Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

5. ТАШКИЛИ ОИЛАИ ҶАВОН. МУҲАББАТИ МАРДУ ЗАН – ШАРТИ АСОСИИ ТАШКИЛИ ОИЛА

Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад. Маҷмўи оилаҳо ҷамъиятро ташкил дода, устуворӣ ва ноустувории давлат ба он вобастагӣ дорад. Чӣ қадаре ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар рўҳияи ватандўстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ тарбия намоянд, ҳамон қадар ҷамъият устувор мегардад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад. Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим ба маърифатнокии ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар тарбияи фарзандон дуруст ба роҳ монда шавад, давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегарданд.

Яке аз шартҳои асосии ташкили оила муҳаббати байни издивоҷкунандагон – марду зан мебошад, ки он бояд дар заминаи эҳтироми ҳамдигар ва якдигарфаҳмӣ асос ёфта бошад.

Ҳангоме ки ду ҷавон дар асоси ишқу муҳаббат оила бунёд мекунанд, мақсаду мароми онҳо як аст, яъне садоқату вафодорӣ ба ҳамдигар ва тарбияи фарзандони солиму хушбахт. Онҳо аз ҳаёти хеш хурсанданд ва аз волидони худ, ки онҳоро ба мурод расонидаанд, розию миннатдоранд. Аммо дар ҳаёт гоҳо чунин мешавад, ки дилдодагон ба орзую ҳаваси хеш намерасанд. Волидони ҳар ду ё як тараф ба издивоҷи онҳо розӣ намешаванд ва бо хоҳиши худ духтарро ба шавҳар медиҳанд. Писарро ҳам бо ҳамин тартиб хонадор мекунанд. Онҳо ба хотири эҳтироми падару модар эътироз намекунанд ва ба тақдир тан медиҳанд. Аммо онҳоеро, ки сабабгори ҷудо шуданашон гаштаанд, ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Ҳамин тавр, дар миёни волидону фарзандон адоват пайдо шуда, боиси бад шудани муносибати онҳо мегардад.

Зиндагии фарзандоне, ки бо иродаи волидон хонадор шудаанд, чандон ширин намегузарад. Духтаре, ки падару модар бо хости худ ба шавҳар додаанд, ноилоҷ ба тақдир тан дода, бо шавҳар зиндагӣ мекунад. Meҳp бастан ба шавҳаре, ки ҳатто дар хаёлаш набуд, барои зани ҷавон душвор аст. Илова бар ин, зан маҳз шавҳарашро сабабгори бадбахтии худ медонад ва нисбат ба ў аз рўзҳои аввал дар дил кинаю адоват мепарварад.

Зиндагии оилавии писар низ ҳамчунин мегузарад. Ў ҳам занашро сабаби бадбахтии худ медонад. Дар ҳар ноомади рўзгор ба занаш таъна мезанад, ки ман туро дўст надошта гирифтаам. Умуман, ин бемуҳаббатӣ дар оила сабаби кинаю адоват ва моҷароҳои зиёд гардида, натиҷаҳои нохуш ба бор меорад. Чунон ки Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст:

Ҷаҳонсўз аст барқи кина, ҳуш дор! Мабодо домани кас гирад ин хор!

Одатан дар чунин оилаҳои носозгор нисбат ба ҳамдигар гоҳо оташи рашк аланга мезанад, ки ба вайрон шудани онҳо анҷом меёбад. Қисми дигари чунин оилаҳо соҳиби фарзанд мешаванд. Бо фарзанд ёфтан масъулияти тарбияи ўро ба дўш мегиранд. Меҳри фарзанд зану шавҳарро ба ҳам наздик мекунад, муносибати онҳо беҳтар мегардад. Ба гуфтае, ба тақдир тан дода, роҳи сулҳу салоҳро дар оила ва дар муносибати ҳамдигар ва хешу табори тарафайн пеш мегиранд, аммо ёду хотираҳои ишқи аввал дар қалби онҳо як умр боқӣ мемонад ва имкон намедиҳад, ки дар байни онҳо дўстию самимият, ҳамдигарфаҳмӣ пойдор гардад.

Танҳо меҳру муҳаббат зану шавҳарро ба ҳамдигар дўст, ёри дилсўзу ғамхор карда метавонад. Ишқ байни марду зан қувваи ҷозибаеро тавлид мекунад, ки гусастани он душвор аст.

Донишмандони Шарқ дар китоби «Шохи шафтолу» бунёди ишқро таҳлил намуда, ба хулосае меоянд, ки рағбати инсон дорои се манбаъ мебошад: дил, ақл ва ҷисм. Рағбати дил дўстиро бунёд мекунад, рағбати ақл эҳтиромро ва рағбати ҷисм майлу хоҳишро ба вуҷуд меорад. Ба ҳам пайвастани ин се рағбат ишқро ба вуҷуд меорад. Aгap шахс нисбат ба ҷинси муқобил ҳамин хел ҷозибаро ҳис кунад, пас маълум мешавад, ки ў ошиқ шудааст.

Аз изҳори муҳаббат то издивоҷ муҳлатест, ки ҷавонон метавонанд ҳамдигарро хуб санҷанд. Савдои ҳаёт ҳеҷ гоҳ шитобкориро намеписандад. Зеро интихоби дурусти ҳамсар, ки шарики якумраи ҳаёт мебошад, дар тақдири муносибатҳои оилавӣ нақши бисёр муҳим мебозад.

Таҳқиқоти илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар синни 3 – 5-солагӣ тарҳи шахсияти кўдак муайян мегардад. Дар синни 17 – 18-солагӣ ҳамаи хусусияту сифатҳои фард ба таври мушаххас дақиқ мешавад, ҳарчанд ки шахс зери таъсири муҳит тамоми умр тағйир меёбад, баъзан аз ҷиҳати хислат ба таври ҷиддӣ дигар мешавад. Тағйироти куллӣ танҳо ба таври истисно дар фардҳои алоҳида ба вуҷуд меояд. Бинобар ин ҳангоми интихоби ҳамсар ба ин падида умед бастан дуруст нест. Яъне ақидае, ки «занро интихоб карда, баъд мувофиқи табъ тарбия мекунанд» тамоман нодуруст аст. Ҳамсари дилхоҳро ҷиддан интихоб кардан лозим аст. Сифатҳои зоҳирии номзад (ҳусн, қаду қомат) набояд омили ҳалкунанда бошанд. Маънавиёти ҳамсари ояндаро ҷиддан ва тўлонӣ омўхта, сипас ба ташкили оила қадам гузоштан лозим аст. Чунин тарзи интихоб ба ҳар ду тараф имкон медиҳад, ки ҳамдигарро ба хубӣ санҷида, шарики доимии ҳаёт гарданд.

Дар ҳолати мавҷуд будани ишқи тарафайн, сидқу вафо, ҳамдигарфаҳмию самимият, ҳамроҳ бартараф кардани душвориҳо зиндагии оилавиро саодатманду беғубор мегардонад. Чунон ки шоир гуфтааст:

To ки аз ҷониби маъшуқа набошад кашише, Кўшиши ошиқи бечора ба ҷое нарасад.

Зери мафҳуми «ишқ» ва «муҳаббат» ҳиссиёти олӣ ва наҷиби инсонӣ ниҳон аст. Ин калимаҳо ба ҳам муродиф буда, ба таври умумӣ як муносибати нарму форам ва пурмеҳру садоқати байни ду инсонро ифода мекунанд. Ин ҷозиба (кашиш) бисёр нозуку латиф ва аҷибу шавқангез буда, дар худ ҳазорон асрори ниҳон дорад, ки моҳияти онро то охир ҳеҷ кас фаҳмида ва фаҳмонида натавонистааст. Зеро ин ҷозиба дар ақли инсон зуҳур ёфта, дар вуҷуди зиндаю мураккаби инсон жарфтар реша давонда, ба хуну мағзи он вобастаю пайваста мегардад.

Шояд дар дунё касе нест, ки дар ҳаёти худ боре ошиқ нашуда бошад. Дарди ҳиҷрон, шабҳои бехобӣ, интизорӣ, орзуи дидор, таманнои висол, аз бар кардани шеърҳои ошиқона барои ҳар фарди ошиқ ошност.

Донишманди бузург Закариёи Розӣ дар китоби «Тибби рўҳонӣ», ки ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст, дар бораи ҳолати ошиқ навиштааст: «Инчунин мумкин аст, ки аз дарди ишқи ҳақиқӣ дар ғамгинии шадид ва ғуссаҳои муттасил (доимӣ) бимонад. Дар ин гуна ҳолат ошиқоне, ки ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд, ба дарди бехобӣ ва парешонҳолӣ гирифтор мешаванд. Гузашта аз ин, кор то ба ҳадде мерасад, ки аз хўрдани таом бемайл шуда, ба дарди ҷунунию васваса гирифтор шуда, коҳидаву пажмурда мешаванд».

Бузургон гуфтаанд: Дарди ишқро дармон висоли ёр аст ва ё:

Набошад ишқро ҷуз ишқ дармон, Нашояд кард сандон ҷуз ба сандон.

Дар хусуси дарди ишқ ва дармони он вобаста ба донишманди бузурги тоҷик Абўалӣ ибни Сино ҳикояти аҷибе то замони мо расидааст, ки мазмуни он чунин аст: «Овардаанд, ки дар Табрез хоҷаи бозаргонеро писаре буд дар камоли ҳусну малоҳат ва дар ниҳояти латофату сабоҳат (зебоӣ). Вай бемор шуд. Ҳарчанд ки ўро муолиҷа намуданд, беҳ намегардид, то ба ҳадде ки умедворӣ мунқатеъ шуда. Ҷамъе падари вайро гуфтанд, ки дар вилояти Бухоро табибест Абўалӣ ном, илоҷи писарат вай метавон намуд. Он бозаргон писари худро гирифта назди Абўалӣ овард.

Абўалӣ чун набзи ўро гирифт, донист, ки ў ошиқ аст, аммо агар изҳори он намояд, он писар маҳҷуб мешавад (шарм медорад) ва мумкин нест, ки изҳори он кунад ва мақсуд фавт мешавад (аз даст меравад).

Абўалӣ гуфт:

– Эй хоҷа, марди ҷаҳонгаштае меорӣ, ки вай сухангўю ширинтакаллум бошад, то ман аз ў ҳикоят пурсам ва гуфтугўй кунам, то писари ту шифо ёбад.

Ин хоҷаро мусоҳибе (ҳамсуҳбате) буд, ки тамоми рубъи маскун1 сайр карда буд, бо худ ҳамроҳ дошт,

1 Рубъи маскун– аз чор як ҳиссаи рўйи Замин, ки хушкист ва маҳалли зиндагии инсон ва ҳайвонот мебошад. Се ҳиссаи дигар об аст.

43

ҳозир сохт. Абўалӣ даст бар набзи писар ниҳод ва аз он пири ҷаҳонгашта таърифи шаҳрҳоро мепурсид, то ба таърифи шаҳри Табрез расид, набзи он писар мутаҳаррик шуд. Абўалӣ донист, ки матлуби вай дар Табрез аст. Аз маҳаллот ва мавзеи он шаҳр пурсидан гирифт. Чун маҳаллаи Шакарфурўшонро бар забон бурд, набзи вай бисёр музтариб (беқарор) гардид. Маълум шуд, ки мақсуди вай дар он маҳалла аст. Аз кадхудоён (сардорон) ва мутаваттинони (сокинони) он маҳалла пурсид. Чун номи фалон хоҷаро ба забон гузорид, набзи вай суръат бунёд кард, аз аҳли хонааш пурсид, яке духтареро ном бурд, набзи вай ба мартабае изтироб намуд, ки наздик буд қолаб тиҳӣ кунад (ҷон диҳад). Абўалиро ҷазм шуд, ки манзури вай ҳамон духтар аст. Ба хоҷаи бозаргон гуфт, ки бархезу Табрез рав ва фалон духтар, ки мазкур шуд, аз барои ин писар хостгорӣ кун, ки илоҷи ў ҳамин аст. Он низ аз мухтараоти Абўалӣ аст».

Ope, ишқе, ки дар ин ҳикоят тавсиф шудааст, ҳиссиёти олии инсонӣ аст. Ишқи покизаи инсонӣ бо майлҳои булҳавасонаву шаҳвонӣ олуда нест. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро ба ёд оред, ки як шаб дар саҳро Лайлӣ бо Маҷнун ҳамроҳ буданд, аммо Маҷнун кўшише барои коми дил ситонидан накард. Онҳо то рўз ба якдигар менигаристанду рози дил мегуфтанд. Маҷнун намехост маҳбубаи худро бадном кунад, чунки ишқи пок рафтори шоистаро тақозо мекунад:

Меҳру рафъат васфи инсонӣ бувад, Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.

гуфтааст Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.

Хирад ва ирода агар ишқу ҳиссиётро идора ва раҳнамоӣ кунад, ишқу ҳиссиёт ақлу иродаро қувват медиҳад; ақлро ҷўё ва иродаро гиро мекунад; ақл ба ишқ сафо мебахшад, барои интихоби дурусти маъшуқ мадад мерасонад; ишқ (ишқи ёр, ишқи Ватан, меҳри касб ва ғ.) дар навбати худ ақлро водор месозад, ки роҳҳои беҳтару наздиктари расидан ба мақсадро ҷуста пайдо кунад; вай иродаро мадад мекунад ва пурқуввату устувор месозад.

Дар сурати суст будани таъсири хирад ишқ метавонад иродаро тамоман ба ихтиёри худ гирифта, ба самти дилхоҳи худ равона созад. Ин ҳол ҳам ҷиҳати хуб ва ҳам ҷиҳати бад дорад. Ҷиҳати хуб он аст, ки ишқи ҳақиқиро ба мурод мерасонад ва ҷиҳати бад он аст, ки касро ба амалҳои нохуш – ғалабаи шаҳват, ҷабр, бевафоиву аҳдшиканӣ, макру фиреб ва ғайра бурда метавонад. Дар хусуси ақл метавон гуфт, ки ишқи ҷунунӣ онро тира ва гумроҳ низ карда метавонад.

Ишқ танҳо кори ошиқ аст, вай ягон хел маҷбуриятро аз берун, аз ҷониби каси дигар бардошта наметавонад. Ишқ харида, фурўхта ё бахшида намешавад. Барои ин ҳиссиёт танҳо озодӣ ва ихтиёр лозим аст. Ба воситаи зўрӣ, пора, туҳфа, зора ва амсоли инҳо дар дили касе ҷой гирифтан номумкин аст. Ҳap кас мехоҳад ҳамсареро интихоб кунад, ки бо ў дар ҳаёти оянда хушбахт шуда тавонад. Вале ин кори осон набуда, ниҳоят мушкил ва мураккаб аст. Kace онро осон гумон мекунад ва сабукфикрона амал менамояд, хатои азим мекунад.

Мушкилиҳо дар чист? Ишқ хосияти аҷибе дорад: писару духтар, марду зани тамоман ношинос аз нигоҳи аввал нисбати якдигар меҳр мебанданд. Ин ҳолро дар забони тоҷикӣ «ба як дидан ошиқ шудан» мегўянд. Ин гуна ишқ падидаи бузург ва сеҳрнок аст, аммо бадӣ ҳам дорад: вай ҳиссиёти ҳар касро ба ҷўш оварда, ақлро «тира» ва интихоби оқилонаро мушкил месозад. Решаи ин «ишқи фаврӣ» шояд дар он бошад, ки ҳар шахси муҷаррад, ғайр аз он эҳтиёҷу ишқи бузург, ки ба ҳамсари оянда дорад, боз пешакӣ образи онро қиёсан ба падар, модар, бародар, xoҳap, хеш, ҳамсоя, образҳои адабӣ (аз кинофилмҳо) шабоҳат медиҳад. Он образи хаёлӣ дар ҳамон нигоҳи аввал ба образи воқеӣ мувофиқ меафтад, касро ба ҳаяҷон меорад, ҳиссиёти ишқ бедор мешавад. Ба ибораи дигар, вай ба ҳамон образи хаёлиаш кайҳо «ошиқ» аст, ўро ҳар ҷо меҷўяд.

Ҳap кас ба худ завқи хоссе дорад. Ҳусне, ки барои як кас дилкашу ҷозиб менамояд, ба дигаре хуш намеояд, аммо хислатҳои некро ҳама як хел қадр мекунанду меписанданд. Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин мавзўъ ҳикояти хеле мувофиқе дорад.

ҲИКОЯТ

Якеро аз мулуки араб ҳадиси Лайливу Маҷнун ва шўриши ҳоли ў бигуфтанд, ки ба камоли фазлу балоғат сар дар биёбон ниҳодаасту зимоми ақл аз даст дода. Бифармудаш, то ҳозир оварданд ва маломат кардан гирифт, ки дар шарафи нафси инсон чӣ халал дидӣ, ки хўи баҳойим (хислати ҳайвон) гирифтиву тарки ишрати мардум гуфтӣ? Гуфт:

Кош, к-онон, ки айби ман ҷустанд, Рўят, ай дилситон, бидидандӣ.

Tо ба ҷойи турунҷ дар назарат, Бехабар дастҳо буридандӣ.

To ҳақиқати маъно бар сурати даъво гувоҳ омадӣ... Маликро дар дил омад ҷамоли Лайлӣ мутолаа кардан (нигаристан), то чӣ сурат аст, ки муҷиби чандин фитна. Бифармудаш талаб кардан. Дар аҳёъи араб бигардиданду ба даст оварданд ва пеши малик дар саҳни сароча (миёни халватсаро) бидоштанд. Малик дар ҳайати ў назар кард. Шахсе дид сияҳфоми борикандом. Дар назараш ҳақир омад. Ба ҳукми он ки камтарин худдоми (хидматгорҳои) ҳарами ў ба ҷамол аз ў дар пеш буданду ба зинат беш (яъне безебтарин хизматгори ҳарамсаройи ў аз Лайлӣ зеботар буд). Маҷнун ба фаросат дарёфт, гуфт: «Аз даричаи чашми Маҷнун бояд дар ҷамоли Лайлӣ назар кардан, то сирри мушоҳидаи ў бар ту таҷаллӣ кунад (падидор шавад):

Тандурустонро набошад дарди реш,

Ў ба ҳамдарде нагўяд дарди хеш. Гуфтан аз занбўр беҳосил бувад,

Бо яке дар умри худ нохўрда неш!

To туро ҳоле набошад ҳамчу мо,

Ҳоли мо бошад туро афсона пеш. Сўзи ман бо дигаре нисбат макун,

Ў намак бар дасту ман бар узви реш!».

Аз ин ҷост, ки ҳар кас бо завқи хеш ба нигоре дил мебандаду ҳусни ўро аз ҳама зеботар медонад. Ишқ як хосияти умумӣ дошта, дар шаклҳои гуногун, дар марҳалаҳои мухталифи умри инсон зоҳир мегардад.

пешина
аз 24
навбатӣ