Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
— Гуфтам-ку, намехоҳам. Гапам якто. Агар аз хона баромада рав гўй, меравам, лекин розӣ намешавам. Дар деҳаамон ман барин беваҳо лак-лак. Сонӣ, кӣ медонад? Дар ҷанг ҳар кор шуданаш мумкин. Охир, модарҷон, ин гапҳоро худат аз ман нағзтар медонӣ. Шавҳари Бибиҷонро ҳам ҳамин тавр овоза карда буданд. Хатти сиёҳаш омада буд. Ёру дўстонаш намонда «ту ҳоло ҷавон, сад сол роҳ поӣ ҳам, одами мурда зинда намешавад» гуфта ба шавҳар доданд. Бечора шавҳар кард. Шавҳар карду пушаймон шуд. Камакак нагузашта Бақоҷон-ако даромада омад. Маълум шуд, ки ҷанг танҳо як пояшро ба чўб иваз карда будааст. Модарҷон, ту мехоҳӣ, ки маро Бибиҷон барин шарманда кунӣ? Одамон фардо ба рўям туф кунанд. Гўянд, ки ба «ҳа» маътал будааст. Интизори шавҳари дигар будааст. Он вақт замин кафаду ман дароям. Айби ин кор ба ту ҳам мерасад. Сонӣ Саидҷони ман ду-сола шуд. Ана-мана нагуфта дидӣ, ки дастгирам шудааст.
— Мефаҳмам духтарам, мефаҳмам. Лекин намехоҳам, ки умри ту ҳамин тавр гузарад. Охир, шумоён ҳамагӣ чор моҳ хонадорӣ кардетон. Ман туро бо ин умед калон накарда будам. Ман мехоҳам ту соябони сари худро дошта бошӣ. Шавҳар сарпўши зан аст. Ба зани ҷавони бе шавҳар ҳар гапро мебофанд. Ба хатти сиёҳи Хуршедҷон ду сол зиёд шуд. Зинда мебуд, ё аққалан Бақоҷон барин пояш чўбин мебуд, кайҳо даромада меомад. Одамгарӣ, духтарам аз ин зиёд намешавад. Як сол боз дар ин ҷо, дар хонаи дадоят. Як сол зиёд дар хонаи шавҳарат нишастӣ. Баъзеҳо чили шавҳарашон нагузашта дилашон...
— Модарҷон, ту ҳам дил дорӣ. Маро нағз мебинӣ. Барои он нағз мебинӣ, ки фарзандат ҳастам. Чӣ хел дилат мешавад. Чӣ хел забонат ба ҳамин гапҳо мегардад? Ту мехоҳӣ, ки ман падару модари Хуршедҷонро зинда ба зинда гўронам. Падару модари Хуршедҷон ба поям хор халидан намемонданд. Ҷой намеёфтанд, ки шинонанд. Ҳатто як рўз дилам буғз карду Саидҷонро аз гавҳора кушода ба оби дидаи шашқатор назди очааш бурдам:
— Модарҷон, маро мебахшед, ман келини бехосият, бепою қадам баромадам, гуфтам. Албатта, он кас ҳам худашонро дошта натавониста хуб гиря карданд. Баъд диданд, ки қатраҳои ашки сўзони аз рўям шорида Саидҷонро қад-қад мепарронад, вайро аз дастам гирифта:
— Ту ношукр, духтарам, худо гўй, ки умри Саидҷонро дароз кунад. Одам ба ҳама гап бовар кардан мегирад-мӣ? Хатро дўст ҳам, душман ҳам навиштанаш мумкин. Хатро донистаю надониста ҳам менависанд. Оби дида аломати нияти бад. Асло гиря накун-а. Дар ҷанг ҳама намемиранд-ку? Ман хоб дидам, Хуршедҷон зинда, -гуфта дилдорӣ доданд. Онҳо намехостанд ман хонаашонро тарку холӣ кунам. Борҳо бобоям:
— Духтарам Саодатҷон. Ҳамин хонаю дар азони ту. Дилатро ба ҳар кўча набар. Як умр бо писарчаат зиндагӣ кунӣ ҳам, ман розӣ. Ту акнун фарзанди мо. Хуршедҷонро гум карда туро ёфтем. Бояд асои мо шавӣ. Лекин модарҷон, ба гапи ту даромадам. Ҳар бор, ки наздам мерафтӣ, ба ҷои насиҳат:
— То кай танҳо-танҳо мешинӣ. Писарчаат рўзашро мебинад. Одамҳо чӣ мегўянд. Ба дадоят гап мерасад. Орият гуфтанӣ гап ҳаст. Бедаҳанҳо ҳастанд, ки бо гапашон устухони одамро об мекунанд. Боз нагўянд, ки духтарашро, замона вазнин буданба, поида натавониста ба гардани мўйсафедон бор кард. Агар розӣ бошӣ, ман туро гирифта ба хона мебарам. То дилатба задан, хоҳӣ як умр дар ҳамон ҷо поси хотири шавҳаратро нигоҳ дор, -гуфтӣ. Бовар карда, ҷои гармамро хунук кардам. Ёд дорӣ, модарҷон, лаҳзаи бори охирин аз дарвозаи Хуршедҷон-ако баромада омаданамро? Нолаи модари ў дили сангро об мекард.
— Хонаамро сел шуст, Хуршедҷон. Умеди охиринам имрўз баромада рафт, Хуршедҷонам, балом. Мурдагият рост будааст-дия, писарҷонам. Ба падару модари пират раҳмат наомад, писарҷонам. Номи душман гум шавад, писарҷонам. Хуршедҷони расо будӣ, писарҷонам.
Аз он рўзе, ки аз он даргоҳ омадам, шабҳо як лазҳа хобам намебарад. Чашм пўшам, пеши назарам Хуршедҷон намоён мешаваду:
— Саодат, ту чӣ кор кардӣ, аҳду паймони мо ин тавр набуд-ку?! Ба ҳоли мўйсафедон дилат насўхт? Бин, баъди рафтани ту онҳо шабона гирди сандалӣ нишаста, чӣ хел нола мекунанд. Аз ман ҳам туро дўст медоштанд. Мебинам, ки дар даст нишони маро дорӣ. Магар ҳамон бас нест. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Нагузор, ки вай ба маломати падари ўгай дучор шавад, -мегўяд. — Хайр, писари онҳоро ту накуштӣ-ку. Тақдир, духтарам. Ҳеҷ кас аз сарнавишташ зиёд чизро дида наметавонад. Сонӣ, мо туро ба ҷои бад доданӣ нестем. Фарзанди одами нек. Дар ҳамин солу замона шавҳар ёфт шудагишба шукр кун. Духтарҳои пир шуда бе шавҳар гаштагӣ кам не. Нозу нуз ҳам ҳудуд дорад. Палонҷат ҳам духтари одами камбағал. Апаю хоҳар шаветон, ту кўчқор барин писарча таваллуд карда диҳӣ, ба ҳардуятон бас.
Саодат дид, ки модараш ба ҷону ҳолаш намемонад, якбора овозашро баланд кард:
— Зорию зўрӣ фоида надорад. Агар муҷаррад бошад ҳам, ман дигар шавҳар намекунам.
— Ҳоло ҳамин тавр гўй. Гапи мо гап набудаастдия. Ё мехоҳӣ, ки...
— Ман ҳеҷ чиз намехоҳам. Барои ман Саидҷон бас. Вай ҳам писарам, ҳам ёру дўстам.
— Дониста мон, ин фикри танҳо ман не, балки дадоят ҳам. Ғазаби ўро медонӣ. Аз хона ронданаш мумкин, «оқ» карданаш мумкин.
— Бигузор ронанд...
Овозаи аз хонаи падар баромада рафтани Саодат дар деҳа паҳн шуд. Ҳар кӣ ба ин ҳар хел баҳо медод:
— Фарзанди охирзамон-дия. Гапи падару модар ҳеҷ чиз нашуда монд. Аз падару модар шавҳари набудагиро авлотар донистааст, -мегуфт яке.
— Меҳри аввал-дия. Кирои зан гуфтан. Вафодориашро исбот намуд., -шунида мешуд аз дигаре.
— Мумкин худаш ягон таги чашм карда мондагиаш бошад. Ҳеҷ боварии кас намеояд, ки ҷавонзани бисту якбисту ду сола як умр бева гардад, — фикри шахси сеюм буд.
Аз бозгашти Саодат чашми падару модари Хуршедҷон гўё лаққӣ кушода шуд. Охир, ин коре буд, ки дар таърих кам рух медиҳад. Келини рафта бозгашт. Ба назари мўйсафедон чунин менамуд, ки Хуршедҷон зинда асту Саодат ба ин боварии калон дорад ва писарашон пагоҳ фардо даромада меояд... РоЗӢ шаВ, моДаР...
Ба наздикӣ дар деҳаи мо модаре аз дунё гузашт. Одамӣ ҳамин хел. Охири охирон бояд равад. Раҳматӣ Умрӣапа тамоми умр қариб азоб кашид. Нахўрд, напўшид, шабу рўз гуфта писар калон кард.
Дар сояи давлаташ роҳат диданӣ буд. Вале писараш Саидҷонро ба аскарӣ гирифтанд. Модар баъди ин гўё савдоӣ шуда монд. Роҳи рафта, рўзи гузарондаашро намедонист. Ҳатто ба назараш ду нафар духтарҳои қадрасаш наменамуданд. Албатта, ин ҳама беҳуда набуд. Аввал ин ки Саидҷон ҷону ҷигари модар. Сонӣ, вай баъди сари падар марди хонадон гардида буд. Шонздаҳсола бошад ҳам, мисли одамҳои ҳаётдида фикр меронд, модарро тасалло медод.
Саидҷон модару хоҳаронашро зери қаноташ гирифта тинҷ кард. Ду сол дар колхоз ҳисобчӣ, сонӣ иқтисодчӣ шуда кор кард. Лекин ҷанг сар шуд...
Умрӣ-апа ҳангоми гусели ҷигарбандаш мисли дигарҳо нагириcта чанд даҳон насиҳат кард:
— Сиҳат саломат рафта расӣ, навис. Ба гапи калонҳо гўш кун. Дидадаро шавӣ, ба дида ҷо шавӣ, гуфтаанд. Вазнин шав. Ба дўстонат меҳрубону ба душманонат беамон бош.
Вай Саидҷонро ба оғўш гирифт. Сарашро хам карда, аз пешонӣ, рўи писараш то сер шудан бўсид. Саидҷон бо чашми ашколуд «бас модарҷон, бас. Ман, ки сиҳат саломат баргашта омадам, боз бўсидан мегиред. Аз рафиқонам дер мемонам. Дидед, ки ҳама саф кашиданд. Ҳозир ароба ба ҳаракат медарояд» гуфт.
Ин лаҳзаҳоро модар то нафаси охирон дар ёд дошт ва борҳо ба наздикони худ нақл карда, ҳавли дилашро паст менамуд. Ҳафтае набуд, ки Умрӣ-апа хоб набинаду фардояш таги дарвоза ва ё кўчаи лаби об баромада андаке нишаста, хоби дидаашро ба ҳамсояҳо нагўяд.
— Ба хаёлам Саидҷон зинда-, -мегуфт ў, -шаб хоб бинам либосҳои нав пўшидагию ҳамроҳи ҷўраҳояш ба ид меравад. Ҳамин қадар ҷомаи беқасаби майдадўзӣ карда дўхтаам зебидааст, ки мондан гиред. Ман аз оқибаш тамошо карда:
— Саидҷон, пештар биё, наздиктар биё, як бор бўсам. Ту ҳамин қадар вақт боз куҷо будӣ, кўки чашмамро канда кардӣ, -гўям, хандида «ҳозир модарҷон, ҳозир меоям» гуфта ғайб зад.
— Гўр ҳушам шавад, -мегуфт Умрӣ-апа, -аз доманаш сахт дорам намешавад? Бовар кардам. Хезам гиря карда болиштро тар намудам.
— Хоби зан чаппа мегўянд. Шояд Саидҷон зинда бошаду як рўз не, як рўз аз дар даромада «салом модарҷон, мана ман омадам» гўяд. Аз доманаш дошта натавонистед, албатта, меояд дугонаҷон.
— Кошкӣ, аз забонакатон гардам, ҳамсояҷон. Кошкӣ як бор дар зиндагиам чашм ба чашм меафтодему мурдаамро соҳибӣ мекард.
— Унту нагўед, ҳамсояҷон, нияти нек кунед. Шумо, худо хоҳад, ба сад медароед. Саидҷон, ки омад, вай шуморо ба сараш бардошта мегардад, ба болои ҳафт қабат кўрпача мешинонад.
— Аз забонаки ширинатон гардам, ба болои кўрпача нашинонаду сиҳат-саломат биёяд шуд.
Оҳ умедворӣ, умедворӣ. Чӣ қадар дар ин роҳ модарон мўи хешро сафед, умри худро кўтоҳ намуданд. Нонҳои газидаи фарзандҳояшон то ҳол дар сандуқҳо муқаддас нигоҳ дошта мешаванд. Мактубҳои секунҷаи фарсударо намегўед... Дар ҳафт қабат лата печонида, ҷанг гирондан намемонанд. Ба киҳое нишон намедиҳанд. Ҳар сухани он аз тилло ҳам қиматтар...
Рўзи дафни собиқ бригадири хоҷагӣ Умрӣ-апа панҷ-шаш дақиқа ҷамъомади мотам барпо гардид. Раиси колхоз Имомназари Худойназар дар борааш ҳарф зад:
— Умрӣ –апа барои мо модар буданд. Он кас то нафаси охирон ҳамдаму ҳамнафаси ҷамъият, ибрати ҷавонон, насиҳатгари хурду калон буданд. Мо имрўз ба шахси наздиктаринамон алвидо гуфта, бори дигар дар ҳаққи саркардагони ҷанги хонумонсўз лаънат мехонем. Мо имрўз васияти модар –Умрӣ –апаро бояд ба ҷо орем. Он кас чанд дақиқа пеш аз вафоташон ба духтари худ васият кардаанд, ки мактуби писарашон Саидҷонро ба шумо хонда диҳаму дар паҳлўяшон монда...
Раис мактуби секунҷаи зардшударо кушода хонд. «Модарҷон, ба шири додаатон розӣ шавед. Агар хизмататонро адо карда натавониста бошам, наранҷед. Насиб бошаду зинда монам, як умр дар хизмати шумою халқам. Рафту... ба ҳар ҳол модарҷон, як илтимос. Ҳеҷ гоҳ маро чашми пўшида гумон накунед. Ашки чашмони шумо, модарҷон, руҳи маро ноором мекунад. Охир, шумо бояд фахр кунед, ки фарзанд дореду Ватанро, шумо барин модаронро ҳифз менамудааст. Ман, модарҷон, аз рўи насиҳати шумо амал кардам. Ҳар як супориши командир супориши шумо ба ҳисоб мерафт. Агар дар ҷавонӣ андаке шуморо ранҷонда бошам, розӣ шавед, модарҷон, розӣ»...
НаСИБа
Боре маро ҳамроҳи чор-панҷ нафар фаъолон ба иҷрои супорише фиристоданд. Мебоист барои корхонаи калонтарини шаҳрамон, ки бо коргар таъмин набуд, занону духтаронро ҷалб менамудем.
Сарварамон зани қадбаланди чорпаҳлў буд. Рўи кулча дошт. Лабу даҳон, чашмонаш ба назари бинанда гўё ҳамеша майли табассум мекард. Фаъолаи шаҳр, ки буд, ба ҳар хона беибо даромадан мегирифт.
Аз паси ў се нафар духтарон-вакилони корхона, сипас ман мерафтам. Инак, баъди гаштани хонаҳои бисёр вориди ҳавлии дараш яктабақа гардидем. Ба пешвозамон зани наздик ҳаштодсолае баромад.
— Марҳамат, марҳамат, биёетон. Шумоён чӣ тавр шуда ба ҳавлии мо даромада омадетон, то як пиёла чой нанўшед, намемонам, ки равед, гуфт.
Гапи ўро ду накардем. Зан дастурхон густурд, ба лаганд нону қанд, мавизи чиллагӣ гирифта, келинашро фармуд чой дам карда биёрад.
Худаш аз паҳлўямон нишаст. — Биёетон, қадамҳоятон нури дида, -боз такрор кард ў нонро пора карда истода. Сўҳбати мо тафсида рафт. Ў аз ҳар хусус сухан мекард. Ман пиёлаи чой дар даст ба гапи модар гўш карда, ба гирди хона назар мекардам. Ногаҳон чашмам ба шифти хона афтод. Дар он ҷо як фатири калоне овехта шуда буд.
— Модарҷон, ин фатир савғои нонпазҳои Самарқанд?!
Аз ин пурсиши ман рангу рўи модар якбора дигаргун гашт. Ў чизеро ба хотир овардагӣ барин шуда: — Не, насибаи писарам Обидҷон, гўён ҷавоб дод.
— Насиба!?
— Ҳа, бачем, насиба. Чилу панҷ сол шуд.
— Ҳамин қадар сол боз истодааст?
— Албатта. То ман зинда ҳастам, меистад. Он
тарафаш, аз худо... Э, бачаме, бачаме, ман ба ту чӣ тавр фаҳмонам? — Модар ба фатири дар шифти хона овехта шуда нигариста ба фикр фурў рафт. Баъд:
— Соли аввали ҷанг буд, -гўён нақлашро сар кард. — Ҳамон сол ба Обидҷон повуска доданд. Рўзи аввал писарам ба ман чизе нагуфт. Ба ҷои ин бисёртар ҳазлу шўхӣ мекард, ба ҳар кор ёрӣ мерасонд. Намехост дастамро ба оби хунук занам.
Рўзе ба хона ҷўраи Обидҷон Рўзибой омад. Онҳо ҳар ду хўрок хўрданд. Ман косаву табақро ғундошта ба даҳлез бароварда, хостам шўям. Ногоҳ овози Рўзибойро шунидам:
— Обидҷон, повускаро ба модарат гуфтӣ-мӣ?
— Не, ҳоло нагуфтам.
— Кори хуб накардӣ. Баъди ду-се рўз моро мебаранд. Баъд модар якумр дар ғами ту... ин рўз ба сари ҳама баробар омадааст. Модарат ҳама чизро мефаҳманд.
Дар даҳлез гўшам чеғ зада, ба ҷоям нишаста мондам. Баъд андаке ба худ омада, чойникро баҳона карда ба хона даромадам. Чашмам ба чашми Обидҷон афтод. Ў маро дида аз чӣ бошад, сурх шуд.
— Чой бас, модарҷон, -Рўзибой хоҳиши хестан кард. Баъд онҳо дар паси дарвозаи кўча чӣ қадар пичирпичир карда гап заданд, ҳоло дар ёдам нест. Обидҷон ба хона даромад. Ман сахт пеш омадам.
— Ман ба ту модар ё?.. Чаро ҳамин қадар рўз боз аз ман руст карда гаштӣ? Мехоҳӣ, ки маро зинда ба зинда ба хок супорӣ? Ба ман ғами падар (падараш ду сол пеш вафот карда буд) бас, -гуфта гиря кардам.
Обидҷон бошад маро оғўш карда, узр мепурсид. «Ман гунаҳкор. Нахостам шумо чанд рўз пештар ғам хўред, обу адо гардед, гуфт.
— Ту маро бача гумон кардӣ-а? Хаёл намудӣ ҳеҷ чизро намефаҳмам. Руст накун. Повустка дошта бошӣ, рўирост гуфтан гир. Тайёриатро бинам.
Ин суханҳоро, медонед, бачам, барои чӣ гуфтам. Албатта намедонед. Барои он ки фарзанди ман бо дили кашол ба аскарӣ наравад. Набошад, магар забонам ба ин гуна гапҳо мегашт.
Ба Обидҷон тўшаю талқон кардам. Он пагоҳӣ хонаи мо аз ёру дўст, ки аксарашон занҳо буданд, пур шуд. Онҳо ба Обидҷон хайрухуш намуда, ба ман дилдорӣ медоданд.
— Фотима –апа, хафа нашавед. Обидҷон худо хоҳад сиҳат-саломат бармегардад.
Вақти рафтанаш ҳамин нони фатири боҷаззаро ба ў дароз карда, гуфтам:
— Газ бачем.
Обидҷон табассум карда аз лаби он як луқма газид. Ман насибаро гирифта ба сандуқ мондаму аз паси ў равон шудам. Онҳоро ду-се рўз дар аскарҷой нигоҳ доштанд. Пагоҳи сеюм ба аробаҳо савор карда бурданд. Ҳоло ман наметавонам он манзараро ба шумо тасвир кунам. Сухани охирини дар рў ба рўям истода гуфтаи Обидҷон ин буд:
— Модарҷон, ҳамеша дуои нек кунед. Расулҷон «ҳа» нагуфта дастёр мешавад. Танҳоӣ намекашед.
Модар пиёлаи чойро дам кашида боз нақлашро давом дод:
— Эҳ, писарҷона, писарҷон. Магар модарат ин суханҳои туро намефаҳмид. Ҳамаи он магар барои дилдории модарат набуд?! Ҳамин тавр Обидҷонро ба аскарӣ гирифтанд. Чанд муддат вай хатҳои сегўша навишт. Дар онҳо гоҳ мо пеш рафтем, душман гурехта истодааст, гоҳ аз саломатиаш менавишт.
Рафта-рафта ҷанг дар ин ҷо ҳам (модар оқибгоҳро дар назар дошт) аз гиребони мо гирифт. Акнун ҳама чиз ба ҳисоб шуда буд. То бегоҳ кор кунем ҳам, нони сериро намедидем.
— Мо бояд аввал фронтро таъмин кунем, -мегуфтанд. — Халқ пурбардор.
«Майлаш, душман мағлуб шавад, фарзандонамон сиҳат-саломат баргашта биёянд, ба мо гап не» гуфта тоқат мекарданд.
Рўзе барои насиба шуда Расулҷонро як-ду мушт задам. Воқеа ин тавр рўй дод:
Гандумпаз буд. Расулҷон аз кўча ба хок ғилмида омаду «оча нон» гуфт.
— Мана ҳозир. Як дами дигар бозӣ карда биё, саракҳоя кафмол карда, кўбам, нони дегӣ пухта медиҳам, -фаҳмонданӣ шудам ба ў. Расулҷони гурусна ба гапам гўш накард.
— Чо кунам, — а, а, нон, -боз такрор кард ў.
— Нон нест, бачам, дидӣ-ку пагоҳӣ буду шудашро ба чой тар карда хўрдем.
— Ҳо шифтангӣ чӣ?
— Вай нони акоят, насибааш. Сиҳат саломат биёяд, ҳамроҳ мехуретон.
— Чо кунам, ҳозир мехурам, -гуфту худро ба замин партофт. Партофту ба хок ғел зад.
Бо ҷаҳл аз ҷоям хеста як-ду мушт ба тахтапушташ фаровардам. Баландтар дод гуфта, ба кўча гурехта рафт. Бачагӣ-дия. Ба дасташ ҳар чӣ меафтид, ба дару девол ҳаво медод: санг, кулўх. Аҳволи ўро дида дилам ганда шуд. Ба ҳавлии ҳамсоя рафтам. Расулҷон ҳиққос зада як бурда нони аз ҳамсоя талабидаамро аз дастам гирифт.
— Ту бача бошӣ, надонӣ. Надонӣ, ки ман чанд рўз боз аз акоят хат нагирифтаам. Ҳасту нести рўзгорро надонӣ. Оби дидаатро пок кун. Расулҷон ба хона даромада, худро болои намад партофта, мисли мардакҳои мусибат дида ҳунг-ҳунг гирист.
— Шуд акнун, нон гуфтӣ, ёфта додам, боз барои чӣ гиря мекунӣ? Пагоҳ-фардо акоят ҳам меояд. Дидӣ, ки об ба лаби ҷўй баробар шудааст, тасалло додам ўро.
Ҷанг ҳам тамом шуд. Аммо аз Обидҷон на хат буд, на хабар. Рафта арз кардам. Аз аскарҷой гуфтанд, ки писаратон зинда, вале номаълум. Боз чанд бори дигар рафтам. Арзи маро гўш карда, хат навиштанд.
Аммо то ҳол... дунё ба умед, писарам. Шояд ягон рўз Обидҷон «салом модарҷон» гуфта даромада биёяд... Ҳикояти модар моро хеле мутаассир намуд. Ба чеҳраи пуроҷангаш, мўи пахтасои ў нигариста, байти шоир ба хотирам расид:
Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон, Охирин умеди ин умедворон зинда бод!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё