Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Подабондухтар

Мебахшед, саҳв кардам. Дасти маро аз чанголи саг халос карда дасти на зан, балки нозаниндухтаре буд. Ман ўро нозанин гуфтам. Шояд ба ин хақ дошта бошам? Чаро ҳақ надоштам? Охир, ҳусни ў ба парихои афсонавӣ монандӣ дошт. Ана ҳамин ҳусн аз зери рўмоли шоли сафеди ресмонӣ, куртаи рангаш паридаи бахмали сурх ва ҷомаи пахтагин гўё шунаҳ медод.

— Гўсфандҳоро шумо бонӣ мекунед?

— Ҳа, ман. Чӣ, магар кори айб?

— Не, чаро айб будааст? Хамин тавр пурсидам, гуфтам аз саволам малол шуданашро фаҳмида.

— Ин коратон бисёр нағзу мехондед хубтар мешуд.

— Даҳ сол хондам, бас нест. Ҳафт сол дар дехаи худамон, се сол оворагӣ. Гоҳ мошин мебурд, гоҳ не. Рўзҳои зимистон бошад, як рўз хонем як ҳафта «ҳаво хунук, роҳ дур, сўзишворӣ нест»гўён намерафтем. Хайр, худатон гўед, бо ин хел хондан ба ягон мактаб рафта, даромадан мумкин буд?

— Мумкин буд. Агар аз имтиҳонҳо баҳои се мегирифтед ҳам, қабул мешудед. Шумо духтари деҳа, ба донишгоҳи кишоварзӣ мерафтед, боз беҳтар мебуд.

— Ҳама хонда мулло шаванд, нағз не. Як то-нимто мо барин нимчамулло ҳам даркор. Мана, асли қадимааш барин шуд, — гуфт ў остини пиджакамро рост карда. — Раҳмат, шуморо хеле ташвиш додам.

— Чаро ин тавр мегўед? Шарм надоронед. Гўр ин саг шавад, пиджаки нави шуморо...

— Ҳеҷ гап не, минбаъд ба рамаатон ба «дуздӣ» намедароям, — гуфтам хандида. –Ҳоло то марказ хеле роҳ аст?

— Анча. Қариб се километр. Чӣ, шумо магар ба совхоз рафтаниед? Ман гумон кардам, ба деҳаи мо муаллим шуда омада бошед.

— Ман!? Не, муаллим не, газетачӣ.

— Газетачӣ!? Хаткашон-мӣ? — Подабондухтар бори дигар ба сару либосам чашм давонд. Гўё ў гуфтанӣ буд, ки бо чунин қадду баст, фасонӣ...

— Не, коркуни рўзнома. Мухбир, -ба ў фаҳмондам. — Мехоҳам дар бораи пешқадамони ин ҷо ягон мақола нависам.

— Ҳа, фаҳмидам, дар мактаби мо ҳам мухбирон буданд. Газета мебароварданд. Ҳамон барин будагист-дия.

Вақте ба роҳ баромадам ў:

— Ана, бо ҳамин роҳ рост равед, шуморо то марказ гирифта мебарад, — гуфт.

аз таги дор гурехтагон

«Дар ин ҷо хоҷагиҳои нави пахтакорӣ барпо карда мешаванд!» «Биёбонро ба гулистон табдил медиҳем!» Чунин буд аввалин шиорҳое, ки ман дар даромадгоҳи маркази совхоз хондам. Маркази хоҷагӣ ҳоло аз ҳафтҳашт хонаҳои тахтагини ба истифода дода иборат асту халос. Гирду атроф хомўш. Гумон мекунед хонаҳо соҳиб надоранд. Бинокорони гулдаст ҳунарашонро нишон дода, хонаҳоро барои одамони номаълум сохта, гузошта рафтанд. Биноҳоро тамошо карда, ба назди хонаи айвондоре омада мондам. Дар пештоқи он «Директор М. Шодиев» навишта шудааст. Лои туфлиамро тоза карда, худамро ба тартиб гирифта, дарро кўфтам.

— Дароед, даромадан гиред, -шунавида шуд овози директор Мўсо Шодиев. Роҳбарро дар ҳуҷрааш танҳо дидам. Ў аз ҷояш хеста:

— Э, ассалому алейкум, гуфта дудаста вохўрдӣ кард ва аз курсии назди мизаш ҷой нишон дод. — Марҳамат шинед. — Ў ба пиёла чой рехта «хунуктар шудааст, мебахшед», гўён дароз карду сипас:

— Биёед-дия? О, ин қадар камнамо. Ё роҳ дур шуда буд, ки меҳр кандаю бегона гаштем. Меҳр дар чашм мегўянд, рост будааст, -гилагўӣ кард директор.

Ман бо Мўсо Шодиев се-чор сол пеш, вақте ў раиси яке аз хоҷагиҳои ноҳия шуда кор мекард, шинос будам. Баъд ўро бо хоҳишаш ба замини нав, ба ин ҷо фиристоданд. Дурусттар ба рангу рўи вай нигоҳ кардам. Тарҳи рўяш сиёҳча назар ба пештара харобтар шуда буд.

— Корҳо чӣ тавр? — пурсидам.

— Ба шумо, газетачиҳо, чӣ гўям. Ба ҳар ҳол бад не. Ҳозир фақат мубориза. Замин ҳамвор мекунем, замин шудгор мекунем. Нияти ягон чӣ навиштан доред?

— Бале, бо ҳамин мақсад омадам.

— Пиёда?!

— Не, мошин ҳаст. Дар роҳ монд. Омада монданаш мумкин.

Дар ҳамин вақт овози мошин шунида шуд.

— Ана омад, -гуфтам аз тиреза ба берун нигариста.

— Мошини ман ҳозир ба участкаи Кўл рафт.

Мумкин дертар ояд. Агар рақам даркор бошад, гуфта метавонам. Не, ба назди тракторчиҳо меравам гўед, бо мошини шумо меравем.

— Нағз мешавад. Мумкин баъзеи онҳо лавҳабоб бошанд.

— Ман ба одамҳо ҳайрон, -гуфт Мўсо Шодиев, -худашон ба кор намеоянду боз дигарҳоро аз роҳ мезананд, ки биёбон ҷои одамони аз таги дор гурехта. Каси ба ҷонаш расида ба он ҷо рафта, пул кор кунам гуфта гушнаю ташна мегардад. Чӣ мешуд чор-панҷ нафар ҳамин хелаҳоро ёфта, боб мекардед. Сонӣ, гапи дигар ҳамин: Ман дар сари замин шуморо ба ду нафар тракторчӣ шинос мекунам. Нағзакак сўҳбат мекунед. Дар бораи онҳо ягон чизи кори калон навиштан мумкин. Ҷавонони серғайрат. Шабҳо хоб накарда кор мекунанд.

— Нағз мешавад, -гуфтам.

Якраҳа

Ҳар ду аз як деха. Ҳар ду баробар номаи камол гирифта, баробар ба аскарӣ рафтанд. Касби тракторчигиро дар онҷо омўхтанд. Баъди ду соли адои хизмат боз дар як рўз ба хонаашон баргаштанд. Ҷўраҳо баъди ин қариб бист рўз бекор гаштанд. Дам гирифтанд. Ба хонаи ёру дўст меҳмон шуданд. Дар ин муддат чанд маротиба ба шаҳр ҳам фаромада тамошо карданд.

— Алиқул, -гуфт рўзе Назирҷон, -ба фикрам бекорӣ ба дили хардуямон зад. Ҳамин тавр не?

— Хайр, фикратро рўирост гўй мон! Чӣ мехоҳӣ?

— Ман гуфтанӣ, ки агар розӣ бошӣ, пагоҳ як ба назди раис дароем. «Ҳа» гўяду ягон трактор диҳад, ба навбат ҳай карда мегардем.

— Колхозчӣ мешавем?

— Нияти ту, раис шуданӣ чӣ бало, -хандида гуфт Назирҷон. — Касб дорем, аз рўи ҳамон кор мекунем.

— Майлаш, ариза диҳетон, дар маҷлиси садорот дида мебароем. Трактор ҳаст, додан мумкин, кор карда мегардетон.

Ҳамин тавр фаъолияти меҳнатии ду ҷавон оғоз ёфт. Кор ҳархела буд. Гоҳ замин меронданд, гоҳ кишт мегузаронданд, гоҳ ҳосил меғундоштанд. Ҳама корашон босифат буд. Нақша, супоришҳои додаро сари вақт иҷро менамуданд. Аз ин ҷиҳат онҳоро дар бисёр ҷо таъриф мекарданд.

Дирўз бошад, сарвари ҷавонони хоҷагӣ Ҳомид Воҳидов сари ҷуворимакказор омада ба Назирҷону Алиқул хабар дод, ки пагоҳ дар шаҳр ҷамъомад мешудааст. Ҳар ду бояд иштирок кунанд.

Соатҳои даҳи пагоҳӣ. Офтоб аллакай таъсири худро ба замину гиёҳ, боғу токзор ва одамон гузаронидааст. Шояд ҳамин гармӣ буд, ки дар хараки сояи дарахти себи назди идораи колхоз ду ҷавон менишастанд. Онҳо либоси идона доштанд. Яқин буд, ки касеро интизорӣ мекашанд. Инак, мошини котиби кумитаи ҳизби хоҷагӣ пайдо шуд. Ҳомид Воҳидов чандто калид дар даст аз ҳуҷрааш баромада «Канӣ, шинетон, рафтем» гўён ба Назирҷону Алиқул муроҷиат намуд.

Кумитаи ҷавонони шаҳр дар бинои якошёнаи қўҳна ҷой гирифтаст. Даруну беруни вайро хушрў ранг кардаанд. Маълум ба наздикӣ аз таъмир баромадааст. Дар даромадгоҳ ду нафар духтарак нишаста, омадагонро рўихат мекарданд.

— Аз колхози «Ҳақиқат» се нафар, ба онҳо наздик шуда фаҳмонд Ҳомид Воҳидов.

Назирҷону Алиқул бори аввал дар чунин ҷамъомади калон иштирок мекарданд. Бинобарон мисли мусофире, ки ба шаҳри бори нахуст омада худро ноҳинҷор ҳис мекунаду аз домани шиносаш дошта, аз ў ҷудо намешавад, аз назди сарварашон дур намешуданд. Онҳо пасу пеш вориди маҷлисгоҳ гардида, аз қатори пеш ҷой гирифтанд.

Аъзоёни пленум ҷойҳои худро ишғол намуданд. Масъалаҳо эълон, одамони дахлдор маърўза карданд. Дар маърўза пешқадамон номбар гардиданд: Ҷавонони мо меҳнати софдилона мекунанд. Дар байни онхо механизаторони моҳир Назирҷон Боқиев, Алиқул Аминов ҳастанд. Баробари шунавидани номашон дар чашмони ҷўраҳо ашки шодӣ пайдо гашт. Гумон мекарданд аҳли зол ба онҳо менигаранд.

Баъди тамом шудани масъалаҳо садри ҷамъомад «як дақиқа» гўён одамонро дошт.

— Рафиқон, -гуфт ў, — Якчанд километр дуртар аз мо ноҳияи нави пахтакорӣ бунёд меёбад. Дар он ҷо кор сар шудааст. Аз бисёр ҷойҳо, аз ҷумла аз ноҳияи мо ҳам ҷавонон рафта кор карда истодаанд. Аммо ин кам. Мо хоҳишмандонро ба рўихат гирифтанӣ. Канӣ, кӣ ташаббус нишон медиҳад?

Сарвари ҷавонон чанд дақиқа ба ин тараф, он тарафи зол нигарист. Ҳама хомўш. Баъзеҳо аз тарси он ки мабодо чашмашон ба чашми котиб афтида, номашонро нагирад, сархам менишастанд.

— Набошад гап ҳамин. Мўҳлат медиҳем. Фикр карда бинетон. Лекин гуфта монам. Он қадар ҳам ихтиёрӣ не. Аз ҳар ташкилот камаш ду-се нафарӣ рафтанаш даркор.

Рўзҳои офтобӣ ва ҷўшу хурўши кор. Дар ин муддат ду ҷавони деҳотӣ Назирҷону Алиқул хеле майна об карданд. Яке мегуфт: «Моро беҳуда ин қадар таъриф накарда буданд. Дар таги коса нимкоса барин. Аз афташ суханҳои дирўза ба мо равона карда шуда буд». Дигаре бошад, ба фикри ман рафтан лозим. Модоме одам нарасад, ҷои мо барин ҷавонон он ҷо. Меравем, то нону насиб будан кор мекунем. Баъд... «—Ба рафтан гап некуя, -гуфт Алиқул, -лекин хонадорӣ чӣ мешавад? Ману ту духтар набошем, ки Зебунисо шавем. Сонӣ, ҷавонӣ ки гузашт, он тарафаш маза надорад. Ба биёбон рафта касбу кор шамолу хок хўрӣ нашавад?»

— Ту як чизро фаҳм, Алиқул. Мо ба замини навкорам рафта аз дунё намебароем. Он ҷо ҳам одам будагист. Модоме, ки одам ҳаст, фарзанд дорад. Агар рафту ба ману ту дар деҳаи худамон духтар надиҳанд, аз он ҷо ёфтан мумкин.

— Об-бое, аз якраҳагиат намондӣ, намондӣ-дия! Ман аз худам хафа, ки бо ту ҷўра шудам, — гуфт Алиқул нимҷиддию нимшўхӣ.

Ҷўраҳо котибро дар ҳуҷрааш танҳо ёфтанд. Ҳомид Воҳидов як пиёла чои ширгарм рехта ба Назирҷон дароз намуда:

— Хош, хизмат, якбора пагоҳӣ қати ҷўраҳо омадетон, -савол кард.

— Дар бораи кадомрўза масъала фикр карда баромадем.

Котиб аввал масъалаи «кадомрўза»ро нафаҳмида, баъд гўё, ки ба хотир оварда бошад:

— Ҳа, ҳа, фаҳмидам. Хош, ба чӣ хулоса омадетон?

— Ҳардуямон ба рафтан розӣ. Биёед Ҳомидҷонако, як-ду сол то монда шудан кор карда диҳем. — Бисёр хуб. Ман боварӣ дорам ташаббуси шумоёнро дигарҳо дастгирӣ мекунанд. Набошад, гап ҳамин. Ман ба шаҳр занг зада хабар медиҳам. Шумоён ҳисобӣ кардан гиретон.

— Ман як чизро пурсиданӣ. Дар он ҷо шароиташ чӣ хел? Чой-пой ҳаст ё ҳамааш дар забон?

— Шароит ҳаст. Агар набошад, шумоён, ки рафтетон, Алиқул, муҳайё мекунанд. Албатта, ба монанди ин ҷо не. Аммо баъди чорпанҷ сол аз шаҳри мо ҳам зебо мешавад.

пешина
аз 29
навбатӣ