Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Меҳмонон омаданд. Чунон пешвозашон гирифтанд, чунон карнаю сурнаӣ кашиданд, чунон суруд хондану рақсиданд, ки мислашро ҳеҷ кас дар хотир надорад. Бӯстонсарои хоҷагӣ... э... э... маъзарат, хонаи бобои Ҳамроқул ҷашнгоҳро мемонд. Ва ин ҷашнгоҳ аз тантанаҳое, ки қаблан дида буданд, рақсида буданд, нӯшида буданд, сухани осмонӣ гуфта буданд ва баъзеҳо афтидаю иддае дар почаи шим ... буданд, ба куллӣ тафовут дошт: аз замин то осмон. Охир, дар ин тӯйгоҳ бори нахуст меҳмонон наздик ба сӣ нафар аз хориҷа ширкат доштанд. Марду зан- сурху сиёҳу сафеду зард. Ҳама шароит муҳайё, ҳамон тавре Замон Давронович фармуда, балки бартар, зеботар, мегӯӣ, ки тасодуфан дар биҳишт афтодаӣ ва ҳеҷ боварат намеояд, ки ҳавлии як гӯсфандчарони пир чунин муҷаллову мондагор бошад. Сухан бе мисол маънӣ надорад. Агар бовар надорӣ, таги дарахт бирав ва ҳамту дастатро оҳиста дароз бикун. Рост ба кафат себ меафтад. Масти мустағрақ аз куҷо донад, ки пушти шохаҳои дарахт як даҳмардаи сиёҳҷурда пинҳон гашта, ба дигарон ноаён себ ҳаво медиҳад. Тавре либос пӯшидааст, ки ҳамранги дарахт аст ва ҳатто одами ҳушёр болои он буданашро низ пайхас намебарад. Аз ҳама дилфиребтар манзараи лаби ҳавз. Не, наход табиат ба ин дараҷа зебо, дилошӯб ва ана гуфтем, девонакунанда бошад-а? Рӯи об мурғобиҳои ранг-ранг қанотак зада, ҳаваси оббозӣ карданро бедор мекунанд. Ширмоҳиҳо шино доранд. Қаҳқаҳа, хушҳолӣ, зарофатгӯӣ, моҳигирӣ, даводав, арақпоккунӣ, шину хез, бӯсу канор... ҳамааш ҳаст. Як олами дигар, як олами тамоман дигар! Аҷабо, дар рӯйи замин ин гуна оила ҳам ба сар мебурдааст! Болои дастархон, ба ғайр аз шири мурғу ҷони одам, дигар ҳама чиз муҳайё, бихӯру бинӯшу биҷунбон.
Сардори меҳмонон ҷаноби Бос Титер, ки аз паҳлӯяш тарҷумони кушодачеҳраи пакана як ваҷаб дур намешуд, наттоқи давра Булбули Водиро хоста, бо забони инглисӣ чизе изҳор намуд. Пакана суханони ӯро ба Булбули Водӣ тарҷума кард:
-Ҷаноби Болбол, ҷаноби Бос Титер аз шиносоӣ бо шумо фараҳманданд ва мехоҳад ба чанд суолашон ҷавоб гиранд.
-Ба он кас хушҳолии моро низ бирасонед ва фаҳмонед, ки омодаам барои посухи суолҳояшон.
Бос Титер баъди шунидан қаноатманд табассум намуд ва ҷониби маркабе, ки байни дигар ҳайвонот канортар алаф мечарид, ишора карда, пурсид:
-Мебахшед, ҳамун дарозгӯш, ки на ба асп монанд асту на ба заргӯш, чӣ бошад?
Булбули Водӣ бо ҳозирҷавобӣ бигуфт:
-Мо вайро харгӯши садсола мегӯем. Фақат дар хонадони бобои Ҳамроқул нигоҳ дошта мешавад. Аз зуря ба зуря, то имрӯз зиндаю саломат нигоҳубин мегардад.
-Бисёр нағз, лекин дар ҳавлии як чӯпони одӣ муҷассамаи Ленин ба чӣ хотир аст?
-Ҷаноби Бос Титер, дар ҳавлии ҳар як шаҳрванди ҳизби мо муҷассамаи Ленин гузошта шудааст. Ин садоқат ва вафодорӣ ба ҳизбу пешвои бохирад дониста мешавад. Дар хонаводае, ки муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон мавҷуд нест, дар он ҷо файзу баракат ва эҳсону нусрат вуҷуд надорад. Қиблагоҳи мо ҳамин ҳайкали заррини доҳии муаззам аст ва мо дар назди он самимона сари таъзим фуруд меорем!
Меҳмон хаёле, мисли муҷассама, ба сукут рафт ва сипас риштаи саволҳояшро ҷониби дигар тоб дод:
- Ҷаноби Болбол, чаро дар саргаҳи пахтазори шумо бештар кӯдакони синни томактабӣ бозӣ мекунанд? Магар кӯдакистон надоред?
Наттоқ ба гирду вана нигариста, дарёфт, ки «душмане» соявор аз думболаш намепояд, дилпур посух дод:
-Дуруст мушоҳида кардаед, доя ва мураббияҳо кӯдаконро ба сайёҳат баровардаанд. Охир, фақат дар кӯдакистон нишастан ба дили кас мезанад. Аз хурдӣ ба табиат ошно кардани онҳо вазифаи мост.
-Дар саҳро ягон мардро надидем. Дар шумо фақат занҳо кор мекунанд?
-Не, чаро? Фақат ба кори рӯзгор банд шудани зан миёнро мешиканад. Имрӯз занҳо ихтиёрӣ ба саҳро ҳавохӯрӣ баромадаанд. Занҳои мо ҳамин хел дилсӯзанд. Мо фақат бо техника кор мекунем.
-О-ҳо, браво, бараво!- чак-чак зад Бос Титер.–Хуб, лекин, ҷаноби Болбол, дар шумо фавти кӯдак зиёд-ку? Магар вазъи экологӣ ташвишовар аст? Агар ҳамин тавр бошад, чаро чора намеандешед?
-Чиҳо мегӯед, ҷаноби Бос Титер?!- ҷиддӣ гашт Булбул. –Ин ҳодиса бештар хоси мамлакатҳои Аврупост. Кӯдаки тоҷик мисли гавҳараки чашм муҳофизат мешавад. Тасодуфан яке бемор гардад, тамоми ташкилотҳо ба по мехезанд. Фавти кӯдак нест дар мо. Зеро модарон дар саҳро кор намекунанд ва ҳамвора гули ғизоро истеъмол менамоянд. Барои онҳо аз чашмаҳои кӯҳистон бо чархбол оби зулол меорем...
-Хеле хуб, хеле хуб, ҷаноби Болбол!-изҳори қаноатмандӣ кард меҳмон. –Баробари ин донистан мехоҳам, ки ба занон чӣ тур ғамхорӣ мекунед?
-Мо худро зинда-зинда кушта, фақат занро муҳофизат мекунем, чунки онҳо модар, ба қавли ҷаноби Горкий, сарчашмаи ҳаёти музаффаранд. Зани мо кайфу сафо дорад, аз ин рӯ ҳар қадаре, ки хоҳад, фарзанд мезояд. Вақтҳои холиашро дар китобхонаю золи киною консерт ва театр мегузаронад, ба сайру сайёҳат меравад. Масалан, оилаи бобои Ҳамроқулро гирем. Ба ин хонавода чӣ намерасад? Самолёт, вертолёт, автобус ё «Чайка?». Не, ҳама чизро доранд онҳо! Куҷое хоҳанд, аҳли оила тифоқона рафтан мегиранд. Ҳоло шумо як хонаводаеро мебинед, ки аз шаҳр хеле дур афтодааст. Агар зиндагии шаҳрбудагонро бубинед, даҳонатон во мемонад, мисли мӯзаи латтагии деҳқон. Барои он ки саратон чарх назанад ва ба Ватан сиҳату саломат баргардед, мо шуморо ба ҷои хилавттар ва аз чашмҳо дуртар гирифта овардем. Э-ҳа, шумо агар ҳавлии маро бинед, ҳуш аз саратон мепарад!
Ин сафар дурудароз чак-чак зад ҷаноби Бос Титер.
Дар ҳавои қарси меҳмон пеши назари шоир Хосият-модари фарзандонаш ба ҷилва омад, ки ҷониби шавҳар бо даҳони во менигаристу менигарист ва ба суханонаш бовар надошт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё