Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
...Толори ҳунаристон аз пешаварон сар омад, ба қавле сӯзан партоӣ, рост меистод. Булбули Водӣ, ки аз истиқболи самимона худро гум карда буд, ҳар лаҳза арақи пешониашро пок мекард ва дар фикри он буд, ки бояд ҳар як ҳаракаташ зебо ва шоирона бошад. Як-ду карат мулоқоти адибони маъруфи ҷумҳурро тамошо карда буд ва ҳоло ҳозир зӯр мезад, ки як дараҷа ба ҳаракатҳои онҳо тақлид кунад. Хост нозук табассум кунад, вале лабони хушкаш надавиданд. Он гоҳ ҷиддӣ нишаст, аммо яке аз дил гузаронд, ки ин лаҳза хӯсаи сари киштро мемонад. Ва аз баҳри ҳам ину ҳам он гузашта, на табассум кард, на ҷиддӣ истод: танҳо пилкҳои чашмонашро хобонда, гӯё ба фикр фурӯ рафт.
-Рафиқон, дӯстдорони шеъру адабиёт!-аз баландгӯ садои Ҳавасгул Сабуровна ба гӯш расид. –Шоири ширинсухани мо Булбули Водӣ имрӯз дар меҳмонии шумост. Булбул мехоҳад, ки дар ҳузури шумо булбулвор чаҳ-чаҳ бизанад. Ҳоло сухан ба шоири тавонои ноҳия! Гарм истиқболаш бигиред. Қарсак, қарсак!..
Булбули Водӣ зери чапакзании пурмавҷ назди баландгӯ омад, аммо бехост гапҳои бофтагиаш тит-пит шуд.
-Чӣ шах шудӣ! Сар кун, охир! –бетоқат шуд Ҳавасгул.
-Аз чӣ сар кунам? –овози худро аз кунҷи зал шунида, ба рӯи Булбули Водӣ сурхи давид. Ҳозирон хандиданд.
-Боигарии мо пахта, беҳтараш аз ҳамин сар кун, -бо қомати хам фаҳмонд Ҳавасгул.
-Ҳа, момаи ман мегӯяд, ки либоси тану кафани охиратамон пахта, - ин сухан чун тири фалахмон ба сараш зад ва худро ба даст гирифт Булбули Водӣ. –Фикр кунам, ҳамин кампири пояш дар лаби гӯр дуруст гуфтааст. Исту бист накарда, даррав дар бораи пахта як шеърак навиштам :
Пахтаро ҳар резабаргаш роҳат аст,
Гар набошад як дарахте бок нест.
Чунки зери сояи он дам гирифтан ҳам равост, Пахта бошад бас, барои мо дарахт даркор нест.
Дар лабони ҳозирин табассум давид. Булбули Водӣ шердил ва мурғи илҳомаш болафшон гашт.
- Имрӯз баъзе шоирон шеъри сафед мегӯянд ва, албатта. оянда он пурра ба ҳукми анъана медарояд. Банда низ ба шеъри сафед гузаштам. Бартарии ин модерн дар он аст, ки шоир ба вазну қофия аҳамият надода, ҳарчи хоҳад, мисли пиёз, реза кардан мегирад. Фарз кардем, мисраъи аввал як ваҷаб бошад, мисраъи дуюм даҳ ваҷаб шуданаш даркор. Масалан:
Парвоз мекунам:
гоҳ дар замин, гоҳ дар ҳаво, гоҳ дар рӯйи дарё. Чун кабӯтар
Мезанам болу пар.
Дар ҳар шаби тира барои худ,
Туро мекобам, аммо намеёбам дар хобам. Дар хоб куҷо кобам?
Булбули Водӣ, гӯё дар кафи даст лахчаи алов гирифта бошад, акнун чунон бо сӯхтаму пухтам «шеър» мегуфт ва сухан мекард, ки... баъзеҳо дилмонда гашта, хобашон омад.
-Рафиқон!-овози Булбули Водӣ чунон базарба садо дод, ки саги хобрафтаи посбон аккосзанону думликон аз дами дар гурехт ва як ҳунаромӯз бехост «муаллим, ишкамам дард мекунад» гуфт.
Гумбурроси ханда толорро ларзонд ва қандили сақф аз мавҷаш ба лаппиш даромад. Аз ин вазъият шоир илҳом гирифт ва хаёле пас бо шавқу шури тоза овоз баланд кард:
Дар ҷавонӣ хоб рафтан ҳайф бар ту, эй ҷавон! Ҳар нафас, ки меравад, бояд ғанимат донияш. Ман нафасро бо гули таноз мегирам шабон, Ин гуна нафас зарур аст, зарур аст, зарур!
Булбули Водӣ ду дасташро, мисли таслимшудагони солҳои ҷанг, боло бардошта, миннатдорона ташаккур изҳор кард ва ба ҷояш рафта нишаст. Мавҷи қарсак ба шифт дакка хӯрд. Маълум набуд, ки барои бас кардани шоир аз таҳи дил қарс заданд ё барои идома додани суханаш. Ба ҳар ҳол, пурмавҷ кафкӯбӣ мекарданд ҷавонон. Ба фикрам, каф кӯфтан барояшон хуштару шавқовартар менамуд.
-Рафиқон!-назди баландгӯ омада, ба ҳозирин муроҷиат кард Ҳавасгул.- Агар ба мӯҳтарам Булбули Водӣ суолҳо дошта бошед, марҳамат изо накашед, гапи дилатона гӯед. Рафиқ шоири мо тайёранд, ки ба любой саволи шумо ҷавоб гардонанд. Модарашон ин шахси мӯътабарро дар ҳавзи донишу хирад тар карда, ба камол расондаанд. Хӯш, кӣ суол дорад? Багурдатар шавед! Хоб!..
-Ман як савол дорам,-аз байн ҷавони лоғарандоме рост шуд.- Акаи Булбули Водӣ, чӣ сабаб шуд, ки шумо шоир шудед?-ӯ дар ҷо нишаст.
-Ҷавоби ин суол чандон душвор нест,-амиқ нафас гирифта ба посух пардохт Булбули Водӣ.-Вақти дар мактаб таҳсил кардан, ба духтараки нозанине ошиқ Будам. Рӯзе бо шоирон ана ҳамин хел вохӯрӣ барпо гардид ва ун ҷигаррехта... Мани хушбурутро монда бо як шоираки бенамуд дил баст.
Чанд кас пиқ-пиқ хандид. Булбул идома дод:
-Баъдтар онҳо ҳамхона шуданд. Э, бача, кундаи тар мисли ман намесӯхту дуд намекард! Ҳа, нони даҳонатро зада гиранд, ба кас алам мекардааст! Аз ҳамон рӯз иборат қарор додам, ки як рӯз не, як рӯз ба мартабаи шоирӣ расида, очаи зори вай шоирчаро дар чашмаш нишон
медиҳам. Ҳоло ба вай, шоири ошиқдузд, рӯ ба рӯ наомадаам, вагарна...- муштони Булбули Водӣ худ аз худ гиреҳ бастанд.-Ана ҳамин хел, ишқи аламии як духтарак оқибат маро шоир кард. Саволи дигар доред?
-Пас, чаро Аламӣ тахаллус нагирифтед?-пурсид ҷавони дигар.
-Аламӣ?!-байни абрӯвон гиреҳ андохт Булбул ва лаҳзае пас шарҳ дод:- Аламӣ ба замони советии мо мувофиқ нест! Нашунидаед? Як гап сесаду шастушаш паҳлӯ дорад. Чӣ, барои як бевафо мехоҳед, ки тамоми умр гиря карда гардам? Ҳе, бӯқалочуке!..
-Шоири мӯътабар!-аз охири толор овоз андохт як духтараки «габр».- Шеъри аввалин дар ёди Шумо боқӣ мондааст?
-Ӯҳ, ҷони ширин, аз байн чӣ кадар сол гузашт!-нидо кард Булбул.- Аввалаш дар хотирам намондааст, лекин банди охираш ин хел буд:
Дар ишқи хамирии ту мухпар хоҳам шуд, Рӯзе ки туро набинам, пажар хоҳам шуд.
Ва дигарбора хандаву кафкӯбиву гулрезӣ.
Хумори Булбули Водӣ аз вохӯрии нахуст пир нагашт ва завқаш дилгир. Ҳамроҳи Ҳавасгули ҷони ширин бо пешаварон худоҳофизӣ карда, аз толор берун шуданд. Сари роҳ бо духтараки «габр» вохӯрданд. Ҳавасгул вайро ба наздаш даъват кард. «Алмастӣ» шармида-шармида наздиктар омад.
-Чӣ ном доред, хоҳар?-пурсид Ҳавасгул.
-Нозукой!
-Молодес, Нозукой, саволи хуб додед! Ту духтараки донову зирак
метобӣ. Мехоҳем, ки туро ба як чорабинии муҳим ҷалб намоем. Роли арӯсро бозида метавонӣ?
-Чӣ хел арӯс?
-Чӣ хел мешуд? Арӯсе, ки ба шавҳар мебарояд, фақат як соат-ду соат. -Эҳ, агар модарам фаҳмад, қабрамро меканад. Шумо ҳоло бо собуни
модари ман ҷома нашустаед Дунёро ба сараш мебардорад. Вайро Улбибӣ мегӯянд!
-Ба дугонаҳоят асло нагӯй, модарат тамоман намефаҳмад. Супориш-аз боло, ҳеҷ кас ҳаққи рад кардан надорад. Фардо саҳар ба идораи комсомол биё. Масъаларо дар ҳамон ҷо ҳал мекунем. Чӣ гуфтед?
-Ман- ризо, меоям,-гуфт духтар ва аз паҳлӯи онҳо канор бирафт.
-Ана, рафиқ Булбули Водӣ, арӯсро ҳам ёфтем! Супориши ҳизбӣ сад фоиз-иҷро!-мардона каф бар каф совид Ҳавасгул ва мисли ровиёни барномаҳои консертӣ эълом кард:-Вохӯриҳои мо давом доранд. Булбули Водӣ ба наттоқӣ тайёр мешавад! Перёд!..
-Перёд!..-бо пайравӣ аз «комсомолка» мутантан нидо кард «шоир»-и мӯътабар ҳам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё