«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ БУД
Мечакад аз боли кафтарҳои субҳ
Шабнами рўзи навин.
Метаровад накҳати субҳи навин
Бар ҳарири барги гулҳои замин.
Медарояд аз дарича рўшанӣ
Чун шаҳаншоҳи замон.
Аз булўри равшании субҳгоҳ
Мемакад чун тифл хоки зарфишон.
Ин чӣ субҳе ногаҳон буд?
Тоҷикистон дар лиҳефи парниён буд.
Субҳ эъҷозе зи шаб буд?
Ё ки меросе зи хобу тобу таб буд?
Дастовезе магар аз ин ҷаҳони зол буд,
Ин чӣ қилу қол буд?
Ин чӣ субҳе буд, пойи шомгоҳ
Офтоб омад ба истиқболи моҳ.
Ин фиребо тўҳфа буду бехтарини сол буд,
Муждае аз бахту аз иқбол буд!
Субҳ бахт полид он субҳ,
Гул ба боғи зиндагонӣ зарфишон сабзид субҳ.
Хандаҳо дар хандаҳо чун мавҷ дар амвоҷи мавҷ
Дар ду соҳил, дар лаби мо бозӣ-бозӣ доштанд,
Бар сипоҳи зоиди ғам турктозӣ доштанд.
Дар лаби мо, дар дили мо
Ханда мерақсид он субҳ,
Бахт механдид он субҳ.
Ноумедӣ дар дили амвоҷи шодони умед,
Дар нигоҳи рўзи испед
Ғарқ мегардид он субҳ.
Ибтидои олами иқбол буд,
Рўшании рўзи некўфол буд.
Хоки ифрити гунаҳ дар чанбари ғирбол буд,
Ғам ба зону сар ниҳода хастаҷону лол буд,
Субҳи истиқлол буд!
ЯУ СУБҲИ САФО ХАНДИД
Сад навдаи истиқлол дар равзаи мо хандид,
Дар пои шаби дунё як субҳи сафо хандид.
Захми тани Айниро ваҳдат ба ҳам оварда,
Иблис шуда гирён, Одам ва Ҳаво хандид.
Пўшонд сияҳабре рухсори маҳи равшан,
Аз пушти саҳоби субҳ маҳтоби само хандид.
Чун сайд ба дом афтод рўзи ману рўзи ту,
Хуршеди ҳаёт аз меғ по карда раҳо, хандид.
Мурғи саҳар аз гулбун гар дур зи базм уфтод,
Як субҳ даруни боғ булбул ба наво хандид.
Дар домани абри бахт гул ҷомадарон омад,
Дунёи фано гирён, дунёи бақо хандид.
Аз ваҳдату истиқлол шукрона ҳазорон бор,
Уммед ба сони гул бо нашъунамо хандид.
Дар шашдари ин дунё хушбахт шуда тоҷик,
Ин нўҳ қабат гардун то арши Худо хандид.
Лутфишоҳи ДОДО
ТОҶИКИСТОН
Худоё, аз гапи тифлонаю гунгонаи чанде,
Туро, ай зилзила дар сина омад, сахт ҷунбидӣ.
Тагорў гашт хоки ту, ба хуни синаат тар шуд,
Дару девори бурҷи тори ту абгор гардидӣ.
Ба рўи шаҳчанорат лонаҳои холии бешанд,
Кабўтарбаччаҳоят аз сари шохат бадар рафтанд.
Пару боли шикаста, тирхўрда аз камони хеш,
Ба минқораш гирифта мушти хоку дарбадар рафтанд.
Ҳазорон бор дар таърих уфтодам зи тири хеш,
Раҳи ҳиҷронии ман рафт бо роҳи ниёконам.
Ҳазорон бор теғу ханҷари хунини тифлонат,
Буриду пора-пора кард қалбат, Тоҷикистонам.
Зи кўрии ману манҳо шудӣ муфлистарин муфлис,
Зи ноогоҳии тифлат шаҳиди ханҷараш гаштӣ.
Ҳадиси оташу хаспора будӣ дар даҳони ў,
Ва охир сўхт ўву ғарқаи хокистараш гаштӣ.
Ба ҳар ҳоле, ки бошӣ саҷда орам зери пои ту,
Ба ҳар ҷое, ки бошам лонаам дар шохсори туст.
Ба ҳар ҷое, ки бошам лолаи меҳру вафодорӣ,
Ба кунҷи боғи тақдиру таманно дар канори туст.
Агар ман тирхўрда, аз дилат ҳам тир бигзаштӣ,
Агар ман синамурда, синаат хумхонаи зардоб.
Агар дар тангдастиям, ту ҳам чун фақри беҳолӣ,
Агар сарсони ҳар кўям, ту ҳам дар панҷаи гирдоб.
Ба ҳар ҳоле, ки мегардам, хаёлам дар ҳавои туст,
Ту чун Албурзию ман резаи санги Бадахшонам.
Ба ҳар мулке, ки бошам, соябонӣ бар сари банда,
Туи пушту паноҳам, қиблагоҳам, Тоҷикистонам.
Ба ҳар ҳоле, ки бошам обу ранги туст дар қалбам,
Зиёратгоҳи ман ҳар сахраат будию мемонад.
Ба қавли лаҳзаҳои охирини зиндагӣ, қалбам,
Ба рўи дору зиндонҳо суруди меҳри ту хонад.
Зи теғу тири фарзандат ҳазину сахт беморӣ,
Хати батлон ба гирдат мекашад зоғу қулоғи беш.
Зи ҳар сў каждуму мори фузуне аз раҳи кина,
Зи бурҷи санги сарди сайдхоҳӣ мезанандат неш.
Ҳазорон зилзила гар боз дар қалбат шавад пайдо,
Ба ҳар давру замон ҳастӣ чу шеди даҳр побарҷо.
На селат мефитонад, на шамоли кўи номардон,
Азеро ҷони ҷони ту бувад дар ҷони чун манҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё