Зеҳн
Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.

Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтарчаи дӯстрӯе дошт, қассоб ва аз дӯстдорӣ тифлакро гоҳе “оҳубарра” мегуфт.

Аз миён чанд сол гузашт. Дар ин муддат муштариёни қассоб оҳиста-оҳиста кам шудан гирифтанд. Ӯ медонист, ки сабаби кам шудани муштариёнаш набудани гӯшти барра дар дуконаш аст. Ниҳоят, рӯзе “ҳар чи бодо бод” гуфта, қарор дод, ки ба дукон гӯшти барра меорад.

Ӯ рӯзи дигар аз бозор ҳамроҳи чорвои интихобкардааш як барра ҳам харид. Аввал гӯсола, пасон гӯсфандро забҳ кард. Барраро аз ҳама охир навбат дод. Мехост чанд дақиқа ҳам бошад, ба қавле умри ҷонваракро дароз кунад.

Навбати забҳи баррача расид. Қассоб гӯё кадом кори на чандон муҳимеро анҷом медода бошад, бепарвоёна сурудеро замзама кардан гирифт. Ҷонварак ин ҳамаро бозӣ мепиндошт, магар ки бо вуҷуди баста будани пойҳояш дар ҷояш бетоқатӣ мекард. Қассоб вақте баррачаро хобонда11 кордоро дароз мекард, дар ангушташ гармие эҳсос намуд.

Ба дасташ нигариста шах шуд. Ҷонварак ангушти қассобро пистони модар пиндошта мемакид. Бояд коре бикунам

Пирамард баъди солҳои зиёд аз нав ба пойтахт омад. Ӯ сӣ сол пеш, баъд аз он ки донишгоҳро хатм кард, ба зодгоҳаш - он деҳаи дурдасти кӯҳистон рафта буд. Ҳоло дар шаҳр роҳ мерафт ва баъд аз даҳ-бист қадам нишаста нафас рост мекард. Ниҳоят ба кӯчаи танге ворид шуд. Тангкӯчае, ки замони донишҷӯияш ҳамвор менамуд, ҳоло пасту баланду шебу фароз аст дар назараш. “Дар ҳақиқат пир шудаам”- гузашт аз дилаш.

Ӯ аз ҷой хеста, ба роҳ даромаданӣ шуд, ки чашмаш ба аробачае афтод, ки духтараки хурдсоле ҷониби баландӣ базӯр тела медод. Нахуст гумон кард, ки аробача холӣ аст, вале чун пештар рафта дид, ба ҳайрат афтод. Дохили аробача марде беҳаракат меистод.

Ниҳоят пирамард бо духтарак суҳбат кард.

Маълум гашт, ки марди дохили аробача падари вай аст. Духтарак ҳамроҳи модар падари фалаҷашро ба сайру гашт баровардаанд, нохост модар бетоб шуда, зуд ҷониби дорухонаи наздик мешитобад.

Падар дар ин ҳолат, албатта, назди духтар мондааст.

Чун пирамард мебинад, ки духтарак ҳоло ҳам аробачаро зӯр зада тела медиҳад, мегӯяд:

- Ҷони амак, зӯри ту ба бурдани ин аробача намерасад, охир.

- Инро ман ҳам медонам,- мегӯяд кӯдак,- аммо барои падарам бояд коре бикунам.

- Агар медониста бошӣ, пас, тела надеҳ онро.

- Охир, барои падарам коре карданам даркор.

Аробаро пеш бурда натавонам ҳам, ба қафо омаданашро монеъ мешавам, - мегӯяд ӯ. Видоъ

Ҷавон, ки бо ҳасрат мактуб мехонд, таваққуф кард. Ҳамсараш навишта буд:

“Вазъи духтар ҳеҷ беҳ намешавад. Духтури деҳа ҳам аз аҳволаш чизе нафаҳмид...”

Ҷавон мактубро қат карда, ба ҷайбаш ниҳоду бори аввал аскар буданашро ҳис кард. Ӯ се моҳ боз дар яке аз навоҳии дур хизмати аскарӣ мекунад. Вале то ин дам заррае ҳам парво надошт.

Меандешид, ки муҳлати хизмташ чандон тӯлонӣ нест, зуд мегузарад. Аммо бо хондани мактуб гӯё хизмати аскарӣ вазни худро нав ба бозувони ӯ гузошт.

“Беҳтар нашудааст, духтарам. Шояд падарашро меҷӯяд...”,− гуфт ҷавон худ ба худ.

Тахмини ӯ дуруст буд. Духтари сесолааш падарро пазмон шуда, пайваста ӯро ҷӯё мешуд.

Беихтиёр ба оғӯшаш даромадани духтараш ба ёди ҷавон расид. Кӯдак ба оғӯши падар даромада, нияти фуромадан намекард. Ҷавон ҳам мӯйи зарди ҷингилаи духтари сесолаашро силакунон кӯдакро дӯстдорӣ менамуд. “Ба назарам ҳоло мӯйҳояш дароз шуда чашмони сиёҳи кӯчакаш дурахши зебое пайдо кардаанд”- гузашт аз дили ҷавон.

Агар ҷавон аз деҳааш дар масофаи дур қарор намедошт, ҳатман ҷавоб гирифта ба дидани духтарчааш мерафт. Аммо ҳоло медонист, ки ягона чизе, ки аз дасташ меояд, барои саломатии ӯ дуо кардан аст.

Ин буд, ки шабҳои навбатдориаш пайваста барои кӯдак дуо мекард. Яке аз шабҳои навбатдориаш ҳаво сард буд. Дар берун шамол шиддат меёфт. Посе аз шаб гузашта буд. Ба гӯши ҷавони навбатдор як замон садои тақ-тақ расид.

Ҷониби тиреза нигоҳ кард. Чизе наменамуд. Чун садоро бори дигар шунид, назди тиреза рафт. Дид, ки аз он тарафи тиреза парандае нишастааст.

Ҷавон парандаеро ба ин зебоӣ бори аввал медид.

Парҳои зарди ҷонварак дар нури чароғ ҷило медод.

Ӯ ҳарчанд дар деҳа ба воя расидааст ва қариб бештари парандаҳоро медонист, аммо ин ҷонваракро бори аввал медид. Он ба хеҷ яке аз дидаҳояш монанд набуд.

− Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – савол дод ҷавон, гӯё паранда ӯро мефаҳмида бошад.− Аз сардӣ нобуд шуданат мумкин аст, охир...

Паранда аз ҳаракат кардан ҳарос дошт ва бо чашмони сиёҳаш, ки ба ҷавон дӯхта шудаанд, мисле ки чизе гуфтан мехост. Чанд лаҳза ҳамин тавр нигоҳ карда, сипас парид ва дар дили торикӣ нопадид шуд.

Ҷавон, ки аз қафои паранда дуру дароз нигарист, ногоҳ ҳис кард, ки чизе дар дилаш канда шуд. Ӯ ҳарчанд ҳис мекард, аммо бовараш намеомад, ки ин дидори ҷонварак барояш паёми хайрбодӣ дошт.

Рӯзи дигар вақте ки сарбозон ҷавони навбатдорро меҷустанд, то хабари марги духтарашро барояш расонанд, ӯро назди тиреза ёфтанд, ки ба ҷустуҷӯи парандаи зебо машғул буд. Нимишабӣ телефони хона занг мезанад.

- Ало, − гӯширо мегирад ҷавонзан.

- Мадина? Биё, бегоҳӣ назди кӯл вохӯрем.

- Бошад, азизам.

- Он чизеро, ки гуфтам низ бигир, боз фаромӯш накунӣ.

- Ҳатман, мегирам ва бисёр мехоҳам ин бегоҳ бо ту бошам, азизам.

- Зуд бош, ман вақти интизор шудан надорам,

− гуфт ҷавон ва гӯширо гузошт.

Ҷавонзан оҳе кашиду табассум кард:

- Аҷиб. Ин кӣ буд, маро ба мулоқот даъват кард?

Кӯдак дасти модарашро дошта, ҳар ду ҳазлкунон роҳ мераванд. Ӯ нав синфи якум мехонад. Рӯзҳои охири соли хониш аст. Зан фарзандашро чун гавҳараки чашм, бо эҳтиёт мепарварад. Як соли расояш бо андешаи «мабодо ба писарам чизе шавад» паси сар шуд. Ҳар боре ки барои ба мактаб рафтан фарзандашро ба нақлиёт савор кунад, ба сараш андешаҳои нороҳаткунанда ва пеши назараш саҳнаи ваҳиме падид меомад. Аз рух додани воқеае ба фарзандаш сахт ҳарос дошт...

Гурба хӯроки пешаш гузошташударо саросема мехӯрад. Баъдан пашмҳои дар борон таршудаашро лесида, панҷаҳояшро бо як маҳорати хоса тоза мекунад. Ҷонварак ҳанӯз понздаҳрӯза буд, вақте дар яке аз чунин рӯзҳои боронӣ аз модар ятим монд. Он вақт садои раҳмовари гурбаи хурдакакро дукондори канори роҳ шунида, ҷонваракро соҳибӣ кард. Хост гурбаро дар дуконаш нигоҳ дорад. Аммо хотири он муштариёнаш, ки аз гурба метарсанд, ҷасорати ӯро бар бод дод.

Дукондор чи кор карданашро надонист. “Худо подшост!” мегуфт батакрор ӯ ва ягона тасаллояш ҳам ҳамин буд...

Модар танҳо вақти дар ҳузураш будани фарзандаш худро роҳат ҳис мекард. Бинобар ин, вақте дид, ки дарзи пойафзоли фарзандаш кушода шудааст, хост онро худаш ба назди таъмиргари пойафзор барад. Ҳамроҳи писараш рафт. То дукони ӯ ҳамагӣ сад метр роҳи дигар аст. Дуртар, зери дарахти канори роҳ гурба пинак рафтааст...

Онҳо корашонро дар назди пойафзордӯз тамом карданд. Баромада, чанде роҳ рафтанд. Дар гӯшае марди рус гитор менавохт. Ҳар ду мутаваҷҷеҳи ӯ шуданд. Модар сахт мехост писарашро ба тарбияи муаллими гиторнавоз монад, аммо синнаш камӣ кард. Овози мусиқӣ ҳазин мебаромад. Барои шунидани мусиқӣ модару писар дар сояи дарахте паноҳ ёфтанд...

Садои гӯшхароши гурба баланд шуд. Кӯдак нафаҳмида монд, ки думи ҷонваракро зер кардааст.

Гурбаро ҷон ширинӣ мекунаду панҷаҳояшро ба пойи борики кӯдак медавонад. Дар пойи писарак ду хатти сурх падид омада, хун равон мешавад.

Ин аҳвол таҳлукаи модарро меафзояд. Вай ин чизро мунтазир набуд. Надонист, ки чӣ рух дод.

Шояд тақдир буд он ҷо хуфта на гурба ва низ тақдир буд, ки бедор шуд. Модар писарашро зуд ба наздиктарин дорухона бурд. Пойи писаракро бо «спирт» шустанд.

Ҷонварак боз ба назди ҳамон дарахт рафт ва хӯрокеро, ки шабона дукондор барояш оварда буд, хӯрдан гирифт. Сипас, пашмҳои аз чангу ғубори роҳ чиркиншудаашро пок кард.

Бо фаро расидани шаб модарро воҳима фаро гирифт. Ба сараш фикрҳои ҳархела “меҳмон” шуданд: “Раваду ба писарам чизе шавад. Раваду гурба девона бошад. Раваду... раваду...”. Вале марди хонадон хунсарду бепарвост. Мижааш ҳам намепарад.

− Чунон воҳима мекунӣ, ки гӯё мо дар умрамон гурбаро надида бошем. Охир, моро ҳам гурба харошидаву газида буд. То ҳол ҳеҷ чиз нашуд-ку, занак.

Зан ҳамсарашро ба бепарвоию бемасъулиятӣ айбдор мекунад. Шавҳараш ӯро бо воҳимагарӣ.

Гурба чашмонашро мемолад ва ба хоби ширин меравад. Дар ҳавои салқини шаб каме хунук мехурад. Ҷонваракро ба кулбаи гарме ниёз ҳаст. Аммо ба ҷуз тан додан ба тақдир кори дигаре карда наметавонад.

Зан нағз медонад, ки имшаб аз ваҳму таҳлука хобаш намебарад. Аз ҷой бархоста, дасти писарашро мегираду ба беморхонаи кӯдаконаи назди хонаашон мераванд. Духтур ба онҳо мегӯяд, ки ҷароҳати кӯдак чандон вазнин ва кирои воҳима кардан нест. Ба хона бармегарданд. Ҳамсараш бо истеҳзо мегӯяд: “Ман ба ту гуфтам−ку ноҷо воҳима мекунӣ, вале гӯш накардӣ”.

пешина
аз 11
навбатӣ