Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

ФАСЛИ III. ОДОБИ МУНОСИБАТИ ҶАВОНОН

6. АСОСҲОИ АХЛОҚИИ МУНОСИБАТИ ҶАВОНОН

Дар ҷомеа ҳар инсон дорои роҳу равиш, муносибат, одат ва хулқу атвори ба худ хос мебошад, ки бо ин роҳу равиш аз дигарон фарқ мекунад. Табиист, ки чунин роҳу равиш, хулқу атвор, одату гуфтор натиҷаи адаб, тарбия дар оила ва таъсири муҳиту ҷамъият мебошад. Албатта, ҳар як падару модар бар он мекўшад, ки фарзандони солим ва хубу боодобро ба воя расонад; онҳоро аз мушкилоти зиндагӣ ва нозукиҳои рўзгор огоҳ сохта, ба ҳаёти мустақилона ҳидоят кунад. Ҳамчунин баробари ба синни балоғат расидани фарзанд ба онҳо ҳамсарони муносиб интихоб намуда, бо бунёди оилаи нав қарзи падариву модариро иҷро мекунанд.

Адаб ва ахлоқ илмест, ки одам онро аз хурдӣ то пирӣ меомўзад. Ахлоқ баробари пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омада, бо гузашти таърих такмил ёфта, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ ворид гардидааст. Одоби муошират, сухан, дўстӣ, одоби рафтор дар хона, кўчаю кор, қабул ва гусели меҳмон, ба меҳмонӣ рафтан, иззату ҳурмат, ҳаёти оилавӣ ва муносибатҳои байниинсонӣ дар давоми асрҳо ташаккул ёфтаанд. Бо тағйири сохти ҷамъиятӣ гоҳо баъзе ақидаҳои ахлоқӣ низ тағйир ёфта, мазмуни нав мегиранд. Аммо асоси он, ки аз анъанаҳои миллӣ ғизо гирифтааст, бетағйир мемонад. Риоя намудани қоидаҳои нонавиштаи ахлоқ обрўю эҳтироми шахсро баланд мебардорад. Риоя накардани ин қоидаҳо сабаби сарзаниши шахс ва паст гардидани дараҷаи ҳурмату эҳтиром ва мақоми ў мегардад. Чунонки бузургон фармудаанд:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст, Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст. Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид, Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Одам дар ҷамъият зиндагӣ карда, бо аҳли хонавода, хешу табор, дўстони оила, дар мактабу донишкада бо ҳамсинфону ҳамсабақони худ, дар фаъолияти корӣ бо ашхоси зиёди дигар муносибат мекунад. Бинобар ин фарҳанги муносибат бо одамон дар ҳаёти ҳар як шахс нақши муҳим дорад.

Муносибату муомилаи писару духтар хусусиятҳои ба худ хос дорад, аз ин рў риоя намудани он барои ҳар як ҷавони боодоб шарт аст. Халқи тоҷик соҳиби фарҳанги ҳазорсола мебошад. Дар бораи одобу ахлоқи ҳамида, муносибатҳои неки инсонӣ шоирону нависандагони тоҷику форс асарҳои зиёде иншо кардаанд.

Аммо бо мурури замон баробари тағйири сохти ҷамъиятӣ қисме аз меъёрҳои ахлоқӣ шаклҳои нав пайдо кардаанд.

Акнун занону духтарони тоҷик баробари мардон кору фаъолият намуда, фарди баробарҳуқуқи ҷомеа мебошанд. Духтарону писарон дар мактаб ва донишгоҳҳо якҷоя таҳсил мекунанд. Дар деҳот аксарияти онҳо ғайр аз дарс дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кор карда, бо ҳам рафиқу дўст мегарданд. Гоҳо ин дўстӣ ба муҳаббати ҳақиқӣ мубаддал мегардад ва бо розигии волидон онҳо оиладор шуда, хушбахтона умр ба сар мебаранд.

Аммо дар ҳама ҳолат ҷавонон бояд анъанаҳои неки миллиро фаромўш накунанд. Шарму ҳаё, фурўтанию хоксорӣ нишонаи одобу маданияти баланди инсонист. Aгap писару духтар бо ҳамдигар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд сухан гўянд, ханданд, ба атрофиён аҳамият надиҳанд, ин нишонаи беодобист. Одоби писарону духтарон (муносибаташон) дар хушмуомилагӣ ва эҳтироми якдигар зоҳир мегардад. Изҳори муҳаббату садоқат бояд бо суханони нарму самимӣ ифода ёбад. Самимият, хоксорӣ, мадад расонидан ба одамон, дўстро аз рафтори бад нигоҳ доштан аз хислатҳои неки инсонист.

Хоксорӣ, фурўтанӣ яке аз хислатҳои беҳтарини инсон мебошад. Ҷавонон бояд хислатҳои ростқавлӣ, садоқат ва эҳтиромро дар худ парваранд. Амалу рафтори худро идора карда тавонанд. Одами хоксор ҳеҷ гоҳ касеро таҳқир намекунад ва худро аз касе боло намедонад.

Баъзан мушоҳида мешавад, ки ҷавонписарон нисбат ба духтарон муносибати дағал мекунанд. Номашонро нагирифта ба онҳо лақаб мегузоранд. Бо рафтору амали хеш бартарии худро намоиш доданӣ мешаванд, ки ин аз беадабию бетарбия будани онҳо шаҳодат медиҳад.

Гоҳо духтарон ҳам нисбат ба писарон чунин рафторро раво мебинанд. Aгap духтару писаре бо ҳам муносибати дўстона дошта бошанд, онҳоро таъна ва масхара мекунанд, ки ин амал ҳам нишонаи беадабист.

Нависандаи барҷастаи рус А. П. Чехов дар мактуб ба бародараш дар бораи одоб чунин навиштааст: «Одамони ботарбия... шахсияти инсонро эҳтиром мекунанд, аз ин рў ҳамеша мудоро намуда, ҳалим, хушмуомила, нармдиланд. Онҳо на танҳо нисбат ба бенавоён раҳмдилу дилсўзанд, қалби онҳо аз чизе низ ба сўз меояд, ки ба чашми одӣ дида намешавад. Онҳо покдиланд, аз дурўғ мисли оташ метарсанд. Онҳо ҳатто дар бораи чизҳои беаҳамият низ дурўғро истифода намебаранд. Дурўғ барои шунаванда таҳқиромез аст ва гўяндаро дар назари ў хору залил ва беқурб месозад. Онҳо худнамоӣ намекунанд, рафторашон дар кўча ҳам мисли хона аст, ба чашми дигарон хок намепошанд. Онҳо лаққӣ нестанд ва агар аз онҳо чизе напурсанд, ҳарфе намегўянд. Онҳо бештари вақт хомўшанд. Албатта, бо чунин инсон муносибат кардан хуш аст».

Асоси муносибати писарону духтаронро назокату одоб ташкил медиҳад. Дар муносибати одамон одоб чун меъёри ахлоқ ба ҳисоб меравад. Риоя накардани меъёри ахлоқ, ки дар ҷомеа ҳамчун қонуни нонавишта қабул шудааст, нишони бетарбиягӣ ва бадахлоқӣ аст.

Дар ҷомеаи мо ҷавононе ёфт мешаванд, ки духтаронро манбаи дилхушӣ ва вақтгузаронӣ медонанд. Дўстии онҳо бо духтарон танҳо аз ҳамин хотир аст. Ҳамин ки бо духтари зебои дигаре вохўранд, бо баҳонае худро канор гирифта, ба паҳлуи духтари дигар мераванд.

Аз ин рў духтарон дар интихоби дўсту рафиқ бояд боэҳтиёт, сахтгир бошанд. Ҷавонро дониста, санҷида, ҳаматарафа ўро шинохта муносибат намоянд. Дар ин бобат Носири Хусрав фармудааст:

Чу касро ёри якдил ёр гардад, Ба ҳар озор кай безор гардад? Ha бар ҳазл аст кори ёру ёрӣ, Ки сидқу эътиқод омад ба ёрӣ. Ба ёрӣ дар фаровон кор бошад, Ha ҳар к-аш ёр хондӣ, ёр бошад! Дило, ёре талаб, гар метавонӣ, Чунон ёре, ки бар вай ҷон фишонӣ.

пешина
аз 24
навбатӣ