«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Нуралӣ АЮБӢ
ИСТИҚЛОЛИ МО
(Суруд)
Шамси рўҳафзост истиқлоли мо,
Шодии дилҳост истиқлоли мо.
Зеби сад дунёст истиқлоли мо,
Ҳозиру фардост истиқлоли мо.
Ин Ватан обод гашт аз файзи он,
Номи мо машҳур шуд бо ориён.
Шоҳид-и он мардуми рўи ҷаҳон,
Аз ҳама болост истиқлоли мо.
Ташна мо будем бо оби ҳаёт,
Сўи он мондем по бо эътиқод.
Ин саодат халқи моро даст дод,
Ҳамчунон дарёст истиқлоли мо.
Ин ато бар халқи тоҷик бебаҳост,
Тоҷики имрўза дар нашъу намост,
Сарвари мо халқи моро раҳнамост,
Тозаумри мост истиқлоли мо.
Шўҳрати ин давру даврон зинда бод,
Ному нанги оли сомон зинда бод!
Тоҷикону Тоҷикистон зинда бод,
Ганҷи беҳамтост истиқлоли мо.
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикам бо нури истиқлол шуд овозадор,
Шодмонам, мекунам бо номи некаш ифтихор.
Файзи истиқлол ўро кард машҳури ҷаҳон,
Мекунам хизмат ба ў бо ҷону дил фарзандвор.
Дар дили ман нури меҳраш дар забонам номи ўст,
Лозим ояд, аз барояш мекунам ҷонро нисор.
Зиндаам бо номи ўю зиндагии ман вай аст,
Ҳамчунон фарзанд номаш ҳаст дар ҷон устувор.
Хуш, ки ҳардам мешавӣ ободу зебову бузург,
Эй Ватан , эй Тоҷикистон, кишвари доимбаҳор.
Мекунад шукронаҳо халқам ба номи неки ў,
Ҷамъи фарзандони ту ҳастанд бономусу ор.
Чун биҳишти рўи дунё дар ҷаҳон машҳур ту,
Гаштаӣ бо ин сифат дар рўи дунё номдор.
Шодам ин ки чун Аюбӣ дўст медорам туро,
Боз аз он шодам, ки ҷамъи тоҷикон хешу табор.
Лутфи ХОМЎШ
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МУБОРАК
ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ
Тоҷик аз рўзи азал озода зода буду ҳаст,
Сарнавишташ дар ҳама дунё дурахши бахт шуд.
Номи ў то авҷи арши чархи манўӣ расид,
Дар ҷаҳон бишнохта бо ному тоҷу тахт шуд.
Лек душманҳои ў аз ҷони ў боло шуданд,
Қалби ўро хасми ў монандаи шайтон гирифт.
Душманаш аз ҷони ў бархоста тахташ гирифт,
Гўиё, ки дар даҳонаш луқмаро осон гирифт.
Ў ба аъдояш зи қисмат ҳамдаму ҳамхона шуд,
Дўсти ҳамхонаи ў душмани ҷонаш бишуд.
Нони худ бо гушначашме доду шуд ҳолаш табоҳ,
Ҳамнишини тангчашмаш соҳиби хонаш бишуд.
Шаҳди истиқлол гарчи дер шуд дар коми мо,
Лек он дармони нав дар пайкари тоҷик шуд.
Бахт аз дигар ба рўи тоҷики ман ханда кард
Бахтбони боадолат сарвари тоҷик шуд.
Боз ҳам шукронаи яздону мардони асил,
Баҳри сулҳи пойбарҷо қаҳрамонӣ кардаанд.
Гардани навмедии садсоларо бишкастаанд,
Баҳри хоки поки кишвар ҷонфишонӣ кардаанд.
Сарвари миллат чу хуршеди Ватан омад падид,
Шўҳраташ андар сиёсат олами дилҳо гирифт.
Ҳиммати Ҳотам ба ў хос асту ҳукми оқилон,
Тоҷикистон дар нигоҳи равшанаш маъво гирифт.
Ҷаҳд бинмуда барои пешрафти кишвараш,
Роҳҳоро мебарад то баҳр аз кўҳу камар.
Роҳҳои зиндагӣ бикшод баҳри тоҷикон,
Зери бори миннати душман намонад, то дигар.
Нури барқи Сангтўда, нури Роғун баъд аз ин
Дар қатори нури Норак баҳру бар равшан кунад.
Тоҷикистонро чу мулки нур бишносад ҷаҳон,
Пиру барно ифтихоре аз чунин меҳан кунад.
Нақби «Истиқлол» роҳе мекушояд бо низом,
То ки шаҳроҳе ба васли тоҷикон пайдо шавад.
Аз ҷудоӣ нест ҳарфе байни фарзанди ватан,
Дар ғарибӣ душмани эшон ҳама расво шавад.
Тоҷикистон, марзу буматро муқаддас хондаам,
Ҳар ваҷаб хоки туро бо қиммати ҷон мехарам.
Меҳри ин миллат ба виҷдонам ба армонам қавист,
Покии номи туро бо нақди имон мехарам.
Тоҷикистон, рамзи давлатдориат бошад аён,
Он таҷассум мекунад ояндаи рахшони ту.
Ҳам нишони давлатат зебо ба ранги зиндагӣ,
Ҳам суруди миллатат сар то ба по армони ту.
Тоҷикистон, ахтари рахшандаи асри навин,
Тоҷикистон, ту сафобахшандаи рўи замин.
Тоҷикистон, ваҳдаторо, лоиқи сад офарин,
Тоҷикистон, тоҷиконро, тоҷи дунёро нигин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё