Зеҳн
Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.

Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БИРАВ, КИ ТУ ТОВУС НЕСТӢ!

Муносибати оилавии товусҳо бад гашту кор то ба додгоҳ оид шуд. Яке аз товусҳо ариза навишта ба дабирхона омад. Ба ӯ гуфтанд: – Навиштаи туро қабул надорем. Дар сурате қабул мекунем, ки аз пари зебоят ба мо якто диҳӣ.

Товус ҳарчанд зораву лоба кард, қабул накарданд. Ноилоҷ бо як ҷаҳон аламу ҳасрат як пари рангину дилрабои худро канда дод.

Аз миён чанд рӯз гузашт, вале аз натиҷаи арзи ӯ дараке нашуд. Ба додситонӣ рафт, ба ӯ гуфтанд: -То аз пари зебою нақшинат якто надиҳӣ, арзатро намешунавем.

Товус боз ҳам ба лобаву зорӣ даромад, вале асаре надид.

Таҳдид кард, ки ба боло шикоят мебарад, вале боз ҳам суханаш асар надошт. Ноилоҷ боз аз пари зебою нақшини худ якеро канда ба инҳо дод.

Аз байн чанд моҳи дигар гузашт, вале аз ривоҷи кор дараке набуд. Боз роҳи додгоҳи шаҳр ва ҷумҳур пеш гирифт ва ҳар ҷо ки мерафт, ба арз ва зориву илтиҷои ӯ эътиборе надода, пар мехостанд. Ҳар қадар ки ба ҳар идораи марбута рафта арз кард, ҳамон қадар парҳояш камтар гаштанд. То арзи ӯро шунида, ба хайрияти кор овоз доданд, ки товус аз болу пар ва фари товусӣ бенасиб гашт. Ягона мадори дилаш он буд, ки ба нафъи ӯву фарзандонаш мурод ҳосил шуд, агарчи бе пари зебо монд. Бо ҳамин андешаҳо рӯ ҷониби манзил ва ҷигарбандон кард. Вале…

Чун ба кӯи худ баргашт, фарзандон ҳоли ӯро дида, ба товус буданаш бовар накарданд.

– Товус бо болу пар ва он ҳама зебу фараш товус аст, – гуфтанд ба ӯ. Саъй кард, ба онҳо фаҳмонад:

– Ман ҳамон падари дилбанду ҷигарбанди шумоям, – гуфт ба зорӣ, вале онҳо на танҳо қабул надоштанд, балки майли шунидан накарданд.

– Падари мо, товуси зебо ва рашки тамоми парандагону чарандагони беша буд. Товусе буд бо пару боли зебою дилоро, боиффату номус. Ҳусну таровати товусии худро дар тамоми фасли сол, мушкиливу сахтӣ – сармои зимистону гармои тобистон, дар ҳама ҳолат

– фаровонӣ ва норасоии ғизо, нигаҳ медошту ҳифз мекард, моро бо луқмаи поку ҳалол мепарварид. Вай мегуфт: – Бар асари луқмаи ҳаром табиати кас дигар гашта, ба касофати он файзи инсофу адолат барҳам мехӯрад. Қадри ҷинсу ноҷинс, сараю сақат ба хоки кӯча баробар шуда, акси он ба зоти мо, ҷомеаи мо, давлати мо ва сохти мо таъсири бад мерасонад! – Гуфтанд ба ӯ: – Бирав, ки ту товус нестӣ!

Товус бо ашки шашқатору ҳоли зор гуфт:

– Ман ҳамун падари дарбадару мушти пар, зору низори шумоям.

Ҳамонам ки шуморо бо меҳр, ҳазору як нозу неъмат ва лутфу эҳсон тарбият кардам. Тавре шуду ҳолам рӯ ба табоҳӣ овард ва мани сияҳрӯз зебоиямро аз даст додам, то шуморо ба саломат нигаҳ дорам.

–Не! Мо хушбахтиеро, ки бо ғиромӣ ва ҳаромӣ ба даст омадааст, хуш надорем, – гуфтанд фарзандони ӯ. – Моро падару модари поку боиффат мебояд! Бигузор, гуруснаю ташна бошем, вале ба зоти худ бошем, бадном набошем!

– Ай ҷону ҷигарбандонам, – бо ашки шашқатор гуфт товус, –

Ман ҳам солу моҳҳо ба ҳамин ният рӯз ба сар бурдам, вале чӣ метавон кард? Дар ин мулке, ки баъди кашмокашиву худкушиҳо мардум бо хулқу атвори бад хӯ гирифта, адолату инсофро бе ришва раво намебинанд? Бе ришва касе ба касе сухани ҳақ намегӯяд, куҷо расад ба адлу инсоф?! Ҳолиё гуфтаи ман дар дили шумо асар надорад. Боре ба идораҳои ин диёр корафтода шавед, пасон бубинам, ки ба кадом шеваю оҳанг сухан мегӯед. Боре ба суханам биандешед, ки бе ин ҳам аз барои осоиши шумо ба ин сахтӣ расида, аз пару боли худ бенасиб гаштаам ва дигар тоқату бардошти ғаму андуҳ надорам. Он ҳама бори ҷабру ҷафоро ба ёди шумо, ба хотири хушии шумо таҳаммул мекардам! Дигар…

ДУХТАР ВА ПИР

Духтарак бо ҳусну малоҳати афсунгаронае дар муқобили пир нишаст. Чеҳраи духтар оғуштаи табассум буд. Мард надонист, ин табассуми ӯ аз баҳри чист ва ба хотири кист, ба кадом маънист?

Духтарак дар муқобили мард менишаст. Мисле ки дар зимистон пеши ӯ меваи тару тоза гузошта бошанд.

Духтар андешид: агарчи пир аст, нигоҳаш гарм, тану ҷонаш солиму бардам метобад. Рӯзгор пиндорӣ ба ҷуз сафедӣ ба мӯйяш асари дигаре нагузоштааст.

Духтарак ин дам аз дил гузаронид: марг аз пириву ҷавонӣ нест.

Як камон сад тирро дар хок пинҳон кардааст.

Духтарак ёд овард: паҳлӯи зани ҷавон тир беҳ аз пир бувад.

Духтар ҳамоно андешид: илм ун қадар пеш рафта, ки пеши пирӣ гирифта, ба ҷуз марг.

Ин дам ёди пир омад: ишқи пирӣ гар биҷунбад, сар ба расвоӣ кашад. Не, ман ҳанӯз пир нестам, агарчи аз пирӣ нишон дорам, – ва даст ба мӯйи сафедаш бурд.

Духтарак ба худ гуфт: нафси одамӣ ҳай носерам будааст. Вагарна наход ӯ то ба ҳол зани зебоеро надида бошад, ки ин қадар ҳарисона?..

Духтарак боз ҳам андешид: ҳар таом лаззати дигаре дорад. Ва боз аз дилаш гузашт: мурод аз ҳама таскини нафс аст.

Духтарак андешида ба худ гуфт: нафс силоҳи шайтон асту мо нишони ӯ. Сайдро чун аҷал ояд, сӯи сайёд равад.

Духтарак тамасхур кард ба ҳоли худ. Пир гумон кард ба ӯ механдад.

Пир гуфт: хости Худо будаст.

Духтарак гуфт: эй кош хости Худо дар мулки мо инчунин намебуд.

Пир гуфт: хости Худост, ки барра туъмаи гург мешавад.

Духтарак гуфт: – бале, хости Худост, ки гург сайди сайёд мешавад.

Пир аз чашмаки ман, чашмаки ту ба танг омад. Дар муқобили нигоҳи духтар ҳамён гузошт. Духтарак онро дида, чеҳраи гул баринаш шукуфт.

Пир ба худ андешид: тир ба нишон расид. Зар бар сари санг агар ниҳӣ, нарм шавад.

Духтарак аз дил гузаронид: доми озмуда, аз барои таскини нафси балокаш.

Пир аз дил гузаронид: хости Худо ба ҳарчи бошад, ҳамон шавад.

Духтарак ба худ гуфт: Чи василаҳо ба кор баранд, то хости Худо ба хости эшон шавад.

Пир гуфт: ҳама неъматҳо барои инсон аст, чи дар ҷавонӣ ва чи дар пирӣ.

Пир боз аз дил гузаронид: шоири огоҳ хуб фармуда: Вақте Худо тан офарид, аз барги гул зан офарид. Бӯидани гул ба марди…, – забонаш нагашт пир гӯяд, – чӣ бадӣ дорад? – Вале боз ҳам аз дил гузаронида, ба худ хитоб кард: эй мард! Бидон ва огоҳ бош! Аз гов ҳаққӣ шир, аз дарахт соя ва мева, аз наҳр об, аз офтоб нур, аз ғизо зӯр…, аз зан табассум, аз ҳамсояву ҳамкор салом қарз дорӣ!

пешина
аз 22
навбатӣ