Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Сафоли Аброр бо тани озурда, шиками гурусна, сари гиҷу гаранг ҷониби хона қадам мезад. Бо Латиф худоҳофизӣ кард. Марди мард будааст хушмӯйлаб. Ба кисаи холӣ даст бурдани Сафолро дида, «Ин корро накун, хафа мешавам!»-гуфт. Сафол аз ҳаяҷон чӣ гуфтанашро надонист. Ба касе, мисле ба Латиф, ду даст дар сандуқи сина, қомати баландро дуқат накарда буд ӯ.
Акнун сархаму маъюс гом мезад Сафол, ҳарчанд майли хона рафтан надошт. Ҳанӯз дар роҳ, вақте ки Латифи ронанда ба ақли яхкардаи ӯ оби гарм рехт, хост аз мошин фурояду ба хонаи хушдоманаш биравад, Хосияту писаронашро ба оғӯш гирад, аз хурсандӣ дар курта нағунҷад, вале ҷайби холиашро ба ёд оварда, аз раъяш пас гашт. Баъдан, дар ҳолате ки ягон-ягон мошин мегардад, чӣ тавр мушкилашро осон кунад? Магарам то субҳидам қади роҳ симчӯб шавад...
Нохост тахаллуси «Булбули Водӣ» ба хотири Сафол расиду... гумон бурд, ки мардум аз сари девору тирезаи хонаҳо, аз шохи дарахту покӯча ва толорҳо ба ҳоли зораш механданду механданд. Ҷигарӣ мазоҳ карда механданд ӯро.
Ва бошитоб роҳ гашт. Давид, байтал барин давид ӯ. Гӯё мегурехт аз мазоҳи одамон. Арақ аз сару гарданаш шиппа мезад. Дилаш сахт ба тапидан даромад ва гӯё, ки саги хашмине думболагираш бошад, ҳадаҳа медавид. Гуруснаю ташна медавид ва тасаввур мекард, ки дар гирдоби дарёи зиндагӣ ғарқ мешаваду аз ӯҳдаи шиноварӣ намебарояд. Мадори пояш канд, зонуҳояш шикан-шикан хӯрданд.
Ба ногоҳ... Аз дур чароғи хонаашро фурӯзон диду лаҳзае пакар, балки чун ҳайкал шах монд. Дам кард дилаш монандаи пуфак ва қафаси синааш танг омад. «Худоё, аз қудратат гардам!» -гашт забонаш ва аз чашмонаш ашк шорид. Бо кафи даст оби чашмонашро бирӯфт.
Ва дигарбора давид. Худро назди дари хона дида, осема тела дод онро. Хомӯшӣ. «Кӣ бошад?» Туфлиҳои фарсудаашро аз по кашида, дари хонаи хобро нимроғ кард. «Ҳа-ҳа-ҳа, Худоё, ҷони ширин!..» Хосият бо бачаҳо дар хоби ноз буданд. «Хосиятбонуи ман аст?.. Ҳо, чароғи хонадони мани гумроҳ...»
Ӯ нӯг-нӯги по омада, болои сари фарзандон хам шуд ва кӯрпаро дурусттар ба рӯяшон кашида, аз пешонии ҳарду бӯса гирифт. Нигоҳаш ноаён лағжида, рӯю мӯй, рухсораҳои Хосиятро навозиш карду тӯфоне андаруни синааш ангехт. Суханони рӯзадаи дилашро бо илоҷе фурӯ бурд. Бодгинаи тиреза кушода гашт. Шамоли нарме ҷавлон зада, зулфони Хосиятро шона кард. Сафол чашмонашро сахт пӯшида, дигарбора во намуд, мисле ки дар золи кино ҳангоми канда шудани лента ва дар додани чароғ ба касе чунин ҳолат рӯй медиҳад. Лабонашро оҳиста ба лабони Хосият расонду нафаси гарм тахтапушташро ларзонд.
-Омадӣ? – паст садо дод Хосият. -...
-Ғизо мехӯрӣ?
-Бирав, истироҳат кун, саҳар сӯҳбат мекунем,-мӯи сари аз арақ таршудаи шавҳарашро сила кард Хосият...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё