«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Саидҷон ҲАКИМЗОДА
НИЁИШ
Зи пеши роҳи ростон фиканда кўҳу бора бод,
Ба рағми доду беғамӣ баланд дасти чора бод.
Зи нобарорӣ ин дили ғамину сардгаштае
Ба сина гарм аз дигар, зи нав пур аз шарора бод.
Сари касе, ки ҷангро умеду орзу кунад,
Ба зери роҳи оҳану ба зери сад қатора бод.
Рухи тамоми дўстон чу офтоби нурбор,
Дили сиёҳи душманон чу абри пора-пора бод.
Барои ҷоннисорҳо ситорае ба бар кам аст,
Ба номашон дар осмон ҳазорҳо ситора бод.
Яқин бувад, ки аз азал савораҳо савораанд,
Кафи дуо ба рў кашам: пиёдаҳо савора бод!
Муҳаббати диёри мо ба қалби беканори мо
Чу меҳри модарони мо бузургу беканора бод.
\* \* \*
Бенамозонро ҳавои Хонақо бегона аст,
Дар мазори подшаҳ гўри гадо бегона аст.
Пўчаке қадре надорад аз барои заргарон,
Марди соҳибдидаро чўби асо бегона аст.
Ҷуғз дар вайрона аз булбул бувад болонишин,
Бар навонофаҳм маънии наво бегона аст.
По агар сўзад, давӣ то бар лаби оби равон,
Бар каси бедард дорую даво бегона аст.
Кӣ магасро дид болои гули хушбўи боғ?
Булҳавасро нашъаи меҳру вафо бегона аст.
Дасти касро мо набўсидем аз рўи тамаъ,
Сарбаландонро паноҳи илтиҷо бегона аст.
Мо ба чашми худ, Саид, ин рўзгорон дидаем,
Ҷанг байни хеш хезад, ошно бегона аст.
\* \* \*
Бародарҳо, бародарро маранҷонед, некў нест,
Ки як одам баланд аз одами дигар сари мў нест.
Фазои нашъаи найрангҳо дуди фано дорад,
Бипарҳезед аз кайфаш, ки он дуди тамоку нест.
Такопўҳои инсонро мапиндоред беҳуда,
Ки дунё бо бузургиҳош асло бетакопў нест.
Самар овард бояд дар ду-се рўзе, ки меҳмонем,
Дарахти умри одам нахли сарсабзи лаби ҷў нест.
Гуноҳи мо, савоби мо намонад ҳеҷ бепурсиш,
Ягон бозор дар ду даҳр бесангу тарозу нест.
Ҷаҳондоро, чӣ суд аз ман–маниҳои ду-серўза,
На ин дунё, на он дунё ба фармони ману ту нест.
Абдуллоҳ ҚОДИРИИ МУМТОЗ
МУХАММАСИ ДЎСТӢ
Дар тапиши дил аз суруди ҷонфизои дўстӣ,
Ранҷҳо маҳви навои дилрабои дўстӣ.
Тобад андар дидаҳо мавҷи зиёи дўстӣ,
Боиси эъҷозҳо бошад бақои дўстӣ,
Меҳр ҷўшад дар дили мо аз ҳавои дўстӣ.
Қосиди айём дорад муждаҳо аз рўзгор,
Гулшани аҳбоб сарсабз аст ҳамранги баҳор,
Орад иқболи ҳумоюн меҳнати халқи диёр,
Мезанад боли таманно мурғи дил лайлу наҳор,
Фатҳи нав-нав гашт анбози ливои дўстӣ.
Мавҷи гулҳои чаман шўр афканад дар ҷони мо,
Медурахшад орзу андар дили ҷўшони мо,
Дўстӣ бодо ба сар хуршеди нурафшони мо,
Халқи олам дар раҳи сулҳанд ҳампаймони мо,
Росту ҳамвор бошад роҳҳои дўстӣ.
Ханда дар лабҳои тифлон аз саодат гул кунад,
Рўи ёрони гиромӣ аз садоқат гул кунад.
Аз навозиш ғунчаи боғи рафоқат гул кунад,
Дар сиришти ҳар суханпарвар муҳаббат гул кунад,
Ғулғулафкан бод дар олам садои дўстӣ!
ДУ ДУБАЙТӢ
Ривоҷи зиндагӣ аз кори сулҳ аст,
Халоиқ ҷумла байрақдори сулҳ аст.
Ба чашми ҷангҷўён оганад хок,
Ҳар он кас зидди ҷангу ёри сулҳ аст.
Ба ҳукми сулҳ зидди ҷанг кўшем,
Ба роҳи донишу фарҳанг кўшем.
Ба саъйи он ки ин дунёи мавҷуд
Амон бошад, ба як оҳанг кўшем.
Раҷабалӣ РОҒӢ
СОҲИБВАТАН
Олам ҳама боғу по ба боғам наравад,
Бе ҳусни Ватан гули чароғам надамад.
Он ҷо, ки ба тифлиҳо фитодам боре,
Бўи хуши хокаш аз димоғам наравад.
Байроқи Ватан чу ҷомаи беқасабам,
Ҳушдор диҳад зи Оли Сомон насабам.
Дар сина шарори оташи Зардуштам,
Ман душмани хеш бо маонӣ куштам.
Дар домани кўҳи сарбаландам зоданд,
Дар соҳили руди дилписандам зоданд.
Бо фитрати зотиву дили шаҳбозӣ,
Хушҳолу закиву ҳушмандам зоданд.
Бинам, ки Ватан боз ҳам обод шавад,
Афзунтар аз он хотири ман шод шавад.
Дил болад аз ин ҳол, бирўяд гули завқ,
Савти дигари тарона эҷод шавад.
Ҷон баҳри Ватан супурданам–хушбахтӣ,
Сарзинда дар он намурданам–хушбахтӣ.
Имрўз баҳораму саҳар барги хазон,
Дар хоки Ватан фасурданам—хушбахтӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё