Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.
Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа
Леонов. Ана, ин хонаи ману бибиат буд… Солҳои ҷанг дар ин ҷо одамонро азоб медоданд…
Данка. Кӣ?
Леонов. Фашистҳо… Ҳамеша азоб медоданд одамонро онҳо…
Данка. Барои чӣ?
Леонов. Барои он ки маҷбур шуда Ватанашро фурўшад кас.
Данка. Ватанро чӣ хел фурўхтан мумкин?
Леонов. Сарри ҳарбиашро ошкор мекунӣ, тамом.
Данка. Мана, ман, масалан, сирри ҳарбиро намедонаму ошкораш ҳам карда наметавонам… Пас барои чӣ маро азоб диҳанд?.. Ватанро ҳам намефурўшам ман! Ту худат, бобоҷон, сирри ҳарбиро медонистӣ?
Леонов. Медонистам.
Данка. Пас, туро азоб доданд?
Леонов. Азоб доданд…
Данка. Душвор буд?
Леонов. Бисёр…
Данка. Ва фош накардӣ онро?
Леонов. Фош накардам.
Данка. Ту қаҳрамонӣ, бобоҷон…Пупси ҳақиқиӣ!
Леонов. Кӣ-ӣ?
Данка. Як полис… Аз мултик… Полисе, ки ҳамеша роҳзанонро мағлуб мекунад.
Леонов (андешамандона). Пупс…
Данка. Ту ба наздикӣ мемурӣ, бобоҷон?
Леонов. Ҳа, наздик омад…
Данка. Ман бошам, ҳеҷ вақт намемирам… Маэстро мегўяд, ки мусиқӣ намиранда аст… Ман ғиҷак менавозам. Ва, ба гуфти ў, хуб менавозам. Бинобар ин, ҳеҷ вақт намемирам.
Садои таркиш.
Чӣ аст ин, бобоҷон?
Леонов. Дар сохтмон ким-чӣ афтид… ҳа гуфта, сохта истодаанд, барои амаку холаҳои хориҷиат…
Данка. Туву бибиамро ҳам аз он ҷо хона медиҳанд?
Леонов. Не. Мо дигар ҷо меравем. Аз ин ҷо дур. Ҷангал аст он ҷо, кўлаш қуи бисёр дорад, бобову бибиҳои зиёде онҷо зиндагӣ мекунанд. Ту хабаргириамон меоӣ, бароямон ғиҷак менавозӣ…
Баъд ману ту моҳӣ мегирем, занбурўғ мечинем.
Данка. Бобоҷон, барои чӣ шумо ҳамроҳи мо зиндагӣ намекунед?
Леонов. Данка. Леонов. Ҳамин хел шуд, ҷонакам, ҳамин хел…
Ту очаамро нағз мебинӣ, ҳа?
Аз куҷо ёфтӣ ин гапа… Ту, ки бачааш ҳастӣ, нағзаш мебинӣ-ку…
Данка. Нағзаш мебинам…
Леонов. Ана, ҳамин хел, ў духтари ман аст… Ва ман ҳам… нағзаш мебинам…
Данка. Набошад, наравед назди кўл, ҳамроҳи мо зиндагӣ кунед… Ҳоло маро шофири очаам литсей мебарад, шумо ки бошед, ё худат мебарӣ ё бибиам…
Леонов. Эҳ, Данка, Данка… (Набераашро оғўш мекунад). Ягон чиз навоз барои ман…
Данка, ғиҷакашро бароварда, оҳиста-оҳиста менавозад. Леонов гўш ба ў додааст. Батадриҷ ба ғиҷак гармон ҳамовоз мешавад. Дар боз шуда, дар даст гармон, Старсев медарояд.
Старсев. Консерт барои ғиҷак ва гармон! Дуруди сарбозӣ ба диловарони нафақахўр ва набераҳои ҳамадони онҳо!
Леонов. Омадӣ? Ветеранҳои саҳна куҷо шуданд?
Старсев. Эҳ, гум шаванд ҳамаашон! Намеравам ман ба ҳеҷ куҷо!
Леонов. Пагоҳ ин ҷо даромаданат намемонанд. Бубин, маҳкам карда истодаанд.
Старсев. Ин ҷо ҳам намеоям! Ҳеҷ куҷо намеравам! Медонӣ, чӣ,
Леонов, ман… овораи бе касу кўй шудам! Расман! Ана, зиндагиву… ту чанд сўм пенсия мегирӣ? Ҳа? Хайр, нагўӣ ҳам, медонам… Акнун ин сў нигоҳ кун! (Аз кисаҳояш пули бисёре мебарорад.) Дидӣ? Кори дурўзаам! Ҳозир коняк менўшем… Беҳудакорӣ кардем як умр ману ту, беҳудакорӣ…
Леонов. Рэкет шудӣ-чӣ?
Старсев. Қариб ҳамин хел… Тасодуфан… ба вакзалам бурданд, билет хариданд… гуфтанд, ки дар Хукхона… ин … номи деҳа ҳамин хел… Хуллас, гуфтанд, ки дар Хукхона пешвозам мегиранд… Хайр, баъд саломатӣ хостанду дума хода карданд…
Поездро интизор шудам-интизор шудаму якбора чунон ғамгин шудам, ки қариб дилам мекафид… Гўё ҳамсилоҳони деринро тарк мегуфта бошам… Фаҳмидӣ?
Леонов. Фаҳмидам…
Старсев. Ҳар чӣ ҳам бошад, даҳ сол зистем зери ин бому байни ин деворҳо…
Леонов. Дувоздаҳ сол…
Старсев. Чӣ қадар сарбозро ба роҳи вопасин гуселонидем аз ин ҷо… Омада-омада… Хонаи ветеранҳои саҳна… Қариб гириста будам. Хулоса, аз алам гармонро баровардаму ба хараке нишаста, навохтан гирифтам… Чашмонам лиқи об, намедонам, чӣ қадар навохтаам… Як вақт сар бардошта бинам, атрофам - пури одам.
Ягон сӣ кас. Мазза карда, шунидаву тамошо доранд бемаззаҳо!
Якбора ба худ омадам… ва гармонро ба ғилофаш андохтан гирифтам. Ҳамин вақт як ҳабатаи бодӣ, наздик омада, «Маҳ, додо!»
- гуфту як пачка долларро ба пешам партофт. Дигарон ҳам, ҳар кас мувофиқи қудраташ, партофтанд… Ҳамин қадар гуфтам, ки «чӣ кор карда истодаед шумо, лозим не!», боздоштаашон натавонистам, мепартофтанду мепартофтанд…
Леонов. Ва ту гирифти?
Старсев. Ман наталбида будам, охир! Барои худам навохтам!
Леонов. Ту афсарӣ, Старсев.
Старсев. Будам, Леонов, будам афсар… Акнун - як нафақахури бесараму халос… на хона, на зан, на фарзанд… ҳама фарзандонам нахустин Рўзи Ғалаба, дар Югославия, аз тири дайдуе ба ҳалокат расиданд… Ха-а-й-р… Хуш, ки бошад, як кунҷак рафта, пулҳоро шумурдаму ҳуш аз сарам парид… Қариб раҳматӣ мешудам. Охир, дар умрам ин қадар пулро ба даст нагирифта будам! Ҳатто вақтҳои командири полк буданам! Ҳамин вақт автобус омад, лекин фикр кардам, ки куҷо равам ҳамон хонаи ветеранҳои саҳна?! Чӣ гум кардаам он ҷо? Масхарабози пири бисёре! Билетамро як сў ғуррондаму меҳмонхона рафта, ҷо гирифтам, долларҳоро санҷидам
- не, қалбакӣ не. Ресторан рафта, то таҳи қуртак задам…Ба ҷалабҳо чақа шудаам-е… Пагоҳӣ бедор шуда, аз дил гузаронидам, ки боз як санҷида дидан даркор, имрўз ҳам медода бошанд? Доданд! Рости гап, ин дафъа доллар неву аз пули худамон фаровон партофтанд!
Худоё! Хун рехтем ману ту… Тани ободамон намонд… Дилу ҷигарамон рехт… ҳама чиз - барои фронт гуфтем, ҳама чиз барои ғалаба гуфтем, Хама чиз барои Ватан гуфтем… Ворисонамон, ана, ҳамон Ватанро бо дастони худ гўронданд… ману ту наҷоташ додем, онҳо - гўронданд…
Леонов. Ҳо-о, дар он латифа барин… хизматгоре лаб-лаби дарё мерафтааст, дидааст, ки зани хуҷаинаш ғарқ мешавад… Худро ба об партофта, наҷоташ додаасту хона овардааст ва, ба хуҷаин арз карда, интизори мукофот шудааст… Хуҷаин бошад, ба сараш дод задааст, ки «чӣ кор карди ту, аҳмақ! О, ман худам ба дарё партофта будамаш!»
Старсев. Ҳо-о… Ғолибон будем… Савори самандҳои сафед…
Ҷилва мекардем дар майдон… Акнун кием - гадоёни харсавор… дар партовҷо ҷилва мекунем дигар…
Леонов. Ман гадо нестам…
Старсев. Бас кун! Набошад, кием ману ту? Кӣ будем то ҳол?
Кӣ? Фақат номаш зебо буд - Хонаи Қаҳрамонон, дар асл бошад… сағирахона. Бояд хонаи худро бунёд мекардем, хонаи шахсии худро… лекин, ба ҷои ин, як умр бо ким-кӣ ҷанг кардем, як умр барои ким-чӣ мубориза бурдем… Ва акнун ба касе… ба касе лозим нестем.
Леонов. Гўш кун, Старсев, ҳамин хел мешавад, кӣ як худи кас ҳақ бошаду атрофиён - ҳама ноҳақ?
Старсев. Не. Лекин ин хел мешавад, ки як худи одам аҳмақ бошаду дигарон - оқил… ин хел - мешавад.
Леонов. Барои чӣ ман ким-чиеро ҳеҷ намефаҳмам?
Старсев. Худро азоб надеҳ… Рафтем ҳамроҳи ман, ҳа?
Леонов… ман менавозам, ту - мехонӣ… Орденҳои туро бинанд, аз сарамон доллар мерезанд… Шаҳр ба шаҳр мегардем, мутрибони овора барин. Дунё мебинем… чӣ гуфтӣ, Леонов?
Леонов. Бикаш борониата… Ида қайд мекунем…
Саҳна торик мешавад.
Ҳамон ҳуҷра. Мизи ороста. Старсев, зери навои патефон, бо
Мария мерақсад. Леонову София назди тиреза истодаанд.
София. Рости гап, дада, содалавҳӣ мешаваду лекин бояд иқрор шавам, ки тамоми умр ба ту эҳтиёҷ доштам ман… Ба очаам низ… фахр мекардам бо шумо, лоф мезадам, лекин… бубахш, як умр сағира ҳис мекардам худро… Ҳамеша куҷое мешитофтед шумо, ким-киро тарғиб мекардед, ким-чӣ хел маҷлисҳо меоростед, аз минбарҳо суханҳои оташин мегуфтед… ман бошам… Сари дастони туро орзу мекардам… ҳоло ҳам орзу дорам… тамоми умр чунин менамуд, ки ба шумо лозим нестам ман. На ба ту, на ба очаам…
Леонов. Бас кун гапҳои бемаъниро. Туро бист сол интизор будем мо… Баъди ҷанг очаат, барои чӣ бошад, ки солҳои зиёде кўдак карда натавонист… Вақти таваллуд шудани ту аз чил гузашта буд… Духтурҳо зойданашро манъ карданд, лекин ў… таваллуд накарда наметавонист…
София. Писар мехостед?
Леонов. Ҳа, писар…
София. Шояд барои ҳамин маро нағз намебинӣ?
Леонов. Гапи беҳуда… мардҳо ҳама писар мехоҳанд, лекин духтарҳояшонро бештар дўст медоранд…
София. Чандон ҳис намешуд…
Леонов. Ҳар кас ба таври худ дўст медорад. Чӣ хеле ки тавонад… Ту тасаллои дили мо будӣ. Боре очаат хаскулоҳе харид, ту, онро пўшида, назди оина чарх мезадиву мегуфтӣ: «Мўи зарду кулоҳи хас дорам… Мўи зарду кулоҳи хас дорам…»
София. Магар мўи ман зард буд?
Леонов. Пахта барин сафед буд мўят! Модарат Пахтамоҳ номиданиат буд…
София. Барои чӣ София ном мондед?
Леонов. Ба хотираи Пировская…
София. Ҳамон… террорчизанак?
Леонов. Инқилобчизанак.
София. Маълум, дигар хел ҳам шудани ман номумкин буд. Бо чунин модархонд…
Леонов. Бас кун.
София. Шояд бо мо бимонед, ҳа, дада? Ман ба қарибӣ ба хориҷа меравам. Дуру дароз он ҷо мемонам. Биёед, дар хонаи ман зиндагӣ кунед… Чӣ гуфтӣ, дада?
Леонов. Метарсам ман, Сония…
София. Аз чӣ?
Леонов. Мегўянд, ки асбобҳои инзамонӣ натанҳо рўҳи одамро ташхис кардаанд, балки вазни рўҳашро баркашидаанд. Ҳатто баркашидаанд… Як рўз вақту соати мо мерасад ва рўҳамон бояд ба ҷое ошён гузорад…
София. Чӣ ҷои тарс аст?
Леонов. Метарсам, ки рўҳам саргардону бесоҳиб мемонад…
Ақиб нигарам - холӣ, пеш нигарам - тираву тор…
София. Чиҳо мегўӣ, дада?!
Старсев. Эй одамони нек! Банда ба ҳолате расид, ки ҳатман бояд нўшбод бигўяд! Леонов, қатъиян талаб мекунам, ки банда сари миз хонда, нўшонда шавад…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё