Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Ҳине офтоб як қади найза боло шуда, атрофу акнофро мунаввар мекард ва аз бинои пасту рангпаридаи редаксия «суруд»-и якмароми мошинкаи Моҳбону ба гӯш меомад, Талбӣ Салим овоз меандохт:
-Хуни ҷигар шудам аз дасти Булбул. Ҳоло ҳам даракаш нест-е!..
Баъди ҳама ба кор меомад ӯ. Хастаю хотирпареш, гӯё то саҳар повест иншо карда бошад ё як қисми романи «Сурху сиёҳ»-и Стендалро шаби дароз қироат. Вақте ки Булбули Водӣ вориди ҳуҷра мегашт, Талбӣ Салим бо нигоҳ сар то пояшро андова карда, киноя мезад:
-Муборак шавад!..
Булбул сархам, лаблабуро хиҷолат медод ва оҳистаю маъюс ба ҷояш гузашта, узромез ба забон меовард:
-Бубахш, то дили шаб қаҳва нӯшидам ва дами саҳар...
Кур-кур механдид Талбӣ Салим ва чашмонашро айёрона бозӣ доронда, як гапро мегуфт:
-Қаҳва не, гардани чанд шишаро «бӯғӣ» кардам гӯй!
Пасон Талбӣ Салим дили шикаста, рангу рӯй канда ва чашмони
хастаи Булбулро ба мушоҳида гирифта, дилсӯзона ғур-ғур мекард:
-Шоир нашудам, лекин як пора нон меёбам- ку! Кирои ғамхӯрӣ надорад ин дунё. Ғам кӯҳро паст мекунад. Ғамбода шавию кунҷаки беморхонаро иҷора гирӣ, ба хотири зану фарзандат ҳам намерасӣ. Шапидану хӯрдани ин дунё мемонад. Ана, муҳаррирро бин: по ғами пойи дигарашро намехӯрад. Мисли фил варамида, дар дару девор намеғунҷад. Ё Моҳбонуро бибин. Дар ин синну сол каси дигар бешӯ мегашт, аз ғаму ғусса чӯби хушк гашта буд. Лекин як ба роҳгардиаш нигоҳ кун, мегӯӣ дар аспи ҷеран савор аст. Фукаш чухт, осмонро сӯз дода мегардад. Аломати чист?–Аз беғамӣ! Ту чӣ? Қабурғаҳоятро баҳузур шумурдан мумкин. Эҳ, аз насиҳат
хондана забонам мӯй баровард-е!..
Ин саҳар ҳам чиқ-чиқи мошинкаи Моҳбону, таври қаблӣ, ба гӯш расид.
Булбули Водиро бесаброна итизор буд Талбӣ. Саду чанд бор аз тиреза берун нигарист, то ақаллан суроби Булбулро аз дур бубинад ва чилу чанд карат аз Моҳбону пурсон шуд, ки оё то ҳол Булбул наомадааст? Ҷавоби «не» шунида, оташи ғазаби ӯ алангатар гирифт. Ва азм кард, ба хонаи худозада равад, вале ҳамин дам шарфаи пой ва сурфазании ҳамвораи Булбул ба гӯшаш расиду оҳи вазнин кашида, гӯё кӯҳро аз китф фуруоварда бошад, худро осуда ба курсӣ партофт.
Булбули Водӣ беҷуръатона дарро кушода, -ин карат ҷониби Талбӣ ҳатто нимнигоҳ накард, -паси миз гузашт. Котиб хушомадҷӯёна аз ҷо бархост ва бо лабони табассумрез мужда расонд:
-Муборак шавад!..
Булбул барошуфт:
-Одам оҳан нест-ку?! Тани гарм бе дард намешавад. Дирӯз бемор...
-Бубахш, шоири азиз, чизи дигарро... Дар набуданат Ҳавасгул Сабуровна ташриф овард.
Аз шунидани номи Ҳавасгул қиёфаи Булбул шасту панҷ дараҷа тағийр ёфт.
-Ана, дар ин варақ чанд сатр навишта, хоҳиш кард ба ту расонам.
Талби Салим пораи варақро ҷониби Булбул дароз кард.
«Шоир» нобоварона варақро пеш кашид ва як дасташро ба пешонӣ
соябон карда, ба сатрҳо чашм давонд: «Салом, Булбули Водӣ!
Ман туро хабаргирӣ омадам, аммо пайдо карда натавонистам. Хуллас, пазмонат шудам, дидан мехоҳам. Пагоҳ соати дувоздаҳ туро дар боғи
маркази вилоят мунтазирам. Умедворам хоҳишамро рад намекунӣ. Бо эҳтиром, Ҳавасгул».
Булбул дасташро аз пешонӣ ба рӯи миз кӯфт. Андаруни синааш тӯфоне бархост. Чеҳраи рангпаридаи ӯ гӯё хун гирифт, дар чашмони хастааш оташаке падид омад. Аз ин ҷо ковок шуд ва ҷузвдонашро шараққос кашида, як даста сиёҳнависро берун оварду хушҳолона фарёд зад:
-Ҳо Моҳбону, биҷунбон худата! Бозор ташкил карданат бас! Зудтар шеърҳоямро се нусхаӣ мошинка бикун, к вилоят меравам! Чарх бизан, чарх бизан, эй санам, рақс бикун, рақс бикун, эй санам!..
-Дар ин давраи безанӣ буҷулат асп хест, касофат, – як каф нос ба даҳон партофт Талбӣ Салим ва афзуд: -Дал капи айғил зада, аз зану бачат халос нашавӣ? Дал даҳони мол афтӣ, ба халосгал зол мешавӣ. Баъд пушаймонӣ суд надола.
-Одам мурад, пеши пои маъшуқ мурад. Савдои ошиқиро аз куҷо медонӣ ту? Як бӯсаи ошиқӣ аз оби ҳавзи кавсар ширинтар, гуфтаанд.
-Мебинем, лусиёҳ нашавӣ, лишамло кок металошам.
-Рӯсиёҳ мешавед, рӯсиёҳ! Худакаш маро ба мулоқот даъват кардааст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё