Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.
Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Рӯзи дигар зан бо як ҳисси ногувор аз хоб бедор мешавад. Дарун ба дарун месӯзад. “Раваду духтур хато куна-чӣ?”. Кӯдакро ба беморхонаи дигар мебарад. Бо мақсади он ки духтури беморхонаи дигар шояд дигаргуна ташхис кунад: ҷиддӣ ва дақиқ. Духтур ташхис мекунад ва мегӯяд бояд чорто сӯзандору кунем. Сӯзандоруи аввалро мегузаронанд. Баъд аз чанд рӯз дуюмаш гузаронда мешавад. Агар раваду гурба пайдо шуда, даҳ рӯз дар боздошт нигоҳдорӣ шавад ва девона набуданаш муайян гардад, барои ду сӯзандоруи дигар ҳоҷат намемонад.
Модар бо як дав ба назди марди дукондор меояд. Гурбаро пайдо мекунад. Вай ҳеҷ намехоҳад, ки ба писараш ду сӯзандоруи дигарро ҳам гузаронанд. Бинобар ин, доштан баробар гурбаро ба як клиникаи духтури ҳайвонот мебарад.
Гурбаро дар клиникаи духтури ҳайвонот ба нигоҳубин мегиранд. Мешӯянд, хушку пок мекунанд. Ҷароҳатҳои баданашро тоза карда, марҳам мемоланд.
Чашми модар ба фарзандаш, гӯшаш ба хабаре банд аст, ки аз духтури ҳайвонот бояд бигирад. Ҳар рӯз ба клиника рафта, вазъи ҷонваракро мепурсад.
Гурба сиҳҳат менамояд. Як гурбаи солим, тоза ва назаррабо мешавад.
Як оила чанд рӯз боз барои духтараки хурдсолашон, ки мехост гурба дошта бошад, дармонгоҳҳои ҳайвонотро сайр мекунанд. Вақте ки аз ин ҷо гузар мекунанд, ҷонвараки зебо диққаташонро ба худ мекашад. Духтарча ба гурба ишора карда, бо овози баланд мегӯяд: “Ҳамин гурбачаро мехоҳам”. ...Ҷонварак дар муддати чанд рӯз ба кулбаи наваш одат мекунад.
Зан вақте мефаҳмад, ки ҷонварак соҳиби наву кулбаи нав ёфтааст, вазъиятро ба марди дукондор нақл мекунад.Дукондор бо шунидани нақли зан боз ҳам мегӯяд: “Худо подшост!” Зан гуфтаи ӯро тасдиқ мекунад. Акнун ваҳми ӯ барояш маъноеро ифода мекунад. Бори аввал воҳима карданаш ба худаш хуш меояд...
Писаронаш хабар ёфтанд, ки мӯйсафед дар кадом гӯшаи зебоманзаре қитъаи замин харидааст.
Оне, ки духтур буд, мегуфт:
− Ҳоло ҳаминашро ҳам тақсим мекунаду мо мемонем. Дар оила ба ғайр аз мо ҳамаро соҳиби сарват кард.
Мӯйсафед марди саховатпешаву хайрхоҳе буд, аммо ба писаронаш асло бовар надошт.
Бинобар ин хайру ҳасаноташро ҳангоми саломат буданаш анҷом дода, баъзе наздиконашро соҳиби шуғли муайян ё хонаву дар кард. Ҳоло мегуфт, ки замини харидааш ба ҳама мерасад. Ин маънои онро дошт, ки замин тақсим хоҳад шуд.
Писари дуюми мӯйсафед, ки меъмор буд, бо вуҷуди он ки заминро ҳанӯз надида буд, орзуҳои рангине дар сар дошт. Нақша мекашид, ки дар замини харидаи падараш як маркази бузурги тиҷорат месозад ва дар як гӯшаи хушбодуманзараш барои худ истироҳатгоҳи боҳашмате бунёд мекунад. Ҳам барои бародари духтураш, ки солҳост орзуи доштани як клиникаи хусусиро мепарварад, дар ҳамин марказ як дармонгоҳи замонавие ҳам месозад. Охир, падари пирашон, ки дилаш бемор аст, эҳтиёҷ ба табобат дар чунин дармонгоҳҳои замонавиро надорад магар?
Орзуи тақсими замин ду бародари ҳамхунро, ки чанд сол боз якдигарро надида буданд, ба ҳам овард. Агар раваду падари беморашон имрӯз ё фардо реҳлат намояд, тамоми замин ба ҳардуи онҳо мемонд.
Ин андеша мағзи бародаронро чунон ки кирм дарахтро мехӯрад, ба хӯрдан даромад. Онҳо комилан бовар доштанд, ки бо тарки дунё кардани падар ба орзуяшон мерасанд.
Ниҳоят мӯйсафед бе он ки қисми расмии тақсимоти заминро ба ҷо биёрад, вафот кард.
Қалби заифаш, ки вақтҳои охир зуд-зуд мезад, ба сӯзандоруи писари бо сад орзу хонондааш тоб наовард, чун ӯ доруро аз меъёр зиёд гузаронда буд.
Мӯйсафедро рӯзи дигар ба хок супурданд.
Баъди адои дуову фотиҳа нигаҳбони қабристон ба назди писарони мӯйсафед омада, изҳори таслият намуда, гуфт:
− Раҳматӣ бисёр инсони дасткушоду саховатманде буд. Кӯшиш мекард, касеро бенаво нагузорад. Чанд вақт пеш аз мурданаш ҳамин заминеро, ки дафнаш кардед, харида, гуфта буд, ки ба ҳама пайвандонам мерасад. Илоҳо гӯраш пурнур бошад, ҳамеша фикри дигаронро мекард. Зебоӣ ва зиштӣ
Зебоӣ ба зиштӣ дар канори дарё вохурда, гуфт:
− Биё, ба об медароем.
Ҳар ду либосҳояшонро кашида, барои оббозӣ ба дарё даромаданд. Хеле оббозӣ карданд, зиштӣ аввал шуда ба соҳил баромад ва либосҳои худро гузошта, либосҳои зебоиро пӯшида рафт.
Зебоӣ аз об берун шуда либосҳояшро наёфт.
Аз бараҳна гаштан шарм мекард. Аз ин рӯ, ночор либосҳои зиштиро пӯшида роҳашро давом дод.
Аз он рӯз эътиборан инсонҳо зебоӣ ва зиштиро фарқ карда наметавонанд. Зиштиро дар либосҳои зебо зебо мепиндоранд. Зебоиро дар либоси зишт – зишт. Аммо инсонҳое, ки зебоӣ ва зиштиро пеш аз оббозӣ карданашон дидаанд, бо вуҷуди либосҳояшон онҳоро мешиносанд... Зиёфат
Пиразан ба меҳмонҳояш шир муроот карда, мегуфт:
− Агар шумо наоед, касе маро суроғ намекунад. Аз омаданатон хеле шод мешавам…
Вай пиразанест, ки дар як кулбаи мисли худаш пиру ноустувор зиндагӣ мекунад. Баъди фавти шавҳараш комилан танҳо монд. Рӯзашро бо нафақа мегузаронад. Худо баракаташ дода, ки он пул барояш кифоят мекунад. Масрафи зиёдатӣ надорад. Аммо бори танҳоӣ барояш аз пирӣ ҳам гаронтар афтодааст.
Аз дукони рӯ ба рӯ ҷавони фурӯшанда зуд- зуд тирезаи пиразанро тақ-тақ карда, чӣ эҳтиёҷ доштанашро пурсон мешавад. Вале азбаски зан аз молики ҷавон – соҳиби дукон метарсад, бо ӯ гап намезанад.
Дар чунин лаҳзаҳои ғамангезу танҳоӣ ба омадани меҳмонҳои бовафояш интизор мешавад.
Ҳоло он меҳмонҳо омада, дар ҳузури кампир қарор доранд. Пиразан ҳам онҳоро бо шир зиёфат мекунад. Меҳмонҳо шир менӯшанду пиразан ба сурати ғуборгирифтаи бари девор ишора карда мефаҳмонад:
− Он марде, ки мебинед, шавҳарам аст.
Раҳматӣ инсони паҳлавон буд. Ду метр қад дошт.
Дар паҳлуяш писарам истодааст. Вақте ин аксро гирифтем, писарам ҳамин қадар кӯчак буд. Касе бовар намекард, ки рӯзе хонда духтур мешаваду моро тарк мекунад…
Меҳмонҳо, ки ба ин гапҳои такрори пиразан одат карда буданд, ба гуфтаҳояш чандон эътибор намедоданд. Вале пиразан нақлашро идома медод:
− Он кӯдаки дасти ман духтарам аст. Вай ҳам баъди издивоҷаш бо марди сарватманде модарашро фаромӯш кард…
Зан чашмони намгирифтаашро аз расми бари девор наканда, тӯлонӣ ба он нигоҳ мекард.
Меҳмонҳо шири ба онҳо зиёфташударо хӯрда, акнун аз сӯрохии девори ошхона ба берун баромада, аз чашм нопадид шуданд.
Ин гурбачаҳо пагоҳ низ ба хӯрдани зиёфати пиразан меоянд…
Дар ин хомӯшии лабҳо нигоҳат сад забон дорад,
Суруди ишқро аз ёр пинҳон мекунӣ то кай?
Навакак ба ҳаждаҳ даромада буд, аммо охирин рӯзҳои умрашро зиндагӣ мекард. Марг ба дараҷае ваҳиму тарсовар буд, ки фаҳмиданаш барои як ҷавони ҳаждаҳсола имкон надошт.
Шабҳо ба ҳадде ҳузнангез менамуд, ки паси сар карданашон барои ҷавони ҳаждаҳсола мушкил буд.
Ӯ гирифтори бемории табобатнашавандаест. Ночор худро ба хона ҳабс кард. Ба кӯча намебаромад.
Ҳаёти одие дошт. Худаш буду модари ғамхораш.
Рӯзе аз ин хонашинӣ дилгир шуда, кӯча баромад…
Ғарқи тамошо шуд. Одамонеро дид, ки фикри маргу мурдан азобашон намедод. Инсонҳоеро дучор омад, ки бепарвою аҳаммият, хушнуду болидарӯуҳ буданд. Қатори дуконҳои рангин чашмашро бурд.
Аз пеши онҳо тамошокунон роҳ мерафт. Аз назди дукони дискфурӯшӣ мегузашт, ки чашмаш ба фурӯшанда бархурд. Бори дигар нигарист, фикр кард хобу хаёл аст. Вай духтаре буд ҳамсоли худаш.
Хеле зебову дилрабо ва дар чеҳрааш табассум гул карда. «Ба як нигоҳ ошиқ шудан» ҳаминро гӯянд.
Духтари чеҳрахандон бо як чолокӣ назди ӯ омада, лаб ба сухан ширин кард.
− Хуш омадед. Марҳамат, ҳар чӣ лозим бошад…
Чеҳраи гарми духтар дили ҷавонро гармтар кард. Худоё, ин чӣ табассуме буд… Ҷавон худро гум карда, даступо хӯрд ва ҷои ҷавоб додан ба илтифоти духтар нидои ҳайронӣ дардод:
− Ҳа?...
Аз миёни дискҳои бисёр якеро нишон дода, гуфт:
− Ҳамин дискро бароям медиҳед?
Духтар бо як табассуми ба ӯ зебанда дискро гирифту вориди хоначаи хурде шуд. Пас аз чанд дақиқа аз он ҷо дар даст халтачаи селофанӣ баромад. Чеҳрааш ҳамоно мешукуфт. Хеле самимӣ муносибат мекард бо ҷавони муштарӣ. Ҷавон халтачаро аз дасти духтар гирифта, миннатдорӣ кард ва ба хона рафт. Онро накушод ҳамон тавре ки гирифта буд ба ҷевонаш гузошт. Субҳи рӯзи дигар боз ба дукони духтар рафт. Боз диск гирифт ва боз духтар бо табассуми ширине онро дар халтаи селофонӣ печонда, ба ҷавон дод. Дили ҷавонро табассумҳои духтар гарм мекард. Дискҳоро бурда ба ҷевонаш мегузошт. Онҳоро намекушод. Барои ӯ на диск муҳим буду на тамошояш, балки дидор, табассум ва муносибати гарми духтар. Ӯро ҳар рӯз ҳамин табассуми гарм сӯи дукони духтар мекашонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё