Зеҳн
ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ахбор · 16 сентябри 2024 · 12 саҳифа

Илм

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Аз назари мо, аз миёни тамоми чорабиниҳои муҳимми то ба ҳол дар кишвари мо рухдода, дутояш, яке мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) ва дигаре мулоқоти Президенти кишвар бо аҳли илм (30-юми майи соли 2024), ки ҳар дуи он ба ҳамдигар робитаи мантиқӣ дошта, ба тарзе идомаи якдигар низ мебошанд, арзиши фавқулода доранд.

Ба ибораи дигар, дар мулоқоти аввал Пешвои миллат ташхиси мушкилот ё дарди ҷомеаро ироа карда, дар мулоқоти дуввум бошад, роҳи ҳал ва ё давои онро дар миён гузоштанд. Вале мушоҳидаи мо нишон медиҳад, ки на ҳама ба дарки амиқи моҳияти ин ду мулоқоти муҳим пай бурдаанд. Дар ҳоле, ки дар асл ин ду чорабинии муҳим танҳо маъракаи навбатии сиёсӣ-давлатӣ набуда, яке аз таҳлилҳои муваффақонаи Пешвои миллат дар мавриди вазъи воқеии ҷаҳонбиниҳои дар ҷомеа роиҷ мебошанд.

Пешвои миллат бо хираду огоҳӣ, таҷрибаи ғанӣ дар эҳё, бунёд ва роҳбарии мамлакат ва ояндабинии хоси шахсиятӣ, ду тарзи ҷаҳонбинӣ (илмӣ ва ғайриилмӣ)-ро ҳамчун ҳалқаҳои асосии занҷираи ҳамаи масъалаҳои ояндаи наздик, ҳамчун ду рӯйи як сикка, бо дарки муҳиммияти хоси ҳар дуи он барои марҳалаи навбатии пешрафти кишвар ва ояндаи он, бо баёни сода, ошкоро, вале хеле дилсӯзона бо мардуми кишвар дар миён гузоштанд. Аз ин хотир ҳам, дорои арзиши баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-маърифатии хос мебошанд.

Мо дар мақолаи мазкур назди худ вазифаи шаҳрвандӣ гузоштем, то андешаҳоро дар ин маврид, танҳо аз дидгоҳи маданӣ (гражданӣ), беғаразона, вале интиқодӣ, ба ҷустуҷӯву канду кови иллатҳои монеа эҷодкунанда дар миён гузоштанием. Ҳамчунон бо мисли иддае, сирф аз “тасдиқ”- у ҳамовозии куллигӯёна худдорӣ мекунем, зеро ҳар дуи ин таҳлилҳо дар олитарин сатҳи илмӣ, мантиқӣ, ояндабинона ва бо дастурҳои мушаххас аз ҷониби Пешвои миллат анҷом шудаанд.

Танҳо чизе, ки аз аъзои ҷомеа, бахусус, аҳли илму маориф ва зиёиён талаб карда мешавад, ин бо фаъолиятҳои амалӣ дар татбиқи ин дастуроту роҳнамоиҳои Пешвои миллат саҳмгузорӣ кардан аст.

Ба яке аз хулосаҳои Президенти мамлакат бори дигар таваҷҷуҳ шавад: “...бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест ва ё;

“...Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман, қонеъкунанда нест”.

Аммо чаро чунин аст, саволе, ки ҳар кас (олиму мансабдор фарди одӣ ва ғайра) ба он аз назари худ посух дорад. Вале, дар умум чунин ба назар мерасад, ки масъала сари амал, амал аст, ки мо мисли самтҳои дигари ҳаёти ҷомеа низ ба он, ба сатҳи зарурӣ таваҷҷуҳ намекунем. Бахусус, амал дар соҳаи илм, ки яке аз мушкилоти асосии зеҳнияти ҷомеаҳои зиёди шарқӣ, аз ҷумла то ҳадде ҷомеаи мо ҳам мебошад. Дар ҳоле, ки ирфон ҳам амалро муқаддимаи илм медонист.

Тайи солиёни зиёди фаъолияту мушоҳидаҳо ба назар расид, ки муносибати манфиатхоҳона ба фаъолиятҳои илмӣ, яъне “илм барои илм ва ба хотири илм” ва барои гирифтани унвон, мансаб, бештар дар замони пас аз истиқлолият хеле афзудааст, ки ба эътибори илм асари хеле манфӣ ҳам расондааст.

аз 12
навбатӣ