Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Модар ба рўи палоси аз болои пахоли ғафс партофта шуда гузашта нишасту воқеаи чанд ҳафта пешро ба хотир овард.
... Вақте босмачиҳо ба деҳа ҳуҷум оварданд, шаб аз нисф гузашта буд. Гирумони бошандагони деҳа ва тараққос зада кушода шудани дарвозаи ҳавлӣ зан ва шавҳари ҷавонро аз хоби роҳат бедор кард. Зан саросема аз ҷой хеста шамъро дар гиронд.
— Кист ин ҷо?! Ҳа, тўӣ, Ботур? Дар чогаҳи гарми занам хоб кардам гўй? Маълум мешавад, ки тарафдори аскарони сурх ҳастӣ?
Босмачӣ қамҷинро бозӣ доронду бо он ба сари Ботур якто фаровард. Баъд дастаи қамчинро бо дандонҳояш газида, даст ба милтиқ бурд. Ботур ва завҷааш гўё, ки марги худро интизорӣ мекашида бошанд, дар рўшноии шамъи хира шах шуда монданд.
— Ҳеҷ гап не, аҷали ту ба дасти ман будааст. Ин оимат бошад, оими мо мешавад. Ботур баробари шунавидани ин суханҳо гўё, ки ақлашро гум карда бошад, якбора хез зада босамичро аз болои зин ғалтонд ва то яроқ ба даст гирифтани ў модар бо санги панҷ қадоқаи дар токча буда ба сари басмачӣ зад. Зарбаи дуюм ва сеюм босмачиро ба он дунё гусел кард.
... Ду нафар босмачие, ки асп давонда мегузаштанд, «сиёҳӣ»-и аз ҳавлии Ботур баромадаро дида монданд.
— Исто Ориф! Дар ҳавлӣ ягон гап ҳаст. Набошад,
асп бесоҳиб намешуд.
— Гапат дуруст-куя, лекин агар онҳо бисёр бошанд чӣ?
— Офарин ба гурдаат. Боз кӣ туро мегўяд, ки йигити Холбўтта?
Босмачиҳо аспи худро ба ҳавлии Ботур, рост ба болои суфаи дар пеши хона буда ҳай карданд. Чашми онҳо дар поёни суфа ба босмачии ба хун оғўшта афтод.
— Ориф, лаҷоми аспро дор, -гўён Қулӣ Сўфии муҷунӣ аз зин фаромад. Ў «эҳтиёт-ними ҳаёт» гуфтагӣ барин аввало оҳиста аз дари хона ба дарун нигоҳ кард. Дар ҳамин вақт чашмаш ба Ботур афтод, ки барои мурдаи «меҳмон»-и нохонда ҷой тайёр мекард.
Қулӣ Сўфии муҷунӣ давида ба хона даромаду аз гиребони Ботур дошт:
— Ўй, йигити беизор, навкори моро ту куштӣ? — Ман куштам.
— Ҳамроҳат кӣ буд?
— Ҳеҷ кас.
— Росташро гўй. Мо медонем, ки сад нафар ту барин беизорҳо як худи ўро кушта наметавонед. Ҳа, тезтар!? — Ў аз ғазаб ларзида гулўи Ботурро сахттар хафа кард.
— Гуфтам-ку, худам.
— Зан надорӣ?
— Не.
— Чогаҳ калон-ку, барои ду кас партофта шудааст.
Ана, дурўғаш фош шуд. Ин гаҳвора чӣ? Дар ин фарзанди ҳаромиам хоб рафтааст, гўй. — Босмачӣ гулўи Ботурро сар доду сари гаҳвора омад. Болопўши вайро бардошт. Чашмони чуғзмонанди ў ба кўдаки чашм пўшидаю хоби роҳат рафта афтод.
— Ин ба мо даркор, -гўён хост кўдакро кушояд. Дар ҳамин вақт Ориф аз берун:
— Сўфӣ-ако, вақт танг, пурсида мегардед, -гўён овоз баровард.
Модар, ки милтиқи босмачиро гирифта барои панаҳ кардан ба юнучқазор рафта буд, ин гуфтушунидро фаҳмида, оҳиста-оҳиста ба таги дарахти зардолу омад ва ба танаи ғафси он ҷафс шуда, рост истод.
Ў эҳтиётан мили милтиқро ба сўи босмачии дар болои асп нишаста рост карда монд.
— Бигузор гуфтаи ту шавад. — Садои тир ва «воҳ» гуфтани Ботур гўши модарро қулф занонд. Ў қариб буд дод гуфта фиристонад. Аммо чӣ илоҷ? Ин хунҳорҳо ўро ҳам куштанашон мумкин.
— Ма, ин кўдакро гир, бурда зиндалай ба ягон ҷо, -гуфтани Қулӣ Сўфии муҷунӣ модаро ба худ овард. Ў худро ба даст гирифта, чашмонашро калонтар кушода сўи дар нигоҳ кард ва «ту аз дасти ман ҳеҷ куҷо намеравӣ» гўён мили милтиқро зер карданашро надониста монд. Тир ба Қулӣ Сўфии муҷунӣ расид. Кўдак аз дасти ў парида ба замин ғалтида «унға, унға» гўён ба гиря даромад. Ориф босмачӣ лаҷоми аспи Сўфӣакояшро сар дода роҳи гурезро пеш гирифт.
— Ҳозир, мана гиря накун, ҳозир. — Модар бо дастони ларзон тифлашро ба хона гирифта даромад. Ў намедонист чӣ кор кунад? Шавҳарашро бардорад ё ба кўдакаш малҳамбандӣ намояд. Модар кўдакро болои палос шинонду латтаеро сўзонида, хокистарашро ба ҷои захми санг зер кард. Вале хун ист намекард. Ў тифлашро ба сари шавҳараш бардошта омад. «Шўҳратҷон, шўҳратҷон» гўён хост ўро бедор кунад. Вале Ботур хоби якумра рафта буд. Чашмони шахшуда мондаю бенургаштааш гўё ба ҳамсараш мегуфтанд:
— Интиқоми маро гир. Ту бояд Шўҳратҷонро эҳтиёт намуда калон кунӣ. Баъд мебинӣ, ки ҳаёт чӣ тавр механдад. Писарат бошад, дар ҳама кор мададгорат мешавад.
Модар ба рўи ҷасад якандозеро пўшида кўдакашро оғўш карда ба сўи бошишгоҳи аскарони сурх давид. Ўро нағз пешвоз гирифтанд ва кўдакро, ки захмаш хавфнок буд, ба табобат ба шаҳр фиристоданд. Ҷасади Ботур низ ба хок супорида шуд...
Модар баъди ин фикру ҳаёлҳо якбора ба худ омад. Ў аз ҷо хест. Оё медонист, ки дар пеш ўро чӣ интизор аст? Марг ё ҳаёт? Не, намедонист. Агар рафту медонист, оё вазифаашро иҷро намекард? Соли 1921. Шабонгаҳи деҳаи Ҷўи Нав, хеле ноором буд. Босмачиҳо аз дараи кўҳҳои Туркистон фаромада, ба деҳа ҳуҷум мекарданд. Мардуми бечора ба овозҳои «номусулмонон, бачагонамонро асир кардед», «дод аз дасти босмачӣ», «қасос рафиқон, қасос» ҳамаро ба по мехезонданд. Босмачиҳо ҳар чӣ ки ба даст меафтод, ғанимат шумурда бо худ мебурданд. Ба онҳо фарқ надошт: духтар ё писар, модар ё кўдак, гову гўсола, бузу бузғола. Даркориашро мегирифтанд, нодаркориашро беҷон мекарданд. Чашми онҳоро хун гирифтааст. Дар дилашон талвоса афтодааст.
Дар ҳамин асно зане аз хона берун баромад. Ў як ба гирду атроф гўш дод ва боз вориди хона гашт. Дари яктабақаи пойгаҳи пешгаҳро пўшид. Барои он ки шамол накушояд, ба пасаш сангчаеро ҳам гузошт. Ў ба пасаш дигар нанигарист. Бале, нигоҳ накард. Ба касе хайру хуш накард. Алвидо нагуфт.
Охир, қаҳрамонии модар аввалин маротиба нестку? Ҳамин ёрии ў буд, ки якчанд ҳафта пеш аз ин аскарони сурх дастаи Холбўттаро ҳадафи тири худ карда буданд. Холбўтта бошад, бо босмачиёни боқимонда ба кўҳ гурехта рафта буд. Ў бо ҳар роҳ ҳаракат мекард, ки одами аз сирри онҳоро бохабар кардаро ёбад. Ҳар кӣ ба Холбўтта ҳар хел хабар мерасонд. Баъзеҳо «зан», баъзеҳо «мард» будани он шахси номаълумро фаҳмонданӣ мешуданд. Холбўтта ба навкоронаш фармуд, ки ба кадом роҳ набошад «одами номаълум»-ро ёбанд ва «меҳмон»-и ў гардонанд. Модар дар дил орзуҳо дорад. Ў умед дорад, ки боз сиҳат-саломат мисли ҳар дафъа бармегардад, аз райҳони дар рўи ҳавлиаш буда шохчае канда мебўяд. Шукуфтани гули ошиқи печонро ҳар саҳарӣ тамошо мекунад. Аз зардолуяш, ки акнун зард шудааст, канда, ба даҳон мепартояд. Кўдакашро, ки ҳоло қариб беҳтар шудааст, аз дасти духтурони аскари сурх гирифта меораду ба оби зулоли ҷўйчаи аз мобайни ҳавлиашон ҷорӣ мешудагӣ оббозӣ медорад.
Орзуҳоят чӣ қадар хуб, ширин, гуворо, модар. Медонам, медонам, барои ҳамин ту алвидоъ нагуфтӣ. Вале гулҳои рўи ҳавлӣ, дару деворат, оби ҷўй, дарахти зардолу-хулоса онҳо ҳама бо ҳамдигар пичиррос зада аз ту гилагўӣ карданд.
Модар берун баромад. Ҷомаашро ба сар гирифт. Оё дар ин шаби тор касе ўро медид!? Не, албатта, намедид. Вале занҳои деҳа одат кардаанд. Роҳи модарро моҳтоб нурпошӣ мекард. Гўё вай роҳро нишон дода мегуфт:
— Биё, ана ин сўй биё, аскарони сурх ҳо, дар он ҷо, онҳо туро интизоранд. Модар роҳро миёнабур карда, ба кўчаи калон рафт. Аз пушти теппачае гузашт. Хонаи сангине дар он ҷост. Азони раҳматии тағоиаш Мирзоқосим. Ҳоло бошад, дар он ҷо ўро намояндаҳо интизор...
Пайдо шудани «сиёҳи»-е ўро бесаранҷом намуд.
— Аспакӣ, -аз дил гузаронд ў. — Босмачӣ. Саллааш ҳам маълум.
Босмачӣ ўро надид ва «чуҳ» гўён асп давонида гузашта рафт. Модар аз паси девор берун омад ва сўяш дастонашро мушт карда:
— Мебинӣ, ту пирсаг, адабатро надиҳам, -гуфт. Бале, ҳамин қадар гуфт. Аммо суханаш нотамом монд. Қамчини обдоре сарашро хуншор намуд. — Ана, ин ба ту адаб, лаънатӣ! Хуб дар вақташ ба дастам афтодӣ. Худо аз ҷои набудагиаш дод. Қамчини дуюм модарро ба замин ғалтонд. Босмачӣ худро аз болои асп партофта хост модарро ба тагаш гирифта пахш кунад. Натавонист. Модар бо осонӣ таслим намешуд. Ў дастони босмачиро сахт газид. Хун аз раги дастони ў ба монанди гўсфанди сарбурида фавора зад.
— Ох, лаънатӣ, корамро кардӣ, вале инро дониста мон, ки ман туро намекушам. Роҳи азобатро меёбам. Аввал бояд ба ниятам расам. Хоҳ «ҳа» гўӣ, «хоҳ» не гўӣ.
Босмачӣ рўймоли худро аз миён кушода, як пояшро ба рўи синаи модари бемадор гузошту рост истода, дасти хунрафта истодаашро баст.
— Ана акнун қуввататро месанҷам, -гуфт босмачӣ ғур-ғуркунон. Вай ба нияти ифлосаш расиданӣ буд. Вале якбора ба замин ғалтид. Ин магар ҳамон санге буд, ки ту аз замин хобида ба фарқи сари ў задӣ?
Ду нафар ба замин хобидаанд. Яке модар, муборизи роҳи озодӣ, дигаре босмачии хунхор, душмани ашадии ин роҳ. Дақиқаҳои ба шумор аз миён мегузаранд. Ба яке аз онҳо қуввае нест, ки аз ҷой хезанд, босмачӣ аз хунравии бисёр ранги мурдаро мемонд, модар аз часпу талоши бисёр.
Дар ҳамин лаҳза босмачие тез асп давонида омаду аз сари зин парида рафт. Аспи ў аз ду ҷасади нимҷон рамида буд.
Босмачии саропо рафта лат хўрдани пойҳояшро ҳис карда бошад ҳам, аз тарс тез аз ҷояш хест. Ў лангида-лангида ба сари яке омаду онро дар хун оғўшта дид.
— Ё тавбае, ин Ориф нест-гўён босмачӣ хам шуда дурусттар ба рўи ў нигарист. Гумонаш дуруст, ин Орифи лаънатӣ. Вай кӣ бошад? Зан? Наход?! Чӣ бояд кард?.
— Ҳа, алами дирўзаро аз ин лаънатӣ мегираму ўро ба ин ҷўй мепартоям. Занро бошад, ба асп савор карда ба Холбўтта тўҳфа мекунам.
Пурсад мегўям «худам дастгир кардам». Орифро зан куштааст. Ин асп-аспи ўст.
Босмачӣ корро бо Ориф бо тезӣ анҷом дода занро ба зини асп баста ба роҳ даромад...
Рўзи якшанбе. Мардуми деҳаи Панҷшанбе либоси мотам дар бар кардааст. Хуҷуми ногаҳонии Ҷўра Сўфии муҷунӣ онҳоро дар ғафлат мононд. Шермардони бисёре аз дасти ҷаллодон дар вақти хариду фурўш кушта шуданд. Имрўзҳо бошад, кори Холбўтта омад кардааст. Вай бо як ҳуҷум аз дехаи Ҷўи Нав то панҷшанбе омад. Ана, ба болои ин тўҳфа. Холбўтта ба Оталиқ-босмачӣ асперо ҳадя карда фармуд, ки «арўс»-ро ба хонаи дарун баранд. Бурданд.
Шабонгаҳ. Дараро торикӣ ҳукмфармост. Фақат дар хонаи холбўтта чароғ месўзад. Ў оҳиста-оҳиста қадам монда ба назди модар омада мепурсад:
— Ту тир парронда метавонӣ?
— Метавонам.
— Пас он навкарони маро ту куштӣ?
— Қасоси шавҳари бегуноҳамро гирифтам.
— Агар ҳоло ба ту милтиқ диҳам, парронида метавонӣ?
— Хоҳӣ туро ҳам «раҳматӣ» мегардонам.
— О-ҳо, ғайратат калон. Магар ба ман дилат мешавад?! Ман аз ҳамин лаҳза шавҳари ту-ку?
— Кӣ гуфт? Номаъқул кардааст гуфтагӣ. Мо, занҳо, аз ин хел шавҳари дарранда ҳазар мекунем. Шумоён хунхор, лаънатӣ... боз чизе гўям. — Дар ҳамин вақт гулўи модарро чизе гирифт. Бо овози баланд гап задан ба ў зўр омад, ки дилашро дошт.
Холбўтта бошад коҳ-коҳ зада хандиду ба сўи модар омада навозишкорона «хайр бас, бас акнун. Ту ҳоло ром нашудаӣ, барои ҳамин дилат ба ҳар кўча меравад» гўён хост бо дастони шахшўлаш аввал китфони зани ҷавон, сипас ҷойҳои мулоими ўро даст-даст кунад.
— Дастатро нарасон, ҳайвони ваҳшӣ, — гуфт модар ва бо ҷаҳл косаи пуроби дар наздаш гузоштаро бардошта сўи босмачӣ ҳаво дод.
— Акнун, ки ба нағзӣ не гўӣ, тамошо кун. — Холбўтта якбора сўи зан ҳамла карда ўро паҳш намуд ва сару рўяшро лесидан гирифт. Зан бошад, то метавонист худро муҳофизат мекард. Ў аз ришу мўйлаби Холбўтта гирифта сахт кашид. Холбўтта аз алам бо мушт якбора ба ишками модар зад. Модар «воҳ» гўён ба замин нишаста монд.
Аммо ў гиря намекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё