Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Алӣ БОБОҶОН

РУБОИЁТИ ОБУ ОБОДӢ

Пеши раҳи сад рўди дамонро бастем,

Сад силсила санги хораро бишкастем.

То насли башар ба васли ваҳдат бирасад,

Сад пайраҳаро ба шоҳраҳ пайвастем.

Ин роҳи навин зеби кўҳистон бошад,

Ҳамвор чу рўи кафи инсон бошад.

Садҳо раҳи вақтро миёнбур кардем,

Бигзор, ки рафтуой осон бошад.

Ин роҳи фароз пурхаму пуртоб аст,

Бедор мисоли дидаи бехоб аст.

Чун ҷўяи нур печутобе дорад,

Пайдост, ки роҳи ағбаи Анзоб аст.

Ҳар кас, ки зи ҳусни ағба огоҳ шавад,

Бар кўҳ яқин ошиқи дилхоҳ шавад.

Мо аз дили ту нақб бикандем, Анзоб,

То тўли раҳи мурод кўтоҳ шавад.

Майдони ҷасорат аст ин шаҳраҳи мо,

Шарёни маҳорат аст ин шаҳраҳи мо.

Дар Шарқи куҳан зи аср бар асри дигар

Чун набзи тиҷорат аст ин шаҳраҳи мо.

Ин роҳ, ки пайвандгари ёрон аст,

Нақше зи сафои кўҳи Гулборон аст.

Ин роҳ ба баҳру бар кашад домани хеш,

Аз меҳр нишонаи бинокорон аст.

Ин роҳи дарозу дур роҳи сара аст,

Дар қад-қади он аҷиб сад манзара аст.

Ин раҳ гузарад аз бари сад кўҳу камар,

Чун фўтаи нақшин ба миёни дара аст.

Дирўз равон ба марзи Дарвоз шудем,

Меҳмони муҳандисони мумтоз шудем.

Аз дидани ҷодаи нави соҳили Панҷ

Чун сарви қади роҳ сарафроз шудем.

Метохт сабук мошини мо қад-қади рўд,

Аз Вахш ба мавҷи Панҷ гуфтем дуруд.

Аз мақдами мо чароғи маҳфил бишукуфт,

Раҳтўшаи мо буд гули шеъру суруд.

Мо дар деҳи Хостав шабе меҳмонем,

Дар манзили аҳли тарабе меҳмонем.

Нур аз Раҳи Каҳкашон ба сар меборад,

Гўё ба маҳеву кавкабе меҳмонем.

Ин Девдара аҷаб шаҳоматнок аст,

Як шонаи он ба домани афлок аст.

Чун аз камараш шоҳраҳе бикшодем,

Донист, ки меъмори замон бебок аст.

Эй пайраҳи Тангнои дериназамон,

Аз тангии ту намонд як нақшу нишон.

Дар ҷои ту сохтем аҷаб роҳи фарох,

То бо ҳама рафтуо кунанд аҳли ҷаҳон.

Аз дидани ҳусни манзара маст шудем,

Гўё ки зи бодаи сара маст шудем.

Аз тозатарин ҳаво гирифтем нафас,

Аз бўйи гули хори дара маст шудем.

Дар кишвари мо, ки олами кўҳсор аст,

Пайроҳа ба мисли мўи сар бисёр аст.

Наздик шавӣ ба Қуллаи Ахтаргир,

Оҳиста бирав, роҳи нафас душвор аст.

Мардист ба дида сипари раҳсозон,

Сарчашмаи роҳи зафари раҳсозон.

Ҳар гоҳ ки аз ин раҳи кўҳӣ гузарӣ,

Ёд ор зи фазлу ҳунари раҳсозон.

Эй озими роҳи дур, хуш бод сафар,

Аз кўҳ ту бо хотири осуда гузар.

Ин раҳ сари қуллаҳост чун нусрати вақт,

Хуршеди саҳар зи шонаи кўҳ нигар!

Шаҳроҳи Қароқурум, аё ҷодаи аср,

Шаҳроҳи ба ҳукми вақт омодаи аср.

Сарриштаи сарнавиштҳо дар кафи туст,

Дасти мададе бидеҳ ба ҳар зодаи аср!

Қурбони касе шавам, ки аз роҳи видод

Дар мактаби дўстии мо дарс бидод.

Аҳсант ба марде, ки дари ҷанг бубаст,

Бар ташнаи зиндагӣ раҳи сулҳ кушод.

Якҷоя раҳи нек бипўем, накўст,

Як нуқтаи бад ба ҳам нагўем, накўст.

То дар дилу дидаҳои ҳақ раҳ ёбем,

Дасту дили ҳамдигар биҷўем, накўст.

Хушпоиқадам шавем, хушпоиқадам,

Бо лутфу карам шавем, бо лутфу карам.

Чун сурати роҳу пайраҳи қисмати хеш

Пайванд ба ҳам шавем, пайванд ба ҳам.

Дар ишқ фурўзандаи гулхан бошем,

Чун ламъаи як чароғи равшан бошем.

То киштаи орзуи мо бор диҳад,

Чун чашмаи марзҳои Меҳан бошем.

Аз дашту даман нидо расад: об диҳед!

Аз боғу чаман садо расад: об диҳед!

Аз синаи пуртобутаби ташналабон

Бар гўши дилам наво расад: об диҳед!

Дунёи сафо нест, агар борон нест,

Ҷуз об ба дарди зиндагӣ дармон нест.

Дӣ ғунча зи ташнагӣ шикоят мебурд:

Ҳар кас, ки ба гул об надод, Инсон нест!

Чун қатраи беқарор як дил дорам,

Чун зарраи нуру нор як дил дорам.

Эй Чашмаи Носир, чӣ аҷаб шаффофӣ,

Чун ҷўши ту беғубор як дил дорам.

Дар деҳкадаи Лангарат, эй Ишкошим,

Дидем гули манзарат, эй Ишкошим.

З-оинаи Гармчашмаи ту пайдост

Гаҳвораи зебу фарат, эй Ишкошим.

Дар соҳили Панҷ, дар бари сардарае

Пайдост аҷаб чашмаи хушманзарае.

Аз синаи кўҳ медамад шири сафед–

Тобанда чу дидагони оҳубарае.

Шаҳкўли фарози рўйи дунёст Сарез,

Ҳамчун дили аҳли ҳақ муҷаллост Сарез.

Азбаски рабуда ранг аз сақфи сипеҳр,

З-ин рў чу фурўғи ў мусаффост Сарез.

Ҳусни ҳунарат дил бибарад, Вахши дамон,

Мавҷи ту сурур оварад, Вахши дамон.

Дунёст ба ҷўши ғалаёнат мафтун,

Чун оби ту оташ офарад, Вахши дамон.

Эй дил, бишунав руду суруди Камароб,

Огоҳ шав аз буду набуди Камароб.

Хоҳӣ, ки шавӣ ҳамнафаси мавҷи замон,

Рав, хайма бизан дар лаби руди Камароб!

Эй рўдаки шўхшанги воло, Камароб,

Эй зодаи ашки пиряхҳо, Камароб,

Умре чу ҷавонмард давӣ аз пайи ҷуд,

Мастона равӣ ба шўру ғавғо, Камароб.

Қад-қадди ту зарбед гулафшон дидам,

Аз ангату настаран фаровон дидам.

Як бахши биҳишти нақди ин дунёро

Дар водии зарфишони Раштон дидам.

Алҳақ, Камароб, рўдаки ноб туӣ,

Ҳамсояи Сорбоғу Сурхоб туӣ.

Чун дар шаби маҳтоб бидидам тобат,

Пиндоштаме, ки шири Маҳтоб туӣ,

Ман шефтаам ба оби ноби Қаратоғ,

Ояд чӣ шамиме зи гулоби Қаратоғ.

Аз коми Алии ошиқи деринаш

Ҳаргиз наравад лаззати оби Қаратоғ.

Чангоб, зи чанги оби ту маст шудам,

Мастии туро дидаму аз даст шудам.

Ман ошиқаму доманат аз каф надиҳам,

Чун қатра ба чангоби ту пайваст шудам.

Марди баҳунар ҳунарварӣ меҷўяд,

Аз боғ абири анбарӣ меҷўяд.

Ҳар бори гузаштан аз чаманҳои Ҳисор

Дил оби шифои Шанбарӣ меҷўяд.

Анзоб, яке мўъҷизи кўҳистонӣ,

Чун неъмату нўши зеби дастархонӣ.

Нўшем турову ёди Замзам бикунем,

Ҳаққо, ки ту эҳсони дари яздонӣ.

Анзоб, аҷаб мавҷи ту ғулғулфикан аст,

Сар то қадамат пушту паноҳи чаман аст.

Ҳар қатраи ту яхобро мемонад,

Дар айни тамуз оби дандоншикан аст.

Донӣ, ки Сиёма чашмаи ноб бувад,

Чун модари шаффофтарин об бувад.

Бовар накунӣ агар ба ин ҳикмати ҳақ,

Шояд, ки туро нури басар хоб бувад.

Эй Хоҷаи Обигарми пурфаввора,

Бо шасти тамом меҷаҳӣ аз хора.

Сўят ҳама оянд ба уммеди шифо,

Бошад, ки ба дардашон бубахшӣ чора.

Баҳ-баҳ, чӣ баланд қадди ин шаршара аст,

Бо ҳусни сара сафои ин манзара аст.

Чил кокули майдабоф дорад чу арўс,

Ин духтари кўҳ, ё парии дара аст?!

Умре бишунидем ғазалхонии ту,

Чун мутриби хушадо хушилҳонии ту.

Дарёи Зарафшон, ту ба заргар монӣ,

Дунё ҳама дидаст зарафшонии ту.

Бар манзари сабзазор дилдода манам,

Дилдодаи Ҳафткули озода манам.

Дар ҳифзи хуҷастапайкари яздонӣ

Умрест, ки бо амри дил омода манам.

Дар хоби шабам Кўли Сикандар дидам,

Обаш чу рухи парӣ мунаввар дидам.

Дар ҷилваи ин парии обӣ ба назар

Сарсабзии пуштаҳо зи манзар дидам.

Як шаб ба лаби Кўли Сикандар будам,

Мафтуни шаби Кўли Сикандар будам.

Ҷон аз нафаси насимаш осоиш ёфт,

Тифли тараби Кўли Сикандар будам.

Ҳар гаҳ ки ба марзи Истаравшан бирасам,

Шукрона барам, бафайзи гулшан бирасам.

Гар азми тамошои Ҳавотоғ кунам,

Бар тозатарин ҳавои баҳман бирасам.

Ин чашмаи соф чашмаи Деҳмой аст,

Домони саховаташ аҷоиб ҷой аст.

Гулбарги тару сояи маҷнунбедаш

Чун хотири аҳли дил фараҳафзой аст.

Гуянд: канори оби Ҷайҳун чӣ хуш аст,

Шўхии насими мавҷи Сайҳун чӣ хуш аст.

Оре, ҳамаи ин чӣ гуворост, вале

Бо нози нигору майи гулгун чӣ хуш аст.

Сайҳун, чӣ ҷалолати расое дорӣ,

Оғўши фароху дилкушое дорӣ.

Паҳнои ту чун ҳусни уфуқ нопайдост,

Фирўзақабои пурҷилое дорӣ.

Чун умри башар шитоб дорӣ, Сайҳун,

Дар дил ту чӣ изтироб дорӣ, Сайҳун?

То бо нафасат ба доди мардум бирасӣ,

Тобу тоби беҳисоб дорӣ, Сайҳун.

Сайҳун, Сайҳун, қиблаи ин хона туӣ,

Дунёи умеди дили фарзона туӣ.

Чун сархати нур меравӣ боғ ба боғ,

Хуни шараёни марзи Фарғона туӣ.

Ҳар неъмати дунё, ки фаровон бошад,

Ҳарчанд ки пурбаҳост, арзон бошад.

Дар ҳар ватане, ки об камёб бувад,

Ҳар қатраи он ба ҷои марҷон бошад.

Сарсабзии олам самари об бувад,

Шодобии вақт аз асари об бувад.

Бар ҷилваи хўшазори гандум бинигар,

Ҳар хўша ба ранги гуҳари об бувад.

Файзи нафаси об тароватрез аст,

Файзе, ки аз он насим анбарбез аст.

Имрўз чу фарри водии Фарғона

Оғўши Ҳисору Вахши мо зархез аст.

Дар қатраи об оламе мебинам,

Дар зарраи ноб оламе мебинам.

Ҳар гаҳ, ки ба мавҷи зиндагӣ дарнигарам,

Дар нози ҳубоб оламе мебинам.

пешина
аз 63
навбатӣ