«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
АРШИ ВОЛО
Гавҳари маънии дилҳоӣ бароям, Тоҷикистон,
Тахту бахти арши волоӣ бароям, Тоҷикистон.
Файзборӣ, файборӣ, ҳимматат пайғамбарист,
Кўчакию кулли дунёӣ бароям, Тоҷикистон.
Дар диёри беш бо лафзаш сухан гўянд, аммо
Рўи хоки даҳр яктоӣ бароям, Тоҷикистон.
Бо ҳама ин сахразору бо шикасту рехтан
Дар қашангӣ зеби дунёӣ бароям, Тоҷикистон.
Навбаҳори сармадият бист солеро бидида,
Дар нигаҳ сар то самоҳоӣ бароям, Тоҷикистон.
Лаҳни сангу обу хоку сабзаву паррандагонат,
Ҳамчу лафзи мом фаҳмоӣ бароям, Тоҷикистон.
Як замон марги ману миҳан расидӣ, оҳ, оҳе,
Гашта пайдо чун Масеҳоӣ бароям, Тоҷикистон.
Ҳамд мегўям, ки аз афтоданат бархостӣ боз,
Ин бувад дарси тавоноӣ бароям, Тоҷикистон.
Борҳо бероҳа гаштам аз хати ҳастии худ ман,
Боз роҳи тоза бикшоӣ бароям, Тоҷикистон.
Хасми таърихат ба қалбат ханҷари беше агар,
Бахти ман! Имрўз эҳёӣ бароям, Тоҷикистон.
Ҳамчу лафзи поки Сино, ҳамчу хуршеди самоӣ,
Рўи дунё пойбарҷоӣ бароям, Тоҷикистон.
Акбар АБДУЛЛО
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Лаҳни поки бебаҳои модарам,
Мекунам пайдо туро дар ҷони худ.
Эй мани лабташнаро оби ҳаёт,
Бишканам бо сози ту армони худ.
Эй забони панду шеъри Рўдакӣ,
Эй забони Бўалӣ, лафзи Шифо,
Эй давои дардҳои одамӣ,
Эй забони ваҳдати аҳли сафо.
Бар сари ту, бар сари фарзанди ту
Борҳо бишкаст шамшери аҷал,
Аз дами шамшеру теғи аҷнабӣ
Монда бар ҷони ту доғи бемаҳал.
Бар алайҳи душмани пуркинаат
Лаҳни ту то лафзи ту бе кина монд.
Душмани садрўй омад бар сарат,
Меҳри ту якрўй чун оина монд.
Гар касе хезад ба қасди куштанат,
Ман ба разми душманат хезам ба по.
Ҳамчу Фирдавсӣ туро эҳё кунам
Бўалӣ гардам, туро созам даво.
Эй ту лаҳни модарӣ, худ омадӣ,
Бар ниҳоди ман зи шири модарам,
Зинда медорам туро дар шеъри худ,
Аз ту орам сеҳр бар шеъри тарам.
\* \* \*
Одами хушаслро ному нишонаш шоҳид аст,
Ҳар замонро бин, ки фарзанди замонаш шоҳид аст.
Он ки сар бинҳод зери хок бо номи Ватан,
Зери ин афлок номи ҷовидонаш шоҳид аст.
Кўҳнаоламро ба ҳайрат монд Фирдавсии Тўс,
Рўҳпарвар то кунун шеъри равонаш шоҳид аст.
Ёд агар орем аз назми баланди тоҷикон,
Рўдакиву Ҳофизи ширинзабонаш шоҳид аст.
Кўҳҳои тоҷикон аз доғи армон шуд баланд,
Шоҳи Тирандоз бо Чилдухтаронаш шоҳид аст.
Сар шавад таърихи тоҷик аз «Авасто»-и қадим,
Ворисонашро китоби «Тоҷикон»-аш шоҳид аст.
\* \* \*
Тоҷикистон, васфи ту бо ҳарфи нав сар мекунам,
Васфи ту бо рангу бўи тозаву тар мекунам.
Шодмона зистам дар ту мани кўҳдоманӣ,
Ҳамнишинӣ гўиё бо моҳу ахтар мекунам.
Аз ҳама болоиҳои кўҳсори сангзод,
Фахрҳо чун тифли кўҳ дар баҳру дар бар мекунам.
Фахри миллат гаштаанд имрўз фарзандони ту,
Номашон бо ифтихори нав ба дафтар мекунам.
Сабзу хуррам дар миёни кўҳҳои сарбаланд,
Ман туро тасвир чун боғи муаттар мекунам.
\* \* \*
Дур аз марзи Ватан умр чи сон мегузарад?
Ба ғам ғуссаву фарёду фиғон мегузарад.
Ҷумлаи дарду аламҳои Ватан чун армон
Аз дили мардуми овора ниҳон мегузарад.
Бўи ҷонбахши Ватан ҳар гаҳе ояд ба машом,
Ҷони озурдаам аз кавну макон мегузарад.
Ҷисму ҷон сўхта хокистари бар бод шавад,
Зиндагӣ бе ҳадафу ному нишон мегузарад.
Аз Ватан дур ба ҳукми гули пажмурда бувад,
Бе тароват ҳаме аз дори ҷаҳон мегузарад.
Гар ба ҳурони биҳиштӣ бувӣ дар боғи Ирам,
Ҳама бе атри Ватан мисли хазон мегузарад
Акбаро, шукри ватандории худ гир намоз,
Бо Ватан зиндагӣ бе суду зиён мегузарад.
Зиё РАҲМОН
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, ори ман, номуси ман, нангам туӣ,
Сарнавишти пок дар пешонии сангам туӣ.
Тоҷикистон, хонадони бахти ман, эй тахти ман,
Ҳафт гардун, ҳафт ахтар, ҳафт аврангам туӣ!
Достони бостонии ватандории ман,
Ҷилди қомусам туӣ, девони фарҳангам туӣ.
Сарзамини ориёии авастоии ман,
Саҷдагоҳи ман, нигористони Аржангам туӣ.
Мекунам шукронаи ҳастии раҳмонии ту,
Кишвари хуршедии ман, нур дар рангам туӣ.
Месароям, меситоям ман туро бо хуни дил,
Эй Ватан, эй Тоҷикистон, созу оҳангам туӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё