Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Баъди чанд моҳи издивоҷ хона барои келину хушдоман дӯзахро мемонд. Рӯзе зани ҷавон барои барта-раф кардани ин вазъияти нохушоянд ба назди як рафиқи падараш рафт, ки аз гиёҳҳои гуногун дору тайёр мекард. Дардашро фаҳмонда, аз дӯсти падараш хоҳиш кард, ба ӯ ягон маъҷун ё заҳре диҳад, ки тавонад аз хушдоманаш халос шавад. Марди пир аз маҳлули чанд гиёҳ дорӯе тайёр карда:
- Аз ин маҳлул давоми се моҳ ба хӯроки хушдоманат илова кун. Заҳр бояд кам-кам дода шавад, то касе пай набарад, ки хушдоманатро ту куштаӣ. Дар ин муддат бо хушдоманат муносибататро беҳтар намо, лазизтарин хӯ-рокҳоро барояш омода кун,- маслиҳат дод дорусоз.
Лилӣ дар ниҳояти хурсандӣ ба хона расида, зуд аз пайи гуфтаҳои марди дорусоз мешавад. Ҳар рӯз хӯрокҳои лазиз пӯхта, ба онҳо кам-кам аз он маъҷун илова мекунад. Касе шубҳа накунад гуфта, бо хушдоманаш самимӣ шуда, муносибаташро беҳтар месозад. Баъди муддате хушдоман ҳам муносибаташро бо ӯ дигар мекунад. Акнун ба Лилӣ чун бо духтари худ муомила менамояд. Дар хона насими сулҳ мевазад.
Зани ҷавон аз амалҳои то ҳол анҷомдодааш сахт пушаймон шуда, тозон ба назди дорусози пир меравад. Аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои аз хуни хушдоманаш тоза кардани заҳр ба ӯ ягон дорӯи дигар диҳад.
Лилӣ мегӯяд:
− Акнун намехоҳам хушдоманам бимирад.
Кӯмак кунед!
Марди пир ба зани ҷавон, ки бо дидаҳои пуроб дар рӯ ба рӯяш меистод, бо табассум мегӯяд:
− Духтарам, он чи ки ба ту додам, витамине беш набуд. Онҳо хушдоманатро намекушанд, балки қувват мебахшанд. Заҳри асосӣ дар майнаи ту буд.
Ту ки бо хушдоманат созиш кардӣ, заҳр аз майнаат нест шуда, ҷояшро муҳаббат гирифт...
Барои занҳо мағозае кушоданд. Акнун онҳо метавонистанд аз ин мағоза барои худ ҳамсар бихаранд. Мағоза аз панҷ ошёна иборат буда, бо баланд шудан ба ҳар ошёна махсусиятҳои мардҳои мавриди интихоб бештару беҳтар мегардид. Дар мағоза як шарт ҷорӣ буд: ҳар зане, ки аз дари дӯкони ошёнае барои харид ворид мешавад, бояд аз ҳамон ошёна харид кунад, вале агар харидан нахост, дигар ҳақи ба ошёнаи поёнӣ баргаштанро надорад, танҳо метавонад барои харид ба ошёнаи болоӣ барояд. Ҳамин тариқ, рӯзе як гурӯҳ дугонаҳо духтарони ҷавон бо мақсади барои худ ҳамсар интихоб кардан ба ин мағоза меоянд.
Ошёнаи якум: Пушти дар чунин навиштае ҳаст: “Мардҳои ин ошёна соҳиби кору даромаданд ва кӯдакони хурдро дӯст медоранд”. Баъди хондани навиштаи пушти дар духтарҳо мегӯянд: “Ҳеҷ набошад, ҳаминаш ҳам мешавад, вале биёед-ку ошёнаи болоро бубинем”.
Ошёнаи дуюм: Навиштаи пушти дар: “Ин ҷо ҷавонҳои соҳиби кори хуб, кӯдакдӯстдор ва ниҳоят зебо қарор доранд”. Духтарҳо: “Бад набудааст, вале бароямон дидани ошёнаи боло мароқангез аст”.
Ошёнаи сеюм: “Ин ҷо ҷавононе ҳастанд, ки кори хуб доранд, кӯдакдӯстдор, ниҳоят зебо ва дар кори хона ёрирасонанд”. Духтарҳо: “Худоё, ин бахтро бинед-а. Магар хушбахтӣ аз ин бештар мешавад? Вале ошёнаҳои дигар низ ҳаст, канӣ онҳоро бинем, чӣ”.
Ошёнаи чорум: “Ҷавононе, ки дар ин ошёна ҳастанд, корҳояшон хеле олист. Кӯдакҳоро бениҳоят дӯст медоранд ва бағоят зебову дилкашанд. Дар корҳои хона ба ҳамсар ёрӣ мерасонанд ва ба қадри кофӣ меҳрубонанд”. Духтарҳо қаҳ-қаҳае мепартоянду мегӯянд: “Аҷаб дӯконе омадем. Бовар нокарданист. Вале биёед мебинем, ки дар ошёнаи панҷум моро чи интизор аст?” Онҳо ба ошёнаи панҷум мебароянд.
Ошёнаи панҷум: Пушти дар чунин навиштае овезон аст: “Ин ошёна холист, балки барои он аст, то исбот кунем, ки занҳоро намешавад қонеъ сохт.
Хуш омадед, хонумҳои меҳрубон. Роҳи баромад дар тарафи чап аст. Ҳангоми фаромадан аз зинаҳо эҳтиёт шавед, то наафтед...”
Издивоҷ чун коғази кӯчаки сафеде оғоз мешавад. Як зану як мард барои чизе навиштан ба ин коғаз ба қароре меоянд. Вақте навиштан оғоз мекунанд, ҳар ду ҳам дарк мекунанд, ки ба кори муштарак оғоз кардаанд. Ҳар яке зеботарин ҷумларо менависад, зеботарин расмро мекашад. Баъзан зан бисёр навишта, бисёр тасвир мекунад, баъзан мард. Баъзан ҷонибҳо фикр намекунанд, балки қалам худ сиёҳ мекунад коғазро. Баъзеашон хеле нозук фикр карда, сипас менависанд. Баъзеашон ҳеҷ фикр накарда коғазро сиёҳ мекунад. Бархе қаламро бо диққат ба даст гирифта, эҳсосашонро рӯйи коғаз мерезанд.
Чун навиштану расм кашидан идома ёфтан мегирад, ҷонибҳо хаста шуданашонро ҳис мекунанд.
Мешавад, ки гоҳо шавқу завқи навиштанашон мепарад. Боз баъди чанде бо ҳаяҷони тоза ба навиштан сар мекунанд. Ин қарори муштараки онҳост, ки барои бунёди оила ва давомнокии издивоҷ дода буданд.
Чун хоҳиши навиштану кашидан ҳаст, дар коғаз ҳам ҷой барои навиштан пайдо шудан мегирад ва боз расмкашии ҷонибҳо давом меёбад.
Ин рангуборкунӣ, агар ранги қалами яке аз ҷонибҳо тамом шавад ҳам, идома ёфтан мегирад. Яъне, агар яке аз онҳо тарки ҳаёт кунад ҳам, нафари дар ҳаётбуда қисматҳои то ҳол холимондаи коғазро пур мекунад.
Навиштани ин коғаз чанд қоида дорад: бояд ҳар ду тараф нависанду хат бикашанд. Агар яке аз онҳо навиштанро партояд, яъне, тарки навиштан кунад, ба таври автоматӣ қалами дигарӣ аз навиштан мемонад, шавқаш тамом шуда, зуд монда мешавад.
Инчунин, ҳар кас бояд бо ҳусни хати худаш нависад. Набояд яке аз ҷонибҳо аз дигараш чашмдор шавад, ки навиштаи ҳамроҳаш ба навиштаи ӯ монанд бошад. Ё ки ба ҳусни хати дигараш тақлид накунад. Барои пур кардани коғаз ҳар кас бояд “худ” бошад.
Чунин ҳам мешавад, ки навиштаи яке аз ҳамсарон чандон хушрӯ намеояд. Расми кашидаи вай чандон босифат нест. Аммо ҳамсараш набояд барои ин ғусса хӯрад. Агар рафта-рафта ба ҳамсаратон навиштаи шумо хуш наомад, метавонед онро пок карда, аз сари нав навиштан оғоз кунед. Яъне, чун менависед ва коғаз ҳанӯз пеши шумост, мушкиле надорад.
Аммо ҳангоми тоза кардани навиштаи худ ё навиштаи ҳамсаратон коғазро дарондед, пас муҳаббат ва иртиботатонро аз байн мебаред. Аз ин рӯ, шумо ҳар қадар зебо навишта бошед ҳам, ҳар қадар зебо тасвир карда бошед ҳам, ҷои даридаи хурди коғаз асло пайванд намешавад. Ҳамон хел боқӣ хоҳад монд. Чунки ин муносибатро бо ду сармояи муқаррарӣ оғоз кардед. Яке қалам, яъне ҳаёти шумо, дигар коғаз, яъне, муҳаббататон воситае, ки тавассуташ ҳаётатонро муштарак мебаред. Шумо бо қаламатон ҳар қадар сиёҳ кардан хоҳед, кардан гиред, аммо асло коғазро зарар нарасонед.
Қаламатон набояд “тира” шавад, ишқатон набояд, ки “бидарад”. Зеро хатоҳои рӯйи коғаз, камбудиҳо, безебию сиёҳиҳо аслан боке надорад.
Балки мушкил вақте сар мезанад, ки мо коғази тамоми хатоҳо, тақсиру камбудҳоямон бардоштаро медаронем.
Аз ин пас баъзеҳо коғазро тамоман даронда, шарикиашонро хотима мебахшанд. Баъзеҳо ба даридани коғаз диққат надода, менависанд. Дере нагузашта, мефаҳманд, ки навиштаҳои навашон пештара барин солиму тозаанд…
Пас, ҳоло ки ранги қалам тамом нашудааст, коғазро ҳам надаронда, навиштанро идома додан даркор...
Якдигарро нав шинохта буданд. Ба духтар хеле хуш омада буд ин шиносоӣ. Дилаш гарм гарм метапид. Рухcорааш сап-сафед, нигоҳҳояш дилрабо, лабҳояш моили табассум... Гӯё ҳама чиз дошт акнун. Ҳар чизе, ки мехост ва орзу мекард...
Аммо дар ин гирудор муҳаббаташро ба ҷавон фаҳмонда наметавонист. Ҷуръаташ кӯтоҳӣ мекард.
Рӯзе баъд аз дарсҳо ҷавон духтарро ба қаҳванӯшӣ даъват кард. Ба қаҳвахонаи донишгоҳ.
Духтар аз ин даъват ҳам хурсанд буд, ҳам ҳайратзада. Ҷавон дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекард ва дар назари духтар аз дониш-ҷӯёни шаҳрӣ фарқ дошт. Бо содагӣ ва самимияташ, бо одоб ва эҳтиромаш... Онҳо роҳравон ба қаҳвахона расиданд. Қаҳвахонаи донишгоҳ серодам буду пуровоз. Гӯё занбӯрхона... Ба мизи холии назди тиреза нишастанд. Ҳар ду ҳам кӯшиши гап задан мекарданд. Касе ҷуръат надошт. Ҷавон сахт дар ҳаяҷон буд. Аз таппиши баланди қалбаш гап кушода наметавонист. Духтар аз ин ҳолат дилгир шуд магар ки қасди «акнун ман равам» гуфтан дошт. Ҳамин лаҳза ҷавон пешхизматро ба наздаш хонд:
− Каме намак меовардед...
Ҷавон аз ғояти ҳаяҷон нафаҳмида монд, ки ба ҷои шакар намак хостааст. Аз ин на танҳо духтар, балки муштариёни мизи паҳлуяшон низ ҳайрон шуданд. Қаҳва бо намак?! Охир, рӯи миз ба ҷуз ду финҷон қаҳва чизи дигар набуд. Ҷавон аз хиҷолат суп−сурх шуд. Пешхизмат намак овард. Ҷавон сир накушод, ба қаҳва аз намакдон каме рехта, омехта кард. Дар ҳоле, ки чашмони муштариёни атроф ба сӯяш духта шуда буд, ӯ финҷони қаҳваро бардошт ва якчанд бор нӯшид. Духтар, ки бо ҳайрат ба ӯ менигарист, ниҳоят лаб кушод:
− Завқатон аҷоиб... Қаҳваро бо намак менӯшед.
Ҷавон акнун ҳаяҷонашро дур карда, ба гап даромад.
− Дар хурдиам, нақл мекард ӯ, аз пеши хонаамон ҷӯй мегузашт. Ҷӯйи калон буд, аммо оби шӯр дошт. Ман чандин сол дар ҳамон ҷӯй оббозӣ кардам. Аз оббаш ҳам бисёр хӯрдаам. Таъмаш дар даҳонам мондааст. Ман гӯё бо ҳамон таъм бузург шудам. Аз ҳамон вақт боз шӯриро нағз мебинам.
Ҳар боре, ки ҳамон таъмро дар даҳонам ҳис кунам, пеши назарам кӯдакиам ҷилвагар мешавад. Падару модарам ва кӯдакиамро ба ёд меорам. Гӯё ҳамроҳ бо оилаам дар лаби ҳамон ҷӯй нишаста суҳбат мекунем. Оббозӣ мекунам ва ба рӯи дигарон об мепошам... Ин ҳамаро ба хотир меорам ва падару модарамро сахт ёд мекунам. Онҳоро хеле пазмон шудаам....
Ҷавон бо табассум нақл мекарду зери чашмонаш донаҳои ашк пайдо мешуд. Чашмонаш нам мегирифтанд...
Духтар, ки ин ҳамаро бо диққат гӯш мекард, бо худ мегуфт, оне, ки падару модар ва оилаашро ин қадар самимона ёд мекунад, шахси содиқ аст. Ӯ бори аввал аз ҷавоне чунин бо ҳасрат ёд кардани оилаашро медид.
Духтар низ кӯдакиашро ба ҷавон ҳикоят кард.
Чи гуна ба воя расиданашро, падару модарашро...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё