Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳамеша дар сафар

Мегўянд, ки рўзноманигор ҳар қадар бисёртар ба сафар барояд, оламу одами дигарро дида, ҳамон қадар бисёртар мавод меғундорад. Вале аз серборию серкорӣ ман ба ин манзил баъди ду сол боз сафар мекунам. Навигариҳояш бисёр аст. Дарвозаи оҳанини мошиндаро сохтаанд. Дар пештоқаш овезаҳои навро мехонам: «Хуш омадед, ба ноҳияи Рустамобод!», «Ранҷ бикашӣ, то ба ганҷ бирасӣ», «Зери замин бувад ганҷҳои пинҳонӣ.»

Роҳи рост то маркази ноҳия регпўш аст. Ба мумфаршкуниаш нав сар кардаанд. Ду тарафи роҳро ниҳолҳои себу гелос, зардолу, садаю сафедор зиннат медиҳад. Ниҳолҳо аз насими дашт, гўё ба мо салом дода, «хуш омадед» мегуфта бошанд, хаму рост мешуданд. Бале, ҳамаи ин чизҳо барои ман нав. Ғайр аз ин дидани деҳаи Чашма ҳам. Номи ин деҳаро шунавида, аз таърихаш огоҳ будам, вале худашро бори нахуст медидам.

Нақл мекунанд, ки дар ҷои ҳозираи биёбон як вақтҳо деҳаҳои бисёр будааст. Мардумаш он солҳо оби боронро таматтўъ карда, ба чорводорӣ машғул мешуданд. Зиндагиашон аз паси чорво мегузаштааст. Кўлҳои аз оби борон пайдо шуда ҳам сокинон, ҳам бузу бузғола, гову гўсола, аспу уштури онҳоро чор фасли сол таъмин менамуд. Шояд ҳамин азобҳо барои онҳо кам буд, ки як сол хушкӣ меояд. Одамони зиёд аз ташнагӣ ва чорво аз бехошокӣ нобуд мегардад. Боқимонда одамон кўчида-кўчида ба ҷойҳои ба об наздик мераванд. Мардуми деҳаи Чашма (албатта он вақт номаш дигар будагист) ҳам кўчиданӣ мешаванд. Дар ҳамин асно мўйсафеде пеши роҳи онҳоро мегирад:

— Сабр кунед, фарзандонам, ман як гап дорам. Гўям, баъд равед ҳам, наравед ҳам, ихтиёратон, мегўяд. Ҳама даҳони ўро мепоянд.

— Ман ҳафтод сол умр дидам. Дар байни бистбисту панҷ хонаводаи ин ҷо чанд нафар садсолӣ умр дидаанд. Шумо гумон накунед онҳо азоб накашидаанд? Азоб кашиданд, ба буду нобуд тоқат карданд. Аммо пароканда нашуданд. Шумо бошед, ба андаке душворӣ тарки деҳа-Ватан мекунед. Дар ин ҷо хуни нофамон рехтааст. Қабри падару модар, бобою бобокалонамон дар ҳамин ҷо. Кӣ медонад, замоне мешаваду биёбони моро ба гулистон табдил медиҳанд. Баъд ҳама ҳаваси ин ҷо мекунад. Наслҳои оянда он вақт ба ману шумо лаънат мехонанд. Ихтиёратон, шумо равед, вале ман дар ҳамин ҷо мемонам.

— Хайр, бобо, чӣ кор кунем. Об нест, парвардигор борон надод. Аз ташнагӣ мурем майлаш?

— Ҳама гап дар қадру қиммати якдигар. Меҳр бандед, иттифоқ шавед, об ҳам ёфт мешавад. Худо бандаашро бе ризқ наофаридааст. — Мўйсафед суханашро тамом накарда, ҷавонмарде тозон меояд:

— Шодиёна диҳед, шодиёна! Об баромад, об, -мегўяд.

Одамон ба сўи ў ҳайрон-ҳайрон нигоҳ карда, «бечора, девона шудааст, обро пеши назар меоварад» гуфтаанд.

Вале ҷавон:

— Чӣ ҳайрон мешавед? Магар бовар надоред!? Об баромад, об, мефаҳмед ё не! Аз зери ҳамин асо об баромад, мегўяд.

— Канӣ, дар куҷо будааст он оби ту мегуфтагӣ?

— Рафтем, ман нишон медиҳам. Шумо мардум то ба чашм набинед, бовар намекунед.

Одамон ҳамроҳи ҷавонмард ба ҷои воқеа расида диданд, ки дар ҳақиқат ҷилдир-ҷилдир оби лойолуд мебарояд. — Чашма, чашма! — Онҳо баробар худро сўи об заданд.

Аз ҳамон рўз гўё деҳа Чашма ном мегирад. Шояд ин ривояте бошад, вале он об то ҳол вуҷуд дорад.

Чашма деҳаи пешина не. Биноҳои як-ду ошёнаи саҳнадор, кинохонаи зимистонаю баҳорина, клуб, мағозаи нав сохтаанд. Деҳаро роҳи васеи мумфарш, ки ду тарафи он новаҳои оҳану бетонӣ гузошта, ниҳолҳо шинонда, сипас роҳи пиёдагард сохтаанд, бурида мегузарад. Дурусттараш Чашма ҳоло маркази ноҳияи нав-Рустамобод ба ҳисоб меравад. Вай ба шаҳрчае табдил ёфтааст. Аз роҳравҳои он зиёд набошад ҳам, ҳамеша як то-ним то одам гузашта меистад. Аксари онҳо либоси корӣ дар тан доранд. Маълум, ки бинокор, тракторчӣ, роҳсоз ё ягон одами касбу кори дигар.

Аз Чашма баромада, боз қариб як километр роҳро тай кардем. Дар назди роҳ бинои чорошёнаи зеборо дида Саидҷон:

— Иморати кори калон-ку, мактаб-пактаб бошад, гуфт.

— Дор чӣ. — Аз мошин фаромадем. Дар роҳрави саҳна ба тахтаи почакдор шиорҳои ба дил зада «Замини навкорам-интизори ҷавонон!» «Техника ёрдамчии мо!» «Ин ҷо майдони қаҳрамонист!» навиштаанд.

Дар матое расми механизатордухтаре кашида шудааст. Рассом шояд ягон нафар дилдодаашро ба қалам додаст, ки расм ин қадар зебою дилкаш ва диққатҷалбкунанда баромадааст. Дар матои дигар расми як нафар ҷавону як нафар духтари дар дасташон лаълӣ дошта. Лаълии онҳо нону ангур, себ, қарчи ҳарбузаю тарбуз, дигар меваҳо дорад. Нозу неъмати лаълӣ гўё маҳсулоти ояндаи биёбон аст.

«Газик»-и моро дида, «кадоме аз калоншавандаҳо омаданд» гўён ду-се нафар ба пешвозамон баромаданд.

Як нафари онҳо роҳбари омўзишгоҳ буд.

— Марҳамат, -таклиф намуд директор баъди салому алейк, — аз дарун, чой менўшем. Хуҷраи роҳбар аз ҳуҷраи котибони кумитаҳои ҳизби ноҳия фарқе надошт. Хеле бадвоҳима. Аз таги дар сар карда рўи фаршро қолинпўш кардаанд.

Ба ғайр аз курсию мизҳои дар мобайн ба шакли ҳарфи «Т» гузошта, боз гирдо-гирд қариб чил дона курсӣ чиндаанд. Расми баробари қад кашидае дар девори пешгаҳ. Дар кунҷи хона бошад, оинаи серўя меистод. Болои мизи кории директорро сиёҳидон, обгина, қаламҳои ранга, чойнику пиёлаи гули садбаргдор, тақвим ва боз бисёр чизҳои дигар оро медод. Дар тарафи росташ ду гўшаки телефон. Хулоса, аз худи роҳбар ҳуҷрааш чанд баробар салобатнок менамуд.

— Саломатиҳо, -пурсид директор чой дароз карда истода.

— Раҳмат. Аз шумоён пурсем.

— Одат карда мондем. Хонаи худамон барин шуда монд. Биҳишт он ҷо ки озораш набошад.

— Анча обод кардетон. Мо аз рўзнома. Аз роҳ гузашта истода, хостем мактаби шуморо як бинем.

— Омўзишгоҳро дидан даркор. Канӣ, ҳеҷ чиз наменависетон-ку? Ноҳияи мо холо рўзнома надорад. Шумо бошед, роҳ дур гуфта кам мебиёетон. Соли дуюм аст, ки омўзишгоҳ дусад нафар ҷавонҳоро қабул мекунад. Ҳашт гурўҳ. Имсол як қисмашон тамом мекунанд. Боз ҷавонҳои дигар меоянд. Рўзнома дар ин бора хомўш.

Ман баъзе чизҳои даркориро пурсида-пурсида, ба дафтарча қайд карда ваъда додам ягон чизи бамаънӣ хоҳам навишт...

таҷрибаомўзӣ

Бахши дуюми омўзишгоҳ чор гурўҳ дошт. Онҳоро ба таҷрибаомўзӣ бурданд. Бинокорон ба ташкилоти сохтмон, барқчиён ба идораи барқи ноҳияи ҳамсоя, ҳарротон ба умури таъмиру сохтмон рафтанд. Танҳо гурўҳи механизаторон, ки сенздаҳ нафарро ташкил медод, дар ноҳияи худ монданд. Онҳоро роҳбарашон ба маркази совхоз оварда «як дақиқа» гўён худаш барои ҳалли масъала ба ҳуҷраи директор даромад. — Майлаш, бисёр хуб мешавад. Мо ба ҳамаашон кор, ҷои хоб ёфта медиҳем. Шахсоне, ки аз ҳамин деҳаанд (директор деҳаи Чашмаро дар назар дошт) мошин ташкил мекунем, бурда меорад. Дарвоқеъ, ҳама писарҳо ё?..

— Як нафар духтар ҳаст. Донед даркор, духтари раҳматӣ Мирзо ако.

— Ба ёдам омад. Ситора не-мӣ?

— Худи худаш.

— О, вай ба хаёлам, то дина як ҷомаи калон

пўшида, гўсфанд поида мегашт-ку?

— Ташвиқот кардем, ба хондан даромад.

— Ягон ҷамъомад ҳам мекунед? — боз пурсид

муаллим аз Мўсо Шодиев.

— Албатта, албатта. Агар бемалол бошад, ягон

ним соат мунтазир мешаветон. Ман Душанберо ҷеғ задагӣ. Сабил монад ҳамин телефон, хеҷ ба осонӣ гирифта намешавад.

Дар парки тракторӣ ҷамъомад барпо гардид. Аввалин шуда Мўсо Шодиев се-чор даҳон гап зад.

— Аз ҳамин рўз эътиборан рафиқон, шумо аъзои совхози мо, яъне коргар. Мо мекўшем, то имконият будан бароятон шароит муҳайё созем. Коргар шудан ифтихор аст. Барои ҳамин, рафиқон, иҷозат диҳед дар таҷрибаи истеҳсолиатон муваффақият орзу кунам.

Мўсо Шодиев суханашро ба поён расонда ба Назирҷон ишорати «гап мезанӣ»-мӣ кард ва «ҳа»-и ўро фахмида:

— Ҳозир суханро ба тракторчии пешқадам Назирҷон медиҳем, -гуфт.

— Рафиқон, ба фикри ман касби нағзу ганда нест. Ҳамааш хуб. Ба шарте, ки шавқу ҳавас бошад. Бисёр нағз, ки имрўз ба совхози мо шумо як гурўҳ аз омўзишгоҳ омадед. Боварӣ ҳаст, ки шумораи онҳо дар оянда боз бисёр мешавад. Мо ҳаракат мекунем ба шумоён ёрӣ расонем. Фақат аз ҳар яки шумо илтимос ҳамин, ки техникаро дўст доред, вайро эҳтиёт намоед. Зеро фардо аз паси вай нон мехўред. Ман мегуфтагиам ҳамин.

Таҷрибаомўзонро ду нафарӣ тақсим карданд. Ситора бошад, ҷудо шуда монд. Туро мувофиқи хоҳишат ба ягон кас вобаста мекунем. Канӣ, гўй чӣ, дар идора кор мекунӣ ё ба ягон механизатор вобаста кунем? Ситора фикр накарда «ба ҳамон тракторчии гап задагӣ» гуфта монд.

— Назирҷон, ба ту бовар карда, як нафар духтари худро месупорем. Дигар тарафи гапро худат бояд фаҳмӣ. — Ин насиҳати роҳбари гурўҳ буд. Шояд ў боз гапашро давом доданӣ буд.

Шояд гуфтанӣ буд, ки Назирҷон мо ба омўзишгоҳ, махсусан, ба бахши механизаторӣ бо сад азоб як нафар духтарро ҷалб кардем. Ҷавонӣ-дия, боз ягон шўхии беҷо накунӣ, ки дили Ситора ранҷаду бо ҳамин дар деҳа овоза шавад. Мардуми бедаҳани аз пашша фил месохтагӣ кам не. Баъд ба онҳо дастак мешавад. «Духтари фалонӣ механизатор мешавам гуфта худашро шарманда кард» нагўянд. Аммо ў ин фикрашро нагуфт. Не, дурустараш имконият нашуд.

— Модоме, ки бовар кардед, ин гапҳо... — гуфтани Назирҷон дигар ўро хоҷат ба баён набуд.

Фикри роҳбари гурўҳ дуруст буд. Ба ҷавонон, махсусан муҷаррадон одатан ҳамин тавр таъкид мекунанд. Аммо ў зан надоштани Назирҷонро аз куҷо медонад? Ё вазифаи роҳбариашро иҷро намуд.

Дар он шароит кӣ набошад ба мисли роҳбари гурўҳ ҳамин хел насиҳат мекард. Вале ҳамаи мо як чизро фаромўш мекунем: Ҳар кас дил дорад. Дил, ки шуд, оё бе муҳаббат мешавад? Муҳаббат бошад, парвои фалак надорад.

Ҳамин тавр механизаторон ба ҳар тараф тақсим шуда рафтанд. Рўзи аввал Назирҷон ба Ситора тракторашро надод. Ситора ҳам чизе нагуфт. Ў хомўш ба кори майда-чуйда машғул шуд. Ин, албатта, сабаб дошт. — Ба кор аз пагоҳ сар мекунем. Имрўз бошад, аз ҷўй рафта як сатил оби тоза биёреду чой монед. Агар бемалол бошад, барои нисфирўзӣ ягон хўроки гарм пазед. Дарвоқеъ, дар шифти чайла гўшту равғани думба ҳаст. Ин барои Ситора ҳам супориш буду ҳам хоҳиш. Ситора аз масофаи як-якуним километр об овард. Чой монд. Чойнику пиёлаҳои дарунаш заб-зард шударо тоза шуст. Чойро дам карда, Назирҷону Алиқулро чеғ зад. Ҷўраҳо ба гармии ҳаво нигоҳ накарда тез-тез чойро нўшиданду боз аз паи корашон шуданд.

Танҳо ҳангоми хестан Назирҷон:

— Нағз накардӣ Алиқул, ягон нафар бачаҳоро ба шогирдӣ нагирифтӣ. Намедонӣ, ки устои бе шогирд усто нест, мегўянд, -гуфт. Алиқул ба маънои «мон ҳамин корҳоро» дасти чапашро афшонду ба тарафи механизмаш рафт. Назирҷон ҳам тракторашро ба кор даровард. Ғурриши беороми мотор гўши Ситораро ба дод овард. Чангу ғубори заминҳои дар умрашон обро надида ба сару рўи ҷавонҳо нишаста онҳоро ба одами хокӣ табдил дода буд. Дар мўи сарашон осори сиёҳиро намебинед. Сару либос, даст ҳама равғанолуд.

Фақат лабу дандони навакак бо чой чайқондаашон як навъ сафед менамуду халос. Назирҷон бо бели трактораш ҷойҳои баланди заминро пасту пасташро ҳамвор мекард.

Дуртар аз Назирҷону Алиқул боз чанд трактори дигар ғуррос мезад. Кори ҳамаашон қариб як хелзаминро ҳамвору шудгор мекунанд. Ҳамаашон ба якдигар монанд: равғанолуд, хоколуд. Аммо ягон кас хафа не, баракс, чеҳраашон кушода. Касе маҷбурашон намекунад. «Ин корро кун, вай корро кун»гўён фармон намедиҳад. Бригадир ҳавсалааш набошад, рўзона ҳам намеояд. Биёяд ҳам салому алейк мекунаду меравад. Кори онҳо гўё ба виҷдонашон ҳавола карда шудааст. Бале, ба виҷдонашон. Бисёр вақтҳо мешавад, ки механизаторон рўзона бе дами гарм, бо чою нон трактор меронанд. Аммо касе шикоят намекунад. Намояндае аз ташкилоти боло омада пурсад, ки:

— Ҳа, шермардон, аҳвол чӣ тавр? Шароит чӣ хел? Чӣ мерасаду чӣ не, онҳо «Ҳама чиз мерасад» гўён бо як овоз ҷавоб медиҳанд. Офарин, онҳо медонанд, ки оғози ҳар кор бе мушкилӣ намешавад.

Аммо ин пагоҳӣ боли Назирҷон шикаст. Алиқул гўё, ки бо дасти чап хеста бошад, аз болои трактораш бо табъи хира фаромада омад. Ҳарчанд «чӣ шуд, чаро хафа менамоӣ» гўяд ҳам, вай ҷавоб намедод. Ҳатто дар сари хон наҳории обу намакаш расо пухтаи Ситораро дилу бедилон хўрд. Боз чанд саволи додаи Назирҷон бе ҷавоб монд. Дилаш ба сад кўча рафт «Шояд дили Алиқул ба шогирди нави ў кашол бошад. Ё ў гуфтанӣ, ки «ту-ку ба худат ёфтӣ, ман чӣ? Ё ягон ҷояш дард мекунаду сир намедиҳад?»

Бегоҳӣ. Ҳамин, ки дастархонро ғундоштанд, Алиқул ба чайла даромада анҷомҳояшро бастан гирифт. Инро Назирҷон дида, ҳайрон шуда, наздаш омад:

— Ҳа, ба куҷо тараддуд дорӣ?

— Кор бас, меравам.

— Меравӣ, ба куҷо?

— Ба хона. Ба ман ҳамин корҳо чӣ мондааст?

Рости гап аз трактор ҳам дилам монду аз тракторчигӣ ҳам. Ҳамин қадар хок хўрда кор мекунӣ, касе раҳмат намегўяд. Дирўз ба бригадир «шумо дар тагатон мошин доред. Ақалан нони гарму ҳезумро дар вақт-вақташ оварда истед» гўям ба ҷои хуб:

— Ҷони акош, мошинро ту додагит не. Ман туро маҷбур карда ба ин ҷо овардам-мӣ? Кор кунӣ, барои худат мекунӣ, ба ивазаш варақ-варақ пул гирифта истодаӣ. Ҳар кас вазифаашро иҷро мекунад. Вазифаи ман бошад, ҳезумкашонӣ не, роҳбарӣ, назорат мегўяд.

— Барои пул кор мекардам, фаҳмидӣ, барои пул. Э, раве, ба ман асло пул лозим не. Даркор бошад, бигузор бригадир кор карда гирифтан гирад. Росташро гўям, ман рўи хотири ту, мефаҳмӣ, рўи хотири ту омада будам. Наранҷӣ гуфтам. Имрўз бошад...

— Алиқул, ба дупула гап худатро оташин накун. Гапҳои бачагонаро ба як тараф мону аз паи корат шав. Ту бо кӣ қаҳру ҷаҳл карда истодаӣ. Шояд бригадир ҳақ бошад. Охир, вай як нафар, мо бошем бисёру ба ҳар тараф пароканда. Рафтори ҳозираи ту ба он монанд, ки бо кайк ситез карда кўрпаро сўзондаанд.

— Не, Назирҷон, аз ман хафа нашав. Қавлам якто. Меравам гуфтам, меравам. Буз дар Мастчоҳу соғар биёр, ки ҷўшем. Об не, одам нею мо бошем аз ин заминҳо фалон қадар пахта мегирем гуфта худамонро фиреб дода гаштем. Як ризқ бошад, мегузарад. Ҷўраҳои ману ту кайҳо як-ду нафарӣ кўдакдор шуданд. Мо дар ин ҷо..

— Агар як бори дигар ба гапи ман дароӣ, коратро давом деҳ. Дераш як соли дигар. Баъд одамҳо ин ҷойро орзу карда мебиёянд, мефаҳмӣ, орзу. Ҳамин қадар вақт тоқат кардӣ, рўзҳои душвор гузашт, боқимондааш ҳам мегузарад.

— Ба ман ҷаннат лозим не. Назирҷон, бовар кун, дигар тоқатам намонд. Хом будам, пухта шудам, кўр будам, бино шудам.

— Не, баракс, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ман мегўям: ту ҷавони пухта будӣ хом шудӣ, бино будӣ кўр шудӣ.

Вақти говгум. Мошинаи «хизматӣ» барои гирифта бурдани таҷрибаомўзон омад. Ба болояш чанд нафар хонандагон баромаданд. Ба кабина Ситора нишаст. Алиқул ҳам болишту кўрпаашро ба болои мошин ҳаво дод...

Шаби танҳоиро Назирҷон дар чайла, болои кат бо сад азоб рўз кард. Ў рафтори Алиқулро ҳаматарафа таҳлил намуд. «Беҳуда партофта рафт, беҳуда. Худашро дар байни ҳамдеҳагиҳо шарманда кард. Онҳо акнун таъна мезананд: Аловгирӣ рафта омадӣ-чӣ? Гумон кардӣ оши тайёр мехўрӣ. Ё давлат беҳуда варақ-варақ пул медиҳад?» Ин гапҳо аз ду сар будагӣ. Э, Алиқул, Алиқул. Кори беҳуда кардӣ, бовар кун, беҳуда, боз пичиррос зад ў. Шогирд нагирифтанат ҷой доштаастдия? Дилу нияти рафтан доштӣ. Хайр, майлаш, чӣ хеле ки мегўянд, паноҳат ба худо. Ба ҳар ҳол ману ту рафиқи ҷонӣ будем. Мехостам ҳар ду ҳамеша дар як ҷо кор кунем. Насиби ҷудоӣ будааст. Чӣ илоҷ? Дар деҳаи худамон ҳам ту барин механизаторон даркор...

Назирҷон баробари дамидани субҳ аз ҷой хест. Ў чашмонашро ба осмон, ба сўи моҳи шомхўрда дўхт. Абпораҳои гирду атрофи моҳ аз рўшноии вай сафеду сурхча метофтанд. Дуртар аз он мисли варақаи самбўса абрпораҳои дигар менамуданд. Назирҷон дастонашро паси гардан бурда ангуштонашро байни ҳамдигар гузаронида харпанҷа намуда хамёза кашид. Миёнашро чанд маротиба ба ду тараф хаму рост карда баъд сўи трактораш равон шуд. Дар ҳамин вақт баданаш як ларзида монд. Ин таъсири бедорхобӣ ва ё шамоли сарди саҳарии дашт буд.

пешина
аз 29
навбатӣ