Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Бо супориши муҳаррир
Муҳаррир бо табъи хира вориди хуҷра шуда:
— Медонед чӣ, рафиқ Бозоров!
Ман, ки шуғли нависнавис будам, як қад паридам.
— Шумо ҳамаи коратонро монеду ба мошин савор
шуда ба замини нав равед. Ҳозир дар кумитаи ҳизби шаҳр моро хеле сахт танқид карданд. Ба ҷои шумо ман сурху сафед шудам. Шумо бошед, мудири шўъбаи кишоварзӣ. Ба саҳро кам мебароед. Худатон медонед, ки бо телефон кор буд намешавад. Дуруст гуфтанд дар бюро: дар он ҷо одамон қаҳрамонии ҳақиқӣ нишон медиҳанд. Мо бошем, то ҳоло хомўш. Хонандаро бо дусе хабари майда-майда фиреб дода гаштем.
Фармон фармон аст. Охир мегўянд-ку, агар ба сарат хасро калон карда монанд ҳам, ту бояд итоат кунӣ. Ҳол он ки муҳаррири мо на хас балки як одами миёнақадди сергўшти сараш аэропорт шуда буд. Вай дар соҳаи рўзноманигорӣ саводи кофӣ надошт. Ғайр аз иштирок дар ҷамъомадҳои калон, сарсарӣ дидани саҳифаҳо дигар коре намекард. То ҳол касе ягон маротиба дар рўзнома хабарчаи калонашонро нахондааст. Умуман, ў ба даст қалам гирифта навиштанро нағз намебинад. Аммо нагуфта намонад: дар ташкилотчигӣ ҳамто надорад. Бисёр рўзноманигорон дар навис-навис устухон надоранд, вале ҳамин ки ба минбар баромаданд, гапашонро гум мекунанд. Муҳаррири мо бар аск. Сари минбар мисли автомат. Суханҳояш пайдарҳаму мантиқдор. Шахси бори нахуст дидаю шунида гумон мекунад ў аз воизони касбӣ бошад.
Хуҷраро маҳкам карда берун баромадам. Саидҷон, ту тайёр, аз ронанда, ки пасу пеши мошинро хабар мегирифт, пурсидам. — Ҳа, муаллимҷон, тапа-тайёр. Рулро ба кадом тараф тобам? Боло ё поён?
— Аввало ҳай кун-чӣ, мошинат меғелад ё не, -ба «Газик» нишаста фармон додам.
— Э, муаллимҷон-е, аз ин ҷонвар асло хавотир нашавед, ба моҳ гўед ҳам парвоз мекунонам.
— Ба моҳ не, ба замини нав.
Инак, мошини мо ба ҳаракат даромад. Албатта, ман аз ин сафар он қадар хафа набудам. Аммо як чиз диламро хиҷил мекард. «Охир, -мегуфтам худ ба худ –сардорамон ҳамин мақсадашро барвақттар мегуфт, тайёр шуда меомадам. Ба саҳрои хок бо шими тангу туфлии зоғнўл монанди рўяш мисли ғалбер сўрох-сўрох рафтан аз рўи одоб не. Агар бо ин аҳвол рафта, аз онҳо ягон чиз пурсӣ «рав, дар шаҳрат кайф карда гаштан гир. Бе таърифи ту ҳам мо заминро аз худ мекунем, хоҷагиҳои нав месозем», мегўянд.
«Газик» тасмаи роҳи мумфаршро кашида, пеш медавид. Токзорҳои беканор, картошказорҳои ба гулу юнучқазорҳои ба дарав омада қафо мемонданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷои юнучқазор ба хода ё шохи дарахте қафасҳои бедона овезон буд.
Ронандаи идораамон ҷавони бисту яксолаи чорпаҳлў, зарди кулчарўи хеле чақ-чақист. Ў ҳамеша дар сафар ҳамроҳи мо ҳазлу шўхӣ мекунад. Вале аз чӣ бошад ки имрўз ба даҳон об гирифтааст.
— Саидҷон, чаро ин қадар хомўш мондӣ. Ё ягон кас...
— Не, муаллимҷон, ман аз чӣ меранҷам, -гуфту мошинро тормоз дода дошт.
— Ҳа, модарҷон, хизмат, -гўён аз кампири дар даст дастархон дошта пурсид.
— Писарам, то Баландия савор шавам.
— Мо, модарҷон, ба тарафи Баландӣ намеравем. — Мебахшед-дия. Унту бошад, майлаш. Роҳатон сафед. Ман беҳуда аз роҳатон доштам.
— Кампирҳо хеле одамони аҷоиб-дия, муаллимҷон.
Дар бораи ба автобус саворашавии онҳо нақле ҳаст, шумо шунавидагӣ? -пурсид ў. — Не-ку, канӣ шунавем?
Саидҷон гашти «Газик»-ро тезонида, нақлашро сар кард.
— Рўзе аз деҳаи мо се кампир ба шаҳр мераванд. Ба истгоҳ омада меистанд. Як вақт онҳо шунавида будаанд, ки дар шаҳр як бузи калон омадагӣ. дарунаш аз хона ҳам тоза. Харакҳои чармини мулоим гузоштагӣ. Кампирҳо барои дидани ҳамон буз ба шаҳр фаромада будаанд. Ҳамин вақт автобус ба истгоҳ омада меистад. Аз кампирҳо яке аз ҷавони дар наздашон истода «Писарам, бузаш ҳамин?» гуфта мепурсад.
— Ҳа, оча, автобус ҳамин, савор шаветон, — мефаҳмонад ҷавон. Кампирҳо бошанд, кафши худро кашида «бисмилоҳир раҳмонир раҳим» гўён ба автобус мебароянд. Баъзеҳо ба ин кори кампирҳо хайрон шуда «оча, кафшатона пўшед, ин чиркин намешавад» мегўянд. Кампирҳо бошанд, ҳозирҷавобӣ карда:
— Ў бачаме, давлатамон ин қадар ғамхорӣ кунаду мо ба қадри вай нарасем чӣ мешавад? Охир, ба хонаи худ кафш пўшида намедароед-ку, гуфтаанд.
Ман аз нақли Саидҷон завқ бурдам. Ў бошад, чашм аз роҳ наканда, чамбаракро маҳкам дошта ҳар замон-ҳар замон гоҳ ба тарафи рост ва гоҳ ба тарафи чап тоб медод.
— Акнун навбати шумо, муаллимҷон. Ягон то аз об нарасидагиаш шавад. Ана дидед, аллакай бист километр гаштем. Боз як-ду ҳикояча шавад, дурии роҳ фаромўш мешавад.
Сухани Саидҷонро ба замин намондам. Ҳозир, як фикр кунам.
— Ҳа, ту дар бораи соддагии мардуми деҳаи Поҷиндак ягон чиз медонӣ?
— Не, муаллимҷон.
— Мардуми ин деҳа хеле сода. Нақл мекунанд, ки рўзе чор-панҷ нафар поҷиндакӣ сафедореро ғалтонданӣ мешаванд. Дарахт хеле дарозу калон будааст. Онҳо фикр кардаанд, ки агар дарахтро арра кунанду ғалтад, сабзавоту юнучқаро помол карданаш мумкин. Чӣ бояд кард? Байни худ ин муааморо ҳал карданӣ мешаванд. «Ёфтам, ёфтам» гуфтааст яке аз онҳо.
— Канӣ, гўй чӣ, фаҳмем?
— Маслиҳат ҳамин, ки пеш аз арра кардан ба таги сафедор маркабро тиргак мемонем. Дарахт ба болои вай мефарояду киштзор осеб намебинад.
— Фикри олиҷаноб, мо қоил. — Онҳо маркабро ба таги сафедор гузошта арра мекунанд. Дарахт, ҳамин ки аз бехаш бурида шуд, бо зарбааш хари бечораро зада ба замин яксон мекунад. Ҳам хар мемураду ҳам киштзор нобуд мегардад.
— Аз кўкнориҳо ҳам мегузаронидаанд, -гуфт Саидҷон завқида.
Мо роҳи чилу ҳафт километраро тай карда, ба сарҳади совхоз расида омаданамонро надонистем.
ташвиши рўзноманигор
Замини совхози «Тоҷикистон» дар ду тарафи роҳ доман паҳн кардааст. Барои то маркази он рафта расидан, мебоист ҳоло хафт-ҳашт километр роҳеро, ки аз байни заминҳои шудгор карда шуда мегузашт, тай намоем. Ноомади корро бинед. Ба сарҳади совхоз нарасида дар осмон як порча абри сиёҳи бадвоҳима пайдо шуд. Дере нагузашта сел борид. Замини ронда ба монанди реги тафсон боронро макида, хамир гашт. Мошин он тараф истад, одам ба зўр ҳаракат мекард.
— Ту дар ҳамин ҷо ист, -гуфтам ба ронанда, -ман як бало карда то марказ расида меравам, ҳамин, ки офтоб баромаду замин шамол хўрд, баъд ҳай карда биё.
— То шумо рафта мерасед, ки камаш як-якуним соат мегузарад. Беҳтараш истед, баъди ягон дам ҳамроҳ меравем.
— Кӣ медонад, офтоб ба ин наздикиҳо мебарояд ё не? Сонӣ, ба марказ дер равем, ҳеҷ касро наёфтан мумкин.
Дари мошинро кушодаму пои худро беозор ба замин гузошта, як ба майдони шудгори беохир назар дўхтам. Ҳоло чизе наменамояд. Ҳама ҷо холӣ. Шими худро андаке боло барзада ба Саидҷон «хайр, ман рафтам» гўён ба роҳ даромадам.
Дашт, дашти беканор. Чӣ манзарае дорад вай. Хусусан, баъди борон, ки аз дуру наздик бод ба машом бўи гиёҳҳои хархеларо меорад. Поямро бо як азоб кандаканда қадам мезанам. Ҳар замон туфлиам ба лои часпак ғўтида, саҳл мемонд аз поям барояд. Ба ҳамин минвол хеле роҳ рафтам. Мардуми идоранишинро хом мегўянд, рост будааст. Чунон хаста шудам, ки аъзои баданам шип-шилта арақ кард. Чуқур-чуқур нафас мекашидам.
Баъди ду-се километр шудгор ҳам тамом шуд. Не, дурусттараш замин ба ду бўлак тақсим гардид. Як қисми он шудгору қисми дигараш замини холӣ. Дар ин ҷо як замоне подаю рамаҳои хоҷагиҳои ноҳияамон чарида, хору хас, талхаю шўра, зардгулу нахўтак барин гиёҳҳоро таматтўъ мекарданд. Роҳи ман аз миёни замини холӣ мегузашт. Ҳаракат мекардам ба бошишгоҳи совхоз барвақттар расида гирам. Вале ҳоло ба назар ғайр аз даҳ-понздаҳ сар бузу гўсфанд ва говҳои чарида гашта дигар ҷонзоте наменамуд.
— Роҳро гум карда бошам? — аз дил гузарондам. Чаро бошишгоҳ наменамояд. Соҳиби подаро ҷеғ зада пурсидан даркор? Ба гўсфандҳо наздиктар омадам.
— О, амак, амаки даҳмарда, -фарёд кардам. Дар ҳамин вақт аз паси бандҳои пахоли ба шакли харфи «П» гузошта аввал шахсе, сипас як саги зарди думдарози гардансафед намоён шуд. Саг баробари маро дидан гўё гург ё дуздеро дида бошад, якбора ҳаллос зад. Ман чӣ кор карданамро надониста андаке оқибтар гурехтам. Дар ҳамин вақт поям ба чизе дармонду пуштнокӣ ғалтидам. Саг бошад аллакай ба ман расида гирифта буд. Вай аз бари пиджак гирифта, як ғелонд. Рости гап дигар чӣ шуд, худам ҳам намедонам.
Дасти гарму мулоиме маро ба худ овард. Чашмамро кушода сари худро ба рўи дасти зане дидам. Он «зан» сару рўй, пешониамро молида, бо суханҳои «натарсед, ҳеҷ гап не, ягон ҷоятон осеб надидааст» таскин медод. Андаке ба худ омада, сарамро бардошта, ба рўи он «зан»-и ношинос дурусттар нигоҳ кардам. — Хеле тарсидед-а, гўр ин саг шавад, маро бубахшед. Ҳайвон-дия, шумоя ягон одами... Ҳарчанд «боҳ-боҳ» гуфтам, сагиашро кард. Хайрият шуд, ки ягон ҷоятонро газида нагирифт. Фақат чоки пиджакатонро кандааст. Агар хоҳед, ман ҳозир, -гўён ў аз рўймоли сараш сўзани риштадореро гирифт.
Ҳоло шояд ман пурра ба худ наомада будам, ки ба суханҳои ў ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда меистодам. Дуртар аз мо, дар масофаи панҷ-шаш қадам саг ба сўи ман ало-ало нигоҳ карда, ғур-ғур мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё