Башир Усмон Дидор

«Дидор» ҳикояҳои муаллиф ва бархе аз гирдовардаҳои ӯро фаро гирифтааст. Ҳар як ҳикояи Башир Усмон дар маҷмӯаи «Дидор» дар худ маъниҳои бикреро нуҳуфта дорад, ки хонанда онҳоро ба осонӣ дарк, қабул ва ҳазм мекунад.
зеҳни сунъӣ · 29 ноябри 2024 · 11 саҳифа
Ҳар ду ҳамкор ба бозорчаи наздиктарин даромада чандто нон, себу хурмо, кулчақанд харида ба роҳ даромаданд.
− Саҳар аз ман пурсидӣ, ки чаро бачаро сар диҳам? Ҳоло меравем хонааш...
Милисаи ҷавон ҳанӯз сарфаҳм нарафта бошад ҳам, бо аломати ризо сар ҷунбонд. Ҳар ду ҳамкор омада пушти дари хонае қарор гирифтанд.
Бинои чорошёнаи куҳнае буд. Эҳтимол, аз аввалин биноҳои сохташуда дар шаҳр. Дарро ба рӯи кормандони милиса ҳамон писарак во кард. Ӯ онҳоро шинохт. Хусусан Комиловро, ки гоҳ-гоҳ ӯву падарашро хабаргирӣ меомад. Ҳар ду милиса бо писарак даст дода салом карданд.
− Марҳамат, биёед, дароед,- гуфт писарак меҳмонҳоро ба даруни хона даъват карда.
Хона якҳуҷрагии хурдакак буд. Аз зардиҳои бари девор маълум, ки дер боз таъмир нашудааст.
Дар ҳуҷра, рӯи кати фарсудае марди тақрибан чилсолае дароз кашида мехобид. Ҷиҳози хона аз як палоси рангпарида, ки аз саргаҳи дар то назди кати хоби падари писарак мерасид, се кӯрпачаи борик, болиштҳо ва чанд кӯрпаи дигар, ки дар як тарафи хона чида шудаанд, иборат буд. Инчунин либосовезаки пушти дар. Дар пешгоҳи тиреза радиочаи хурде меистоду дар бари девор портрети мард бо кӯдаке дар бағалаш. Шояд ҳамин писарак бошад.
Писарак наздиктари кати падараш кӯрпача андох-та, меҳмононро шинонд. Хост дастархон орояд, аммо ми-лисаҳо розӣ нашуданд.
− Биё, ҷони амак, бишин. Омадем, ки шуморо хабар бигирем,− гуфт капитан Комилов сари писаракро сила карда ва ба падараш рӯ оварда пурсид: Аҳволатон хуб аст?.. Онҳо қариб як соат суҳбат карданд. Акнун милисаи ҷавон фаҳмид, ки чаро пагоҳӣ ин писаракро дар бозор раҳо кардааст. Фаҳмид, ки ӯ Мӯсо ном дошта аз сини шашсолагӣ падари фалаҷашро парасторӣ мекунад. Падари Мӯсо чанд сол дар Русия мардикор будааст. Ӯ ба сардиҳову сахтиҳои муҳоҷират нигоҳ накарда кор мекард, то пул ёбаду дар Ватан барои оилааш сарпаноҳе бисозад. Аммо баъд ҳодисае мешаваду мақсаду орзуҳои мард нотамом мемонад. Ҳини кор дар яке аз сохтмонҳо аз қабати чорум ба замин меафтад. Зинда мемонад, аммо қисмати чапи баданаш карахт шуда, дигар ҳаракат намекунад. Ҳамсараш баъди ду моҳи аз беморхона рухсат шуданаш ӯву писаракро тарк карда шавҳари дигар мекунад. Модар мехоҳад, писаракро бо худ бигирад, вале Мӯсо падарашро дар ин ҳол танҳо мондан намехоҳад.
Ҳоло зиёда аз се сол мешавад, ки Мӯсо падарашро парастор аст. Дар бозор халтаҳои селлофанӣ мефурӯшад, гоҳо ба харидорон кӯмак расонда, борхалтаҳояшонро то пеши нақлиёт мебарад. Бо ин ҳам рӯзгори хонаро як андоза таъмин мекунаду ҳам ба падараш доруворӣ мехарад. Падари Мӯсо нафақа мегирад, аммо он ба рӯзгорашон намерасад. Писарак аз мактабаш ҳам мон-данӣ нест. Кӯшиш мекунад, ки аз дарсҳо қафо намонда, таҳсилашро баробари ҳамсолонаш идома диҳад. Падар бисёр фикр мекунад ва ғамгин мешавад, ки ба писари хурдсолаш бори гарон шудааст. Борҳо қасди худкушӣ кардааст, аммо фикри танҳо мондани Мӯсоро карда, аз ин мақсади хато худро боздоштааст.
Милисаҳо бо Мӯсо ва падараш хайрухӯш карда, рафтанд. Дар роҳ милисаи ҷавон қариб ки ҳарфе назад. Ӯ сархам роҳ мерафт, ба гирдоби андеша ғарқ шуда буд...
Вақте Мӯсо бо хоҳиши падар радиоро даргиронд, барномаи ахбор ҷараён дошт. Ровӣ мехонд: “Имрӯз кормандони шуъбаи кор бо ноболиғони Раёсати корҳои дохилаи шаҳр ҳудуди сад нафар ноболиғонро аз бозор-ҳои пойтахт боздошт карданд, ки ба халтафурӯшию аро-бакашӣ, оворагардӣ ва дигар корҳо машғул буданд...”
Ҳавои фасли пойиз сард асту серун. Офтоб дигар роҳгузаронро намесӯзонад. Онҳо низ гармии хуршедро пазмон мешаванд. Сардӣ меояд...
Ҷавонзан чун одат бо кӯмаки асо ба автобус савор шуд. Садои шиноси ронандаи меҳрубон рӯшан гардид:
− Аз тарафи чап сеюм қатор холист, хоҳарам.
Духтараки мактабхоне ҳам аз ҷой бархоста, ба кӯмаки зан омода шуд. Ӯро роҳнамоӣ кард, то ҷои нишаст ёбад.
Ӯ як ҷавонзани зебову соҳибҷамоли бистунуҳсола аст. Ҳамсараш корманди ҳарбӣ ва ҷавони қоматбаланди хушандомест. Чанд сол пеш дар асари садамаи нақлиёт чашмони зан осеб диданд. Натиҷаи ташхис маълум кард, ки нобино мемонад...
Чашмони ӯро ҷарроҳӣ карданд. Амри тақдир, зани зебо минбаъд дида наметавонист. Ҳамсараш аз натиҷаи ҷарроҳӣ хеле андуҳгин шуд. Ҳамон замон ба худ қавл дод, ки завҷаи азизашро зинҳор танҳо намемонад. Ӯро то охир кӯмаку мададрасон мешавад.
Бо гузашти рӯзҳо зан худро бадтар ҳис мекард.
Андеша дошт, ки акнун бо ин аҳвол дарди сари шавҳар шудааст. Ин афсурдаҳолӣ ва парешонии зан ҳамсарашро ғамгин мекард. Мард пайваста меандешид, ки чӣ сон ба ҳамсари зебояш кӯмак расонад.
Ба хотираш кори собиқи зан омад. Мехост, ки зан ба кори пешинааш баргардад. Аммо чӣ гуна инро ба ӯ фаҳмонад? Чунки зан хеле нозук шуда буд. Камтарин гап ӯро меранҷонд. Тамоми ҷасораташро ғундошта, масъаларо бо зан дар миён гузошт. Ҷавонзан аз шунидани пешниҳоди ҳамсар гӯё ба даҳшат афтод. Овози зан оҳанги дигар гирифт. Ӯ акнун бо садои аз меъёр баланд бо ҳамсараш суҳбат мекард.
– Ман ин корро дигар чи гуна метавонам анҷом диҳам, охир ман кӯрам, кӯр! − фарёд мезад зан.
Мард бо тамкин ва нармӣ афзуд, ки ҳар пагоҳӣ худи ӯ ҳамсари нозанинашро ба кор бурда мемонад ва ҳамин сон бегоҳ, вақти аз кор баромаданаш, ӯро ҳамроҳӣ карда, ба хона меоянд.
Мард ба ҳамсараш сахт бовар дошт ва медонист, ки ӯ аз уҳдаи ин мебарояд. Зан ҳам бо тардид ва ноумедӣ пешниҳоди ҳамсарашро пазируфт. Чунки ӯ низ ҳамсари меҳрубонашро бағоят дӯст медошт ва дилашро шикастан намехост. Мард ҳар пагоҳӣ ҳамсарашро ба кор мебурд ва бегоҳ ба хона меовард.
Рӯзҳо ба ҳамин минвол мегузаштанд. Акнун зан аз пештара дида худро беҳтар ҳис мекард. Хушҳол буд.
Вале ҳамсараш аз ин ҳам бештарашро мехост. Зеро ба худ қавл дода буд, ки ин корро то охир мебарад.
Шабе ба ҳамсараш гуфт:
− Минбаъд бояд худат ба кор рафта биёӣ...
Зан дар ҳайрат монд. Аммо шавҳараш исрор мекард, то қабул кунад. Ӯ ҳам дили шавҳарашро озурдан нахост. Тамоми ҷуръаташро ҷамъ ва хоҳиши ӯро қабул кард. Аслан чанд вақт боз инро худи зан ҳам хостгор буд, аммо чандон ба худ бовар надошт. Субҳгоҳон акнун то истгоҳ зан худаш раҳсипор мешуд. Ба автобус савор мешуд ва баъди чанд истгоҳ аз он фурӯд омада, ба коргоҳаш мерафт. Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд. Дигар ягон мушкиле набуд. Боз ҳам дар чунин як пагоҳии серун ронандаи автобус ба зан ҷои холиро гуфт ва афзуд:
− Ман ба шумо ҳасад мебарам, хоҳарам.
Ҷавонзан дар ҳоле ки бовар надошт сухани ронанда ба ӯ равона шудааст ё не, пурсид:
− Чаро?
− Чунки ҳар саҳар баъд аз шумо як ҷавони қоматбаланди низомипӯш ба автобус савор шуда, аз аввал то фаромадан бо як меҳрубонии хоса ба шумо менигарад. Тамоми роҳ чашмаш ба рӯи шумост. Вақте аз автобус мефароед, мунтазир мешавад, то дар чароғаки сабз ба тарафи дигари роҳ гузаред. Чун шумо вориди бино мешавед, аз пуштатон самимона даст афшонда “Худоҳофизӣ” мекунад... Cатили сӯрох
− Ӯ чанд сол боз барои хӯҷаинаш об мекашонд.
Ду сатил дар нӯги чӯб, чӯб дар гарданаш ба лаби чашма мерафту аз он ҷо об меовард, ҳикоят мекард ҷавонзан ба шаваҳараш. Ҷавон бошад, бо як бепарвоӣ ба ҳамсараш менигарист. Зан идома дод:
− Аммо яке аз сатилҳо сӯрох буд,− зан самимю боихлос ҳикоят мекард. Медонист, ки ӯро шавҳараш гӯш мекунад, вале боз ҳам ба хотири чашм ба чашми шаваҳараш расидан дар муқобили ӯ нишаст. Ҷавон бо сари хам ба замин менигарист.
− Ҳар боре, ки аз чашма ба сӯи хона меомад, оби сатили сӯрох нисф мешуд. Ҳар дафъа нисфи заҳматаш ба ҳаво мерафт, ин дафъа зан рӯ ба рӯи шавҳараш сари дастархони наҳорӣ нишаста буд.
− Обе, ки ба сатили дигар мегирифт, то макон омада мерасид, намерехт. Сатили солим ҳамроҳашро бо сабабе, ки вазифаашро дуруст иҷро намекунад, сахт мазаммат мекард. Бечора сатили сӯрох ҳам аз обкаш хиҷолат буд. Меандешид, оберо, ки аз ӯ интизоранд, ҳар дафъа нисфашро мебарад...,− зан аз чойи пиёлааш каме нӯшид. Ҳоло ҳамон тавре шуд, ки ӯ чашмдор буд. Хоста буд, ки бо шавҳараш рӯ ба рӯ нишаста, ваҷоҳати ӯро баъди шунидани ҳикоя бубинад. Онҳо баъди ҳар дафъа ҷанҷол кардан бо асабоният ба чашми якдигар менигаристанд. Ҳоло чунин шуда буд. Зан ҳикояташро давом дод:
- Аз миён ду сол гузашт ва сатили сӯрох қарор дод, ки бо хизматгор гап зада, нуқсашро эътироф кунад. Боре сатили сӯрох ба обкаш гуфт, аз худам шарм медорам ва аз ту узр мепурсам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё