Зеҳн
Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.

Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳоло ҳам онро дар дарахт медид...

ҚАЙД: Бо истифода аз ҳикояи О. Генрӣ Пойафзор

Мард дар кӯча кӯдаки побараҳнаеро, ки дар дасташ як пойафзор дошт, дида пурсид:

− Бачаҷон, як попӯшатро гум кардӣ, магар?

Кӯдак, ки сархам роҳ мерафт, дар ҷой истод ва оромона ҷавоб дод:

− Не, амак, танҳо яктояшро ёфтам.

Ҳангоми ба қатора савор шудан муаллим яке аз попӯшҳояшро афтонд. Дигар имкон набуд фуромада, онро бигирад. Чунки қатора ба роҳ даромада буд. Онҳое, ки дар паҳлуяш буданд, бо ҳайрат чӣ кор карданашро менигаристанд. Ӯ дар ниҳояти оромишу сукут попӯши дигарашро аз пой кашида, аз тиреза ба попӯши афтондааш наздиктар ҳаво дод.

Яке аз талабаҳо тоқат накарда, пурсид:

− Барои чӣ ин тавр кардед, муаллим?

− Барои он ки эҳтиёҷманде пойи аввали попӯшро ки ёфт, дигарашро ҳам ёфта бипӯшад! Рамазон аз нигоҳи кӯдак

Рӯзи аввали Рамазон:

Имрӯз дар хона як навъ дигаргунӣ ҳаст.

Ҳама хапанду хомӯш. Коргар ба кораш мераваду мактабхон ба мактабаш. Очаам «Фарҳод, хез бароят наҳорӣ тайёр кунам» гуфта аз хоб бедорам кард.

Дар хона ҳеҷ кас хӯрок намехӯрад, об наменӯшад.

Ҳатто апаам!

Рӯзи панҷум:

Аввал фикр кардам, ки хонаводаи мо ҳама парҳез кардаанд, барои ҳамин чизе намехӯранд.

Ҳамаашонро бодиққат тамошо кардам. То дами бегоҳ ҳамаашон хомӯш мегарданд. Бегоҳ дастархон ороста, садои азонро мунтазир мешаванд. Тамошои ин манзара хеле хуш аст. Ин ҳолати апаам, ки дар вақтҳои дигар дар гапзанӣ касеро навбат намедиҳад, маро сахт ба ханда меорад. Лекин ҷасорати хандидан надорам. Рӯзи нуҳум:

Аз апаам пурсидам, ки барои чӣ онҳо чунин мекунанд? Гуфт: «Калон шавӣ, мефаҳмӣ...» Чӣ ҳам мегуфт, охир. Аз очаам пурсидам, гуфт: «Рамазон».

Аз дадаам пурсидам, «Рӯза» гуфт.

Рӯзи ёздаҳум:

Маълум мешавад, ки ин Рамазону Рӯза ҳар ду якҷо шуда, оилаи моро аз хӯрдану нӯшидан манъ кардаанд. Аз рафиқам Толибҷон пурсидам.

Хонаводаи онҳо низ рӯзона аз хӯрдану нӯшидан маҳрум будаанд...

Рӯзи чордаҳум:

Садои қошуқу коса ва гапзаниро шунидам.

Бедор шудам. Хостам ба падарам хабар диҳам.

Давида рафтам, ки дар ҷойхобаш нест! Ночору беқарор ба ҳуҷраи хоби апаам тохтам. Нест!

Натарсидам, гуфтам, ман сазои ин дуздҳоро медиҳам. Гирифтам чӯби ошбурии модарамро ва оҳиста дари ошхонаро кушодам. Чӯбро ба сарам баланд бардоштаму ҳайрон мондам. Чаро ки очаву дадааму апаам хӯрок мехӯрданд?! О, шумо, бедорхобҳо... Рӯзона ки аз Рӯзаву Рамазон метарсанд, хӯрокашонро дар ними шаб мехӯранд.

Боз ба ман нигариста, механданд. Тарсуҳо. Рӯзи ҳабдаҳум:

Аввалҳо хостам, ки Рамазону Рӯзаро ба амаки милиса шикоят кунам. Вале чун дидам, ки апаам хӯрок нахӯрда, мисли пахта нарм мешавад, очаву дадаам низ дигар ҷанг намекунанд, гуфтам бигзор ҳамин тавр рафтан гирад. Маълум, ки Рамазону

Рӯза ду «одам»-и хеле хубанд.

Рӯзи нуздаҳум:

Ба хонаамон ҳамсояҳо меоянд, онҳо низ мисли пешин нестанд. Менишинанд, хеле ором суҳбат мекунанду мераванд. Онҳо дигар аз телефону сериалҳо гап намезананду келину хушдоман ва ҳамсояҳои дигарамонро ғайбат намекунанд. Холаи

Азиза низ хеле инсони хуб шудааст...

Рӯзи бистудуюм:

Қариб чанд ҳафта мешавад, ҳама чиз яксон ҷараён дорад. Телевизорҳо низ мисли пешин бо воҳима гап намезананд. Нармии одамон ба онҳо низ таъсир кардааст. Одамон бо шунидани азон

«ифтор» гӯён якбора ба хӯрдан сар мекунанд. Ин аҷаб гуворост.

Рӯзи бистучорум:

Дирӯз шунидам, ки холаи Сокина аз модарам мепурсид: «Агар чунину чунон кунам, Рӯза мешиканад?» Маълум мешавад, ки ин Рӯза хеле

«шахс»-и ҳассос аст. Ҳамин ки инсонҳо кори ноҷое кунанд, дилшикаста мешудааст. Дар ҷое кори бадро бинад, мегурехтааст. Ман акнун ба Рӯзаву

Рамазон сахт мароқ зоҳир кардам. Бисёр мехоҳам, ки бо онҳо шинос шавам.

Рӯзи биступанҷум:

Дар ин рӯзҳо ҳама аз шаби Қадр баҳс мекунанд. То ҳол надидам, ки одаме барои худаш шаб дошта бошад. Қадраш кӣ аст? Чаро шаби ӯ аз ҳазор шаб ҳам болотар будааст? Дар шаби ӯ боз нахобидан, намоз хондан, дуо кардан муҳим будааст...

Рӯзи бистушашум:

Ба ман «ифтор» маъқул шуд. Бегоҳ хӯрок хӯрданро «ифтор» мегӯянд. Дар ними шаб хӯрдан

«саҳархӯрӣ» ном доштааст. Баъди ифтор хурсандӣ ҳам мекунанд. Дадаам моро ба масҷид мебарад.

Ҳама он ҷо хурсанданд...

Рӯзи бистуҳаштум:

Бо мароқи зиёд интизор шудам, аммо хобам бурдааст. Қадр бо шабаш омада рафтааст. Ман онро надидам. Аз ин рӯ, бародарамро сахт ёд мекунам.

Ӯ ба ҳама саволҳоям ҷавоб медод. Ҳар бор ки аз апаам пурсам, ӯ маро мазоҳ карда, серӣ механдад.

Боз ба дугонаҳояш нақл карда, ҳамроҳ механданд.

Асабонӣ мешавам. Акаам дар шаҳр дар донишгоҳ мехонад. «Акаам кай меояд, оча»,- гӯён мепурсам ҳар бор аз очаам. Очам мегӯяд: «Ид биёяд, акаат низ расида меояд». Рӯза, Рамазон, Қадр бо шабаш ва боз Ид... Дигар пурсида наметавонам, ки Ид кист? Чаро то ӯ наояд, акаам намеомадааст? Шояд рафиқи акаам бошад? Акаамро сахт ёд кардам. Идро ҳам ҳамроҳаш биёрад, бо ӯ низ шинос шавам...

Рӯзи бистунуҳум:

Дар охир як номи занона шунидам.

Орифа гуфта наметавонанд, Арафа мегӯянд.

Ҳамин қадар душвор аст гуфтани Орифа? Номи зани тағоям, охир. Модарам мегӯяд, «Арафа омад, мо ҳоло ҳам хонаҳоро тоза накардаем». Маълум мешавад, ки холаи Арафа хеле занаки тозакор аст.

Омад-омади ӯро шунида, ҳама барои тозагӣ талош мекунанд. Гоҳ Ид мегӯянду гоҳ Арафа ва хеле сахт кор мекунанд. Хӯрокҳои гуногун мепазанд. Тайёрӣ мебинанд. Очаамро пурсидам, ки Ид кай меояд?

Гуфт: Баъди Арафа. Фаҳмидам, ки Иду Арафа зану шавҳар нестанд. Хеш ҳам нестанд. Сарам хеле гаранг шуд. Кошкӣ акаам Суҳайлӣ меомаду ҳамаро бароям мефаҳмонд...

Ниҳоят Ид омад. Саҳар хестаму ҳамаро дар вақти наҳорӣ ёфтам. Фикр кардам, Рӯза мурдааст, ки инҳо рӯзона хӯрок мехӯранд. Акаам шабона омадааст. Аз хурсандӣ парвоз кардам. Хеле ёд кардем якдигарамонро. Ҳама чизи гузаштаро ба ӯ як-як нақл кардам. Дидам, ки ба ман нигариста, табассум мекунад. Донистам, ки хеле хуб кардаам, ки апаамро напурсидам. Аз акаам пурсам, бо табассум ҷавоб медиҳад, аммо апаам бо қаҳ-қаҳа.

Акаам ҳамаашро аз аввал ба ман нақл кард. Ин навбат ман худро аз ханда дошта натавонистам...

Ман Идро хеле дӯст доштам. Аммо ба сабаби он ки апаам боз ба асли пешинаш бармегардад, аз рафтани Рамазон хеле маҳзун шудам. Чӣ хуш, агар барои мо ҳар рӯз Рамазон бошад.

пешина
аз 11
навбатӣ