Зеҳн
Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.

Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ду аскари ҳамдеҳа болои теппаи баланде суҳбат мекарданд. Яке аз онҳо, ки бо дурбини дасташ паноҳгоҳи душманро назорат мекард, гуфт:

− Ҳамон хобатро бори дигар нақл кун. Шаби гузашта хобам бурд, хуб шунида натавонистам.

Аскари рафиқаш хобашро ҳадди ақал даҳ бори нақл карда бошад ҳам, эътироз накарда, ин бор ҳам ба нақл сар кард.

− Хоб дидам, ки шаҳид шудаам ва Худованд маро ба ҷаннат гузошта, панҷ ҳури биҳиштӣ низ додааст.

− Дӯстам, фикру хаёлат ба ҳурон банд аст?

Боз якто ҳам не, панҷто... – луқма партофт рафиқи ҳамхизматаш.

Вале аскаре, ки хобро нақл мекард, ба шӯхиву истеҳзои рафиқаш эътибор надода, нақлашро идома дод. Вай аз оби чашмаҳои мусаффои ҷаннат, аз паёмбарони дар ҳоли суҳбат нишастаи канори он чашмаҳо, аз аҳволи он ҳамхизматонаш, ки пештар шаҳид шудаанд ва аз ҷузъиёти дигаре, ки дар хобаш дида буд, нақл кард.

Рафиқаш нақли ӯро то охир шунида, сипас пешниҳод кард:

− Биё, ту ҳамин хобатро ба ман бифурӯш.

− Хобро ҳам фурӯхта мешудааст? – бо табассум гуфт рафиқаш ва илова кард: − Ба фикрам, ҳурони биҳиштӣ ақлатро бурданд−а?

Аскари дигар гӯё шӯхии рафиқашро нашунида бошад, боз пешниҳод кард:

− Бар ивази хобат ҳар чи хоҳӣ медиҳам. Ҳатто ҳамин мӯзаҳоямро. Медонам, ки аз они ту ба поят танг аст аз ман бошад, мувофиқи поят.

Ҳамхизматон ба мувофиқа расиданд. Хоб ҳам соҳиби нав ёфту мӯза ҳам.

Рӯзи дигар ба волидони аскаре, ки хобро

“харида” буд, хабар мерасад, ки фарзандашон дар муқовимат бо душман шаҳид шудааст. Мушаки душман дар назди ҳар ду рафиқ таркида, якеро беосеб мегузорад ва дигареро ба макони орзуҳояш мепайвандад. Вақте ки ӯро меёбанд, дасташ ишораи рақами панҷро доштааст... Шир

Пирамард зарфҳои вазнинро базӯр бардошта, ба миёнаи чодарҳое, ки барои зарардидагони заминларза омода карда буданд, мегузашт ва бо овози баланд фарёд мекашид:

- Шииир! Марҳамат, ба дӯстрӯякони ширхӯр шииир! Марҳамат, шиииир! Пирамард ҳанӯз даъваташро тамом накарда буд, ки нафаре аз зери яке аз чодарҳо бо ғазаб берун шуда, сарзаниш кард:

- Ақлатро хурдаӣ, магар? Мо ин ҷо бо мурдаҳову захмиҳо овораем, ту бошӣ дар андешаи пул кор кардан ҳастӣ!

Аз шунидани ин гапҳо чашмони пирамард ғарқи об шуда, буғз дар гулӯяш гиреҳ хурд. Вай дар ҳоле ки мегирист, базӯр илова кард:

- Ман дар ин заминларза чор набераи кӯчакамро аз даст додам. Хостам шири мехурдаи онҳоро ба кӯдакони дигар тақсим кунам. Магар хато кардам?!

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки: “Ҳеҷ аз ёдамон намеравад, ки чи тавр баъди сухани пирамард он мард ӯро оғӯш гирифта, бо овози баланд гиря мекард...” Шустушӯи қалб

Талабае назди донишманд омада, аз аҳволаш шикоят мекунад.

- Аз рафтану омадан ба мактаб дилгир шудам, чунки ҳар қадар мехонам, чизе аз хондаҳоям дар хотирам намемонад. Не аз омӯзиши мустақилона, не аз дарсҳои муаллимон чизеро дар ёдам нигоҳ дошта наметавонам.

Донишманд шикояти ӯро бодиққат гӯш карда, сипас, сабади кӯҳна ва чиркинеро ба дасташ дода, ба сӯи чоҳе ишора мекунад, ки дуртар аз онҳо воқеъ буд. “Бирав ва сабадро аз об пур карда биёр!”

Талаба сабадро ба чоҳ афканд, вале оби бардоштааш то назди донишманд нарасид. Он зуд аз об холӣ мешуд. Донишманд ба ҳамин тариқ ҷавонро се бор ба чоҳ фиристод, вале дар се маврид ҳам вай беоб баргашт. Аз сараш гузашт, ки ин кор бефоида аст, бо вуҷуди ин панди мӯйсафеди донишмандро мунтазир буд. Дарсе, ки мӯйсафед ба ӯ медод, барояш аҷиб буд.

Ниҳоят, донишманд табассум кард ва ӯро наздаш хонда, изҳор дошт: “Муҳим аз чоҳ дасти пур ё холӣ омадан нест, балки худи ба чоҳ рафта омаданат муҳим аст. Бибин, ҳар боре, ки сабадро ба чоҳ афкандӣ, он тоза шудан гирифт. Дар он ҳоло ғуборе намондааст...”

ДАРС:

Муҳаббат ҳам чунин аст. Намешавад ҳама вақт аз маъшуқ ҷавоби мусбат шунид. Бисёри вақтҳо мо ҳам дасти холӣ бармегардем. Аз изҳори муҳаббат карданҳоямон бештари вақтҳо хаста мешавем. Он чиро ки аз маҳбубамон чашмдорем, намебинем. Аммо муносибату муомилаи ҳамсон надиданамон маънои онро надорад, ки ҳама чиз бефоида буд. Асло! Азият мекашем, ноумед мешавем, парешонии хешро бисёр мебинем. Ба ҳадде, ки дигар аз дӯст доштан ва аз дӯстдори касе будан меҳаросем. Ин ҳамаро беҳуда мепиндорем, чунон ки хонандаи ҷавон ба чоҳ рафтанашро кори бефоида пиндошт. Вале дар ниҳоят мебинем, ки сабади мо, яъне, қалбамон ҳар бори ба чоҳи муҳаббат ғӯтта задан тару тоза шуда, берун мебарояд, зебо шуда, дурахши дигаре мегирад. Акнун мебинем, ки қалби мо бо муҳаббат шустушӯ дида, дар муқобили тӯфони ҷудоиҳо устувортар шудааст. Пас, қалбро аз ворид шудан ба чоҳи муҳаббат бояд ҳаросон накунем. Бояд ғӯтта занад... Эҳтиёҷ

Ҷавоне падари сарватманд дошту дар зиндагӣ аз чизе тангӣ намекашид. Мафҳуми “нест” ё “нодорӣ” барояш комилан бегона буд. Охирин намуди мошинҳои сабукравро меронд. Рӯзе дилаш хост, ки моҳӣ бидорад... Сабукрави хориҷиро канори дарё нигоҳ дошта, аз пушти мошин чангаки моҳидориро берун овард. Сипас, ба он каме гӯшт часпонда, ба дарё андохт. Чанд бор чангак алвонҷ хӯрд. Ҷавон ҳар бори онро берун кашидан холӣ медид. Боз каме гӯшт монда, аз сари нав ба дарё андохт. Ҳамин тавр хеле мунтазир шуд, вале ба бахташ моҳӣ намеафтод. Дар ин миён марде дар синну сол аз вай бузургтар назди дарё ҳозир шуд. Аз либосҳои жандаву фарсудааш маълум буд, ки марди фақирест. Ба чангаки куҳнааш алаф гиреҳ карда, ба об афканд. Ҷавон, ки аз бетолеии худ асабонӣ шуд, зери чашм ба марди моҳигир менигарист. Чанде нагузашта мард чангакашро аз об кашид. Моҳии сафеде дар нӯги он бозӣ мекард. Ӯ моҳиро ба сатилаш андохт ва чангакро дуруст карда, дубора ба дарё афканд ва дере нагузашта боз берун кашид. Моҳии навбатиро ҳам ба сатил андохт. Ин ҳолат ҷавонро комилан ба ҳайрат овард. Вақте ки мард моҳии сеюмро ҳам ба сатил андохт, ҷавон тоқат накарда, назди ӯ рафт ва пурсид:

− Бибахшед, ман чанд соат мешавад, ки ин ҷо мунтазирам. Чангаки ман аз чаншгаки шумо наву замонавист, вале як моҳӣ ҳам надоштам.

Шумо дар байни ним соат се моҳӣ гирифтед. Сирри ин дар чист?

Мард табассум дар чеҳрааш ҷавоб дод:

− Сирри ин эҳтиёҷ аст, додарам. Ба ин моҳиҳо фарзандони хурдсоли ман эҳтиёҷ доранд, чунки дирӯз аз моҳӣ сер нашуданд. Пеш аз омадан ба ин ҷо дуои бениҳоят карданд, ки шикорам барор гирад. Дуояшон қабул шуд... Эътимод

Марди олим ва фозиле ба таълиму тадриси шогирдон машғул буд, ки ба наздаш шахсе барои маслиҳатпурсӣ омад. Шахси омада аз сарватмандони шаҳр набошад ҳам, аз тоҷирони шуҳратманд буд.

− Ба шумо як суол доштам. Ман ба ҳаҷ рафтан мехоҳам, барои ин сесад танга ҷамъоварӣ намудаам. Оё барои рафтуомадам басанда аст?

Олим ҷавоб дод:

− Ин маблағ метавонад барои рафту баргашти ту кифоя набошад.

Мард гуфт:

− Пас, каме дигар меғундорам ва соли оянда хоҳам рафт.

Аз рафтани он мард чанде нагузашта буд, ки ба назди олим шахсе омад, ки дар пой чоруқ ва дар даст бухчае дошт. Ӯ бо сару либоси содааш аслан дарвешеро мемонд. − Вақти зиёд надорам, агар Худо насибам карда бошад, ба ҳаҷ рафта истодаам. Оё паём ё хоҳише дорӣ? – гуфт марди омада!

− Роҳат сафед бод. Ба он ҷойҳо саломи моро ҳам бибар ва барои мо низ дуо бикун, − гуфт олим ва ҳар ду бағал кушоданду хайрухуш карданд.

Шогирдон аз дидани ду манзараи мухолиф ба ҳайрат афтоданд. Яке пурсид:

− Устод, вақте ки он марди тоҷир омад, гуфтед, “барои ҳаҷ сесад танга намерасад”, аммо ба ин дарвеш, ки шояд як танга ҳам надошт, роҳи сафед хостед...

Муаллим ҷавоб дод:

− Барои он ки тоҷир ба маблағаш бовар дошт. Ман кафолат дода наметавонам, ки дар роҳ ба сари сесад тангаи ӯ чӣ меояд. Аммо дарвеш “агар Худо насибам карда бошад”- гӯён ба роҳ баромадааст. Бовар дорам, Худое, ки дарвеш эътимодаш кардааст, ӯро дар роҳ намемонад.

пешина
аз 11