Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Ӯ дар даҳлези шуъбаи корҳои дохила андешаманд қадам мезаду бовараш намеомад.
Миёни занони сабукпо, ки дар натиҷаи амалиёти шабонаи кормандони милиса боздошт карданд, нафаре ба хоҳари ғӯрамаргаш сахт монанд аст.
Духтараки гандумгуни нозукандомро, ки чашмони сурху варамида дошт, бо чанд тан хонуми зиштнамо ба ҳуҷрае дароварданд. Ба капитан чунин намуд, ки хоҳари худаш Насибаро пушти панҷара мебинад.
Аз дидани ӯ лаҳзае шах шуд. Сару калобаашро гум кард. Духтарак баробари ба ҳуҷра даромадан ба кунҷе нишасту зонувони кӯчакашро оғӯш гирифта, ба гиря даромад. Занҳои дигар ба ҳаде бепарво буданд, ки суҳбаташон байни ҳам гарм ва аз боздошт шудан заррае бим надоштанд. Шояд борҳо чунин боздошту пурсупос шудаанд.
Капитан дигар тоқат накард. Ба ҳуҷраи кориаш ворид шуда, ба фикр фурӯ рафт. Ҳамкоронаш, аллакай, қисми зиёди боздоштшудагонро пурсупос карданд. Чанде аз ин тоифаи бадахлоқро бо дастури “соҳибон”−ашон аз мақомҳои боло раҳо намуданд.
Шаб аз нисф гузаштааст. Капитан Холиқов аз утоқи кориаш берун шуда, назди ҳамкоронаш омад. Чанд нафари дигар монда буд, то охири пурсупос.
− Ҳуҷраи охиринро монед, ман мепурсам, шумо монда шудед,− гуфт вай ба ҳамкораш лейтенант Наврӯзов.
− Майлаш, кӯтоҳ розигӣ дод лейтенант.
Капитан боз ба назди ҳамон ҳуҷраи оҳанин, ки духтараки ҷавон нигоҳ дошта мешуд, омад. Вай ҳамоно зонувонашро ба оғӯш гирифта, бесадо ашк мерехт. Ашк рухсораи ӯро тар карда, аз манаҳаш поён метаровид. Ҳолати духтарак капитанро ба риққат овард. Ҳар бор нигоҳ мекард, ди-лаш вайрон мешуд.
Тақрибан баъди 25 дақиқа лейтенант Наврӯзов вориди утоқ шуда, арз кард, ки агар омода бошад, занҳоро барои пурсупос биёрад. Холиқов ба ҳуҷраи пурсупос гузашт. Ҳамоно сараш гарангу хаёлӣ буд. Ӯ нахуст пурсиши чор зани ҳамҳуҷраи духтаракро анҷом дод. Пурсиш ба зудӣ анҷом ёфт.
− Чанд каси дигар монд? пурсид Холиқов аз ҳамкораш.
− Як нафар.
− Ҳамон духтараки майда? боз пурсид капитан.
− Бале.
− Ӯро ба ҳуҷраи кориам бар.
− Хуб.
Лейтенант духтаракро ба утоқи капитан овард. Духтарак сархам дар як тараф рост меистод.
Шояд аз тарс буд, ки дир-дир меларзид. Капитан курсиро пеш кашида, гуфт:
− Бишин, хоҳар! Ӯ аз ғояти раҳму дилсӯзӣ ва ба хотири хоҳари раҳматиаш ба духтарак “хоҳар” гӯён хитоб кард.
Духтарак нанишаст, сараш ҳамоно ба пеш хамида буду ашк мерехт.
− Натарс, ин ҷо касе ба ту зарар намерасонад, дилбардорӣ кард капитан, ки назди тиреза рост меистод.
Тугмаи чойҷӯши барқиро пахш кард. Оби он, ки пештар гарм буд, зуд ҷӯш омад. Капитан дар ду финҷон қаҳва омода намуд. Ӯ бо қошуқча қаҳваро каме омехта кард ва пеши духтарак гузошт.
Финҷони дигарро ба дасташ гирифта, дар курсии рӯ ба рӯи духтарак нишаст.
− Бинӯш, гарм аст таскин меёбӣ.
Духтар, ки зоҳиран бори аввал ба милисахона афтидааст, ларзидаву тарсида даст ба финҷони қаҳва бурд. Каме нӯшид. Шояд талх буд, ки бо қошуқча онро омехта кард ва рӯи миз гузошт.
Аммо сараш ҳамоно хам. Чанд дақиқа дар утоқи кории капитан хомӯшӣ ҳукмрон шуд. Вақте ҳар ду финҷон ҳам холӣ шуданд, Холиқов пурсид:
− Боз мехоҳӣ?
Духтар бо аломати инкор сар ҷунбонд. Аммо акнун гиря намекард, вале рӯю чашмонаш аз гиряи бисёр сурх шуда буданд. Ваӣ аз “хоҳар” гуфта, хитоб кардани Холиқов худро каме ором ҳис мекард.
− Акнун, биё шинос мешавем. Номи ман Набӣ,– худро муаррифӣ кард капитан ва интизор нашуда пурсид:
– Ту чӣ ном дорӣ?
− Гулноз, ҷавоб дод духтарак.
− Чандсолаӣ?
− Нуздаҳсола.
− Оё медонӣ, ки роҳи интихобкардаат бад аст?
− Медонам.
− Падару модарат ҳам медонанд?
− Онҳо ба ин сабаб шуданд.
Духтар сукут кард. Капитанро ҷумлаи охири вай ба фикр бурд. Вале духтарак дубора ба нақл сар кард. Аз саргузашти хеш.
Синфи панҷ мехонд, ки модараш аз дунё гузашт. Худро хеле танҳо ҳис кард. Гумон кард, дар атрофаш дигар касе намондааст. Падар баъд аз шаш моҳи даргузашти ҳамсари аввал дубора зан гирифт. Базӯр то синфи нуҳ таҳсилро идома дод. Ҳарчанд мудири мактаб борҳо модарандари Гулнозро мактаб даъват карда фаҳмонд, суд набахшид. Он замон падари Гулноз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт. Модарандар бисёр азияташ медод. “Махлуқи ношуд, зуд шавҳар карда, аз ин хона дафъ мешавӣ!”, ҷониби духтар дӯғ мезад вай.
Ба шавҳар зуд-зуд телефон карда, мегуфт, хостгорҳои духтар зиёд омаду рафт доранд. Боре ногаҳон суҳбати телефонии модарандарро бо падараш шунид, ки мегуфт:
− Хостгорҳои ин духтар ба ҷон расонданд.
Зудтар биё, ҷавобашонро деҳ. Ҳар рӯз ду-сетояшро гусел меку-нам. Чӣ кор кунам? Дили Гулноз ҳам ба яке кашол.
Аз шунидани ин сухан, ки “дили Гулноз ҳам ба яке кашол” ба ҳайрат афтод. Зеро модарандар дурӯғ мегуфт. Ба хона, умуман, хостгор намеомад.
Он вақт падар аз тариқи телефон ба занаш чӣ гуфт, номаълум, аммо худ наомад. Модарандар чанд дафъаи дигар бо шавҳар дар хусуси “хостгорҳо” телефонӣ хабар дода, маслиҳат пурсид. Ниҳоят, бо таҳдиду азобҳои зиёди модарандар ӯро бо марди шастсолае никоҳ карданд. Дар вақти никоҳ модарандар гуфт:
− Падарат розигӣ дод, ки туро бо ҳамин хостгори охир омадагӣ хонадор кунем. Марди бадавлату коргари калон аст, ба падарат ҳам маъқул шуд.
Аслан, ин мардро модарандар ба воситаи кадом дугонаи мисли худаш дунёпараст пайдо карда буд. Падар гумон дошт духтарашро бо кадом ҷавоне ҷуфт мекунанд. Ҳамагӣ ду сол бо ин марди калонсол зисту халос. Ва ба манзили падар омад.
Гумон дошт ӯро хуш пешвоз мегиранд. Аммо акси ҳол рӯй дод. Падар гуфт:
− Духтари бетоқат, каме дигар сабр накардӣ, ки аз Русия омада, бообрӯ гуселат кунам. Ду поро дар як мӯза дохта гуфтӣ, маро ба ҳамин марди пулдор диҳед. Ана, оқибати пулдӯстдориат!
Аз ин суханони падар дар ҳайрат афтод.
Ба модарандар нигарист. Ӯ, ки тираш ба ҳадаф расида буд, бо афти безеб табассумкунон ба Гулноз менигарист. Зеро масъаларо ба падар тавре фаҳмондааст, ки гунаҳкори асосӣ духтар бошад.
Гулноз гирён шуд.
− Падар, гӯён пойҳои ӯро ба оғӯш кашид. Ман ба хости худам хонадор нашудам.
Вале падар сахт асабӣ буд. Ба гуфтаҳояш чандон эътибор надод. Бо даст сӯи дар ишора кард ва гуфт:
− Куҷое хоҳӣ бирав, аммо дигар поятро ба ин ҷо намон!
Ҳеҷ гумон надошт, ки падар то ин андоза сангдил бошад. Танҳо ба гуфтаҳои зани маккораш бовар дошту ба духтар не. Барояш басо сахт ва аламовар буд, дар як рӯз ҳам аз хонаи шавҳар ва ҳам аз хонаи падар беруни дар шудан. Аз хонаи падар бо чашмони тар баромад. Чанде аз ҳамсоягон ҳолашро дида, раҳмашон омад. Бисёр гирист. Қарор дод, ки ба шаҳр меравад. Заҳмат кашида, рӯзашро пеш мебарад. Шаҳр омад. Ба чанд ошхона муроҷиат кард, то барои табақу коса шӯстан ба кор гиранду бар ивазаш музд бидиҳанд. Як шахси хайрхоҳ қабулаш кард. Заҳмат мекашид, аммо дар шаҳр ҷои зист надошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё