Зеҳн
Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.

Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дилором якбора ба ҳавлӣ давида даромад.

— Оча, оча, янгем дар рўи хонаашон хоб карданд. Ман «янга, ба очам ҷурғот диҳед будааст» гўям, он кас якбора «вой, вой мемурам» гўён нолиш карданд, -гуфт.

Тўтӣ-хола баробари шунидани ин хабар мўи сапсафеди ба саршўӣ кушодаашро зери рўймол карда, ба сўи ҳавлии ҳамсояаш шитофт.

— Вой мемурам, вой модарҷон, во...й, -шунида мешуд.

Тўтӣ-хола тез ба хона даромаду Кифоятро дар ҳолати вазнин дид. Ҳалқаш аз зўрии дард хушк, рўи кулчааш кабудча, мўйҳояш парешон ва чашмонаш ба шифт дўхта шуда буданд.

Кифоят Тўтӣ-холаро дида лаб лесид. Зани ҳаётдида фаҳмид, ки об мегўяд. Об дода:

— Канӣ бачам, як қулт хур чӣ, -гуфт. Кифоят баъди як-ду қулт нўшидани об андаке худро сабук ҳис кард. Ў ба сўи Тўтӣ-хола дурусттар нигарист. Хола фаҳмид, ки Кифоятро дард сахт азоб медиҳад. Бинобар он аз бозувони вай гирифта:

— Канӣ, канӣ бачам «ҳо пирам» гуфта аз ҷоят хез чӣ, -гўён ўро бардошта оҳиста-оҳиста молид, то ки кўдаки нав сиҳат-саломат ба дунё ояд...

Бегоҳӣ. Қобилҷон аз кор хеле дер баргашт. Ў аз ҳавлиашон овози занҳои деҳаро шунавида ба майнааш фикрҳои гуногун омаданд. «Модарам бозгашт омада бошанд» чунин буд аввалин фикри ба сар задаи ў. Вале ҳамин, ки дарро кушод, ба пешвозаш Тўтӣ-хола баромад.

— Канӣ, акнун шодиёнаро барор. Ман ба ту ду ҳаётро баргардонидам. Ҳа, тезтар, вақти фикру хаёл не, соҳиби писар шудан осон нест, -гуфта монд.

— Ҳамаи молку мулкам азони шумо, -хандида ҷавоб дод Қобилҷон ва даст ба киса бурда «ин аз нўги хамир фатир» гўён ду даҳсўмаи шараққосиро ба Тўтӣхола дароз кард.

Аз байн чанд рўз гузашт. Дар ин муддат Тўтӣхола ҳар сари қадам аз ҳоли Кифоят хабар мегирифт. Духтури деҳа бошад, пас аз таваллуд омада аввало Қобилҷонро каме коҳиш намуд, вале чун фаҳмид, ки Кифоят якбора таваллуд кардааст, чизе нагуфта, як-ду хел дору навишта доду рафт.

Кифоят ин бегоҳ худро хуб ҳис кард. Тўтӣ-хола як коса беморошӣ гирифта омада аз будани Қобилҷон хеле хурсанд гардид, ки гапи дар дил доштаашро мегўяд. Кифоят аз хўроки хола каме тановул карда баъд онро паси болинаш гузошт.

— Қобилҷон, -гуфт Тўтӣ-хола, — ҳоло ҳам ба назди модарат нарафтӣ-чӣ?

— Чаро ман мерафтам, модарамро ман аз хона нарондаам-ку? Модарам бо ман ҷанг накардаанд. Он кас ба ман вазнинӣ накарда буданд. — Тўтӣ-хола ба сўи Кифоят нигарист. Ў сархам менишаст. Арақи хунук пахш карда буд. Дарди як ҳафта пештар ҳангоми таваллуд кашидааш ба ёдаш омад.

— Набошад, духтарам, ту меравӣ?

— Бале, модарҷон, ман бояд равам. Чунки он кас аз ман ранҷидагӣ. Ман ба гапи баъзеҳо даромада ба он кас ҷанг кардам. Надонистам, ки ба одам одам даркор будааст.

Кифоят сарашро якбора хам карда, бо овози баланд гиря карда фиристод. Баъд худро ба даст гирифта:

— Меравам, Сўҳробҷон понздаҳ-бист рўза шавад, албатта меравам. Рафта худам гирифта меорам, -гуфт. — Ба ҳар ҳол кори нағз нашудааст. Ту, Қобилҷон, Сороҷонро ба рўи кафат бардошта гардӣ, ба Ҳаҷ бурда биёрӣ ҳам, кам. Бечора туро гуфта мўяшро сафед кард.

Як бегоҳӣ, ҳамин ки зану шавҳар танҳо монданд, Кифоят:

— Акнун гаштан мегирем-мӣ? Охир, кай ба назди модаратон меравем. Ё, шумо хуб азобашро кашида, тавба кунад мегўед, -гуфт.

— Ман ҳеҷ чиз нагуфтам. Ба ин азобкашӣ, ба фикрам худи ту гунаҳкор. Сад бор насиҳат кардам, ки модари ман модари ту, модари ту модари ман. Гўш накардӣ. Ё маро мегўӣ, ё модаратро гуфтӣ. Ҳамин тавр шуд ё не?

Кифоят чизе нагуфт. Ў фақат ашки пушаймонӣ мерехт...

Чоштгоҳӣ. Ба таги дар мошини «Волга» омада қарор гирифт ва аз даруни он Қобилҷон берун шуд.

— Канӣ, тезтар бош! Сўҳробҷонро ба ман деҳу худат дастурхонро гир, — мегуфт ў ба ҳавлӣ даромада. Онҳо қарибиҳои пешин ба Ҳуснобод расиданд. Сигнали мошинро шунида ба пешвозаш духтараки фатиламўе баромад. Ў Қобилҷону Кифоятро дида:

— Очам намеланд, очам намеланд, шумоён он каса ҷанг кардагӣ, -гуфт. Суханҳои бача зану шавҳарро бе корд кушт. «Ё, тавба, ин духтарча аз куҷо медонад, ки мо барои чӣ омадем» аз дил гузаронд Қобилҷон. Дар ҳавлии тағоиаш онҳоро нағз пешвоз гирифтанд. Бо меҳмони нав табрик карданд. Қобилҷон баъди чою нон ва тановули таом мақсади худро гуфт. Соро-апа бошад, розӣ намешуд.

— Ман аз ҳурдуятон розӣ. Илоҳо тўю тамошо кунед, ба муродатон расед. Нияти ҳамаи модарон як хел аст. Некӣ ба мардум, ба фарзандон. Вале ман дигар намеравам. Як ризқ бошад, аз ҳамин ҷо мегузарад. Давлатамон кам нашавад, фарзанд партояд ҳам, давлат намепартояд. Нафақаам мерасад.

Гап дар рўзгузаронӣ не, модарҷон. Шумо аз гуноҳи ман гузаред. Ман... ман бачагӣ кардам, шуморо ранҷондам, -мегуфт Кифоят. — Не, ҳоло ту, бачам, ба қадри модар намерасӣ. Агар мерасидӣ, маро «беимон, сўхта-сўхта мур, аз хона гум шав» намегуфтӣ. Ту аз чӣ камӣ доштӣ? То соатҳои даҳ хоб мекардӣ, чизе намегуфтам. Ман бошам, сирри мардон пўшида гўён, об меовардам, хамир мекардам, молу ҳол медидам, ҷомашўӣ мекардам. Чоятро дам карда, ба наздат оварда мегузоштам.

Кифоят бошад, илтиҷо менамуд:

— Модарҷон, тавба кардам, аз гуноҳи ман гузаред, одамро одам, заминро об вайрон мекардааст. Ба ҳурмати ҳамин як нафар набераи бегуноҳатон.

Баъд ў ба Сўҳробҷон нигариста:

— Охир, ту ҳам «очаҷон, хезед, маро аз дасти модарам гиред, хонаамон равем. Модарам бад кардааст, тавба кардааст. Ман калон шавам шумоя Ҳаҷ бурда мебиёрам. Қусури беодобии модарамро мебарорам» гўё гуфт.

— Майлаш, ҳурмати ҳамин бегуноҳ меравам, якбора розӣ шуд модар...

— Тўтӣ-хола, ҳо, Тўтӣ-хола, -аз девори пастак чеғ зад Кифоят, -мо омадему чаро даракатон не.

— Сороҷон чӣ?

— Он кас ҳам.

Тўтӣ-хола дар рўи ҳавлӣ дугонааш Соро-апаро

дид, ки набераи парпечашро рўи даст медошт.

— Ана, ин гапи дигар, -гуфт ў баъди дидорбинӣ. — Хуб кардед, ки омадед, дугона. Гардани шайтон шиканад. Набера ба очааш зебон. Канӣ, акнун наберамеҳмони нав муборак!

— Ба шумо муборак шавад, дугонаҷон, набераи

шумо ҳам-дия.

ПИСаРам, КаССИР шаВ

Падар ҳамеша ғами маро мехўрад. Ҳамин, ки як ба як танҳо нишастем, насиҳатро аз корубори ояндаам сар карда:

— Писарам, -мегуфт ў, -насиб бошад, баъди чорпанҷ моҳ ба нафақа мебарояму ту синфи даҳро тамом мекунӣ. Кадом рўз бо сардорамон, (дарвоқеъ падарам дар фабрикаи бофандагӣ кор мекард) гапзанон кардам.

— Майлаш, ман розӣ. Ягон одами хушмуомила, дидадаро ёбед, ба кор мегирем, — гуфтанд. Агар «ҳа» гўӣ туро ба ҷои худам бурда монам. Охир, писарам, касби маро ягонтои шумо давом доданатон даркор-ку?! Акоҳоят «олиму омўзгор, муҳандис» мешавем гуфта партофта рафтанд. Паноҳашон ба худо, куҷо бошанд, нағз бошанд шуд. Хурсандии падару модар хушбахтии фарзандон, писарам.

— Ба кассирӣ? — ҳайрон шуда пурсидам.

— Ҳа, писарам, ба кассирӣ. Чаро ҳайрон шуда пурсида истодаӣ? Кассирӣ кори нағз. Ту ҳоло намедонӣ. Сонӣ, рафта-рафта, ҳо, баъди гузаштани даҳ-понздаҳ сол, он вақт ман мешавам ё не, худо медонад, раҳмат мегўӣ.

— Чӣ хел мешавад, падарҷон. Дар ин синну сол кассир шавам. Одамҳо чӣ мегўянд? Суст будааст, аз дасташ ягон кор намеомадагист, нагўянд. Баъд дар баъзе корхонаҳо кассир одамони маюбу маслуқ, мўйсафед.

— Ҳеҷ гап не, писарам. Ман ҳам дар ҳаждаҳсолагиам кассир будам. Камакак кор кардаму ҷанг сар шуд. Сиҳат-саломат рафта омадам, боз кори пешинаамро давом додам. Албатта солҳои ман кор мекардагӣ дигар буд. Он вақтҳо мардум як тинашонро ҳисоб карда мегирифтанд. Ба фикрам ҳамин рафторашон дуруст буд. Охир, шабро шаб нагуфта меҳнат мекарданд, бечораҳо. Пули мегирифтагиашон аз ин моҳ то моҳи дигар базўр нўг ба нўг мешуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, писарам, як пули кассирӣ қати шумоёнро поида, калон кардам. Акоҳоят ба хондан рафтанд. Дар ду-се моҳ як маротиба понздаҳ-бист сўм пул фиристодан даркор.

— Ягон каси дигар равад, майлаш, ман розӣ, дада. Ман нияти кассир шудан надорам. Охир, бо ҳамин умед мактабро нағз хондам-чӣ? Акоҳоям барин ба хондам меравам.

— Бачагӣ ҳам ба эбаш-дия, писарам. Одамро ба аспи шайтон савор накун. Ту қаҳри маро медонӣ. Сонӣ, ин гапро ба акоҳоят нагуфта будам. Сабабашро худат медонӣ. Аввалаш ин ки то нафақаи ман ҳоло якчанд сол буд. Баъд онҳо ту барин дидадаро, мулоимгап не. Олимҷонро медонӣ. Шартакигўй. Салимҷон бадҷаҳл. Қурбонҷон серчоғ. Ба онҳо ҳамон хонадагиашон беҳтар, писарам. Ту, Акбарҷон, гапи маро буридӣ. Исто, ки ман чӣ гуфта истода будам? — Ў андаке хаёл кард.

— Ҳа, ёфтам, кассирӣ кони бетаг. Медонӣ барои чӣ ин тавр? Намедонӣ, ҳа намедонӣ. Ҳозир писарам, замона тинҷ. Албатта, ба ин сад бор шукр кардан даркор. Тинҷӣ бошад, ҳама шоҳона зиндагӣ мекунанд. Дар як фабрикаи мо қариб нисфи коргарон мошиндор. Пулашон ҳам калон шудагӣ.

Ҳамин тавр ба ҷои пир асои пир гуфтагӣ барин, падар ба нафақа рафту ман ҷойгири ў шудам. Рўзҳои аввал кор мушкил буд. Худи кор не, албатта, нигоҳ кардан ба рўи одамон. Ҳуҷраам, ки дар даромадгоҳи корхона буд, ҳар одами гузашта аз даричаи он сар халонда:

— Кассири нав-ку?

— Бечора ҷавону кассир шудааст, саломатиаш нағз набудагист-дия?

— Хешу табори ягон роҳбарҳо будагист, набошад аз даҳонаш бўи шир меояду вай чию кассирӣ чӣ, мегуфтанд. Хусусан духтаракони шўх ба ҷони кас мерасонданд:

— Салом амак, пул кай мешавад?

— Амакҷон, моҳона шавад, пули моро бенавбат медиҳед-а, -гуфта қиқирос хандида, гузашта мерафтанд.

Онҳое, ки маро аллакай мешинохтанд, рафтори коргарон, духтаронро фаҳмида монанд, оҳиста:

— Писари Собир-амак-а, нағз не, фаҳманд, хафа мешаванд, гуфта таъкид менамуданд.

— Ин кор ба ман нашуд, -гуфтам як бегоҳӣ ба хона омада.

— Барои чӣ, писарам?

— Аз ҳар кас як садо. Як нафараш «амакҷон», дигараш «саломатиаш мазааш не», сеюмин «хешу табори калонҳои корхона» мегўянд. — Падарам табассум карда, мўйлабашро бо панҷаҳояш ба ду тараф тоб дода, тоқии чоргули хушдўхташро болотар пўшида:

— Кор ин тавр нашудааст, писарам, ҳама кор дар аввал мушкил. Гумон мекунӣ хондан осон? Аз имтиҳон ғалтида биёӣ-ку, боз вазнинтар. Ё коргари фабрика шудан. То як касб, масалан, бофандагиро ёд гирифтан, устодат сад бор, ҳазор бор ҷанг мекунад. Вазнин шавӣ, бурд мекунӣ. Ҳо, мегўянд-ку, санги вазнинро об набурдааст.

Аз рўи гуфти падар санги вазнин шуда кор кардам. Рафтарафта коргарон ҳам одат намуда, ҳазлу шўхӣ намекардагӣ шуданд.

Моҳҳо дигар мешуданду ман ҳам. Ба маззаи кассирӣ дуруст сарфаҳм мерафтагӣ шудам. Бароям маош зиёдатӣ барин менамуд. Коргарон кам нашаванд. Онҳо тез-тез моҳона гиранд шуд. Дар мобайни чор-панҷ моҳ тамоми сару либосамро дигар кардам. Туфлии чехӣ, пиджаки олмонӣ, чанд куртаи рангаи хориҷӣ. Падарам ҳамаи инро дида рўзе:

— Писарам, маро ба як нўл задӣ-ку. Ба ту ҳамаи ин кару фар чӣ лозим? Қобилакак шуда, саратро хам карда, либосҳои оддӣ пўшида гардӣ, нағз не-мӣ? Одамҳо пухта шудагӣ. Боз нагўянд, ки касбаш кассирӣ, ҳафтод-ҳаштод сўм маош мегирад. Аввалҳои омадагиаш гурбаи ошолуд барин буду ҳоло худоро худойдод барин намешиносад. Маро дидӣ, писарам, тамоми умр калўшу маҳсӣ, ҷома қати кор кардам. Ҳар кӣ кор фармуд «хуб» гуфта иҷро намудам. Чанд бухгалтеру директорро дидам. Қариб ҳамаашон аз ман хурд буданду лекин «чой биёред», «нон биёред», «фалончиро чеғ зада биёред» гуфта супориш диҳанд «не» намегуфтам.

— Э, дада, дада. Охир шумо-шумо, ман-ман. Вай шароит дигар буд. Ман ҳоло ба бист надаромада чӣ хел мўйсафедон барин ҷома пўшам.

— Ман намегўям, ки ҷома пўш. Не, писарам, пўшу хоксорона пўш, аз ҷамъият набароӣ шуд.

Инак, якуми моҳи март. Ман имрўз гўё худои фабрикаам. Ба ҳама ризқу рўзӣ медиҳам. Пул ҳаст. Ҳама роҳи маро мепояд. Чанд дақиқа дер монда оямку баробари намоён шуданам гунҷишквор қанотак зада «кассир омад», «кассир омад» мегўянд. Умуман дар корхонаамон моҳе ду маротиба номи маро ҳама пурра, бо навозиш «Акбарҷон, Акбарҷон-ако, МуллоАкбарҷон» талаффуз мекунанд. Хайр, худатон гўед, баъди чунин навозишҳо ман чӣ хел хоксор буда метавонам.

Вале имрўз аз пагоҳӣ баробари аз хоб хестан чашми ростам мепарад. Худо занад ин чашма. Модарам мегуфтанд, ки паридани чашми рости мардон хосият надорад. Барои ҳамин таги дилам сиёҳӣ пайдо карда истодааст. «Илоҳо ягон кас қати гапам нагурезад, илоҳо ба ягон кас зиёдтар пул дода нафиристам гуфта то корхона омадам. Дар даромадгоҳ чанд кас баъди салому алейк:

— Акбарҷон, имрўз пул мешудагист, -пурсиданд.

— Пул шудагӣ, марҳамат, омада гиретон. Рўзи аввал тинҷ гузашт. Мисли дафъаҳои пешин бечораҳо ба навбат истода, ба шаст-ҳафтод тин нигоҳ накарда, маошашонро гирифта мерафтанд. Ман ҳам барои фаҳмидани дили баъзеашон, ки худро ба нодонӣ зада, аз назди дарича дур рафтан намехостанду ба пули майдаашон ҳам даҳонашон намерафт:

— Шаст тин майда надорам, чил тин диҳеду як сўм гиред, гўям шахсони дар қафо ба навбат истода ўро танқид мекарданд:

— Шуд-дия, ҳамин қадар пул гирифтию боз танга гуфта хирагӣ карда истодаӣ.

— Хайрият, -мегуфтам дар дил, — ҳамин хел одамҳои валамат ҳастанд. Чӣ мегўед, ки рўзи дигар, намедонам қарибиҳои чоштгоҳӣ буд, ба корам чашми бад расид. Имрўз назар ба дирўза дар навбат одам камтар буд. Ҳамин вақт назди дарича як марди чилу панҷпанҷоҳ сола наздик шуда:

— Ман аз сехи сеюм Баротов, гуфт. Бинам дар рў ба рўи номаш 112 сўму 90 тин навишта шудааст.

Баъди он ки ў имзо кард «навад тин майда надорам, даҳ тин бошад, марҳамат як сўм» гуфтам. — Ман ҳам даҳ тин надорам, -ҷавоб дод ў.

— Набошад чӣ кор мекунем? -пурсидам мулоимхунукона бо умеди он ки шояд аз баҳри тангааш барояд. — Доимо дар касса пули майда намешудаастдия? Ин хел бошад, ба ман як сўм диҳед, фардо даҳ тин оварда медиҳам.

— Шумо аҷоиб, амак, ин пули одамҳо бошад, ба ҳар кас даҳ тинӣ зиёд дода фиристонам, чӣ мешавад? Баъзе коргарон бе маош мемонанд-ку?

— Ту, писарам, ба ман гап ёд надиҳӣ ҳам мешавад, ту ба фарзанди хурдии ман баробар. Айб писарам. Падарат солҳои зиёд кор карда, мўяшро сафед намуда як бор надидем, ки ҳаққи касро хўрда бошад. Майда ҳам ҳамеша ёфт мешуд. Худамон илтимос мекардем, ки даҳпанздаҳ тинро надиҳанд. Не, розӣ намешуд. Ту бошӣ, ба ҳама «майда нест, танга нест» мегўӣ. Ин чӣ гап? — Ин суханҳоро гуфту тез бо чаҳл монда рафт. Баъди ду рўз бо фабрика ҳисобӣ кардам. Дурусттараш директор ба ҳуҷрааш чеғ зада гуфт:

— Ман гумон кардам ту писари Собир-амак, лекин хато кардам. Аз як палак чанд ранг ҳарбуза мерўидаастдия. Нағзаш, ки ҳоло ҳам обрўи падаратро нарезонда, аз ин ҷо аробаатро каш...

пешина
аз 29
навбатӣ