Зеҳн
Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.

зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сафоли Аброр-ҷавонмарди хушқаду лоғарандом, хаёлӣ, ки мудом боғурур ва чун мушоҳидакори шубҳанок, ба қавли ҳама, аксар хомӯш мегашт, дари ҳуҷраи Ҳавасгул Сабуровнаро васеъ кушод. Духтари ба тахмин сисола аз болои варақҳои коғаз сар бардошта, мутаҳайирона ба ҷавонмарди болобаланди гӯсфандчашм нигарист. Ду тугмаи болои куртаи Сафол афтида, ҳоло ҳозир сари дилаш мисли юнучқазори нимдарав метофт. Ҳавасгул гумон кард, ки ин ҷавонмард шояд мироб бошад ва рост аз пахтазор бо шикояте омадааст.

-Хӯш, гӯшам ба шумо! - аз болои коғазҳо сар набардошта ғурунгид Ҳавасгул.

-Ман... Сафоли Аброр,-беҷуръат сухан оғоз кард ҷавонмард. – Муҳаррир гуфтанд, ки ба шумо шеърнавис даркор. Ана... омадам...

-Шумо?.. Ҳа, нағз! Дароед, марҳамат! - Ҳавасгул Сабуровна, даҳон бару газ, хурсанд шуд ва зайле ки модатовус гирди нарина пар- пар мезанад, саросема як бор гирди мизи дароз чарх зад, сипас курсиро пеш кашида, даъват кард:

-Бишинед, муҳтарам... шоир.

Аз «шоир» гуфтани Ҳавасгул, гӯё дар чеҳраи Сафоли Аброр офтоб дамида бошад, даҳонаш то нармии гӯш давид.

-Хӯш омадед, шоири азиз, хӯш омадед! Нури дида, тоҷи сар! Хӯш, омадед! – лутфомез сухан оғозид Ҳавасгул.

- Раҳ.. Мебахшед, ташаккур, - бо хиҷолат гуфт Сафол.

-Медонед, шумо, мардума, ҳама дӯст медоранд. Ҳа,-Ҳавасгул дафтари хотираашро варақ зад, - як вақтҳо орзу доштам, ки шоира шавам, лекин падарам... нагузоштанд, набошад ҳоло хоки шеъра бехта будам, - бо таассуф сар ҷунбонд ӯ ва афзуд: - Хӯш, шоири мӯҳтарам, «ба шӯрбо пиёзу ба духтар ноз» ва ба шоир тахаллус мебояд! Шумо чӣ тахаллус доред?

-Ман? !.. Афсӯс, тахаллус надорам!..

-Наход?!–лаб инҷ кард Ҳавасгул Сабуровна.–Аҷиб! Шоири бетахаллус ҳам мешавад?.. Ба дарси география глобус ва ба шоир тахаллус мезебад, ҳой, шоири ақибмонда!

-Айби бачаҳои редаксия, то ҳоло тахаллус нагузоштаанд,- ғурунгид Сафоли Аброр ҳам.

-Ҳм, масъала душвор не-ку! Мекобем, худамон меёбем...

Онҳо лаҳзаяке ба чашми якдигар, пас ба фарш, сипас ба шифт нигариста, гӯё ба деги андеша фурӯтар рафтанд. Ҳавасгул дастонашро паллаи тарозу карда, вазни ин тахаллус ва ун тахаллуси ёфтаашро баркаш мекард ва ба ҷавонмард зеҳн мемонд, ки мос меафтида бошад.

-Ёфтам!-бехост нидо кард Ҳавасгул Сабуровна ва аз ин садои ногаҳонӣ Сафоли Аброр аз ҷо як қад парид. –Тахаллуси аҷоиб... Булбули Водӣ! Умуман дар водиамон шоирон ангуштшумор-ку? Аҷаб мос афтода-а?!

Дар лабони Сафоли Аброр табассуми нарм давид ва ӯ бо овози шунаво такрор кард:

-Бул-були Водӣ. Ҳм, бад не, мешавад,-хушҳол розӣ шуд ҷавонмард.

-Ана, акнун шуморо минбаъд Сафол Аброр не, балки Булбули Водӣ мегӯем! Маъқул?!

-Маъқул!..

-Акнун ба мақсад мегузарем.

-Гӯш мекунам.

-Баъди як ҳафта ба ноҳияамон меҳмон меояд, аз хориҷа. Ман шуморо

бояд ба ин чорабинии муҳим тайёр намоям. Розиед?

-Аз ӯҳдааш мебароям?

-Наход ду кас аз ӯҳда набароем?

-Агар ҳамроҳи шумо бошам...-чарбзабонӣ кард шоир.

-Инту бошад, ба пеш! Аз вохӯрӣ бо пешаварон шурӯъ мекунем. Лекин

ягон духтараки габри алмастиро ҳам таги чашм кунед. Чӣ гуфтед?

-Алмастӣ барои чӣ?

-Ба мо арӯс ҳам даркор мешавад. Барои меҳмонон тӯйи арӯсиро нишон

медиҳем. Аз боло супориш шудааст. -Ҳа-а, фаҳмо.

-Акнун, ба пеш!..

пешина
аз 16
навбатӣ