Зеҳн
Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.

зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Роҳбари ошхонаро бисёр зорӣ кард, ки то иҷора ёфтан иҷозат диҳад, шабҳо дар ошхона бимонад. Роҳбар танҳо барои як−ду бегоҳ монданаш розӣ шуд. Як рӯз дар масъалаи иҷора бо як зани фурӯшанда суҳбат кард. Зан гуфт:

− Биё, хонаву дари ман холист. Ҳар қадар хоҳӣ, истодан гир. Ба ман ҳам кӯмакат мерасад.

Дар рӯбу чин ёрӣ мерасонӣ...

Зан Гулнозро ба хонааш бурд. Рӯзи чоршанбе буд. Ду рӯз ба кори ошхона рафт. Ду рӯзи баъдӣ истироҳат ки буд, дар хона монд. Бегоҳи истироҳат соҳибхоназан бо марди миёнасоле вориди ҳавлӣ шуд. Гумон кард меҳмон аст. Ҳамроҳ хӯроки шом хӯрданд. Пасон, соҳибхона фармуд, то ҳуҷраро барои ду нафар омода созад. Баъд наздаш омада, гуфт:

− Тайёр шав, ӯро барои ту овардам. Имшаб ҳамроҳ мехобед.

Аз ин гуфтаҳои соҳибхона ба ҳайрат афтод.

Илтиҷо дошт, ки ин корро накунад, аммо зан розӣ нашуд. Пасон барояш аён гардид, ки аз “меҳмон” пул гирифтааст. Ин кори зишт чор шаб идома ёфт. Зан “мизоҷ” меоварду пул мегирифт. Духтари бечора назди ҳамаашон мегирист. Илтиҷо дошт ба ӯ даст нарасонанд, аммо бефоида. Нафаре, ки шаби чорум омад, нисбатан раҳмдил намуд. Гуфт:

− Биё, ту ба ин корҳо дигар даст назан. Ман туро никоҳ карда, ба занӣ мегирам.

Зану фарзанд дошт, лек шояд ба хотири аз кори бад раҳонидан бошад, ки бо ӯ издивоҷ кард.

Дар яке аз маҳаллаҳо барояш хонаи иҷора низ гирифт. Дақиқтараш, зане ҳуҷраеро дар ҳавлиаш нисбатан арзон барояш иҷора дод. Қариб якуним сол дар ин иҷорахона монд. Дар ин миён бо он мард, ки Ҳафиз ном дошт, соҳиби писар шуд.

Боре то пардохти иҷора як ҳафта монд. Ҳафиз барои аёдати модараш деҳа рафт. Ба зудӣ омада натавонист. Чунки модараш фавтид ва баъди дафни ӯ ҳам як муддат он ҷо монд. Соҳибхона барои ҳаққи пардохти иҷора ба ҷонаш расонд. Таҳдид мекард, ки писарашро кашида мегирад. Маҷбур назди фурӯшандаи мағозаи маҳалла барои пул қарз гирифтан рафт. То омадани Ҳафиз. Бегоҳ буд, Ҳафиз ба телефони дастии соҳибхона занг зада, Гулнозро пурсид. Дар посух соҳибхона гуфт:

− Тарки одат маҳол аст, бачам. Дар ин муддате, ки ту набудӣ, ӯ ҳар бегоҳ кӯдакро назди ман гузошта, танфурӯшӣ мебарояд. Чанд бор аз роҳ гардонданӣ шудам. Гуфт, ту кордор нашав, Ҳафиз нест ман пули иҷораи ту ва хӯроки писарамро аз куҷо меёбам? Ана, ҳоло ҳам рафтааст ва ман бо бачаи хурдсолат танҳоем.

Баъди ин занги телефонӣ дигар Ҳафиз ӯву писа-рашро суроғ накард. Дар он хонаи иҷора як моҳи дигар зиндагӣ кард. Соҳибхона гуфт:

− Духтарам, ман писаратро нигоҳубин мекунам. Ту рав кор кун, ҳақи иҷораро ёбӣ, шуд.

Ба соҳибхона фаҳмонд, то роҳрав шудани писараш хубаш кор накунад. Аммо зан ба ҷону ҳолаш намонд. Ӯро ба корҳои ифлос маҷбур мекард.

Ҳатто ба кадом нуқтаи шаҳр рафтанашро гуфт.

Бисёр ночор монд, ин бегоҳ аз хона берун баромада, дар сари роҳ қарор гирифт, ки милисаҳо ба мошин савор карданд.

Капитан Набӣ Холиқов ҳикояти духтаракро шу-нида, хеле мушавваш гардид. Ӯ аз ҷой бархосту назди тиреза рафт. Онро кушод, то ҳавои утоқ салқин шавад. Намедонист чӣ бигӯяд. Ниҳоят, худро ба даст гирифта, сухан оғоз кард:

− Дар оила мо панҷ писар будем, як хоҳар ҳам доштем. Номаш Насиба буд. Вай як ҳамсабақашро дӯст дошт. Аммо аҳли оила ҳама ба интихоби хоҳарамон зид будем. Чун нахостем, домоди мо ятимбачаи камбағал бошад... Мактабро ки тамом кард, хостгорҳо омадан гирифтанд. Яке аз онҳо оилаи бообрӯ буданд. Бисёриҳо орзу мекарданд бо ин оила хешу табор бошанд, аммо ин бахт ба дари мо омада буд ва мо ҳам нахостем, онро рад кунем.

Розӣ шудем, ки хоҳарамон ба ин оила келин шавад.

Хоҳарам ба ин қарори мо чизе нагуфт. Фотиҳа кардем. Рӯзҳои башумор монда буд то маъракаи тӯй. Модарамон ҳамроҳ бо ду додарам барои хариди ашёи барои маърака зарур бозор рафта буд. Насиба дар хона худаш танҳо монд.

Капитанро буғз гулӯгир мешуд. Ӯ нақлашро идома дода наметавонист. Духтарак беихтиёр аз ҷой бархост ва ба финҷон аз чойҷӯш каме об рехта, ба капитан дароз кард.

− Ташаккур, гуфт вай баъди обро нӯшидан.

Сипас, ба нақлаш давом дод.

− Вақте модару бародаронам аз бозор меоянд, дар баста аст. Ҳар қадар мекӯшанд, кушода намешавад. Пасон дарро мешикананд. Ин тарафу он тарафро мебинанд, Насибаро намеёбанд. Вақте таги кати хобашро менигаранд, ӯро ҳамон ҷо хобида меёбанд. Насиба ба қарори гирифтаи мо дар хусуси издивоҷаш норозӣ будааст... Вақте ӯро ёфтанд, аллакай баданаш сард буд. Модарам “оҳ” гуфта, аз ҳуш меравад. Чанд муддат дар беморхона бистарӣ шуд, ҳоло бемор аст. Хаёлӣ шудааст.

Мегӯяд: “Насибаам меояд. Ӯ ба аёдати холааш рафтааст, ҳамин ҳоло аз дар медарояд...”

Капитан сукут кард. Дар утоқ хомӯшӣ ҳукмрон шуд. Зери чашмони капитан донаҳои ашк ҳалқа зад. Гулноз низ мутаассир шуд...

− Вай ба ту сахт монанд буд, афзуд капитан, ки акнун овозаш меларзид. Вақте туро дидам, боварам наомад. Гуфтам, наход Насиба зинда бошад?..

Субҳ медамид. Хониши парандаҳо ба гӯш мерасид. Капитан баъди ворид шудан ба ҳуҷраи модар гуфт:

− Очаҷон, ана, Насибаро овардам!

Баъди ду соли раҳпоӣ чашмони камнури модар рӯшан шуданд. Дар чеҳраи пайваста маҳзунаш осори шодӣ па гашт...

Маъмулан, ҳамаи мо, вақте аз кор ба хона меравем, хастагиву вазнинии дар кор ба сарамон омадаро бо худ мебарем. Вақте фишору вазнинии худро ба сари аъзои оила – хоҳ ҳамсар, хоҳ писару духтарамон мерезем, ғамгин мешавем.

Бисёр маврид аз ҷанҷолу ғавғое, ки баъд аз кор ба сари оилаамон мебардорем, зуд пушаймон шуда, мегӯем: “Кош худамро ба даст мегирифтам. Кош каме таҳаммул карда, ғазабамро фурӯ мебурдам...”

Қаҳрамони қиссаи зер барои ранҷу кулфаташро ба сари оилааш бор накардан роҳи хубе ёфтааст...

Устое, ки барои таъмири хонаамон киро кардам, рӯзи аввали кориашро бо душворӣ ба поён расонд. Чархи кафидаи мошинаш барои як соат ба кор дертар ҳозир шуданаш сабаб шуда, арраи барқиаш корношоям гардид ва ҳоло бошад, асбоби барқсанҷиаш аз кор баромад. Ин ҳама бебарорӣ дар кор ӯро хеле ғамгину мушавваш намуд. Бегоҳ, баъд аз кор, вақте ба мошинам савор карда, ба хонааш мебурдам, мисли кундае дар паҳлӯям менишаст. Бадқаҳру асабонӣ менамуд. Аз ин ғоят дар роҳ ҳарфе ҳам ба забон наовард. Чун ба хонааш расидем, барои бо аҳли оилааш шинос шудан маро ба дарун даъват кард.

Пеш аз ворид шудан ба хона усто аввал назди дарахте таваққуф кард. Ба ҳар ду дасташ аз ду шохи дарахт дошт. Бо кушода шудани дари хона чеҳраи ӯ ба таври ногаҳонӣ тағйир ёфт. Ду бари рӯяшро табассум зеб медод. Ҳар ду фарзанди кӯчакашро самимӣ ба оғӯш гирифта, аз пешонии ҳамсараш бӯсид.

Баъд аз шиносоӣ маро то пеши мошин гусел кардан хост, ки ҳамон дарахт ба ёдам расид.

− Намегӯед, ки чаро дар назди дарахт истода, шохаҳояшро доштед ва дар як он чеҳраатон тағйир ёфт? Гӯё то ба ин ҷо омадан ғаму андуҳ надоштед... пурсидам ман аз усто.

− Ин дарахти ғаму изтироби ман аст, гуфт ӯ ба дарахт ишора карда.

Баъзан дар корҳоям вазниниву мушкилиҳо пеш меоянд, ки сахт асабӣ мешавам. Ман нек медонам, ки онҳо заррае ҳам ба оилаам дахл надоранд. Яъне, барои мушкилиҳои дар кор ба сарам омада оилаам айбдор нест. Барои ҳамин, ҳар бегоҳ вақти ба хона омадан, ғаму изтиробамро ба дарахт меовезам. Саҳар онҳоро дубора аз шохи дарахт мегирам. Аммо медонед, аҷибаш чист? Аҷиб он аст ки, вақте субҳи рӯзи дигар ғаму андуҳ ё вазниниву кулфати дирӯзаамро аз шохи дарахт гирифтанӣ мешавам, мебинам, ки мисли дирӯза бисёр нестанд. Кам шудаанд...

Солҳо пеш дар Чин духтаре бо номи Лилӣ хонадор шуда, бо ҳамсар ва хушдоманаш дар як хона зиндагӣ оғоз мекунад. Вале бо гузашти вақт андак−андак миёни келину хушдоман сардӣ пайдо мешавад. Ситораҳояшон ба ҳам мувофиқ наомада, зуд-зуд моҷароҳои оилавӣ сар мезаданд. Ин амал дар анъанаи мардуми Чин чизи бад маҳсуб шуда, мавриди танқид қарор мегирифт.

пешина
аз 11
навбатӣ