Башир Усмон Ҳадяи зиндагӣ

“Ҳадяи зиндагӣ” як силсила ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро дар бар гирифта, қаламкаши ҷавон мушоҳидаҳои ҷолиби худро аз зиндагии имрӯз бо омезиши тахайюл ба қалам додааст. Ҳадафи асосии Башир Усмон аз ин навиштаҳо даъват кардани инсонҳо ба накӯкорӣ ва хайрхоҳӣ ба дигарон буда, ӯ ба тамоми мавҷудоти олам ба чашми меҳру дӯстдорӣ менигарад.
Зеҳн · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Аввал хост онро ба ҳамон ҷое гузорад, ки пайдо карда буд, вале аз чӣ бошад ҳиссиёти аҷиб ва барояш ношиносе дар вуҷудаш туғён карда, ӯро аз нияташ гардонд.
Ҷавони ҳаросону хотирпарешон қарор дод, хонаҳои атрофро суроғ карда, соҳиби қалбро ёбад.
Бо ҳамин ният дари аввалин хонаро тақ-тақ кард.
Дар нимроғ кушода шуда, духтараке бо чеҳраи зебо вале маъюс намуддор гардид.
− Бибахшед, ин дили шумост, каме пеш онро рӯи роҳ ёфтам?!
Духтарак бо овози гирифтаву дардолуд ҷавоб дод:
− Ман диламро се моҳ пеш ба як бевафое додам... Шумо хонаи муқобилро пурсед, шояд аз онҳо бошад.
Хонае, ки духтарак ба ҷавон нишон дод, як бинои сеошёнаи боҳашмате буд. Дарро ба рӯи ҷавон хизматгор кушода, ӯро ба назди соҳибаш ба ошёнаи дуюм раҳнамоӣ кард.
Ҷавони ҳайратзада рӯи қолини ғафсу мунаққаш қадам мезад ва аз як тараф қатраҳои хунро, ки ба рӯи қолин мечакид, ба пояш мепӯшонд.
− Ин қалби шумост? Ҳоло ҳам метапад...
Мард аз қадаҳи булӯрини дасташ қадре нӯшида, сипас ба ҷавон нигоҳ кард.
− Не, додар, аз ман нест, чунки ман диламро ба дунё бахшидам. Дар ҳамсоягӣ пирамарде зиндагӣ мекунад. Бипурс, шояд аз ӯ бошад.
Ҷавон қалбро, ки тапиданаш тадриҷан суст мешуд, ба кулбаи фарсудае бурд, ки соҳиби хонаи муҳташам ишора намуд. Он ҷо мӯйсафеди нуроние сукунат дошт.
− Ин қалб аз шумост, амак? -савол дод ҷавон ба мӯйсафед ва ҷавобро мунтазир нашуда, афзуд:
− Зуд бошед, ки сард мешавад. Ман онро аз кӯча ёфтам. Гарм буд. Ҳоло тапиданаш кам мегардад.
Мӯйсафед, ки банди мутолиаи Қуръон Карим буд, китобро оҳиста пӯшонда, ба тоқ гузошт ва ба ҷавон рӯ овард:
− Ман на танҳо қалбамро, балки ҳама ҳастиямро ба Аллоҳ таъоло бахшидам, писарам.
Чаро ту соҳиби ин дилро аз падару модарат намепурсӣ?- пурсид мӯйсафед аз ҷавон.
− Онҳо ҳар ду ҳам пир шудаанд. Азбаски мисли кӯдак таваҷҷуҳу муомила мехоҳанд, ман се рӯз пеш бо онҳо ҷанҷол карда, хонаро тарк намудам.
Чеҳраи мӯйсафед тағйир ёфт, ӯ бо овози пасту гирифта такрор кард:
− Тарк кардӣ-а? Тарк кардӣ...
Ҷавон музтар монд, намедонист чӣ кор кунад.
Аммо мӯйсафед ҷавоби саволашро ёфта буд. Вай бо қадамҳои устувор ба ҷавон наздик шуда, тугмаҳои куртаи ӯро кушод.
− Дар синаи ҷавон ба қадри ҳамон дили дасташ халое ба назар мерасид... Хоҳиш
Зане 25-солагии издивоҷ ва 60-солагии рӯзи таваллудашро таҷлил мекард. Сахт тайёрӣ дида, хӯрокҳои гуногун ва лазиз омода кард. Мунтазири меҳмонон нишаста буд, ки садои тақ-тақи дар баланд шуд. Дарро кушод, вале меҳмонро шинохта натавонист. Ӯ ҳам зуд ба муаррифии худ гузашт.
“Ман фариштаам. Омадам, ки шуморо табрик бикунам ва омодаам, ки як хоҳишатонро амалӣ созам”.
Зан баъди “меҳмон”-ро ба дохили хона даъват кардан гуфт: “Дар тӯли зиндагии 25-солаамон он чи ман аз ҳама зиёд орзу кардам, як бор ҳамроҳи ҳамсарам сайри ҷаҳон кардан буд”.
Фаришта зуд чиптаҳои тайёраҳоро ба тамоми давлатҳои дунё муҳайё карда, инчунин қайди зану ҳамсарашро ба меҳмонхонаҳои бузурги дунё гузошт.
Сипас, ба ҳамсари зан рӯ оварда, гуфт: “Шумо низ як хоҳиш карда метавонед”.
Мард баъди каме фикр кардан хоҳишашро чунин баён кард: “Мехоҳам ҳамсаре дошта бошам, ки аз худам 30 сол ҷавон бошад”.
Баъди гузашти каме вақт мард навадсола шуд.
ДАРС:
Бештари вақтҳо мардон носипосӣ мекунанд.
Вале хайрият, ки фариштаҳо ҳақро ҷонибдоранд. Ҳабси абад
Дар Амрико марде ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Ӯ шабу рӯз дар пайи фирор аз маҳбас буд. Роҳу тадбир меҷуст. Рӯзе ҳангоми сайру гашт дар саҳни маҳбас чашмаш ба ду посбони маҳбас афтод, ки тобутеро ба мошин бор мекарданд. Ниҳоят фикреро, ки чанд моҳ боз меҷуст, пайдо кард. Азбаски маҳбас хеле калон буд, ҳар ҳафта ду-се нафар аз маҳбусон тарки дунё мекард. Маҳбус ба яке аз дарбонҳо пешниҳод кард, ки ӯро дохили тобут гузошта, барои фирор карданаш мусоидат кунад. Бар ивазаш маблағи калон ваъда кард. Дарбон аввал аз ин пешниҳоди маҳбус тарсида, фикри ӯро рад кард. Вале баъдтар ҷаззобияти маблағи ҳангуфт дилашро бурд. Ӯ пешниҳодро қабул кард.
Дарбон калиди ҳуҷраеро, ки маҳбусони мурдаро нигоҳ медоштанд, нусхабардорӣ карда, ба маҳбус дод. Маслиҳат ин буд, ки ӯ дар аввалин фурсат дохили яке аз тобутҳо мешавад. Баъди дафну ҷаноза шабона дарбон рафта, маҳбусро аз тобут берун меорад.
Нақша тавре ки кашида шуда буд, роҳандозӣ гардид. Маҳбусе, ки тамоми фикраш ба гурехтан банд буд, дигар нигоҳ накард, ки дохили тобути даромадааш кӣ хоб аст. Пагоҳӣ дарбонҳо тобутро ба мошин бор карда, ба қабристон бурданд. Ба хотири ба ҷо овардани урф як маросими динӣ ороста, мурдаҳоро дафн карданд.
Дар дохили тобут бетоқат шуда, маҳбус интизор буд, ки дарбон омада ӯро барорад. Баъди гузаштани вақти зиёд чун касе наомад, маҳбус беқарор шудан гирифт. “Шояд худам баромада тавонам”, - гуфт ӯ ба худ ва аз ҷайбаш базӯр оташгиронро баровард. Онро равшан карда, тахтачӯби болои сарашро каме палмосид. Дар ҳамин вақт чашмаш ба мурдаи паҳлӯяш афтод. Ӯ дигар ҳаракат накард! Шах шуд! Мурдаи паҳлуяш дарбони шарикаш буд. Ҳамоне, ки бояд ӯро мебаровард... Ҳадя
Кӯдаки даҳсола рӯзе аз падар пурсид:
− Падарҷон, агар ман ҳаждаҳсола шавам, бароям чӣ ҳадя мекунӣ?
Падар гуфт:
− То ҳаждаҳсолагият ҳоло вақт аст, писарам.
Наздик шавад, фикр мекунам.
...Дар ҳабдаҳсолагияаш кӯдак ба беморхона афтод. Табибон гуфтанд, ки дилаш бемор, умеди зинда монданаш нест.
Кӯдак аз падараш пурсид:
− Падарҷон, оё ман мемирам?
Падар аз гиряи зиёд ҷавоб дода натавонист.
Кӯдак сиҳҳат шуда, аз беморхона ҷавоб шуд.
Акнун ӯ ҷавони ҳаждаҳсола аст. Ба хона омад ва рӯи кати хобаш як пора коғазро дид. Онро ба даст гирифта хонд:
− Фарзанди азизам! Дар ёд дорӣ, аз ман пурсида будӣ, ки дар ҳаждаҳсолагият ба ту чӣ ҳадя мекунам? Акнун қалбам дар бадани ту метапад.
Ман ба ту қалбамро ҳадя кардам. Зодрӯз муборак, азизам! Ҳадя-2
Кӯдак дар кӯчаи барфпӯш ба чапу рост медавид ва ҳар касеро, ки рост меомад, чизеро ки дар дасташ буд, нишон медод:
− Бинед, он апа чӣ дод ба ман!
Ман ин манзараро аз ибтидо мушоҳида мекардам. Каме пештар аз дарвозаи мактаб яке аз духтарони мактабхон беруншуда, аз рухсораи сурхи кӯдак бӯсида, ба кафи дастони кӯчакаш чизе монд. Ин кӯдаки ҳанӯз чор ё панҷсола баъди рафтани духтараки мактабхон дуру дароз аз пушташ нигоҳ карда, сипас аз ҷой ҷаҳид. Мисли ин ки парвоз мекарда бошад, бо шӯру ҳаяҷон ба ҳар касе, ки пешаш мебаромад, ҳадяашро нишон медод.
Чун навбати нишон додани ҳадя ба ман расид, ҳамон гапашро такрор кард:
− Бинед, вай апа ба ман чӣ дод! Вақте ки ба ин «хазинаи нодир»-и кӯдак бо мароқ нигоҳ кардам, чӣ гуфтанамро надонистам.
Дар кафи дастони аз хунукӣ яхкардаааш як тӯби барфӣ дошт ӯ. Шояд бори аввал ҳадя гирифта буд.
Ӯ бо нияти ба дигарон ҳам нишон додани тӯби барфӣ аз барам тозон дур шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё