Зеҳн
Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.

зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чархи фалак, сабил бар сари Булбули Водӣ косаи ғам чаппа кард. Даме ки Ҳавасгул ба вилоят гузашту Булбул аз вохӯриҳо бенасиб монд, рафиқи ҳаёт бадсиголӣ кард, сабзаи завқ дар синааш хушк гашта буд ва хуш надошт, ки сӯи идора роҳ бигирад. Чун мори нимҷон дар худ мепечид «шоир», вале ҳалқа заданашро ошкор намекард. Ҳамшину ҳамхез, ғамбарору ғамбардораш шишаи гарданборик гашт.

Дилдор Шокирзода, баъди пирӯзии ҳимояи Булбул дар назди котиби сеюм, чашмони хастаи ӯро дида, дар ҳузури Талбӣ Салим афсӯс мехӯрд:

-Ҳайфо, чархи фалак ба пои ин ҷавонмард барвақт хор халонд! Гулҳои навдамидаи дилаш бармаҳал пажмурда гаштанд, вагарна то шоири ашаддӣ шуданаш ҳамагӣ ду қадам монда буд-а!

- Муаллим,-худро дилсӯз вонамуд Талбӣ Салим, -акнун шоириашро фаромӯш мекунем. Тарғел ҳоло дар дами ҷонканӣ, пӯсту устухон шудааст. Тоби рӯзгорро наёфт-да! Акнун зиндагӣ сарашро мехӯрад. Вазифаи мо- имрӯз ҷавонмардро зинда кардан, бо як илоҷ ғаму ғурбатро аз дилаш кашида партоем, нуран ало нур мешавад. Коллектив барои ҳамин хел рӯз, домулло.

-Зинда бошед, Талбӣ! Ҳақи гапро задед, додар. Шумо тарбияашро ба гардан гиред. Шояд ба роҳи дуруст дарояд, одам шавад.

-Имрӯз-рӯзи маош. Одам дар қабр ҳам бӯи пулро ҳис мекунад, -хандид Талбӣ Салим ва аз боварии муҳаррир рӯҳ гирифт.– Ман тарбия ӯро ба гардан мегирам...

-Умр тез гузарад ҳам, рӯзи маош дер мерасад, -гуфт Булбули Водӣ ва музди корашро аз хазинадор гирифта, хушҳол ба ҷайб заду хост берун барояд, ки Талбӣ Салим фарёдаш кард:

-Булбул, як дам интизор бош, меҳмонӣ меравем!

-Камтар корам буду...

- Корат баъд, рафтем! – гуфт котиби масъул ва ба ронандаи идора муроҷиат кард:

-Мошинатро ҳай карда, назди мағозаи «Олами кӯдакон»

Дар роҳ Булбули Водӣ аз оринҷи Талбӣ Салим кашид.

-Дидед?

-Чиро?

-Мағозаи фурӯши...

-Арақро?.. Мон, ҳозир зиёфатхӯрӣ меравем.

-Аввал садта-садта кунем, баъд...

-Пулатро нигоҳ дор, даркор мешавад. Ҳозир як даста гул даркор. Ҳо, ана, дӯкон, рафтем!

Талбӣ Салим як даста гули зеборо ҷудо карда, рӯ ба Булбул овард:

-Пулашро те!

-Ман сари қадам... - хумори арақ Булбулро девона кард.

-Сабр кун, арақи бепул менӯшӣ. Ҳо, анна, магазини «Олами кӯдакон»- ро дидӣ?

-Ҳо.

-Медароем.

Талбӣ Салим, мошинча дар даст, ҷониби Булбул нигаристу чашм зер кард. Мазмун, пулашро те!

-О... о... - забон хоид Булбул.-Ин хел меҳмонӣ ба кӣ даркор?..

-Зудтар, ҳама нигоҳ доранд, айб мешавад.

-Э, мардак, куҷо меравем?

-Баъд мефаҳмӣ.

Онҳо ба мошин нишастанд.

-Ҳай кун, акаи шофир! –амр дод Талбӣ Салим ва ҳине мошин ба ҳаракат даромад, бо ҳазл гуфт: - Сағера, як илоҷ карда, саратро дута мекардем, дар ин дунё аз ту қарздор намемондем. Сусту фулустӣ, намеҷунбӣ-да!

-Чӣ хел, муаллим? – чашм аз роҳ наканда, пурсид ронанда.

-О, ҳамин Моҳбонуи мо аз кӣ кам? Рӯзе сад каса мекушад-е! Дар ҳар тора мӯяш як мард овезон. Ту, Ғӯли биёбон, на забон дорӣ, на гурда. Як рӯз сақичи сафедак тӯҳфааш биёру рӯзи дигар атру упо. Рӯзи сеюм, чашми муҳаррира хато карда, дар канорат савораш куну гирди район чархаш занон. Мебинӣ, ки ба ту кафшер шуда, то қиёмат доманатро сар намедиҳад.

-Аҷиб гапҳо мезанед, муаллим! О вай, модаговро, ба сарам мезанам! – ранҷид ронанда ва газро баландтар зер карда буд, ки Талбӣ Салим ҳаловна овоз баланд кард:

-Исто, аҳмақ! Тормоз!

-Чӣ гап? – аз ҷо як қад парид Булбули Водӣ.

Ронанда дарзамон мошинро нигоҳ дошту бо ранги канда пурсид:

нигоҳ дор...

-Чӣ шуд, муаллим?

Талбӣ Салим дӯғ зад:

-Як ҷоро нигоҳ кунӣ, намешавад?! Ҳозир мошини котиби якумро пеш мегузаштем-е! Хайрият, дидам, вагарна аз рӯи одоб намешуд. Ба мо не, ба муҳаррир гап мерасид.

-Котиб бошад, барои худаш! Наход дар роҳ ҳам аз мошин пеш гузаштан мумкин набошад? О, худи котиб дар мошин набуд-ку?!- димоғсӯхта мошинро ба ҳаркат даровард ронанда.

-Шофир-думи шер. Бо думи шер бозӣ намекунанд. Дар ин замон аз ҳукми котиб дида, ҳукми шофир баланд. Ҷои даркориатро нагазидаанд, вагарна мефаҳмидӣ.

-Э, заб тарсондӣ, то саду бист ҳай карда, аз мошини котиб нагузарам, ман ҳарчӣ,-бо ҷаҳл гуфт ронанда ва газро зер кард. Мошин ҳаворо дукафон карда, мисли тир парид. Талбӣ Салим ранг бадал карда, машғала бардошт.

-Оҳиста, сағераи сур! Мошин сомолёт нест, махов! Гарданатро нашиканӣ.

Ронанда аз сухаони Талӣ завқ мебурд.

Булбули Водӣ хаёлан дар олами дигар парвоз мекард ва ба шӯру мағали онҳо эътибор намедод: гоҳ- гоҳ ҷонибашон сар-сарӣ нигариста, нешханд мезад.

Бехост сари роҳ нозири ҳаркати нақлиёт намудор гашт ва ӯ суръати баланди мошинро дида, ду-се бор ҳуштак кашиду бо чӯбдаст ишораи ист кард.

-Ана, сағера, дар бало мондем,-бо зарда гуфт Талбӣ Салим.-Акнун муҳаррир қабри маро мекобад. Ҳе, дар ҳафт пуштат... Ба ту гуфтам- ку: тез ҳай накун, хари якрав, гапамро тини пучак нагирифтӣ!

-Ҳеҷ гап не, як сӯрох будааст,-ронандаи зардина ҳуҷҷатҳояшро гирифта, дари ғуфраро кушоду назди нозир рафт ва фурсате пас табассум ба лаб баргашт.

-Калиди дили нозир-дар дасти шофир! -гуфт ӯ ва моторро аз нав ба ҳаракат даровард.

-Эҳ, айёре!–бехост нидо кард Булбули Водӣ ва хаёлаш сари ин мавзӯъ амиқтар тор танид...

Нозир кор мекунад. Рӯзи дароз кор мекунад ӯ. Барфро барф намегӯяду боронро борон. Вазир мебинад ӯро, кабир мебинад ӯро, сағир мебинад ӯро, кампир мебинад ӯро...

-Офарин бар ӯ! Дар ин ҳавои туф куну ях кун бубинед: нозир аз роҳ лаҳзае канор намеравад. Адо мекунад вазифаашро. Намегузорад ҳавои шаҳрро ронандаҳо заҳролуд созанд. Ватан бояд бифахрад аз ин фарзанд...

Нозир мошин медорад.

-Чаро дудбарои чорчарха дуди ғафс сар медиҳад? Чӣ, ин «Жугули» ё «ДТ» -75?» Се сӯм ҷарима!..

-Ана, кӯҳ ба кӯҳ не, одам ба одам мерасад. Чӣ фоида ба ҷебаки давлат ҷарима супурдан? Беҳтараш худакат «чойпулӣ» бигиру...

Нозир кор мекунад. Зери барфу борон аз таҳти дил кор мекунад. Вазир мебинад ӯро, кабир мебинад ӯро, сағир мебинад ӯро...

Вазир ба сардор занг мезанад...

Сардор нозирро мехонад.

-Ба ту аз боло Ифтихорном бо имзои Н.Н.-вич...

Нозир кор мекунад.

-Чаро дудбаро...

-Се сӯм гиру...

Вазир мебинад ӯро, кабир мебинад ӯро...

Бегоҳ «заправчик» ангушт ба дари хонаи нозир мезанад. -Пагоҳ зери барф наистед. Хунук хӯрда, касал мешавед. -Ҳм, хирс касал мешаваду ман не!

-Охир, пагоҳ... даромад намешавад.

-Чаро?

- Карасин намеоранд.

-Парво накун, тамос мегирам. Салярка мефиристанд. Тавре мекунем, ки мошинҳо даҳ қадам нарафта, аз кор бароянд. Ман медонаму ҷарима рӯёндан..

Вазир медонад инро, кабир медонад инро: нозир дар ҳавои туф куну ях кун... пул кор мекунад. Баъд... Вазиру сардор бо як маоши хушку нокиро аҷаб шоҳона зиндагӣ доранд!

-Чӣ зайл?

-Нозир медонад инро...

Афсӯс, нозир мешудам, шояд як гӯшаи зиндагиам обод мегашту

занак ҳам маро ба кундаи ҷувоз шабеҳ намедод!..»

-Расидем!-гуфтани Талбӣ Салим риштаи хаёлоти Булбулро барканд. -Ба кӯҷо?- ҳайрон пурсид Булбул.

-Чӣ, магар хонаатро намедонӣ?

Онҳо аз мошин фуромаданд. Талбӣ Салим тӯҳфаҳоро гирифта, фаҳмонд:

-Гулдаста ба янга ва мошинча ба писар ҳадия. Аз хурсандӣ дар курта намеғунҷанд, мерақсанду мерақсанд.

Булбул табассум кард ва ду даҳсӯмиро бароварда ба дасти ронанда доду оҳиста:

-Дута гирифта биё! -гуфт.

Ронанда аз нав ба паси чамбари фармон нишаст.

-Хо-ош, аз ақиби ман!- пеш даромад Булбул ва хушҳол гуфт:

-Хайрият, ягаат дар хона нест, хушҳолӣ мекунем.

-Исто, ту ронандаро куҷо роҳӣ кардӣ?

-О, ин тӯҳфаҳоро шустан лозим. Гардани шишаи шайтонро нашиканем, нағз намешавад-да!

Талбӣ Салим пушти гӯш хорида, ноилоҷ аз думболи Булбул роҳ гирифт. «Ғубори дилаш тоза мешаваду рӯҳаш болида, -аз дил гузаронд ӯ.- Оҳиста-оҳиста роҳи зиндагиро меёбад. Лекин ман ҳам тарбияро суст намекунам...»

пешина
аз 16
навбатӣ