Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Басир РАСО

СУЛҲ БОЯД

Касе, к-ўро набошад фазлу эҳсон,

Куҷо донад ба хубӣ қадри инсон?

Касе, к-ўро ба дил набвад мурувват,

Ба инсоне куҷо бандад муҳаббат?

Касе, к-аз маърифат ўро хабар нест,

Зи фазли одамӣ бар вай асар нест.

Агар маҳпора н-ояд рўи равзан,

Нагардад хонае бе нур равшан.

В-агар одам набошад рўи дунё,

Харобиҳо бигардад ҳукмфармо…

Ту, эй пуркинадил, бадхоҳи одам,

Хато кардӣ, шавӣ расвои олам!

Ту, эй малъун, харадро кардаӣ гум,

Ба назди одамият гаштаӣ шум.

Зи инсонӣ туро набвад нишоне,

Набояд бар дилат бошад гумоне.

Халоиқ кори зиштатро бидонад,

Қасоси бегуноҳонро ситонад,

Барои ҳифзи бахти насли инсон,

Барои шодии ҳар тифли даврон,

Зи ҳар манзил нидои сулҳ ояд,

Ки баҳри халқи олам сулҳ бояд!

ОРЗУ

Хоҳам, ки дилам чу мавҷи дарё бошад,

Хукмам зи Замин то ба Сурайё бошад.

Чун пой ҳамезанам ба ҳар гўшаи даҳр,

Аз баҳри қабул ҳар даре во бошад.

Ҳар хона, ки дида дид, дил баргўяд:

Ин хонаи дўст хонаи мо бошад.

Субҳон ТЎЙҒУН

ЗИҲӢ ВАҲДАТ

Аё Ваҳдат, Ватанро аз раҳи варта раҳо додӣ,

Тифоқиро ато кардӣ, ту сулҳи бобақо додӣ.

Ҷудогардида узвонро набудӣ қимату қадре,

Шикастаустухонҳоро зи лутфат мўмиё додӣ.

Парешон гар шавад лашкар, нагардад ҳеҷ гаҳ ғолиб,

Басо нерў ту ҷамъ овардӣ, бар куллаш баҳо додӣ.

Гирифтӣ бо нигоҳи хеш ҷумҳурӣ ба як ҳалқа,

Чу паргоре бигаштию ба як марказ ту ҷо додӣ.

Ба хатлонӣ, бадахшонӣ, хуҷандиву зарафшонӣ,

Чаманзоре ту аз як сарзамини дилкушо додӣ.

Дили хуррам, рухи тоза, шукуфта ғунчаи уммед,

Ба боғу гулшани тоҷик аҷаб ҳусни расо додӣ.

Ба гирдоби маҳалбозӣ агар мо ғарқ гардидем,

Зиҳӣ, пеш аз ҳама дасти мадад аз баҳри мо додӣ.

Агар як зўррас ноустуворӣ карду ноаҳлӣ,

Ба эшон ибратомўзӣ дар оини вафо додӣ.

Ватан, бар остони шафкати ту саҷда меорем,

Ки мо фарзандҳоятро ту чун мо дар дуо додӣ.

Дили ваҳдатпарасти вақт бошад аз кудурат дур,

Зиҳӣ Ваҳдат, ки бар Субҳон чунин табъи расо додӣ.

Исроил ИБРОҲИМ

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Ин ахтари Истиқлол бо амри Худо омад,

Бар кишвари тоҷикон бо нуру зиё омад.

Бас қарн, ки мо будем ду чашм ба роҳи ў,

Инак, ба диёри мо бо сулҳу сафо омад.

Бо шўҳрати дунёӣ аз кўчаи аҷдодон

Бас фазл ба дил ўро бар хонаи мо омад.

Равшандилу илмомўз, аллома, фақеҳ, обид,

Ҳар тоҷики фарҳангӣ бо дасти дуо омад.

Ин ҷашн ба соли бист бисёр фараҳбахш аст,

Васфаш чу намудам ман, хуш мадҳу сано омад.

То нуру зиё бошад, то сулҳу сафо бошад,

Ин ахтари Истиқлол бо раъйи Худо омад.

Африштаи илҳомам хандида зи дар бигзашт,

Овози «Ба рақс оед!» аз арши само омад.

пешина
аз 63
навбатӣ