Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
− Ба фикр рафтаӣ, дӯстам. Ба хайр бошад...
− Хайр аст... бо табассуми малеҳе дар чеҳраш ҷавоб дод меҳмон.
Онҳо аз ҳар боб суҳбат оростанд. Аз ҳаёти дониш-ҷӯӣ, ҳазлу шӯхиҳои он давра ёд карданд.
Бахтиёр баъди хатми донишгоҳ чанд сол дар хориҷа ҳам таҳсил мекарду ҳам фаъолият. Аз ин рӯ ра-музи хориҷиҳоро гирифта буд. Ҳар чи дар дил дошт, зуд ба забон меовард. Ин буд, ки пурсид:
− Ин духтар кӣ буд Шералӣ?
− Духтари холаам. Дилата бурд−а сағира?
− Хайр чӣ? Пурсидан айб аст?
− Номаш Нозанин. Модараш бо ман кор мекунад, офиса тозаву озода мекунад. Нозанин гоҳ-гоҳ ба пеши модараш меояд.
− Ягон ҷо кор мекунад?
− Ҳа, Маълумоти олии педагогӣ дорад.
Муаллима аст, муаллимаи мактаби миёна. − Аз адабаш маълум.
Шералӣ каме сукут кард, ба фикр рафт. Пасон сар боло карду афзуд:
− Хоҳарам ҳусну ахлоқи ҷамила дорад, аммо ҳаёташ каме тира.
− Чӣ хел тира?
− Ба як нашъаманд ба шавҳар доданд. Ҳамагӣ се моҳ зиндагӣ кард...
Бахтиёр ҳам лаҳзае сар ба ҷайби андеша ниҳод. Баъд ба дӯсташ рӯ овард.
− Ин тирагӣ нест, ошно. Ту аз куҷо медонӣ, шояд асли рӯшноӣ бошад,- гуфт ӯ, ки чашмонаш аз шодӣ медурахшиданд.
\\\*
Баъди ду ҳафта ёру пайвандон тӯйи арӯсии Бахтиёру Нозанинро дар яке аз тарабхонаҳои барҳавои пойтахт баргузор намуданд. Модари Нозанин ҳам ба хонааш баргашт. Ҳам дар хонаи нави Нозанину ҳам дар хонаи волидонаш хурсандӣ ҳукмрон буд.
Падари Нозанин дар хона, рӯи ҳамон роҳаткурсӣ нишаста телевизор тамошо мекард.
Тариқи оинаи нилгун дар бораи оилаву оиладорӣ барнома идома дошт. Яке мегуфт: “Туфайли Соли оила эълон гаштани соли 2015 вайроншавии оилаҳо дар кишвар коҳиш ёфтааст...” Охирон тори ғижак Никколо Паганинӣ бастакори машҳури итолиёвист, ки дар асри 19 зиндагӣ кардааст.
Ғижакнавози моҳир буд. Ҳаводорон мафтуни оҳангҳои ӯ гардида, ҳар як ҳунарнамоияшро бо шавқи тамом гӯш мекарданд.
Боре дар ҳузури бинандагони зиёд ҳунарнамоӣ дошт. Ғижакро устокорона менавохту ҳамаро мафтун мекард. Ҳамаи оркестра мусиқиро бо садои ғижаки Паганинӣ мутобиқ менавохтанд.
Ғайриинтизор яке аз торҳои ғижак канда шуд. Тори мобайнии он дар осмон бозӣ мекарду аз назари шунавандагон дур намемонд. Дар сару рӯи бастакор донаҳои арақ гул кард. Маълум буд, ки дар ҳолати ногувор мондааст. Аммо мисли ин ки чизе нашуда бошад, бо торҳои боқимондаи ғижак навохтанро давом медод. Аҷиб ин ки дере нагузашта тори дигари ғижаки навозанда ба бозӣ даромад. Вале мусиқии ғижак бидуни ягон камбудӣ ва мисли аввала форам ба гӯш мерасид. Баъди чанд дақиқа тори сеюми ғижак низ барканд. Порчае, ки оркестра навохтан дошт, ба тамомшавӣ наздик буду се тори баркандаи ғижаки навозандаи моҳир ҳанӯз бозӣ мекард.
Бо вуҷуди ин, Паганинӣ бо ғижаки яктора мусиқиро ба поён расонд ва бори дигар ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Шунавандагон аз ҷой хеста, бо иштиёқи зиёд ва қарсаки давомдор ба навозанда миннатдорӣ карданд. Садои қарсак ҳам тадриҷан паст мешуд, ҳамин замон Паганинӣ аз шунавандагон хоҳиш кард, ки дар ҷояшон нишинанд. Онҳо ки фикр мекарданд, ҳунарнамоӣ тамом шудааст, ночор нишастанд.
Паганинӣ ғижакро оҳиста боло бардошт, то ҳамаи нишастагони толор онро бубинанд. Бо сараш ба роҳбари оркестра ишора кард, ки «Рафтем!» ва ба ҷониби толор гашт. Чашмонашро як каме нимпӯш карду табассум намуд ва ғижакро зери манаҳаш гузошта, навозиши охирин порчаро устокорона ва хеле мукаммал анҷом дод.
ҚАЙД: Ҳаёти оилавӣ мисли ҳунарнамоист, ки дар ҳузури издиҳоми шунавандагони зиёд барпо мекунем. Дар ибтидо ҳама чиз хуб аст.
Ягон нуқсу камбудӣ нест. Дуруст ва самимӣ будани муносибатҳоро мехоҳем. Софу тоза садо додани оҳангро хаёл мекунем. Аммо баъди чанде мисли ғижаки Паганинӣ торҳои мо низ мекананд.
Камбудиҳоямон ошкор мешаванд. Гӯё оҳанг вайрон мешавад. Дар ин маврид мисли ҳар нафари дигар мо низ бояд ба торҳои кандашуда диққат диҳем ва паҳлуҳои ноқисамонро аз назар гузаронем. Он гуна ки Паганинӣ ноумед нашуда, бо охирин тори ғижак аз уҳдаи иҷрои порча моҳирона баромад, мо низ бояд барои вайрон нашудани оҳанг ҳаёти оилавиамон моҳирона кор кунем.
Ҳоло аз худ бипурсед, ки барои давом додани консерт охирин торатон ҳам намондааст? Бовар дорам, ки ҷавобро медонед: «Ҳама чиз поён пазирад ҳам, муҳаббатамон охирин тори ғижаки мост!» Пас, биёед, ҳунарнамоиро давом диҳем!
Зане бо ҳунари ошпазӣ ва кадбонугиаш ном бароварда буд. Хӯрокҳои пухтааш ба ҳаде лазизу хушхӯр буданд, ки дар чор тарафи шаҳр аз маҳорати баландаш ёдовар мешуданд. Боре писар ва келинаш ба меҳмонии зан меоянд. Он рӯз зан вақти зиёдашро дар ошхона гузаронд. Барои меҳмонон хӯрок омода мекард. Шаб баробари писар ва келинаш чанд дӯсти деринаи оила низ ба меҳмонӣ даъват шуданд.
Вақте меҳмонҳои даъватӣ гирди суфраи хӯрокхӯрӣ нишастанд, ба ҳолати аҷибе рӯ ба рӯ шуданд. Аз чи бошад, хӯрокҳои он бегоҳ пӯхтаи зан хеле бемазза буду иштиҳои касро мегурезонд.
Хӯришҳо шӯр, шириниҳо бӯйи орд мекарданд.
Картошкаҳои пӯхтааш сӯхта сип-сиёҳ шуда, гӯшти самбӯсаҳо хом буд. Ҳарчанд писараш, келини нав ва дӯстони деринаш сир надода бошанд ҳам, намешуд. Дар рафти хӯрокхӯрӣ чандон боиштиҳо наменамуданд.
Ниҳоят, хӯрокхӯрӣ ҳам тамом шуд. Ҷуфти нав бо модарашон хайрухӯш карда, ба хонаи худ рафтанд. Меҳмонони дигар дӯстони оила бошанд, қарор доданд, ки ками дигар мешинанд. Онҳо баъд аз рафтани писар ва келини зан аз ӯ пурсиданд:
− Кадбонуи моҳир ва ошпази беназир буданатро ҳамаи мо медонем. Лаззати хӯрокҳои туро борҳо чашидаем. Аз барои Худо, оё мегӯӣ, ки хӯрокҳои имшабаат чаро ин қадар бетаъму лаззат буданд? Ту ё беморӣ ё ягон мушкиле дорӣ.
Зан табассуми малеҳе дар чеҳрааш ҷавоб дод:
− Ягон мушкил надорам, бемор ҳам нестам.
Хӯрокҳоро қасдан ҳамин хел омода кардам.
Акнун баъди хӯроки имшаба писарам сари ҳар қадам хӯрокҳои модарашро таъриф карда, дили ҳамсарашро намеранҷонад.
− Ӯро сар деҳ,− гуфт милисаи қоматбаланд ба ҳамкори ҷавонаш, ки аз дасти писараки тақрибан нуҳ−даҳсола дошта буд.
− Барои чи?
– бо ҳайрат пурсид ӯ.
− Баъд мегӯям...
Он рӯз кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар бозори “Корвон” тафтиш гузаронда, кӯдакони ноболиғро, ки ба аробакашӣ, халтафурӯшӣ ва дигар корҳо машғул буданд, боздошт карданд. Ин амр дар бозорҳои пойтахт ҳар сари чанд вақт амалӣ мегашту волидони бархе аз кӯдакони ноболиғ барои беназорат мондани фарзандонашон ҷарима мешуданд.
Капитан Комилов яке аз он кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки дар бахши кор бо ноболиғон солҳои зиёд кор кардааст. Барои аз кӯчаву бозор “тоза” кардани кӯдакони оворагард хеле сахтгирона амал мекунад. Ҳамкоронаш ёд надоранд, ки кадом кӯдакеро аз сари бозор раҳо карда бошад: ҳамаашонро ба шуъба меовард. Бо волидони эшон суҳбат карда, ба онҳо мефаҳмонд, ки кӯдаконро ба бозор сар надода, тарбия намоянд. Сахтгирии ӯ шояд аз он ҷиҳат ҳам буд, ки хеле дер соҳиби фарзанд гардид.
“Шумо чи хел инсонед? Наход одам фарзандашро ҳамин қадар сарҳуй гузорад, ки бача чандин километр дуртар аз манзили истиқоматаш дар бозор ба селлофанфурӯшӣ машғул шаваду волидон бехабар? Одамизод ҳеҷ ба қадри неъмати дар даст доштааш намерасидааст. Як бор худро ба ҷойи онҳое тасаввур кунед, ки умуман рӯи фарзандро надидаанд? Худо ба шумо фарзандони нозанин додааст, аммо ба қадрашон намерасед”, гуфта буд боре Комилов ба ҷамъи волидоне, ки барои гирифтани фарзандони ноболиғашон дар шуъба ҳузур доштанд.
Аммо имрӯз дар бозор раҳо кардани писараки халтафурӯш ҳамкорашро ба ҳайрат гузошт. Вақте милисаҳо аз кори вазнини рӯзона ниҳоят хаста шуда, аз кор ҷавоб мешуданд, шом парда мекашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё