Зеҳн
Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.

Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди як ҳафтаи вазнини кор падарам субҳи якшанбе аз хоб бедор шуда, наҳорӣ кард ва қарор дод, ки барои бартараф кардани хастагӣ ин рӯзро дар хона гузаронад. Сипас як даста рӯзномаро пешаш гузошт. Ин дам набераи чорсолааш аз дар даромад.

− Бобоҷон, рӯз шуд, акнун биёед маро ба парк баред! − бо лаҳни кӯдакиаш “амр” кард набера.

Ба хотири бобо ваъдаи ба Маҳина додааш расид, ки рӯзи якшанбе ба тамошои боғ мераванд.

Аммо ҳоло хоҳиши аз хона берун рафтан надошт.

Аз ин рӯ, фикр мекард, ки чӣ кор кунад, ки тамошои боғро ба вақти дигар гузорад. Якравии набераашро низ медонист. Дар ҳамин фикр буд, ки чашмаш ба харитаи дунё часпид, ки як саҳифаи рӯзномаро медод. Бобо онро ба чанд пораи хурде тақсим карда, ба набера гуфт: − Агар ҳамин харитаро ҷо ба ҷо карда биёрӣ, туро ба боғ мебарам.

Маҳина хурсанд шуда, пораҳои кӯчаки коғазро ба даст гирифта аз пеши бобо баромад.

Бобо шод шуда худ ба худ гуфт, коре кардам, ки набераам чӣ, агар профессори ҷуғрофиё ҳам биёяд, онро дуруст карда наметавонад.

Вале хилофи интизори бобо баъди даҳ дақиқа

Маҳина аз дар даромада шодиёна нидо кард.

− Бобоҷон, дуруст кардам...

Бобо ҳайрон шуда, бовар накард. Вале дид, ки наберааш харитаро дуруст карда овардааст.

Пурсид:

− Духтарам, ту инро чӣ тавр дуруст кардӣ?

Кӯдак ҷавоб дод:

− Вақте коғазҳоро аз пеши шумо мебурдам, дидам, ки дар пушти онҳо сурати як одам аст.

Одамро ки дуруст кардам, дунё худаш дуруст шуд. Онҳо дар қабристонанд

Оилае аз Италия ба Амрико кӯч мебанданд.

Мехоҳанд иҷорае пайдо карда, зиндагиашонро дар ин кишвар идома диҳанд. Вале аз сабаби он ки ҳафт кӯдак доштанд, ба осонӣ иҷора ёфта наметавонистанд. Ҳар боре, ки иҷорадиҳандагон онҳоро бо ҳафт кӯдакашон медиданд, аз додани иҷора даст мекашиданд.

Ин ҳол дер давом кард. Онҳо акнун ноумед мешуданд. Рӯзе зан ба шавҳараш пешниҳод кард:

− Биё, вақти бо иҷорадиҳандагон вохӯрдан бачаҳоро бо худ намебарем. Агар пурсанд, мегӯем, ки кӯдак надорем. Баъди хонаро гирифтан кӯдакҳоро меорем. Касе намефаҳмад. Агар рафту фаҳманд ҳам, наход моро пеш кунанд...

Вале марди хонадон, ки шахси диндор буд, пешниҳоди ҳамсарашро рад кард. Иҷораёбии оилаи итолиёӣ тӯл кашид. Рӯзе эълонеро дар рӯзнома дида, мард ба ҳамсараш гуфт:

− Ту панҷ кӯдакро гирифта ба қабристони католикҳо рав. Ку, бинед он ҷо ягон нафар аз шиносҳоямон дафн шудааст ё не.

Ин гуфтаи шавҳар барои зан ҳарчанд номафҳуму ногаҳонӣ буд, эътироз накарда, бо панҷ фарзандаш ба қабристон рафт.

Мард бо ду фарзанди дигараш ба суроғаи эълон омад. Дарро ба рӯяшон зане кушод.

− Ҳамсаратон куҷост? Дигар фарзанд надоред? – пурсид зани соҳиби иҷора.

Мард сарашро ба зер афканда, бо овози каме гирифта ҷавоб дод:

− Ҳамсар ва фарзандони дигарамон дар қабр-истонанд, хонум.

Зан мутаассир шуд. Дигар чизе нагуфта, калиди хонаро ба мард дод.

Ҳамин тавр, оилаи итолиёӣ тавонист, ки ҳам дурӯғ нагӯяд ва ҳам дар шаҳри пурмағали Нию−Иорк бо ҳафт фарзандаш сарпаноҳ биёбад.

Дар охири хиёбон, дар қисмати ғарбии шаҳр бинои назарногири сеошёнае қомат афрохтааст.

Дар ин бино, ки аз хишт бунёд ёфтаааст, рассомон зиндагӣ мекунанд. Ҳуҷраи ду ҷавондухтари рассом дар қабати болоии бино ва ҳуҷраи рассоми ҷавоне дар ошёнаи дуюм воқеъ аст. Ин ҷо ҳам макони иқомат аст барояшон, ҳам утоқи кор…

Рӯзе яке аз духтарони ҷавон бемор шуд. Вай оҳиста− оҳиста заифу лоғар мегашт... Дугонааш расм мекашид. Бемор рӯйи кати хобаш дароз кашида, аз тиреза ба берун менигарист. Дар баробари тамошо кардан чизеро мешумурд. Аз 12 то 7 ҳисоб кард.

Духтари дигар расмкаширо қатъ карда, бо тааҷҷуб ба берун нигарист. Барояш аҷиб буд ва донистан мехост, ки дугонаи бемораш чиро мешуморад. Вале дар берун чизе наменамуд. Танҳо ҳавлии фарсудаву холии бино, дар масофаи се чор метр дурӣ девори бараҳнае ва як дарахти пири шохаҳояш ба девор часпидаи ангур.

Духтарак ба дугонаи бемораш нигаҳ афканд:

− Ба ту чӣ шудааст?

− Шаш, − шумориданро давом дод рассоми бемор, ки овозаш хириву гирифта ба гӯш мерасид. −

Се рӯз пеш қариб садто буданд. Аз шумориданашон сарам ба дард меомад. Акнун осон шуд. Боз яктои дигараш рафт. Панҷто монданд.

− Панҷто чӣ, охир?

− Барг. Баргҳои ангур... Чунин ҳис мекунам, ки вақте охиринаш дарахтро тарк кард, ман ҳам аз ин дунё меравам.

− Ҳарзагӯиро бас кун! Ҳоло вақти ин гапҳо нест, умедатро ба сиҳҳат ёфтан бештар кун. Ҳоло бароят хӯрок меорам, то хӯрда қувват пайдо кунӣ.

− Иштиҳо надорам, намехӯрам, − рад кард бемор. − Мехоҳам шом парда накашида, афтодани барги охиринро ҳам бинам. Он вақт шояд, ки ман ҳам биравам.

Вақте беморро хоб бурд, дугонааш ба ошёнаи дуюм назди рассоми ҷавон рафт. Ҳоли дугонаи беморашро ба ҷавон қисса кард, зеро аз муҳаббати ҷавон нисбат ба вай огоҳ буд. Ҷавон духтари рассомро дӯст медошт. Аммо ба изҳору эътирофи муҳаббаташ ҷуръат надошт. Аз ранҷондану ранҷидан метарсид. Боз аз он ҳарос дошт, ки ҷавоби рад шунавад. Бинобар ин ишқашро дар дил нигаҳ медошт. Ҳоло ки духтар беҳолу мадор мехобид, имкони ҷавон хеле кам буд, то барои вай коре бикунад... Субҳи дигар, вақте бо хоҳиши рассоми бемор дугонааш пардаи тирезаро кушод, дар ҳайрат монд, чунки баъди борони сели дишаба, ки мегуфтӣ ҳеҷ тамом намешавад ва шамоли сахт, ҳоло ҳам як барг дар дарахт овезон буд. Гӯё дудаста ва бо тамоми қувват шохи панҷ−шаш метр аз замин баланди дарахтро дошта буд.

− Ин охиринаш буд. Гумон доштам, ки баъди шиддати борону шамол имшаб ҳатман меафтад... ва ман ҳам тарки дунё мекунам,- гуфт бемор.

Он рӯз барои духтар хеле оҳиста мегузашт.

Чун шом шуд, боз борон сар кард. Рӯзи дигар ҳанӯз субҳ надамида, аз дугонааш хост, тирезаро кушояд.

Аз ҷои хобаш дуру дароз ба барги охирини дарахт нигарист. Баъд ба дугонааш рӯ оварда гуфт:

− Густохӣ кардам... Нерӯе он барги охирини дарахтро нигоҳ дошт, то чӣ андоза инсони бад будани маро нишон диҳад. Хостани марг гуноҳ аст, вале ман онро хостор шудам... Акнун каме хӯрокам биёрӣ, мехӯрам.

Духтур, ки шабона ба муоинаи бемор омада буд, дами рафтан гуфт:

− Ҳоло ба ошёнаи дуюм меравам. Он ҷо низ як бемори ҷавон дорам. Яку якбора мариз шудааст.

Барои чӣ, намедонам, аммо дишаб дар кӯча зери борону шамол мондааст. Вазъаш ҷиддӣ!

Рӯзи дигар духтур боз барои муоина ба утоқи духтарони рассом омад.

− Офарин, пештар аз вақти интизордоштаам сиҳҳат ёфта истодаед. Ҳолатон хеле хуб, рӯ ба беҳбудист. Аммо бемори ошёнаи поён торафт бадтар мешавад. Имрӯз ба беморхона фиристодем.

Ҳолаш хуб нест.

Ҳамон рӯз, вақти нисфирӯзӣ духтари рассом ба дугонааш, ки акнун сиҳҳат ёфта буд, аз ишқи ҷавон гап кушод. Духтар, вақте фаҳмид, ки касе ӯро дӯст доштааст, хеле хурсанд шуд. Акнун мехост бо ҷавони рассом, ки ӯро танҳо аз дур дида буд, зудтар шинос шавад. Аммо бегоҳ хабар расид, ки ҷавон вафот кардааст.

Ҷавонро субҳи ҳамон рӯзе, ки бемор шуд, дарбони бино дар утоқаш беҳолу нафасгир пайдо кард. Сару либосаш тамоман тар шуда, баданаш чун ях сард буд. Касе то ҳол намедонист, ки дар он шаби ваҳмовару сарди боронӣ куҷо рафта буд. Баъд як фонуси ҳанӯз фурӯзон, як нардбони мутаҳаррик ва рӯи он лавҳачаи рассомӣ (палитра), ки дар он ранги зарду сабз омехта шудааст ва чанд қалами шикастаро пайдо карданд. Он вақт сирри наафтодани охирин барги дарахт ҳам маълум шуд...

Барги охирини дарахт, ки ҳатто бо вазиши шамоли сахт ҳам канда намешуд, шоҳасари ҷавони рассом буд. Ҷавони ошиқ ҳамон шабе, ки охирин барги дарахтро шамол афтонд, тамоми ҳунари рассомиашро ба кор бурда, расми баргро кашид.

Расми кашидаро, ки аз барги аслӣ фарқ надошт, ба девор овехт. Чунон моҳирона, ки духтар аз тиреза нигоҳ карда, пай намебурд, ки “барг” дар девор аст.

пешина
аз 11
навбатӣ