Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Не, шефтаи Булбул.
Ба автобус ба идораи радио нарафт ӯ. Нахустбор дами ҳавасашро шикаст, гапи подарҳавои «бегона» нагашту ба фурудгоҳ раҳсипор шуд автобуси район билет гирифт. Бехост андешид, ки аз марказ бо раваду нохост шиносон бинандаш, умре хандахариш мешавад.
Ӯ даст ба ҷайб бурда, панҷсӯмае берун овард. «Мерасад», -аз дил гузаронд Булбул ва билети автобусро даронда, ба замин партофт, сипас ҷониби «Истгоҳи таксӣ» тоб хӯрд.
Ҷавонронандае ба курсии «Жигули»-и ёқутфом пушт партофта, сигарет дуд медод. Ба сӯяш омадани қаддарозро дида, дарзамон аз ғуфра калла берун оварда фарёд зад:
-Таксии кооператив, бачаи оча! Магнитафон дорам, сурудҳои Шакиданро гӯш мекунӣ. Э, меҷунбонаде! Шакидана маъқул нашавад, Ҷуқиданаро мемонум, бачаи оча! Қартаи... лучак дорум, духтарои синакашола тамошо карда, ҳаловат мебарӣ. Хоҳӣ телевизор мемонӣ, ихтиёр дар дасти бахтёр. Маъқул?! –ҷавон фағонаи дудро аз даҳону бинӣ сар дода, изофа кард: - Ба он тарафи дунё хоҳӣ ҳам, мебарам, бачаи оча! Баҳузур меравӣ ва пушаймон намехӯрӣ, ки ба таксии асри бисту дуи ман нишастаӣ. Бори дигар орзу мекунӣ. Биё, бачаи оча!..
-Ба Ҷилогул мебаред?
-Мебарам, бачаи оча, фақат дангал: чанд лойяк медиҳед?
-Панҷ сӯм!
-Эҳа, бачаи оча, аз мурғ таваллуд шудаӣ?! Панҷ сӯми ту кирои ба мошин нишастан намекунад. Инро таксии кооператив мегӯянд. Беҳтараш, аз автобус намон, бачаи оча, -ӯ дари ғуфраро бо шаст пӯшида, бепарвоёна ба лаб сигарети нав гузошт.
Булбул даст афшонда, қафо гашт. «Ана, роҳи зиндагӣ, - аз дил гузаронд ӯ. –Тобашро ёфтааст. Дар ягон ҷо кор намекунад. Моҳе ҳамагӣ панҷоҳ сӯм ба ҷайб медарорад. Зиндагиаш ванг, зану кӯдакаш серу пур, хархашаю валвала нест. Оҳ, ин зиндагӣ мисли зани ғар аст. Дилаша ёфтӣ-медиҳад, наёфтӣ-хоки мазор! Мисли ман ёвагӯ мешавию ба як тини зардак зор...» -ӯ рӯи хараки беодам нишаст. Хеле нишаст, сипас «заҳри одамро одам мегирад»,-гуфт ба сӯи ошхона, сари роҳ қомат афрохта буд, қадам зад.
Дуди ошхона роҳи нафасро мебаст. Одам лаб зада буд. Яке ҷои холӣ мекофт, дигаре пиёла, саввумин чойник... Ошпазҳо, таги забон як каф нос, барои фардо тайёрӣ медиданд: яке пиёз пӯст мекард, дигаре картошка. Ҷавони филчашми сумбазада, дастонаш дар банди миён, ҳар хел фармонҳо медод ва маълум буд, ки аллакай садта зада, ба қавле, куфти корро бароварда буд. Булбул аз даричаи танг ба онҳо нигариста, лому мим нагуфт: фаҳмид, ки соҳибони ошхона аллакай тахтаю тиракашонро ғундоштаанд. Ӯ ба даричаи дигар, ки аз он ҷо фақат чойи гарм гирифтан мумкин буд, наздик шуд.
-Як чой!- ҷониби чойхонадор нигарист. -Чойник биков!
-О, ин чӣ хел, чойхона?
-Ой, буродар, ин ҷо Америка не, ки чойник накобӣ! Нозу нузро дар канори занат бикун!..
-Гузаштам аз баҳри чойят! Аздусар, баъди нӯшидан, кас ё шикамдард мешавад, ё ягон касали дигар.
-Яу-ду ҳафтаи охир ҳеҷ кас намурдааст,-бо сахтӣ гуфт чойхонадор ва ғур-ғуркунон машғули кори худ гашт.
Ӯ қафонокӣ назди шашликпаз омад ва ду воя фармуд.
- Ҷой ёбед, ҳозир тайёр мешавад. Гармаш ки гуфтам, давед!
Булбул ба чор тараф назар андохт. Дар кунҷе марди мӯйлабдор, дар
сар тоқии гулдӯзӣ, ки кӯҳистонӣ буданаш аён буд, худаш танҳо чой менӯшид. Курсии фарсудаи паҳлӯяш одам надошт. Булбули Водӣ шитобон бардам-бардам қадам зада, назди кӯҳистонӣ омад.
-Банд аст?
-Не, зуря, марҳамат,-гуфт марди хушмӯйлаб, пиёлаи чойро аз лабаш канда.
Нишаст. Паҳлӯтари онҳо деги сӯҳбати ҷавонон меҷӯшид. Гапашон равшан ба гӯш мезад. Як ҷавони рафидарӯйи кушодачеҳра латифа мегуфт...
-Гармаш!- гуфтани шашликпаз ӯро ба худ овард.
-Ҳозир,-гуфт «шоир» ва осема давид. Лаълии фурӯшанда гирифта: шашликро аз дасти
-Чанд сӯм?-пурсид.
-Як панҷак!
-Панҷ сӯм?! О...о.. чӣ хел?
-Ранги дигарон аз гӯшти хар шашлик напухтаам, ки потелук кунӣ.
Гӯшти дасткуш. Фаҳмидӣ, додар?! -Фаҳмидаму...
-Хоҳед-ҳамин, нахоҳед...
-Ба ман диҳед!- назди ошпаз омад марди шофмӯйлабе, ки бо донаи гӯгирд ҳар дам дандон тоза мекард ва дарзамон аз киса қабзаи пул баровард.
-Истед, мегирам! –паст наомад Булбул ва нофорам панҷсӯмаи охиринро ба сӯи шашликпаз дароз кард. Гумон бурд, ки дилашро аз қафаси сина канда, ба сӯйи ӯ дароз дорад.
-Ҳа, додар, зӯр омад? Як соат дуди шашлик хӯрӣ, баъд ба қадри меҳнати мо мерасӣ, - аз пушт овоз баланд кард шашликпаз.
-Садқаи шашлик шаванд баъзеҳо, -гапи ӯро об дод шофмӯйлаб.
Сурхие ба рухсор ва буни гӯшҳои Булбул давид. Маҷоли «бигӯмагӯ» надошт ӯ. Музтарибҳол назди марди кӯҳистонӣ омадаву ба ӯ эътибор надода, курсиро қафотар кашид ва нишаст. Зуд сихеро ба даст гирифту сӯи даҳон бурд. Кашокаш кард то луқмае аз сих ҷудо шавад. Гӯё резин бошад, ҳарчанд пораро зери дандонҳо мехоид, суда намегашт. Ба ҳар ҳол, хомлуқмаро зинда фурӯ дардоду қариб дамаш дарун занад. Аз чашмонаш
ашк заҳид. Гулдӯзитоқӣ, ки ҳаракатҳои Булбулро мушоҳида мекард, дарзамон ба пиёла чой рехта, ҷонибаш дароз намуд.
-Марҳамат, зуря, як пиёла чой!
Булбул хомӯшона пиёлаи чойро ба лаб бурд.
-Шумо инҷоӣ не, зуря-а?
-Ҳа, - бо ҳавои бинӣ ғурингид Булбул ва зери дил гуфт: «Кори ту чӣ,
пурсандаат мондаанд, магар?!»
-Хафа нашав, зуря. Бенизомӣ аз беназоратист. Саг парвои соҳибаш надорад. Аспу майдон ёфтаанд. Инҳо ҳам барои худашон кор мекунанд, ҳам барои курсинишинҳо. Мардакҳо тақдирҷунбон доранд,-хушмӯйлаб пиёлаи холиро аз дасти Булбул гирифта, афзуд: - Барои ҳамин дӯғу димоғашон баланд. Рӯирост таҳқир мекунанд дигаронро. Медонанд, ки пуштпоя доранд. «Хар гардани хар гирад, ғар гардани ғар»,-гуфтаанд. Сабаб ҳамин, ки лунҷҳо монандаи тоҷи хурӯс сурх, чашмҳо мисли чашми фил танг, нигоҳҳо сарду берӯҳ, шикамҳо ранги гӯри сағера варам, бо сари баланд бепарво мегарданд, сиёсаташона фили маҳмудӣ бардорад, миёнаш аз сесад ҷо мешиканад,- кӯҳистонӣ мӯйлабҳои пари зоғ барин сиёҳашро палмосид, суханашро давом дод: -Ман, зуря, дар фикрам, ки мабодо Котиби Генералӣ аз Маскав ба чойхонаи мо ташриф оварад, ин ҳолу манолро дида, чӣ мегуфта бошад?
-Эҳ, бародар,-даҳон кушод Булбул,-аз ташрифи Котиб се моҳ пештар огоҳ мешаванд ва чунон намоишкорӣ мекунанд, ки гумон мебарӣ дар биҳишт зиндагӣ дорию аз оби Ҳавзи кавсар нӯш.
-Ҳо, кӯчаҳои пасту баланд чун кафи даст ҳамвор мешаванд. Чунон бо ҳавсала кор мекунанд, ки баъзе хонаҳоро бо тирезаҳояш ранг месозанд. Дар як мижа мебинӣ, ки дар кӯчаҳо электричка, самолёт, вертолёт... ба хидмат омода. Дар мағозаҳо гӯшту ҳасиб, қанду собун ва калӯшу шаколадҳои хелмахел... Э-ҳа!.. Кӯчаю паскӯчаҳо-чароғон ва кабудизор. Чангу гарди дарахтонро бо шампунҳо мешӯянд ва баргҳояшонро ранги сабз мемоланд. Ҳатман муҷассамаи Ленинро ба чойхона меоранд, ҳавзи моҳидорӣ ва шаршара месозанд. Самоворҳоро пур аз шароб мекунанд ва мардум ба ҷойи чой то аз по афтидан арақ мезанад. Аммо, афсӯс... Рӯзи дигар Котиб мераваду ҳама ба асли қадим баробар. Чаро Котиб тарафҳои мо намеояд?! Агар омада натавонад, ақаллан овозаи омаданашро ягон багурда паҳн кунад, он гоҳ чандин муҳтоҷ соҳиби хонаю замин гашта, рӯзгораш як муддат тинҷу осуда мешавад, а?..
«Плефта метобад мардак. Мисли лектор як ҷуръа об нанӯшида, шаш соат гап мезанад-е! Зори маърӯзаи ту нестам, охир! Чунон оташин баён мекунад, ки танҳо командаи сӯхторнишон метавонад ӯро хомӯш кунад. «Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл?»-дигар гӯш накарда, бо чашмони нимроғ аз ҷо рост шуд Булбул ва ҳатто хайрухуш накарда, сӯи истгоҳи сари роҳ қадам зад. «Шояд ягон шинос вохӯрад, вагарна бо кисаи «касал» дар роҳ мемонам».
Домани шафақ акнун аз нурҳои зарҳалини офтоб намесӯхт. Вазидани насими сабуксайрро кас дар шаби хоби медид. Гӯё шоҳроҳ бафурҷа
«роҳат» мегирифт; тамоми рӯз гармиро фурӯ бурда, акунун бӯву тафро бурун мекард. Дамгир буд ҳаво. Ба машом бӯйи поёноби заҳрогини пахта мезад. Дар истгоҳ ба ҷуз мошини боркаш ва ду тани ношинос каси дигар наменамуд. Ин дам мошини сабукраве пайдо шуда, назди онҳо қарор кард. Булбул ба қиёфаи ронанда амиқтар зеҳн монд, дарзамон ғаввоси хоҷагии бобои Ҳамроқулро шинохт. Хаёле дар лабонаш табассум давид, мурғи бахт ба сари китфаш нишаст, охир! Ҳо, бо кисаи пуч дар маркази шаҳр, чунин имконияти муносиб на ба ҳар кас муяссар мегардад. Ӯ шитобон назди мошин омада:
-Ассалому алайкум, акаи ғаввос!- нидо кард:
Ғаввос таҷҷубомез ба сӯи «шоир» нигарист. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки ӯро нашинохт.
-Кистӣ, бача?
-Маро фаромӯш кардед, ака? Ҳо-о, тӯйи чӯпони бобои Ҳамроқул... Дар лаб ҳавзи хоҷагӣ сӯҳбат карда будем-ку! Ман... мухбир... Булбули Водӣ... Наттоқи тӯй будам...
-Ҳа, ҳамунам, гӯй!- бепарво моторро ба ҳаракат даровард ғаввос ва пурсид: – Куҷо мерай?
-Чӣ, шумо район намеравед?
-Э-ҳа, нав кори мо сар шудак. Шави дароз одам бурда миёрум. Чор танга ҳам даркорай.
-Боз ман гумон кардам, ки ...
-Ҳоли шав дарозай. Ҳич кас дар кӯча намундас. И мардакора ба ҷову пошун брасунум, ҳатман гашта миём. Баъд ҳардму хуна мерем. Майлӣ? Ҳо, садқаша...Бишин, ай ҷот наҷунб!..
Мошин гӯё парид аз ҷо ва дар они воҳид аз назар ғоиб гашт.
«Ҳа, ҳамон ғаввоси найрангбоз, дигар нашудааст»,-аз дил гузаронд Булбул ва дар танҳоӣ дафтари хотираашро чанд сафҳа қафо тоб дод.
Дар ун мавқеъ ғаввоси хоҷагиро, - Мирзо ном дошт,- кам монда буд ба осмони ҳафтум бароварда, ба пеши бараш ордени чӯбии сегӯша часпонад ва пешниҳод кунад, ки як деҳаро ба номаш сабт намоянд. Ба Булбули Водӣ супориш шуд, ки бо Мирзо вохӯрад ва аз таҷрибаи кораш ба дигарон қисса бинависад. Ва дар ёди Булбул сӯҳбати дерин якояк гардон гашт...
-Акаи Мирзо, ҳавзи шиноварии хоҷагӣ кай сохта шуд?
-Ҷунум дар ту, ҳини ҳавза сохтан «хурӯсак»-и калуним мактабрав шида буд. Ина, аку, ҳисоб кун: ҳоли бачаи бачам синфи даҳ мехуна.
-Мебинам, ки ҳавз ниҳоят азим...
-Рӯм сиёҳ, 600 м. дарозӣ 400 м. бар ва 100 м. баландӣ дора.
-Солҳои ғаввосии шумо ягон кас ғарқ шудааст?
-Як борак гове афтида буд. Хонасӯхтаи ҳайвон ай соҳибушда
ҷонсахттар будаст. Намурд. Кран оварда бардоштемуш. Дигар ҳич раҳ наафтид, ки як қаҳрамонӣ кунем. Охи, муна ҳам ордену медал мефора.
-Ғам нахӯред, акаи Мирзо, поёни шаби сиёҳ сафед аст.
-Чум, ҷунум дар ту, рӯзи мо доим сиёҳай. Дар болои шутур саг ҳам ай лингум мегаза.
-Ба фикрам, шумо шиновари моҳиред ва ғарқшударо даррав наҷот дода метавонед?!
-Чашм нараса, ҷунум дар ту, дар ҳаммом ҳич кас ранги мун оббозӣ карда наметуна. Даруни тағораи пуров дром, ҳамиқа қлочаке мезанум, ки ҳаваси сад кас шар-шар мерава.
-Офарин! Чанд сӯм моҳона мегиред?
-Моҳе то таги дусада мегирум. Бо колхоз гадовой метия.
–Ягон шикоят доред?
-Шикоят надорум, ҷунум дар ту. Ҷирани оҳанира дидӣ? Коперативуш
кардум. Рӯзи шанбиву бозор чор рейсак и тарафу у тараф давунмуш, чойчақаи кӯдако сад фоиз мешава. Бо даромади замина намегӯӣ? Соф помидоркорум. Ҷонвара ҳамиқа доруе митим, ки дар чилаи зимистун таранг мепаза. Як райсак тарафи Россия ҳаллосак бизанум, то зимистони дигара кордум болои руғанай.
-Барои кори бенуқсон шояд ҳар сол мукофот ҳам мегиред?
-Мун ай дигаро чӣ камум, ҷунум дар ту? Ҳар сол ғолиби мусобиқа мешам. Охи, ягон кас ғарқ намешава-ку?! Колхоз ҳатман мукофот метия. Ина, ҳами ҷирани оҳанӣ мукофоти колхозай.
-Ҳавз ба дигар мақсад истифода бурда мешавад?
-Моли колхозай, ҷунум дар ту. Зимистуну тбистун силос мехобонан. -Пас, ба ҳавз кай об сар медиҳанд?
-Эҳ, рӯм сиёҳ, ай рӯзе, ки худма ёд дорум, ова да ҳавз надидам! -Набошад, шумо чӣ кор мекунед, акаи Мирзо?!
-Ғаввосӣ мекунум, ҷунум дар ту, ғаввосӣ! Колхоз ҳамин хел штат дора... «Ҳм, шайтон дӯғ мехӯрд пеши ин мард. Ва ҳоло ҳам шайтонӣ мехӯронад
ӯро... Бигзор, биравад. Омаданашро Худо медонад. Одам дар ҷангал намемонад-ку! Ягон шиноси дилобхӯр меомадагист...»
-Ҳо, авлод, киро мепоӣ? – овози кадоме маҷбур кард, ки Булбул сафҳаҳои дафтари хотираашро бипӯшонад. Ӯ ҷониби соҳиби овоз нигарист. «Шоир» дарзамон марди хушмӯйлаби кӯҳистониро, ки чанде пештар аз ҳақиқатгӯияш безор гашта буд, шинохту дилаш таҳ кашид: «Ақаллан тоқилоқатро аз сарат бигир, қишлоқӣ!» Булбул ба «ёвагӯ» аҳамият надода, рӯяшро ҷониби дигар гардонд.
-Ба ту мегӯям, куҷо меравӣ?- аз нав овоз баланд кард мард. «Пурсандаат мондаанд, плефта? Даматро гиру ба роҳат рафтан гир. Чӣ, ба гарданам тавқ шудан мехоҳӣ?»
-Агар Ҷилогул рафтанӣ бошӣ, бишин!
Булбул шӯхӣ пиндошт ин гапро, вале дид, ки мард чолокона дари ғуфраи мошинро кушод, дар вуҷудаш хушҳолӣ давид ва беихтиёр ба сӯи ӯ роҳ гирифту:
-Ҳой, исто, ба ҳамон тараф меравам! – гуфт.
-Биё, зуря, аз як калла ду кала беҳтар.
Мошин қоҳилона ба ҳаракат даромад. Ронанда мӯйлабҳои зебояшро
тоб додаву аз роҳ чашм наканда, бо овози нарм пурсид: -Номат чӣ, зуря?
-Бул...бул... Мебахшед, Сафол...
-Банда Латифам. Ана, шинос ҳам шудем. Акнун деги сӯҳбатро меҷӯшонем, вагарна роҳ дароз, зиқ шуданамон мумкин. Чақ-чақ роҳа кӯтоҳ мекунад. Ҳазрати Саъдӣ фармудааст;
Одамӣ одам набинад, аз куҷо одам шавад,
Шамъ агар оташ набинад, аз куҷо равшан шавад?
Одам аз одам меомӯзад. Ба ин маънӣ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҳақ гуфта:
Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибри мову ман, Ҳардуро чун нардбон зер ору бар афлок шав.
Сафоли Аброр гӯш мекард ва бовараш намеомад, ки Латиф дар ҳақиқат як ронандаи одӣ бошад.
-Шумо танҳо ронандаед, ака, ё...?–тааҷҷубашро ниҳон дошта натавонист Сафол.
-Ман?..-табассум кард Латиф.-Як ронандаам, зуря. Ҳо, ҳамагӣ як ронанда. Орзуҳои зиёд доштам, аммо ҷомаи амал напӯшиданд. Дар мактаби шофирӣ таҳсил кардам Даҳ сол мешавад, ки ана дар паси ин чамбари фармонам. Ҳоло ба райони шумо бор мебрам. Худову ростӣ, зуря, гуноҳам ҳамин, ки илму фарҳанг ва ҳақиқатро дӯст медорам. Аммо ҳақиқат талх аст, на ба ҳама мефорад. Шояд ин гуноҳ бошад-а?
-Не-не, гуноҳ нест!
-Охир, нангам меояд, ки фарзандони миллати бузург Рӯдакию Фирдавсӣ, Хайёму Саъдӣ, Ҳофизу Ҷомӣ, Носири Хусраву Сино ва даҳҳо дигарон дорем, гӯён ҷор мезананду худ аз эҷоди онҳо байте намедонанд. Ин ба кас сахт алам намекуанд, магар? Худову ростӣ, зуря, аз беадолатӣ худро дарун-дарун мехӯрам, ки зани тоҷик ба ҷои тарбияи фарзанд аз субҳ то шом зери офтоби тафсон дар саҳро кор мекунаду ба ивази арақи ҷабинаш чӣ мегирад? Мукофот? Хестӣ, ки хобат! Куҷо шуд чеҳари оламгиру сари синаи ин зан, зулфони пари зоғаш?!. Эҳ, зуря, кадом дардро гӯям?!..
Не, ҳоло ҳам Сафоли Аброр ба ронанда будани ӯ шак дошт. Охир, худи ӯ корманди рӯзнома шуда, шоирони классик он тараф, ҳатто аз имрӯзиён байте намедонист. Акнун фаҳмид, ки иштибоҳи бузурге содир кардааст. «Вой-вой, шарманда шудам!» Рафту Латиф чикора буданашро пурсида, аз ӯ хоҳиши байтеро бикунад, он гоҳ чӣ мегӯяд?.. Ба буни гӯшҳои Сафоли Аброр сурхӣ давид. «Кисаам холӣ, вагарна ҳозир аз мошин мефуромадам».
-Дар куҷо кор мекунед?- нохост пурсид Латиф.
Нигарон набуд ин суолро Сафол. «Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам». Ёрои даҳон кушодан накард.
-Ҷои корат дар куҷо, зуря?! –такрор кард Латиф.
Сафоли Аброр, гӯё ба додситон ҷавоб мегуфта бошад, канда-канда забон гардонд:
-Ред...ред... мух...мух... Дар мактаб посбонам.
-Нағз, шумо бо муаллимон шинухез доред. Сӯҳбати ҷонпарвар аст, сӯҳбати омӯзгор. Бо муаллимон нишастан ва баҳс карданро дӯст дорам. Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, Шавад тира аз бехирад рӯзгор!
Медонед, Фирдавсӣ чӣ гуфтаанд?
Касе, к-ӯ бувад судаи рӯзгор,
Набояд ба ҳар кораш омӯзгор.
Шумо ба ин чӣ мефармоед?–гуфту Латиф ба ҳамсафар нигарист. Ҳанги
Сафоли Аброр чанд дақиқа пеш канда, худро сахт ба хоб афканда буд. -Хобӣ, зуря?!
Овозаш дар гулӯ ҷӯшиду дам берун накард Сафоли Аброр.
-Хоб кун, зуря, аз афташ монда шудаӣ, - Латиф амиқтар ба пеш нигариста, зери лаб ғазалеро ба замзама даромад:
Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам роҳам надоданд, «Ту буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона ойӣ?»...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё