Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Ҷавон бо диққат гӯш мекард ва гаҳ−гоҳе табассум менамуд. Гӯё ҳар ду дар олами кӯдакӣ сайр менамуданд. Нақли ҳаёти кӯдакии якдигар ба онҳо писанд омада буд. Суҳбаташон гарм, самимӣ ва ширин буд...
Идомаи ин қиссаи шӯр ширинҳо овард. Онҳо минбаъд мулоқотҳояшонро идома медоданд. Ва... баъд аз чанд сол «малика» бо «шоҳзода» оиладор шуд. Зиндагии рангину гуворо, бемислу ҳамто доштанд. Дарахти оиладориашон низ меваҳои ширин овард. Онҳо аз ин бештар дилгарму ба ҳамдигар маҳбубтар мешуданд. Хушбахт буданд. Зиндагиашон бо муҳаббат ва хушҳолона мегузашт.
Ҷавонзан ҳар боре, ки барои ҳамсараш қаҳва омода мекард, ба он каме намак меандохт. Шавҳараш чунин нӯшидани қаҳваро хуш дошт, охир. Ӯ хурсанд буд, ки таъби дили шавҳар қаҳва тайёр мекунад.
Шавҳар низ қаҳваи омодакардаи ӯро ҳамеша бо хушнудӣ менушид.
Ниҳоят баъд аз 40 соли оиладорӣ корвони умри мард аз дунё рахти сафар баст. Аммо пеш аз рафтанаш ба ҳамсари маҳбубаш мактубе навишт.
Рӯи лифофа нигошта буд:
− Хоҳиш, инро баъд аз сари ман бихон...
Занро ҷудоӣ аз ҳамсари азизаш гарон афтода буд. Зиёд алам дошту ашк мерехт. Дар ин миён ягона тасаллои дилаш ҳамон мактуби шавҳар буд... Зан мактубро бо умед кушод...
Чунин навишта буд шавҳараш: «Ҳамсари азиз ва маҳбубаи ягонаву беҳамтои ман! Хоҳиш мекунам, маро бубахш... Бубахш, ки ҳаётамонро бо як хаёл сохтам. Бубахш, ки як сири зиндагиамонро ба ту нагуфтам. Дар ёд дорӣ рӯзи аввали вохӯриамонро?
Сахт дар ҳаяҷон будам. Гап зада наметавонистам.
Аз ҳаяҷони зиёд ба ҷои шакар аз пешхизмат намак хостам. Ту ва атрофиён ки ба ман менигаристед, шарм кардам. Шарм доштам, ки суханамро ислоҳ кунам. Вақте намак оварда шуд бетараддуд ба қаҳва рехтам ва нӯшидам. Ба ёдат ҳаст...? Сипас ҳаёти «шӯри» кӯдакиамро ба ту қисса кардам. Ҳеҷ гумон намекардам, ки он ҳикояти ман муносибати ояндаамонро тағйир медиҳад. Чандин бор кӯшиш кардам, ки ба ту ҳақиқатро гӯям. Аммо ҳар дафъа аз тарс азмамро дигар мекардам. Акнун, ки роҳи ман муайян шудааст, дигар барои ҳақиқатро гуфтанам ягон монеа нест. Ҳақиқат ин аст, ки ба ман қаҳваи шӯр асло маъқул нест. Ягон вақт маъқул ҳам набуд. Бад мебинам ин таъмро. Аммо аз бозе, ки туро шинохтам, ҳамин таъмро нӯшидам.
Аз ин бошад заррае ҳам пушаймон нестам. Бо ту будан хушбахттарин лаҳзаҳои умри ман буд ва ин хушбахтӣ туфайли ҳамон қаҳваи шӯр ба ман насиб гардид... Агар як бори дигар имкони ба дунё омадан мебуд, ҳаёти гузаштаро такрор зиндагӣ кардан мехостам. Бо ту шинос шудан ва тамоми умр бо ту буданро... Бовар кун, азизам, агар дубора зиндагӣ кардан мумкин мебуд, ин «умри дуюм»−ро ҳам бо нӯшидани қаҳваи шӯр мегузаронидам. Бо нӯшидани қаҳвае, ки ту омода мекунӣ...»
Ашки зан мактубро тар карда буд. Ӯ онро ба синнаш зер карда буду аз ду бари рӯяш ашк мерехт...
Беихтиёр чунин омад ба забонаш: «40 сол қаҳваи шӯр нӯшид. Барои ман, ба хотири муҳаббати мо. 40 сол...»
Боре писараш аз ӯ пурсид:
− Падарам қаҳваро бо намак менӯшид...
Шумо ҳам ягон бор нӯшидаед, таъми он чӣ гуна аст?
Модар, ки бо суоли ҷигарбандаш хотироти ширинашро варақ мезад, ҷавоб дод:
− Хеле болаззат аст, писарам, хеле...
Онҳо нисбати якдигар бағоят меҳрубон буданд. Муносибати самимиашон достони маҳфили ҳамсабақон гардида, ҳаваси онҳоро меовард. Зеро дар чанд соли таҳсили донишгоҳ касе ғайри инро надида буд. Дар ҳама ҳолат якдигарро кӯмак мекарданд. Ин рафтори онҳо муаллимонро низ хуш меомад. Пайваста ташвиқ мекарданд, ки ҳаёти минбаъдаашонро низ ҳамроҳ гузаронанд. Аммо онҳо дар ин бора фикр ҳам надоштанд.
Вале чун хатми донишгоҳ наздик омад, ҳар ду ҳам насими ҷудоиро аз дур ҳис карданд. Ин ҳол ба худи онҳо ҳам намефорид. Ҳарчанд то анҷоми донишгоҳ камтар аз як сол вақт монда буд, барояшон гарон афтод. Таҳаммул карда наметавонистанд…
Ҷавон медонист, ки бо духтар оиладор шудан барояш ғайриимкон аст. Вазъи зиндагониашон фарқ мекард. Гузашта аз ин, бо кадом рӯй ҷуръат карда бо духтар мегуфт. Наметавонист. Духтар ҳам нағз мефаҳмид, ки агар дилаш бихоҳад ҳам, волидонаш ӯро ба ин дӯсти меҳрубон ва рафиқи беғаразаш нахоҳанд дод. Зеро ки вай ягона духтари оила буду орзуҳои падару модараш бешумор…
Бо паси сар шудани ҳафтаву моҳҳо ваҳмашон бештар мешуд. Аз донишгоҳро хатм кардан ҳама хурсанд буд, ба ҷуз он ҳар ду. Боре ҷавон ҷуръаташро ҷамъ карду он чи дар дил дошт ба духтар гуфт. Духтар агарчи таклифи ӯро дар дил сахт хостгор буд, аммо зоҳиран вонамуд кард, ки гӯё инро аз ҷавон мунтазир набуд.
− Дӯстии моро касе аз ҳамдарсон фаромӯш нахоҳад кард. Бигзор он абадӣ боқӣ монад…− гуфт вай ба ҷавон.
Ҷавон нағз медонист, ки духтар он чизеро нагуфт, ки дар дил дошт. Бо вуҷуди ин ба сухани вай эҳтиром гузошт. Ҳарфи дигаре дар ин хусус ба забон наовард. Ҷавон рафт ва духтарро буғз дар гулӯ дармонд. Ба кӯмакаш духтари ҳамсабақаш расид. Вай дилашро ба ҳамсабақаш холӣ кард.
− Волидонам мехоҳанд, ман бо касе, ки онҳо маъқул медонанд, издивоҷ кунам. Агар хилофи амри эшон баромада бо ҳамсабақам издивоҷ кунам, хайр намебинад. Не аз бародаронам эҳтиромаш мерасаду не аз падарам...
Се моҳ баъди хатми донишгоҳ духтар арусӣ кард. Хеле зебо шуд. Ҳашмати тӯяшро дида, дугонаҳо ангушт газиданд. Ҳамон гуна шуд, ки модараш мехост, ҳамонгуна, ки падараш мунтазир буд. Номзадаш сарватманд буд. Аз сару рӯйи духтар дурру гуҳар рехтанд. Аммо на хушбахтӣ…
Аммо на хурсандӣ… На ханда, на табассум дошт духтар… Мегиристу мегиристу мегирист…
…Моҳе баъд аз тӯяш аёдати волидон омад.
Ҳамроҳи шавҳараш. Бо мошини ӯ. Шавҳараш ӯро фуроварду худаш аз пушти дар баргашт. Хона надаромад… Соате пас омаду бо садои мошинаш (сигнал) ҳамсарашро бозхонд. Аз пушти духтар падараш беруни дарвоза шуд. Модараш низ.
Бародаронаш ҳам. Аммо домод аз мошин берун нашуд. Ба ҳеҷ яке аз эшон салому ҳолпурсӣ накард.
Ҳамсарашро гирифту рафт… Ман кӣ будани ӯро медонам...
Пирамард пагоҳи барвақт аз хона баромада, дар роҳ қадам мезад, ки велосипеде бо ӯ бархӯрда аз пояш афтонд. Роҳгузарон пирамардро аз замин бардошта, бо вуҷуди чандон вазнин набудани ҷароҳаташ ба наздиктарин бунгоҳи тиббӣ бурданд.
Ҳамширае, ки ҷароҳати ӯро тоза мекард, гуфт:
- Бобоҷон, каме истед Шуморо рентген кунем, то ягон ҷои баданатон нашикаста бошад.
Мӯйсафед бо шунидани ин сухан беқарор шуд, гуфт, ки саросема аст, бо ин сабаб намехоҳад ӯро рентген кунанд. Чанд ҳамшираи шафқат, ки дар ҳуҷра ҳузур доштанд, мароқ зоҳир карда, сабаби саросемагии пирамардро пурсиданд.
− Ҳамсарам дар хонаи пиронсолон аст. Ман ҳар пагоҳӣ наҳориамро бо вай мехӯрам. Аз ин хотир намехоҳам, ки дер монам,− мегӯяд марди пир.
− Шояд фикр кунед, ки аз дер мондани шумо ҳамсаратон хавотир мешавад? Парво накунед, мо ҳозир телефон карда хабардор мекунем,− мегӯянд ҳамшираҳо.
Пирамард андуҳгин шуда, ба ҳамшираҳо миннатдорӣ мекунад ва меафзояд:
− Афсӯс, ки ҳамсарам гирифтори бемории фаромӯшхотирист. Маро намешиносад. Кӣ буданамро намедонад.
Ин дафъа ҳамшираҳо бо ҳайрат мепурсанд:
− Агар кӣ буданатонро надонад, пас ҳар саҳар барои ҳамроҳаш наҳорӣ хӯрдан шитоб кардан барои чист?
Марди пир бо чашмони пури ашк ва овози гирифта мегӯяд:
− Ӯ кӣ будани маро намедонад, вале ман кӣ будани ӯро медонам, охир. Ҳамин кофӣ нест?
Мозес Менделсон файласуфи яҳуди олмонист, ки айёми зиндагониаш ба солҳои 1729−1786 рост меояд. Дар ҷавонӣ чандон ҳусни дилкаш надошт, балки бо қади пасту кӯзпушт буданаш зишту дағал менамуд.
Ӯ боре ба зиёрати як соҳибкор меравад, ки дар шаҳри Гамбург зиндагӣ мекард. Соҳибкор бо номи Фрумте духтаре дошт бағоят соҳибҷамол.
Мозеси ҷавон ба духтари соҳибкор дил мебандад.
Аммо чандон умед надошт, зеро духтари зебо аз ҳусни безеби ҷавон рамида буд. Бинобар ин, на танҳо ба ишқи Мозес ҷавоб намедод, балки ба рӯяш ҳам нигоҳ кардан намехост. Вақте соати рафтанаш расид, пеш аз хайрухуш ҷавон тамоми ҷасораташро ҷамъ карда, ба духтар рӯ ба рӯ шуд ва матлабашро фаҳмонд. Ҳусну ҷамоли духтар ба ҳадде буд, ки Мозес лаҳзае гумон кард, ки ӯро ҳамин ҳоло аз ҷаннат фиристодаанд. Аммо сар набардоштану ба рӯи ӯ нигоҳ накардани Фрумте ҷавонро хеле озурда кард. Ӯ аз муқовимати духтар ранҷид. Ҷавони дағалнамо ва ошиқи ноумед дар рафти суханрониаш, ки бо тамоми ҷасораташ оғоз карда буд, ба духтари соҳибкор суоли зебое дод.
− Мегӯянд, ки издивоҷро тақдир муайян мекунад, шумо ба ин бовар доред?
− Бале, бовар мекунам, гуфт духтар ва чашм аз замин накандаву сар боло накарда, пурсид:
− Шумо чӣ, оё ба ин фикр розиед?
Мозес лаҳзае ҳам тараддуд накарда, ҷавоб дод:
− Албатта, бовар дорам!
− Модари ман ҳангоми ҳомила буданаш, вақте ҳис мекунад, ки дар батнаш писар дорад, чунин дуо мекунад: «Худовандо, бешак, барои ҷигарбанди ман ҳам бо тақдири худ духтаре муайян кардаӣ.
Агар дар сурати духтаре, ки оянда азизи ман бо ӯ оиладор мешавад, ягон нуқсу камбудӣ бошад, ҳамон нуқсро ба фарзанди ман бубахш, вале духтари ҳамтақдираш соҳибҷамолу хушрӯ бошад.
Зеро зани безеби бадрӯ аз марди дағалсурату зишт назарногиртар аст».
Баъди ин суханони Мозес Фрумте сар аз замин бардошту ба умқи чашмони ҷавон нигарист ва дасташро ба сӯи ӯ дароз карда, аз дасти Мозес гирифт... ва баъдтар ҳамсари маҳбуби ӯ шуд.
P.S: Ин қиссаи издивоҷи бобову бибии бастакори машҳури олмонӣ Менделсон аст.
Ҷуфти ба тозагӣ оиладоршуда дар моҳҳои аввали ҳаёти оилавии хеш фаҳмиданд, ки ин кор яъне ҳаёти оилавӣ тамоман он тавре набудааст, ки онҳо хаёл мекарданд. Якдигарро дӯст медоштанд. Агарчӣ доимӣ ҳам набошад, аҳён аҳён муҳаббаташонро нисбат ба якдигар ба забон меоварданд. Аммо баъди оиладорӣ камтарин гап метавонист боиси моҷарои онҳо шавад. Моҷарои андак не, тезу шадид.
Ин ҳаёти ҳанӯз кӯтоҳи берангу дилгир ба дилашон зад. Як бегоҳ ҳар ду нишастанду хостанд муносибаташонро нисбат ба якдигар аз нав бисозанд, дуруст кунанд ва ба низом дароранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё