Зеҳн
Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.

Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чун кӣ будани ин кӯдакро пурсидам, гуфтанд, ӯро «ятими маҳалла» меноманд. Падару модараш чанд вақт пеш дар садамаи нақлиёт ҳалок шудаанд ва ӯро бобояш парасторӣ мекунад. Ҳақиқати зиндагӣ

Муаллим ба талаба хитоб кард:

− Писарам, назди тахтаи синф баро ва ба саволҳо ҷавоб деҳ.

− Хуб, муаллим.

− Ҷондорҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?

− Чор гурӯҳ.

− Ман ин ҷавобро нав мешунавам, ку, ҳисоб кун.

− Рустаниҳо, ҳайвонҳо, инсонҳо ва кӯдакон.

− Кӯдакон инсон нестанд магар?

− Бале, муаллим, дар ин ҳол ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд.

− Ку аз сари нав ҳисоб кун.

− Рустаниҳо, ҳайвонҳо ва кӯдакон.

− Инсонҳоро чӣ шуд?

− Он инсонҳое, ки дар қалбҳошон муҳаббат парвариданд, кӯдак монданд ва боқимондаҳо ҳама ҳайвон шуданд... Ҳикмати чоҳ

Падар писарашро назади худ хонда гуфт:

“Акнун калон шудаӣ ва бояд нонатро пайдо карда тавонӣ. Писар, ки то он рӯз ба хӯроки тайёр хӯрдан одат кардаву ҳаргиз дар хусуси кор кардану маблағ ёфтан наандешида буд, ҳарфи падар барояш мисли кӯҳ сангин намуд. Каме ранҷидаву парешон ба назди модараш рафт ва чунин гуфт:

− Падарам мехоҳад, ки ман кор карда, ба хона пул биёрам, вале ман кор кардан намехоҳам. Зӯрам намерасад, ба ман ёрӣ расон...

− Чӣ гуна ёрӣ расонам, писарам?- гуфт модар.

Кӯдак пешнҳиод кард, ки ҳозир аст, ҳар рӯз корҳои сабуки хонаро анҷом дода, ба ивазаш аз модар як танга бигирад. “Чун падарам омад, он як тангаро нишон дода, мегӯям, ки ман кор кардаам”.

Модар, албатта, аввал қабул накард, вале исрори зиёди писарро дида, розӣ шуд. Ҳамин тариқ, ҳар рӯз ҷавон корҳои майда-чуйдаи хонаро анҷом дода, аз модараш як танга мегирифт. Бегоҳ баробари омадани падараш хабар медод, ки имрӯз кор карда, як танга ба даст овардааст. Падар хушҳол шуда, табассум мекард ва ба ӯ офарин мехонд. Сипас мегуфт: “Ба ман деҳ он як тангаатро ва ҳамроҳам биё”. Падару писар ба боғча, назди чоҳи об омаданд. Падар тангаро миёни панҷаҳояш гирифта, дасташро тарафи чоҳ дароз мекард. Писар бо таҳайюр ба ҳаракатҳои падараш нигарист. Падар тангаро аз дасташ раҳо карда, ба қаъри чоҳ андохт.

Писар ҳайрон шуда, пурсид, ки чаро падараш тангаро ба чоҳ афканд. Падар боз ҳам бо табассум ҷавоб дод: “Вақташ расад, мефаҳмӣ, писарам”.

Рӯзи дигар ӯ боз аз модараш як танга гирифта, назди падар омада, гуфт:

− Падарҷон, имрӯз хам як танга фоида кардам.

Падар тангаро аз дасти писараш гирифта, гуфт:

− Бо ман биё.

Онҳо боз ба боғча, ба сари чоҳ ҳозир шуданд.

Падар ба чашмони писар нигарист ва тангаеро, ки дар кафаш буд ба чоҳ партофт. Кӯдак аз пушти падар бо ҳайрат нигоҳ мекарду падар ба хона мерафт.

Рӯзҳо ҳамин тариқ мегузаштанд…

Рӯзе модар ба писараш рӯ оварда гуфт:

− Писарам дигар тангоҳоям намонд. Акнун барои худ коре ёб, вагарна бегоҳ назди падарат хиҷолат мекашӣ. Рӯзи дигар кӯдак ночор аз саҳар то бегоҳ дар корҳои вазнину сангин кор карда, танҳо ним танга ба даст оварда тавонист.

Бегоҳ хаставу беҳол назди падар ҳозир шуда, мужда дод, ки аз саҳар то бегоҳ кор кард, аммо ним танга ба даст овард. Падар боз ҳам ба писараш офарин хонда, талаб кард, ки он ним тангаро ба ӯ диҳад ва дасташро сӯи писараш дароз кард. Кӯдак дарҳол вокуниш кард:

− Чӣ мекунӣ он ним тангаро, падар?

Падари рӯзгордидаву соҳибтаҷриба бо тамкин гуфт:

“Кори ҳаррӯзаамонро мекунем, писарам. Сари чоҳ меравему тангаро меандозем.

− Не, падар. Ин тангаро ба чоҳ набояд андозем.

Оё медонӣ ба даст овардани ин ним танга чӣ қадар душвор аст? − гуфт писар. Падар табассум кард ва гуфт:

− Дидӣ, писарам, ҳикмати чоҳ ҳамин аст.

Он ба осонӣ аз як танга боарзиштар будани ним тангаро ба мо нишон дод. Ҳуқуқи шахсӣ

Продюссер ба директори шабакаи телевизионӣ занг зада гуфт:

− Аз боло занг заданд, ҷаноб! Моро огоҳ карда гуфтанд, филме, ки ҳоло мо намоиш дода истодаем, комилан фаҳш буда, хилофи ақлоқи инсонист.

Шумо гуфтание доред?

Директор бо зарда ҷавоб дод:

− Э, ту болоятро як сӯ гузору ҳоло филмро тамошо кун, филмро! Боло ба ҳуқуқи шахсии мо кордор нашавад!

Продюссер, ки тибқи амри директор филмро тамошо дошт, дар миёнаҳои филм бори дигар ба директор занг зад:

− Ҷаноб, аз баъзе сохторҳо занг зада, гуфтанд, филме, ки нишон дода истодаем, ахлоқи ҷавононро вайрон карда, онҳоро ба роҳи нодуруст равона мекунад. Оё Шумо ягон гуфтанӣ доред, ҷанобам? Директор боз ҳам асабӣ шуда гуфт:

− Боз мегӯям, ки ба ҳуқуқи шахсиямон кордор нашаванд! Мо ҳам, албатта фарзанд дорем, охир.

Ҳатто духтарам ҳоло бо ҷавони дӯстдораш филмро ҳамроҳ тамошо доранд.

Дар охири филм продюссер бори дигар ба роҳбараш занг зада гуфт:

− Ҷаноб, аз милисахона занг заданд. Гуфтанд, ки духтари шумо аз сӯи ҷавони дӯстдораш мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Шумо гуфтание доред?.. Шапотӣ

Муаллим баъди анҷоми дарс талабаҳоро ҷавоб дода, аз синф берун шуд. Дид, ки дар даҳлез яке аз талабаҳо дигарашро пешпо дода афтонд.

Талабае, ки ба замин афтод, яке аз талабагони фаъол буд. Муаллим талабаро ба хотири хушахлоқияш дӯст медошт. Омада,ӯро аз замин бардошт ва сару либосашро аз гарду хок пок кард. Баъд талабаи дигарро, ки беадабӣ карда буд, аз гӯшаш дошта, ба синфи холӣ даровард.

Омӯзгор чанд сол мешавад, ки дар ин мактаб дарс медиҳад. Ба вай борҳо вазифаҳои баландтар пешниҳод карданд, аммо нарафт. Ҳатто ба шуъбаи маориф ба кор хонданд, азбаски ӯ мактаби деҳаашро мисли хонаи худаш дӯст медошт ва аз талабаҳо дил канда наметавонист, қабул накард.

Ҳоло вай талабаи “беадаб”-ашро бо нияти танбеҳ додан ба синф дароварда, ба рӯяш чунон шаппотие зад, ки дандони талаба шикаста, хун ҷорӣ шуд. Хуни даҳони талаба ба куртаи муаллим ҳам расида, онро доғдор кард.

Муаллим аз ғояти ғазаб надонист чи кор кардааст. Вақте ки ба худ омад, каме пушаймон шуд. Вале дар дил мендешид, ки сазои ин бача ҳамин аст. Талаба, ки ҳоло ҳам аз ҷой нахеста буд, дасташро саросема ба ҷайбаш бурд. Ин ҳолат аз назари муаллимаш пинҳон намонд. Муаллим худ ба худ гуфт: “Талабае, ки натарсида, ҳамсинфашро афтонд, ҳоло барои аз муаллимаш қасос гирифтан ҳама корро мекунад”. Муаллим фикр мекард, ки талаба аз ҷайбаш корд ё олате бароварда, ба вай ҳамла мекунад. Вале писарак дасташро аз ҷайбаш берун карда, рӯймолчаеро ба муаллимаш дароз кард, ки чанд рӯз пеш ҳангоми мактабравӣ модараш ба гузошта буд. Дар ҳоле ки хун дар кунҷи лабаш ҳоло ҳам сурхӣ дошт, ба муаллимаш гуфт:

− Муаллимҷон, куртаатон доғдор шуд. Иҷозат диҳед, пок кунам. Шафқати гурбаи ланг

Дар боғчае, ки миёни анбӯҳи биноҳои боҳашмати иқоматӣ воқеъ буд, гурбаи ланге зиндагӣ мекард. Ҳайвони бечора рӯзе дар тамбаи мошинҳои роҳи калон монда, пояш маҷрӯҳ гардид ва маҷбур шуд дар ҳамин боғча, ки биноҳои баланд онро гӯё фишор меоварданд, паноҳ барад. Ҷонварак аз хӯрданиҳое, ки сокинони биноҳо аз тиреза барояш ҳаво медоданд, мехӯрд ва рӯз ба рӯз калон мешуд.

Вай расо баъди як соли ҷароҳат бардоштанаш модар ҳам шуд. Гурбачаҳои зебову назаррабое ба дунё овард. Чанде аз сокинони маҳалла гурбачаҳои сафедакро соҳиб шуданд. Модаргурба ҳам бовар дошт, ки инсонҳо фарзандҳояшро аз вай беҳтар нигоҳубин мекунанд. Барои ҳамин ба ягона фарзандаш, ки хокистаррангу каме заиф буд ва касе аз сокинон онро нагирифт, зиндагияшро идома дод. Бо гузашти чанд мавсим сокинони маҳалла шоҳиди он шуданд, ки модаргурба ва фарзандаш ҳар ду ҳам гурбачаҳои нав ба дунё оварданд.

Гурбаи ланг ҳамзамон наберадор шуда буд. Вай аз таҷрибаи дар ҳаёт андӯхтааш танҳо фарзандони худро шир медод ва набераҳои шӯхашро, ки гоҳ- гоҳ гурехта назди бибияшон ширмакӣ меомаданд, пеш мекард, то назди модарашон раванд. Албатта, ҳар тифл бояд аз синаи модари худ шир хӯрад ва он муҳаббати беназирро танҳо бо вай дар миён гузорад. Сокинони биноҳои атроф ин ҳолатро мушоҳида карда ва рафтори гурбаи лангро шоёни таҳсин хонданд. Баъзеҳо ҳатто бо ҳам шарт мекарданд, ки гурбаи ланг асло набераҳояшро шир намемаконад.

Вале як рӯз онҳое, ки ба боғча барои истироҳату рафъи хастагӣ меомаданд ва аз ҳаёти ин ҷонваракони беозор завқ мебурданд, тамоман ҳодисаи бараксро шоҳид шуданд. Модарбузург дар қатори фарзандонаш набераҳояшро ҳам саховатмандона шир мемаконд, шире, ки зоҳиран то ин дам дареғ дошта буд. Вай инчунин сару рӯи набераҳояшро мелесид ва тозагии онҳоро низ ба зимма гирифта буд. Ин барои сокинон комилан воқеаи нодир буд.

Гурбачаҳо, ки сахт гурусна монда буданд, пистонҳои модарбузургашон сари вақт ба имдодашон расид. Онҳо дар оғӯши гарми бибӣ серӣ шир мехӯрданд ва аз он хабар надоштанд, ки модарашон зери чархи мошин мондааст...

пешина
аз 11
навбатӣ