Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мардуми деҳаро медонед-ку. Як беморро панҷшаш маротиба диданӣ меоянд, вале на ҳама бо як дил. Рўзе яке аз кампирҳои деҳа Оиша-оча, ки беморбинӣ омада буд, вақти рафтан ба модари Моҳгул дар рўи ҳавлӣ гуфт: — Хоҳарам, худо қурбу қудрат дорад, фарзанд диҳад ё додагиашро лозим шавад баргардонида гирад. Диҳад нағзу гирад ганда-чӣ? Албатта, кӣ мехоҳад фарзанди ҷигарбандашро ба дасти марг супорад. Лекин гуфтам-ку қудрати худаш. Бинобар он ба дилат биёяд ҳам гуфтанӣ, ки Моҳгулҷонро бесаранҷом кардетон, азобба мондетон. Ту аз вай розӣ шав. Гўй, ки вай ҳам дилашро кашол накунад. Писарчааш рўзашро мебинад.

— Ман ягон дилкашолӣ надорам, — гуфт Моҳгул ашк резонда, -фақат мехоҳам як бор гапи сахти Бафоакоро шунаваму дилам хунук шавад.Рости гап дилам ба ҳамон кас кашол.

Барои он ки дили Моҳгул аз шавҳараш монад, чанд бор ба Бафо-ако маслиҳат доданд, ки ақаллан ба чашмони завҷааш боре қавоқ андохта нигоҳ кунад.

— Наметавонам, баробари занат мур гўетон мемурам, лекин намехоҳам ба болои дардҳои кашидааш боз азият диҳам. Охир, ин дар куҷо гуфта шудааст.

Ҳамин тавр Моҳгул бо дили кашол аз дунё гузашт. Ҳатто мегўянд, ки то ба об гирифтани покшў чашмони ў кушода будааст. Баъди ин як алами Бафо-ако сад алам шуд. Вақтҳои аввал хаёлӣ гардид. Кори кардааш, роҳи рафтаашро намедонист. Раҳми кас меомад. Рўзе мо чанд нафар рафиқон Бафо-акоро миёнагир кардем.

— Бафо-ако, ин хел гаштанатон нағз не. Дар ҳаёт аз қадим мондааст, ки занмурда зан мегираду шўмурда шў мекунад. Кадом зинда аз паси мурда рафтааст.Ду сол шуд, ки сари танҳо мегардед. Ба мардак танҳо гаштан мушкил. Ба писарчаатон саробон лозим, албатта. Агар розӣ бошед...

— Не, не, ҳеҷ... Дар ин бора гап назанед, -мегуфт Бафо-ако бо чашмони ашколуд. — Ман намехоҳам, ки арвоҳи Моҳгул парешон шавад. Вале мо, рафиқони ҳамкор, хешу табори Бафо-ако ба ҷону ҳолаш намонда, оқибат розӣ кунондем. Дафъаи дуюм ҳам бахти Бафоако хандид. Ҳамсараш келинчаки ҷавон буд.

Рўзҳо гузаштанд. Вале дар ин муддат симои Бафоако ҳеҷ тағйир намеёфт. Аҷоиб, -мегуфтам худ ба худ. — Охир, ҳамсояҳо мегўянд, ки Бафо-ако аз зан бахт доштааст. Гирумон, меҳрубониҳои зани наваш аз Моҳгул монданӣ надорад. Аммо чандест, ки аз лабони ў табассум гум шудааст. Чеҳрааш равшан не. Ба идора меояду паси мизи корӣ нишаста, ба хаёл фурў меравад. Ман чанд варақро сиёҳ карда оҳиста менигарам. Ҳоло ҳам ў чашм ба нуқтае дўхта менишаст. Чашмонаш гўё, ки касеро меҷўяд, интизор аст.

Ҳамкор шудан пас байни ҳамдигар сирри махфӣ намешудааст. Бинобар он рўзе гап аз гап баромаду пурсидам:

— Бафо-ако, росташро гўед, шумо аз келини нав розӣ-мӣ? Баъзан мешавад, ки модари ўгай хоҳ як нафар бошад, хоҳ даҳ нафар, бачаро дида наметавонад. Яъне ўгаиашро мекунад.

— Раҳмат ба падари калон кардагиаш. Фарзанди одами нек будааст. Аз рўзи аввали ба хона омаданаш Ҷаҳонгирро мисли модараш навозиш мекунад. Либосашро гард гирондан намемонад, гўям бовар кунед. Озода будааст. Ҳатто баъзан ба Ҷаҳонгир дўғу пўписа кунам, маро насиҳат мекунад, ки «дадош, шумо ҳам дар бачагиатон шўх будед-дия. Бача бошад, шўх бошад, гуфтаанд. Бача, ки дар хурдиаш шўх шуд, калон шавад, қобил мешавад, мегўянд. Ҷаҳонгирҷона ҷанг накунеда. Вай ду дидаи мани танҳо».

Бафо-ако ин суханҳоро нақл карда истода, оҳи чуқуре кашид. Қатраи ашк рўяшро шуста фаромад.

— Ҳа, инаш барои чӣ? -гуфтам ҳайрон шуда.

— Не, ҳамин тавр. — Бафо-ако рўймолчаашро аз киса бароварда, ашки чашмонашро пок кард.

— Лекин, Султонҷон, росташро гўям, ҳарчанд янгаатон меҳрубон аст, ҷояшро ҷаннат кунад, симои Моҳгули раҳматӣ ҳамеша дар пеши назарам.

Сардори идораи хоҷагии коммуналӣ Додарбеков ҳайрон. Ҳар сол аз маҳаллаи Себи Сурх то ин вақт даҳ-дувоздаҳ ариза мефаромад.Шикоятҳо ҳархела, бо дастони одамони гуногун навишта шудааст. Баъзеаш босаводона, боадабона, хушхат ва баъзеашон баракс нимтоҷикию нимрусӣ, бо гапҳои пасту баланд, бо дўғу пўписа.

Додарбеков бо даст чакаашро дошта, яке аз мактубҳои порсоларо, ки дар поёнаш «Ҷамъ бисту як имзо» нависта шуда буд, пеши назар овард. «Чанд бор нависем. Охир, коргарҳои шумо беҳуда омада кор намекунанд-ку? Мо барои оби гарм, хона, об, гармӣ, газ ҳар моҳ варақварақ пул медиҳем. Дар амал бошад, рўи оби гармро намебинем. Хонаҳо хунук. Кайҳо вақти таъмир расида бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада мегардед. Дониста монед. Ин дафъаи охирон. Агар бо тезӣ устоҳоятонро нафиристед, ба рўзномаҳои дигар менависем». Шикояти одамон дуруст. Модоме, ки вазифаи мо, бояд иҷро кунем. Бале, талабашон ҳаққонист. Додарбеков сигарет дуд карда, гўгирдро хомўш намуда, ба хокистардон ҳаво дод ва аз ҷой хеста зери лаб ғурунгос зад:

— Хайр, он сол-ку чанд ариза фаромад, талабашонро қонеъ гардондем, имсол чӣ? Чаро ягон ариза нест? Ё навис-навис ба дилашон зада бошад? «То кай мо хотиррасон мекунем. Вазифаашон бошад, омада бинанддия» гуфта.

Ба ҳар ҳол ин ҷо сирре бояд бошад. Хомўшии одамҳо ҳам кори хуб нест. Ҳар хомўшӣ як ҷўшише дорад, мегўянд. Шояд зимистонро поида гаштанд, ки хонаҳояшон дуруст гарм нашаваду ҳама баробар аввал ба идораи мо, сонӣ ба ташкилотҳои болоӣ арз кунанд. Арз кунанду ман барин сардорро мисли санги фалахмон гирифта ҳаво диҳанд. «Рав, кори метавонистагиатро карда гард. Нон бошад, нонхур ёфт мешавад. Роҳбарии ин хел идора кори осон нест. Туро барои санҷиш чор сол пеш ин ҷо фиристоданд. Даҳ сол роҳбарии ташкилоти савдо будӣ. Ҳар сол байрақ мегирифтӣ. Шикоят ҳам набуд. Ҳукумати шаҳр хуб пухта-куя. Ҳар роҳбарро ҳамин хел санҷида меистад. Даҳ сол кайф карда, посутуни хонаатро аз тилло кардӣ, акнун як ин корро ҳам карда бин» мегўяд.

Додарбеков дар идораи хоҷагии коммуналӣ ҳам бад кор накард, албатта. Назар ба солҳои пеш аризаю шикоятҳо кам шуданд. Ҷомеа назар ба роҳбарҳои пештара ўро ҳурмат мекард. Аммо имрўз дили вай ғаш дорад. Беҳтараш сармуҳандисро чеғ занаду якҷоя ба маҳаллаи Себи Сурх раванд. Мардумро ҷамъ карда, арзу шикояташонро гўш карда, нависта гирад. Албатта, ҳамаашро набошад ҳам, як қисмашро иҷро мекунандку? Бо ин андеша сармуҳандисро наздаш хонд:

— Фикри хуб, ман розӣ. Ҳар қадар, ки бо мардум бештар вохўрем, ҳамдигарро нағзтар фаҳмида мегирем. Ба фикрам арзу шикоятҳо ҳам нашаванд даркор, -гуфт Хубонов...

Чойхонаи маҳаллаи Себи Сурх баробари дамидани субҳ серодам мешавад. Ин на он сабаб, ки дар ин наздикиҳо дигар чойхонае набошад. Не, баракс. Шаҳри мо сари ҳар қадам чойхонаи зебои пурнақшу нигор дорад. Вале «орди гандум ҳамаҷо, пазанда ҷоҷо» гуфтагӣ барин чойхоначиҳо як хел нестанд. Яке серҷоғ, дигаре одами паст, сеюмин ҷои талх намекунад, чаҳорумин ифлос. Чойхоначии гузари мо Ғаниҷон-амак аз онҳо фарқ дорад. Аз дур намоён шудан замон:

— Биёед, марҳамат, -мегўяд. Ҳамин, ки рафта нишастед, як чойник чою пиёла, лаълию нону қанд ё набот оварда:

— Ош шавад, марҳамат кунед, -гўён даст сари сина мебарад. Чеҳрааш кушодагӣ, Ҳа, фаромўш кардам, чойхонаи маҳаллаи мо «Дилкаш» ном дорад. Шояд вақти гузоштани ин ном хеле майна об карданд, ки ин қадар мувофиқ афтодааст.

Ана, дар ҳамин «Дилкаш» аз ҳама барвақт мўйсафедон, ки файзи ҳар хонадону маҳалаанд, ҳозир мешаванд. Онҳо ба ҷои махсуси худ, ки кўрпачаҳои атласу бахмал партофта шудааст, гузашта чой менўшанд, давлати пирӣ меронанд.

Аҷоибанд ин мўйсафедон. Сўҳбати онҳо ҳаёт, панду насиҳат аст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ҳукумат дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад. Мўйсафедонро ба вохўриҳо мебаранд. Як мўйсафеди хирадманд аз чанд ташвиқотчии маошхўр авлотар аст. Он пагоҳӣ сўҳбати пирони барнодил аҷоиб қўр гирифт. Шукур-амак гапро аз дур сар кард: аз тинҷии замона, ғамхории давлат. Ҳасан-амак –марди миёнақадди кўтоҳриши тоқии чоргул пўшида гапи Шукурамакро қувват дод:

— Рост мегўед. Шукурбой, Давлатамон хуб ғамхор. Кораш, ки ободӣ, тинҷист, худо хоҳад кам намешавад. Мана бинед, кадом сол кўпруки соямонро сел бурд. То давлат омада сохта надод, чанд вақт азоб кашида гаштем. Ё роҳамонро гўед. Васеъ, ҳамвор, тоза. Аммо..Ҳасан-амак чизе гуфтанӣ буд, вале худдорӣ кард.

— Ҳа, Ҳасанбой, давоми гапатонро нагуфтед-ку, пурсид Шукур-амак.

— Агар Муллоҷон хафа нашаванд, мегўям.

Мулло-амак гарчанде медонист, ки кори нодурусте накардааст, вале аз худ табъ бурдагӣ барин сурх шуд. Ҳеҷ кас айби худро дида наметавонад, -духўра карда гуфт ў.

— Айби шумо не, албатта.

— Набошад, айби кӣ будааст, фаҳмида ислоҳ кунем?!

— Писаратон Солеҳҷон. Пагоҳӣ гузашта биёям дар болои асфалт хок рехта, лой карда мондааст. Мегўянд, ки кадом рўз бе иҷозат кўчаро кофта, ба хонааш об гузаронидааст. Охир, худатон медонед, ки мо бисёр вақт роҳ вайрон, об нест гуфта ариза менависем. Имрўз бошад, худамон ба вайронкорӣ роҳ медиҳем. Сонӣ, давлат пули бекора надорад, ки баҳудаю беҳуда сарф кунад. Ё не-мӣ?

— Дуруст мегўянд, Ҳасанбой, дуруст, -аз чор тараф тасдиқ карданд мўйсафедон.

Ҳасан-амак аз тарафгирии ҳамнишинонаш қувват гирифта, суханашро давом дод:

— Охир, худи мо, — ў мўйсафедонро дар назар дошт, — бисёр вақт рўз то бегоҳ бекор-бекор мегардем. Ягон кори савоб намекунем. Албатта, раҳмат ба давлат, ки «ту пир шудӣ, ин пулро гиру хўрда гард» мегўяд. Лекин ману шумо бақувват. Масалан, худи ман ҳоло кўҳро занам талқон мешавад, хаёлам, ки ҳоло ҳам кори ду-се ҷавонро мекунам.

Мўйсафедон диданд, ки Ҳасан-амак дарде дар дил доштагӣ барин гапро кашол дод, хостанд ўро ба сари мақсад оранд:

— Албатта, ҳоло мо, ҳамаамон бақувват. Лекин ягон кори аниқ нест, ки иҷро намоем-дия, Ҳасанбой, гуфт Шукур-амак.

Ҳасан-амак пиёлаи чойро дам кашида:

— Шукурбой, кас дар ҳақиқат кор мекунам, савоб мегирам гўяд, ёфт мешавад. Албатта, пулакӣ не.

— Гўед набошад. Наход барои ободии маҳаллаамон кор накунем, -шунавида шуд овози чанд нафар мўйсафедони дигар.

— Гап ҳамин, ки пагоҳӣ омада истам, кўчаи Баҳорро об зер кардааст. Чашма барин аз таги замин об мебарояд. Акнун гўед шарт-мӣ ҳамонро аз идора омада дуруст карданаш. Ҳамаи мо ду-се сол пеш аз нафақа баромадан ба ин корҳо машғул будем-ку?

— Вай вақтҳо, Ҳасанбой, дигар буд. Ҳозир худатон гуфтед, ки писари Муллобой асфалта беиҷозат канда, ба ҳавлияш об гузаронидааст. Боз мехоҳед, ки мо ҳам ин корро кунему ба бало монем.

— Шумо маро дуруст нафаҳмидед, Шукурбой. Мо барои худамон не, барои ҷамъият, ободии гузар ин корро мекунем. Асфалт бошад, ғам нахўред. Ман ба писарам таъин мекунам, аз калонаш пурсида ягон мошин оварда мепартояд.

— Хайр, Ҳасанбой, шумо чӣ маслиҳат доданӣ, пурсид Шукур-амак.

— Ман гуфтанӣ, ки ҳамакаса шуда заминро кобем, Олимбою Рустамбой кўҳна кранчӣ. Ба хаёлам ҳоло ҳам асбобу анҷомашон бошад, даркор.

Маҳкам кардани ҷои об баромада истода кори онҳо.

— Ба ҳар ҳол фикри хуб, -қувват дод Олим-амаки кранчӣ. — Сонӣ агар аз рўи таклифи Ҳасанбой амал кунем, рости гап мо-мўйсафедон, хеле корҳоро анҷом доданамон мумкин. Моро ҳеҷ кас маҷбур намекунад. Кам-каму ҳар рўз. Гирем ҳамин клубро. Ҳамаамон шоҳид, ки инро худи халқ бо ҳашар сохтагӣ. Сафедори тарро бурида, бо ароба кашонда овардагиашонро худамон медонем. Ҳозир аҳволашро дида раҳми кас меояд. Анбор карда мондаанд. Кор мекунем гўем, ёфт мешавад. Ман ба фикри шумо розӣ. Барои ободии маҳалла ҳеҷ гап не. Дар ҳақиқат бинои бо пули бисёр сохтагиро дар ҳамин аҳвол нигоҳ доштан айб аст. Ягон меҳмон омада монаду чашмаш афтад, нағз не. Дар рўямон набошад ҳам, дар дилаш «худашон одамони тузук барину аҳволи клубашонро бинанд» мегўяд. Майлаш, то пагоҳ Олимбою Рустамбой асбобу анҷомашонро тайёр кунанд. Мо боз як то-ним то мўйсафедони набудагиро хабар мекунем.

— Дуруст, дуруст, -тасдиқ карданд аҳли сўҳбат..

Додарбеков ва Хубонов дар чойхонаи Себи Сурх касеро наёфтанд. Ҳатто чойхоначиро ҳам.

— Охир, ин хел шуданаш мумкин нест. Одам набошад ҳам, дари чойхона ҳамеша кушодагӣ буд. Онҳое, ки тарафи шаб кор мекунанд, рўзона ин ҷо дам мегиранд. Шоҳмоту шашка мебозанд. Чой менўшанд. Аҷоиб-ку?! Имрўз бошад, пашша пар намезанад. Ё ягон тўй бошад? Додарбеков ба Хубонов:

— Чӣ кор мекунем, ба хонаи чойхоначӣ одам фиристем? — гуфта пурсид.

— Ба фикрам ҳаминаш дуруст будагист.

Хубонов чанд қадам аз Додарбеков дуртар рафта аз бачае, ки тўрхалтаро бозӣ доронда меомад, пурсид:

— Писарам, хонаи амаки чойхоначиро намедонӣ?

— Амаки чойхоначӣ!? Дар назди мактаби мо, кўчаи Баҳорба кор мекунанд. Онҳо бисёр, ҳамаи мўйсафедон.

— Кор карда истодаанд?

— Ҳа, нисфирўзӣ ман аз дарс омада истода дида будам.

Додарбеков мошинро чанд метр дуртар аз мўйсафедон доронда, пиёда назди онҳо рафт.

Омадани ғайричашмдошти Додарбеков дили мўйсафедон, махсусан Ҳасан-амакро ба ҳар кўча бурд. — Корро бало зад. Ягон кас хабар додагӣ барин. Ғурбат накунад, дуруст-куя. Баъзан кори савоб мекунам гуфта кас ба бало ҳам мемонад, — аз дил гузаронд Ҳасан-амак.

Вале чеҳраи Додарбеков ва ҳамроҳаш (на ҳама сармуҳандисро мешинохт) кушодагӣ. Онҳо баракс наздик шудан замоно:

— Монда нашаванд. Раҳмат, раҳмат падарон. Расму русуми халқамон — ҳашарро зинда кардед.

Шукур-амак омад-омади Додарбековро аввалин шуда дида буд, дасташро ба ҳам зада, хокашро резонда ба пешвозашон рафта «канӣ, писарам, офият ҳастед» гўён вохўрдӣ намуд ва онҳоро ба ҷону ҳолашон намонда, сари дастурхон таклиф кард.

— Хайр, ҳеҷ гап не, як пиёла чой. Сонӣ кори моро мебинед.

Роҳбарҳо гапи Шукур-амакро ду накарданд. Баъди он ки онҳо як пиёлагӣ чой нўшиданд:

— Канӣ Ҳасанбой, ним коса-ним коса ба раис мастоба кашед, -гуфт.

— Напурсида кор кардем, айб шуд-дия.

— Не-я, баракс, кори савоб амак. Мо, рости гап, хеле хурсанд шудем. Лекин ақаллан як даҳон хабар накардетон, ки зиёфаташ аз мо шавад.

— Э, писарам, халқчигӣ будааст. Корро сар накарда бинем, ки як кас даҳ дона нони гарм оварда истодааст. Як каси дигар харбузаю тарбуз, шўрбою мастоба, шавла, палав. Кадомашро мехўрем гўед-а, писарам. Худоба шукр, замона тинҷӣ, ҳама мехоҳад бо ягон баҳона халқро зиёфат кунад.

— Бай-бай, мастобаи хуб будааст, -таъриф кард Додарбеков баъди косаро холӣ кардан.

— Мастобаи Ҳасан-амакатон-дия. Рости гапро гўям, писарам, ҳама айб-айби ҳамин кас. Дина пагоҳӣ корро хоб дидагӣ барин дар сари дастурхон ҳамин гапро кушоянд, мешавад-мӣ. Ҳарчанд гўем, ки «охир, бепурсиш роҳро вайрон кардан мумкин не, ҳеҷ гап не, як мошин асфалт тани ман» гуфта ҳамаро розӣ кунонданд. — Шукур-амак, ин кас одами дилсўз-дия. Ғами халқро мехуранд. Об баромада кўчаро вайрон, хонаҳоро нам накашонад, мегўянд-дия.

Додарбеков ба дастурхон омин карда аз ҷой хеста ба сармуҳандис фармуд, ки тез рафта як мошин асфалт гирифта орад. Худаш назди мўйсафедон рафт. Кори онҳо ҳоло ҳам босифат, мисли худашон нуронӣ, -аз дил гузаронд ў.

пешина
аз 29
навбатӣ