надоранд, берунҳо баромада, корафтода кофта гарданд. Вале вай интизори идомаи сухани ман нашуда, баромада рафт. Чӣ кор кунам? Дубора рафта фаҳмонам ё?
– Не!!! Даркор бошам, боз меояд, – инро гуфта Маҷид коғазҳои кории пешорӯяшро пеш кашид ва ба мутолиаи онҳо пардохт. Мехонд, вале чизе намефаҳмид, хаёлаш ба он рафт: – Кӣ бошад? Хеши наздик, гуфтааст. Агар хеши наздикам мешуд, ба хона меомад, телефони маро ёфта занг мезад… Фаҳмад нафаҳмад, худро ба хондани маводи корӣ машғул дошт, вале нашуд, ки нашуд. Шабнам! – тугмачаи хабарии миз зер накарда, фарёд зад Маҷид.
Шабнами котиба ҳамоно ҳозир шуд.
– Шабнам, ун зани омада, чӣ гуна афту андом ва сарулибос дошт? Аврупоипӯш буд ё ба таври маҳаллӣ?
– Мисли занҳои эронӣ…
– Худоё, кӣ бошад? Ку бубинам, – гуфта Маҷид аз хонаи корӣ ба саҳни идора баромада, рӯ ҷониби шипанг равон гашт. Дар курсиҳои шипанг як зану як ҷавон нишаста, ба истиқболаш аз ҷой бархостанд.
Зан бо наздик омадани Маҷид, худдорӣ аз даст дода, Маҷид! – гӯён овоз баланд кард, ҷавон: Падарҷон! – гуфта модару писар башаст худро ба бағали ӯ партофтанд. Дар ҳамин ҳолат то хеле гузашт. Зан аз киса рӯмолча бароварда, оби дида пок кард ва гуфт:
– Маҷид, бароят ҷону ҷигар, соябони сар туҳфа овардам, – ва ба ҷавони паҳлуяш истода, ишора кард.
– Худоё! Овози ҷонбахши ширин! Наход Гулчин бошӣ?!
– Бале, Гулчинам. Ҳамонеам, ки 18 сол боз дар фироқи ту месӯзам.
Онҳо боз ҳамдигарро ба оғӯш кашиданд. Хонум худро аз бағали Маҷид раҳо карда, гуфт: – Ин аст, Вафои мо. Писари ҳаждаҳсолаи мо. Ин ҳама солҳо акси ту назди қасри «Гултоҷ» пеши назараш буд…
Маҷид ба Вафо нигарист: Мисле ки ҷавонии худи ӯ назди оинаи барқад истода бошад… Сухани Гулчин ӯро аз сайри хаёлӣ ба худ овард.
– Умед дорам, аз гуноҳам, ки бо айби ман ин ҳама солҳо дидор надидем, мегузарӣ. Бори фироқу ҷудоӣ барои ман ҳам осон набуд, ки баъд бароят қисса мекунам…
Маҷид хомӯш ба Гулчин ва Вафо нигариста, дида пок кард.
Шабнами котиба ва ҳамкорони кунҷкови дигар аз тирезаҳои боз ба ин манзара нигоҳ карда, пай намебурданд, ки дар ин миён чӣ сирру савдое гузашта бошад. Сирру савдои зиндагӣ хеле зиёд аст ва мо на аз ҳамаи онҳо бодарак ҳастем. Якеш ин буд, ки бароятон ҳикоя кардам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё