Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.
Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Вай аз пушти падараш дар велосипед савор ва миёни ӯро бо дастонаш дошта буд. Рухсораҳои аз ғояти хунукӣ сурх шудаашро зуд-зуд ба тани падар зер мекард. Суханҳои марди велосипедрон, ки ҳар бор ба қафо нигариста, чизе мегуфт, духтаракро механдонд.
Модар ҳайрати духтарашро дида, қавоқ овезонд ва гуфт:
− Ду велосипеде, ки дар хона дорӣ, магар камӣ мекунанд? Агар сахт маъқул шуда бошад, ба падарат мегӯям, аз инаш ҳам мехарад.
Духтарак бо овози нарм ҷавоб дод:
− Ман велосипедро не, духтаракро нигоҳ дорам. Падараш дар чунин ҳолат ҳам бо ӯ суҳбат мекунад...
Модар гӯё сухани духтарашро нашунида бошад, кулоҳи ӯро дуруст кардан гирифт ва гуфт:
− Ҳамсинфонат барои мактаб рафтан дар чунин ҳавои сард ҳам пиёда роҳ мераванд. Ҳол он ки падарат бо вуҷуди серкориаш вақт ҷудо карда, туро бо “Мерседес” ба мактаб мебарад.
Духтарак ҳоло ҳам аз велосипед чашм намеканд. Донаҳои ашкро, ки чун донаҳои марворид дар рухсори сафедаш падид меомаданд, аз модараш пинҳон карда, бо овози танҳо ба худаш шунаво ҷавоб дод:
− Бале, очаҷон, бо “Мерседес” мебарад...
Вале дар “Мерседес” падарамро оғӯш гирифта наметавонам.
Ҳини заминларзае дар Ҷопон гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба маконе мерасанд, ки ҷавонзане зиндагӣ мекард. Аз миёни вайронаҳо ҷасади занро пайдо мекунанд. Шакли зан дар байни вайронаҳо каме аҷиб менамуд. Гӯё дар ҳолатест, ки бо дастонаш чизеро дошта, ба зону нишастааст.
Маълум аст, ки хона болояш чаппа шудааст, аммо бо вуҷуди ин сардори наҷотдиҳандагон бо умеди ин ки шояд зан зинда бошад, наздиктар меравад. Мутаассифона, вай дерест мурдааст.
Гурӯҳ мехоҳад, ки ба макони дигар гузашта, ягон нафари зиндамондаро наҷот диҳанд, аммо сардори онҳо аз сӯрохе дар назди зан ба зер нигоҳ мекунад ва фарёд мезанад, ки ба наздаш биёянд.
Сардор нидо мекунад: Кӯдак! Кӯдак ҳаст, дар он ҷо кӯдак ҳаст!
Гурӯҳи наҷотдиҳандагон баъди хеле кор кардан тахтапораҳоро аз болои зан дур меандозанд ва дар зери ҷасади зан, дар матои гулдоре кӯдаки тақрибан семоҳаро пайдо мекунанд. Маълум, ки зан дар охирин ҳамла худро барои наҷоти тифлаш сипар кардааст. Вақте кӯдакро мегиранд, ҳанӯз хоб аст.
Духтур дартоз меояду кӯдакро муоина мекунад. Вақте парпечи кӯдакро мекушоянд, аз дарунаш телефони мобилиеро меёбанд. Рӯи телефон ин ҷумла навишта шудааст:
“Агар наҷот ёбӣ, ба ёд овар, ки дӯстат медорам!” Некӣ
Мард баробари дарро кушодан рӯ ба рӯяш милисаҳоро дида, дасту по гум кард. Сипас, бо ҳаяҷон гуфт:
− Марҳамат. Ягон гап шудааст, ягон хизмат буд?
Яке аз милисаҳо, ки марди қавипайкари ҳузарбе буд, ҷавоб дод:
− Мо шахсеро боздошт кардем, ки соли гузашта хонаи шуморо ғорат кардааст! Инро дар рафти пурсупос маълум кардем.
Мард ба ҷавони тақрибан 18−20−солае, ки миёни милисаҳо бо дастони баста дуқат шуда меистод, як нигоҳ карда, сипас гуфт:
− Биёед, марҳамат кунед. Ба хона дароед!
Шояд суоле доред?
Ҳамаашон ба меҳмонхона гузаштанд.
Мард аввал дасти милисаҳо, баъд дасти ҷавонро фишурда, илова кард:
− Хеле хуб кардед, ки омадед. Ман бо ин ҷавон шинос шуданро хеле вақт боз мехостам.
− Шумо ба фикрам моро нодуруст фаҳмидед!
Ин ҷавон ҳамкори мо нест. Ӯ ҳамон дуздест, ки ба хонаи шумо даромадааст, – гуфт яке аз милисаҳо.
Мард гуфт:
− Ман ҳоло чандон пир нашудаам, ҷаноби милиса, медонам, ки ӯ дузд аст. Аммо рости гапро гӯям, ман аз вай шикоят надорам.
Ҳарфҳои соҳибхона натанҳо милисаҳо, балки ҷавонро ҳам ба ҳайрат овард. Ӯ ба ҷавон табақи шириниро дароз карда, суханашро давом дод:
− То ғорат шудани хонаам, то нимаҳои шаб менишастам. Телевизор тамошо мекардам ва аз ҳар хабари шунидаву дидаам ба фикр мерафтам.
Шабҳо хоби сиёҳу даҳшат медидам. Аз ҳодисоти рухдода сахт андӯҳгин мешудам. Ин ҳолат то дер давом мекард. Бисёр мешуд, ки аз ғояти андӯҳу аз тамошои телевизор намозамро саросема мехондам.
Ин ҷавон надониста ҳам бошад, маро аз ин ғафлат раҳо кард.
Яке аз милисаҳо тоқат накарда, пурсид:
− Чӣ кор кард?
Мард табақи конфетро, ки рӯи миз меистод, ба ҷавон наздиктар монда, афзуд:
− Беҳтарин корро кард! Ба хона даромада, теле-визорро дуздид. Носталгияи ҳазору як шаб
Ҳунарманди машҳуре дунёро падруд гуфт.
Ӯро бо як маросими пуршукӯҳ дафн карданд.
Малоика пеш аз намозу ниёз ӯро аз филмҳои бардоштааш суол карданд. Чун дубли дасти ҳунармандро диданд, ӯро панҷоҳ сол маҳкум ба ҷазо карданд.
Ҳунарманд ҳам чӣ кор кунад? Азбаски гуноҳашро медонист, сарашро хам карда, шаҳди ҷазоро чашидан гирифт. Чун панҷоҳ соли ҷазо поён ёфт, вай “акнун нафас рост кунам” гуфта буд, ки малоика боз расиданд. Гуфтанд:
− Боз панҷоҳ соли дигар ба ҷазо маҳкум шудӣ!
Мард аввал эътирозашро бо овози паст такрор карда, сипас пурсид:
− Эй фариштаҳои муборак, ман дар ҳаёт ҳамагӣ як филм офаридаам. Азбаски дар он филм нақши шахсеро бозидам, ки миллатро ба муфлисӣ мебарад, панҷоҳ сол ҷазо гирифтам. Инро фаҳмидам, вале ҷазои бори дуюм барои чист?
Яке аз малоика гуфт:
− Дар ин ҷо мо айбе надорем. Гап дар ин ки шаби гузашта ба хотири “Ҳафтаи носталгия” ҳамон филми туро бори дигар нишон доданд...
Зан, ки ҳамроҳи писараш ба боғчаи аз ҳама замонавии шаҳр омада буд, аз навиштаи зебои пушти дар утоқи директор будани онро донист.
Дарро тақ-тақ карда, иҷозаи даромадан хост.
− Писарамро ба боғчаи шумо доданиам, ҷаноб. Шунидам, ки аз ҳама боғчаи наву замонавии шаҳр ҳамин будааст, – гуфт баъд аз салому алейк.
− Дуруст шунидаед, хонум. Аз сар то пойи боғчаамон замонавист, − гуфт директори боғча.
Зан аз шунидани ин гап хеле хушҳол шуд.
Вай дарҳол кӯдаки дасташро ба директор нишон дода, афзуд:
− Замонавӣ будан хеле хуб аст, шояд ин беқарори моро ором карда тавонад.
Директори боғча кӯдаки дар оғӯши модараш беқарорро ба даст гирифта, каме гирди утоқ гардонд.
Сипас, пурсид: − Духтар аст, ҳамин тавр не? Синну солаш ҳам якуним дусола...
− Бале, бале. Зуд пай бурдед,- гуфт модари кӯдак ва афзуд, − ман худ як одами ҷамъиятиям.
Вале бо тарбияи ин майдаяк овора шуда, дар хона маҳбус мондам.
Директор баъзе коғазҳоро рӯи миз бароварда, ба зан нигарист:
− Шартномаро ҳармоҳа мебандем. Маблағ ҳам пешакӣ пардохта мешавад. Чунки ин нисбатан замонавитар аст. Шумо хонум, бо ин қисмат ошно шавед ва он чи дар ин бахши шартнома гуфта шудааст, бояд ба иҷро расонед.
Зан ба варақ як чашм давонда, сипас, иброз дошт:
− Пул муҳим нест, ҳар қадар лозим бошад, мепардозам. Фақат сатри аз ҳама поёниро нафаҳмидам.
Директор ҳам варақаро аз дасти зан гирифта, нигарист ва нидо кард:
− Ҳааа... Бале, ин моддаи шартнома хеле муҳим аст. Як либосатонро ҳатман оварданатон даркор. Хоҳ курта аст, хоҳ ҷома, фарқаш нест.
− Ҷома? – бо ҳайрат пурсид зан.− Чӣ кор мекунед?
Директор бо ҷиддият изҳор дошт:
− Як пажӯҳиш, хонум! Як пажӯҳиши илмӣ анҷом додем. Кӯдак вақте ба хоб рафт, рӯяшро бо курта ё ҷомаи модараш мепӯшонем. Барои он ки мисли оғӯши модар аст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё