Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
ИСТИҚБОЛ
– Саф кашед!
– Синфҳои ибтидоӣ пеш гузаред! Шумо каме пас истед!
– Гулдастаҳоро наафтонед!
– Ҳозир, ҳозир, ками дигар сабр кунед.
– Муқим Набӣ куҷост, ки ин ҳоли шуморо бубинад?
– Ҳой бача, гӯшмол бинӣ!
Қатори мошинҳои сабукраву боркаш ва автобусҳо аз гардиши роҳ, ки аз ин баландӣ ва канора хам дар хами абрӯро мемонд, намоён шудан замон садои шӯру ғавғои бе он ҳам зиёди кӯдакон баландтар гашта, дар сафҳо ҷунбуҷӯл оғоз ёфт. Шогирдони сафи пеш таъкиду фармоишоти устодонашон – бешитобу ҷандала пеш рафтан, тартибу низомро риоя кардан, ба меҳмонон боадабона гулдаста тақдим карда, «Хуш омадед!» гуфтанро магар фаромӯш карданд, ки ҳар кадоме зудтару аввалтар расидан мехост.
Қатори мошинҳо назди пешвозгирандагон истод.
Аз миёни сафи меҳмонон таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар хонуми резапайкари айнакӣ ба худ кашид. Хонум аз дасти кӯдакон гулдаста гирифта, ташаккур гуфт, сари баъзеашонро сила кард ва баъзеи дигарро модарвор аз фарқи сар бӯсид. Он духтару писарбачаҳое, ки чунин меҳрубонӣ диданд, руҳбаланд шуда, худро азизтарини азизон пиндошта бар-бари ӯ мерафтанд. Мизбонон назди меҳмонон коҳиш кардани кӯдаконро аз рӯйи одоб надониста, ҳар гуна имову ишора ва таҳдидҳо мекарданд, вале, ҳайҳот, кӯдаконро кай парвои ин ишора ва таҳдидҳо буд!
Аз миёни истиқболгирандагон, ки бештаринашон устодону шогирдони мактабу ятимхона буданд, назари хонум ба писарбачае афтод, ки канортар аз шарикдарсони худ, гулдаста ба даст, мисли он ки ба ҳоли дигарон назора мекарда бошад, бо виқор мерафт.
Хонум аз миёни мизбонон канортар гузашта, ба он писарбачаи жӯлидамӯй наздик шуд ва бо маънии шинос шавем, даст ҷониби ӯ дароз кард ва номи худро гуфт.
Ин дам дуд аз димоғи сарвари ятимхона баромад. Ӯ бо ҳазору як азоб, ба саду як дар сар дароварда, пеши чандин касу нокас сар хам карда, барои чанд тан аз шогирдон сару либоси мувофиқ пайдо карда, одоби муоширату истиқбол ёд дода буд. Ва ҳоло аз он ба худ мепечид, ки ин писарак ҳангоми машқу таъкиди одоби истиқболгирӣ ҳозир набуд ва акнун бо ин меҳмони олиқадр чӣ гуна муомила ва суҳбат мекарда бошад?
Писарбача дар ҷавоби меҳмон каме ошуфтанамо шуд, вале зуд худро ба даст гирифт, номашро бар забон овард. Радаи дандонҳои биринҷи девзира баринаш, ки кайҳо дандоншӯяк надидаанд, аз миёни лабони маҳину бар асари дерхӯрокӣ парсингбастааш намоён шуданд. Чашмони сиёҳи обӣ, абрӯвони мушкини пайваста, мӯи ғуллии пушти сар ба зарби ангуштон шона задаи писарак ҳадафи нигоҳи хонум гаштанд.
Хонум ба либосҳои озодаю обшуста ва ҷо-ҷо сари остину оринҷ дарбеҳи писарак нигариста, аз кӯкҳои намоён тахмин кард, ки кори худи ӯ будагист. Хонум бори дигар ба сару либоси писарбача назари сар-сарӣ давонда, нигоҳаш дар муқобили чашмони ӯ қарор гирифт.
Дар ҳолате ки назари хурду бузург бо ҳам меафтанд, аксаран хурдон назари худро мегурезонанд, вале ҳоло ин бача ба чашмони ҳамсуҳбати худ бебо нигариста, интизори он буд, ки ин зани соҳибмансабу аз роҳи дур омада, ба ӯ чӣ мегуфта бошад…
Зан ба фаросат дарёфт, ки писарбача интизори шунидание аз ӯст. Садои ғулғула ва ҳангомаи мардуми истиқболгиранда, ба хусус кӯдакон дар фалак мепечид. Хонум баъди каме таҳаммул нигоҳашро аз рӯи писарбача наканда пурсид:
– Куҷо мехонӣ?-Ва ҳанӯз писарак ҷавобе нагуфта афзуд: – Дар кадоме аз ин мактабҳо мехонӣ? – Дар ин деҳкада ду мактаб ва якеаш бо номи «ятимхона» машҳур буд ва зан инро дониста, ба хотири ба иззати ӯ нарасидан, мактаб ё ятимхона напурсид.
Писарбача таваққуф накарда гуфт:
– Дар клоси дуввуми ятимхона таҳсил мекунам.-Ва лаҳзае пас монанди калонсолон, магар фурсат муносиб ёфт ва ё таъкиди ҳамсинфон ба ёдаш расид, ки илова кард:
– Шуморо хайра мақдам мегӯем. Ба мо гуфтанд, ки шумо барои мо китобу дафтар меоред. – Писарак оромона ҳарф мезад, – лекин оҳанги суханаш ба гӯши хонум чун даъвогари дилпур расид. Хонум ба худ сабр пеша кард, то бифаҳмад, ки ӯ боз чиҳо мегӯяд. Баръакси чашмдошти хонум писарбача дигар ҳарфе бар забон намеовард, интизори ҷавоби ҳамсуҳбати худ буд. Агарчи танги тирамоҳ буду ҳаво сард, писарак дар бар либоси тунуки ғайримавсимӣ ва он чӣ дар по дошт, аз пояш калон ва яқин ки пасмондаи каси дигаре буд.
Зан суол кард: – Ба Шумо гуфтанд, ки мо фақат дафтару китоб меорем?
– «Аҷаб не, чизҳои дигар ҳам биёранд», гуфтанд ба мо, – афзуд писарак, ба хотири бе ҷавоб намондани сухани хонум.
– Ҳа, мо чизҳои дигар ҳам овардаем, лекин… – Хонум лаҳзае аз идомаи сухан худдорӣ кард ва бо диққати тамом ба чеҳраи писарак нигарист. Хомӯшӣ дар миён омад, вале дер давом накард.
Писарак чизе напурсид… – Ҳа, мо чизҳои дигаре ҳам овардаем, – ба такрор гуфт хонум ва боз таҳаммул пеша кард, то бифаҳмад, ки писарак чӣ мегӯяд. Дид, ки аз писарак дигар ҳарфу садое намеояд, худ афзуд: – Мо хӯрокворию пӯшокворӣ, асбобҳои варзиш ва дигар чизҳо овардаем, лекин… – Хонум сокит монд, то ба ҳамин васила писаракро ба гап дарорад, вале боз ҳам нашуд ва худ афзуд:-Лекин чизҳои овардаи мо бештар ба онҳое мерасанд, ки хубу аъло хонанд, рафтору кирдори нек ва ахлоқи ҳамида дошта бошанд. Дар ин рӯзҳои баъдиҷангӣ баъзеҳо сахтиву қаҳтиро баҳона карда, ба вазифаи худ – хондан батамом бепарво шудаанд…
Гӯё ба тани каммадори писарак дами Исо расида бошад, ҷабини гирифтааш кушода, хушҳол ва як навъ ба табассум моил гашт.
Хонум аз ин тағйири авзои ӯ маъние набардошта, пурсид:
– Суруди миллии Тоҷикистонро медонӣ?
Писарбача «ҳа» ё «не» нагуфта, каме ҳолати ҷиддӣ гирифт, гулӯ афшонду ба хондани Суруди миллӣ оғоз кард. Хонум ба фаросат дарёфт, ки ӯ сурудро медонад ва зайли баъзе кӯдакони дигар ҳангоми қироат кӯшиши артиствор хондан надорад, сода, равону фаҳмо ва кӯдакона мехонад. Хонум ба шонаи кӯдак даст бурда амр кард:
– Сабр кун, сабр. Ба ман фаҳмон, ки калимаю ибораҳои «ворисони туем», «мароми мо», «бақои ту» чӣ маънӣ доранд? Муаллифи ин суруд кист?
Писарак аз қироати суруд бозистод, бе он ки ошуфта гардад, гуфт: – Суруди миллии Тоҷикистонро акаи Гулназар навиштааст.
– Боз чизи дигаре гуфтанӣ буд, ки зан суханашро бурида пурсид:
– Шоир ба шумо хешигарӣ дорад?
Писарак, ки то ҳол ҳолати ҷиддӣ дошт, ширин табассум карду гуфт: – Не. Бародарам гуфта буд, ки вай фалғарӣ аст. Мо аз Раштонем. Вай ҷӯраи бародари дар ҷанг шаҳидгаштаи ман аст. Ман шеърҳои дигарашро ҳам медонам. Аз эҷодиёти устод Муъмин
Қаноат ҳам чанд шеър ва аз достонҳояш порчаҳо аз ёд кардаам.
Аз гармии суҳбати онҳо дигар писару духтарчаҳо ҳам шерак шуда, яке паи дигар ба гап даромаданд:
– Муаллима, гӯед аз устод Муъмин Қаноат хонад, чунон зӯр мехонад, ки!.. Агар ҳамон «Ҳамосаи дод»-ро хонад, ба Худо ки гиря мекунед.
Духтарчаи дигаре дид, ки хонум дар ҷавоби писарбача чизе намегӯяд, исрор кард:
– Апа, гӯед аз адаби афтон устод Халилӣ хонад. Ана ҳамун шеъри ба Наврӯз бахшидаи шоирро хонад…
Зан даст бардошт, ба маънии норизоӣ. Ин вақт писарбачаи аввала духтаракро эрод гирифт: – Эҳ-ҳа, девона. «Апа» не, «муаллима» гӯй!
Духтарак ба эроди шарикдарсаш эътиборе надода, исрор кард:
– Шарм накун, хон! Хон, меҳмон шунаванд, ба Худо ки хурсанд мешаванд!
Писарак аз дубора даст бардоштани хонум пай бурд, ки ӯ алҳол майли шеършунавӣ надорад ва ба посухи суоли дигари ӯ шуруъ кард: – Мо, хурдтаракон, ворисони падару бобоён ва гузаштагони худ ҳастем. Бақою мустаҳкамии давлат ва ободии Ватан ба мароми мо, фикру андешаи мо, сиёсати пешгирифтаи давлати мо вобаста аст.
Писарак дар шарҳи худ боз ҳам идома доданӣ буд, ки хонум сухани ӯро бурид, ҳарчанд аз ҷавоби ӯ қонеъ буду дилаш шунидани суханони ӯро мехост:
– Мо «Ватан» мегӯем, «ифтихори Ватан» мегӯем. «Гул кун, ба бахти мо Ватан!» мегӯем, ҳамон Ватан куҷост?
Чун хонум аз боби Ватан суол кард, вуҷуди кӯдак гӯё ба дард омад, чеҳрааш тағйир ёфт, сари худро боло гирифт ва ба писару духтарчаҳои ҳангоматалаб, ки даври онҳо печидаву гоҳ-гоҳ аз дасту доманаш кашида, луқмае мепартофтанд ва ё ба гуфтааш чизе афзуданӣ мешуданд, парвое накарда гуфт:
– Ватан ҷоест, ки шумо имрӯз омадед. Ин ҷост, ки расидед.
Писарак даст сӯи кӯҳсорони атроф бардошт, нафасе сухан дар умқи дилаш печид, зеро назараш ба харобаҳои баъдиҷангӣ, ба он ҷойҳое, афтод, ки ҳамдеҳагонаш бар асари бомб ба ҳалокат расида буданд. Чунон ки шоир дами сухан гуфтан дар ёфтани калимаи барояш даркорӣ андеша мекунад, хаёломез лаҳзае хомӯш истоду баъд афзуд: – Ватан барои мо аз баландиҳои қуллаҳои сарбаланди
Бадахшон то паҳнои Вахши зарбахш ва тамоми мулки Тоҷикистони азиз ҳисоб мешавад.
Писарбача сӯйи кӯҳсорон нигариста сухан мегуфту нигоҳи хонум ӯро думболагир буд, ба атрофу акноф назар андохта, замони кӯдакиашро, ки дар домани ин кӯҳҳои азим гузашта буд, ёд мекард. Кӯҳҳои атроф ва талу теппаҳои замони кӯдакии ӯ, ки ҳама гулпӯш буданду ҳоло бар асари бомб сурати ҳузнангезе гирифтаанд, ғайриихтиёр ӯро ба ҳолати риққатоваре афканданд. Тифлак сухан мекарду аз дидагонаш қатраҳои ашк метаровид. Хонум таҳи дил худро маломат кард, ки ин кӯдакро ба риққат андохт, вале боз ҳам, аз дидани он, ки ӯ аз
Ватан ва ватандорӣ ин қадар бо ифтихору сарфарозӣ ва дилгармӣ сухан мегӯяд, ғубори нохушӣ ба зудӣ аз дилаш зудуда гашт.
Кӯдак нигоҳи худро аз сӯйи кӯҳсорон, аз ҷое ки одамони зиёд дар ҷангҳои бародаркуш ба шаҳодат расида буданд, барканда бо нӯги остин ашки дидагонашро сабук бардошт. Бо вуҷуди эҳтиёти зиёд нафас дар гулӯи зан печид ва ӯ модарвор писарбачаро ба тани худ танг гирифта, ба хотири аз ин ҳолат гурез кардан пурсид:
– Маънии ранг ва ахтарони парчами Тоҷикистонро шарҳ додан метавонӣ?
Писарак ба маънии тасдиқ сар ҷунбонду шуруъ кард ба гуфтан:
– Ранги сафед рамзи бахти сафеди мо, кӯҳсорони сарсафеди пурбарфи мо, осмони софи диёри мост. Ранги сабз рамзи сарсабзии диёри мо ва сурхӣ рамзи сурхии рӯй, хуни шаҳидони гулгункафани роҳи озодиву истиқлолият…
Овози кӯдак ларзид, кадом аламе дар дилаш тоза шуд, вале зан пай набурд, балки ӯ ҳам ба ҳоли худ набуд.
Хонум дар ҳайрат афтод, ки ин писарак ба сони актёри варзида, аз як ҳолат ба дигаре гузашта, мақсадашро гум накарда, мизону низоми суханро риоя мекунад.
– Шумораи ахтарон, – овози кӯдак занро ба худ овард, – ба рамзҳои нек писандидаи мардуми мо рост меояд. Рақами ҳафт миёни мардуми тоҷик ба некӣ ёд мешавад: ҳафта, ҳафт қабати осмон, ҳафт додарон, ҳафт пайкар, ҳафт син, ҳафт шин… Писарак сухан мегуфту хонум ба ҳоли худ ҳар дам мӯйи бе он ҳам дурусташро панҷакаш мекард.
Аз канорае садои мизбонон баланд шуду хонумро ба худ овард ва ӯ айнаки маҳину нафиси зарҳалинашро аз чашм гирифта, бо гӯшаи рӯймолча, ки ба баёзи гардани кабксонаш фуромада буд, пок карду ба дида гузошт ва боз ҳам табъи дилаш нашуд, хира дид. Дубора айнак аз чашм гирифта пок карду ба дида гузошт, вале ин дафъа ҳам ба хости ӯ набуд… Вақте ки дафъаи дигар айнак ба чашм гузошт, қатраҳои ашк ғайриихтиёр аз дидагонаш таровиданд.
Хонум, агарчи зодгоҳи падариаш шаҳри азиму шӯҳратёри тоҷикон буд, шаҳре буд, ки замоне «қувваи ислому дин»-аш мехонданд, бо ҳукми тақдир замони тифлию кӯдакиаш дар оғӯши ин кӯҳсорону мардуми барояш азиз гузашта аст. Ӯ кайҳо боз ҳаваси дубора дидани ин диёрро дар дил мепарварид. Ҳар гоҳе ки дар сафари хидматӣ ё дар филме манзараи зебою дилкашеро медид, он даврони ширину беғаши кӯдакӣ ёдаш меомад ва ҳаваси дубора дидани ин диёри зебоманзару биҳиштосои барояш муқаддас пайдо мегашт.
Имрӯз ҳам тамоми роҳ аз пушти шишаи мошин дида аз кӯҳсорон намеканд, ҷӯёи манзараҳои даврони кӯдакиаш буд. Даме ки ба деҳкада расиду аз мошин берун шуд, аввал ба кӯҳу теппаҳои атроф назар андохту баъд замин бӯсид ва сабук қомати зебои худро рост гирифта, ҷониби пешвозгирандагон қадам гузошт.
Хонум ба шонаи писарбача модарвор даст бурду сӯйи ҳамраҳонаш каме тоб хӯрда, овоз баланд кард:
– Маҳина! Сакина! Салимҷон!
Ҷавобе нашунид. Лаҳзае пас, марди фаҳӯле аз ҳамсафарон, ки худро аз мухлисону содиқони ӯ вонамуд мекард, наздик омад:
– Муаллима, онҳо аз паи ҷобаҷо кардани борҳо рафтанд. Салимҷон ҳамроҳи аксбардорон аст.
Зан гуфт: – Ному фомил ва мактаби ин писаракро навишта гир, баъдтар ба ёди ман биёр! Ӯ баргашта ҷониби кӯдак таъкид кард: –
Ту нағз хон. Ба гуфтаи устодонат гӯш бидеҳ. Хуб?
Писарак боз ҳам ба ҷои «ҳа» ё «не» гуфт:
– Ғайр аз Худо ва устодон каси дигаре надорам.
Ин суханони тифлак бори дигар вуҷуди занро такон дод ва ӯ худ ба худ аз дил гузаронид: «Худоё! Ин тифлакро бубин, мисли калонсолон, боз на чун калонсолони содаву одӣ, балки мисли мардони расову майдондида сухан мегӯяд. Шеърҳои калонсолонаро азбар кардааст. Гӯё зиндагӣ ӯро аз олами кӯдакӣ якбора ба фазои пуршебу фарози мардони солхӯрда андохтааст.
Хонум пеш гузашт. Бо каме дуртар рафтани ӯ он марди фаҳӯл ба сари писарак расида, бо як назари харидорӣ, аз сар то ба пои ӯ нигариста, бо тамасхур ба дил гуфт: «Муаллима ҳам аҷаб одамест! Аз байни ҳамин қадар духтару писари луфтак1 барин зебою дилкаш ин нусхаи хушкардаашро бин!»
Писарак, аз ин мулоқот дилхуш, бовиқор пеш мерафт. Марди фаҳӯл гӯё писарбачаро болои кори ношояме дарёфта бошад, бо дағдаға гуфт: – Куҷо мерай? Ҳамиҷа биист! Ку, бигӯ, сағера, чӣ ном дорӣ? Баландтар гӯ! Ҳами рӯзо ягон чӣ хӯрдайӣ?!
Анбуҳи истиқболгирандагон меҳмононро дар ҳалқаи худ печонида, пеш мерафтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё