Қиссаи фавқ

Соли 1989 бозсозӣ мунтаҳо кишвари абарқудрати СССР-ро саркӯб намуд. Он замон ҳизби коммунисти Тоҷикистон чун мори нимҷон дар худ печидаву тапида, роҳи наҷот меҷӯст ва аз ин нигоҳ фурсати мутолиа асарҳои нависандагонро надошт, вагарна ба интишор гаштани қиссаи фавқ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедод.
зеҳни сунъӣ · 2 октябри 2024 · 16 саҳифа
Ҳамон рӯзе ки шеъраки Сафоли Аброр саҳифаи адабии рӯзномаи ноҳияро гул кунонд, Дилдор Шокирзода дарзамон ба мактаб омад.
Ӯ бо директору ҷонишинаш дастӣ вохӯрда, ҳолу аҳвол пурсид ва сипас худро шиносонд. Ба дили Усмон Раҳимзода-директори мактаб шубҳае рах андохт, ки муҳаррири рӯзнома бесабаб ташриф наовардааст. Хок дар сари муаллимҳои шӯрапушт, ки корашон як умр нависонавис, сиёҳкунӣ. Мегӯйӣ, ки кори дигаре барояшон қаҳт зада бошад. Ҳарфе аз бинӣ боло бигӯйӣ, пагоҳ мебинӣ комиссия мактуби шикоятӣ бардошта меояд ва ҳафтаҳои дароз дар мактаб хайма зада, ана пасон даводаву воҳимаву зиёфатхӯриро бубин. Бираву ширбоз биёр, бираву аз таги санг чукрӣ биёр, бираву аз фалон даста раққоса биёр, бираву... Эҳ, кадомашро мегӯйӣ, риши ҳафт пуштат мерезад!..
Директор бечораҳол аз ҷо рост шуд, гӯё ҷонаш дар дасти муҳаррир бошад, рӯ ба рӯи Дилдор Шокирзода нишаст.
-Ман омадам...- сухан оғозид муҳаррир, ки директор:
-Узр, як дақиқа! -гуфту хам шуда, ба гӯши муовин чизе «нохун» кард. -Хуб шудааст!- муовин даст ба сандуқ сина гузошта, дарзамон берун
баромад.
-Мебахшед, муаллими азиз, пеши гапи шуморо гирифтам. Аввал як
пиёла чой гирем, санҷиш гурехта намеравад,- аз даъват каме сурх шуд Усмон Раҳимзода.
- Мебахшед, ман барои маслиҳат омадам.
- Хош, хош...-каме ҷон гирифт Усмон Раҳимзода, вале шубҳа ҳанӯз ҳам аз дилаш рафъ нагашта буд.
-Шумо як нависанда доред.
-Ҳм, мо як олам нависанда дорем, як олам! Ин даъфа кадомаш арзу шикоят кардааст?
Дар лабони Дилдор Шокирзода табассум давид.
-Шикоят не, натарсед, ором бошед. Шумо Сафоли Аброр гуфтанӣ муаллим...
-Дорем! - рӯҳ гирифт директор. –Математик бошад ҳам, фақат шеър менависад, решаи муодилаҳои квадратиро ҳам бо шеър меёбад. Мудом хаёлӣ. Кадом рӯз болои боми мактаб баромада, дастонаш ба пешонӣ лапар, ба самои бекарон менигарист. Аз афташ, парвози селаи турнаҳоро мушоҳида мекард. Аз поён нидо кардам: «Ҳой, Сафолбек, болои бом чӣ мекунӣ?» Гуфт: «Дар васфи пахтакорони деҳа шеър менависам». «Набошад, чаро болои бом баромадӣ? Саҳро бирав, охир!» Ҷавоб дод, ки роҳгардии нозуку бохироми духтарони пахтакорро мушоҳида мекунам. Бе мушоҳида шеъри табиӣ аз куҷо? Ана, ҳамин хел шоири зӯр аст Сафолбек. Ҳақиқат ва воқеъиятро иншо мекунад. Гоҳ дар шохи зардолуяш мебинию гоҳ дар шафтолу. Кор мекунад,образи тоза мекобад. Лекин дар газит-пазит ҳеҷ намунаи ашъорашро нахондем. Хуб мешуд, ки...
- Имрӯз метавонед як шеърашро мутолиа кунед.
-Оҳо, шустан лозим!
Муовин дар як даст чойник ва дар дасти дигар лаълии нону ширинӣ
вориди ҳуҷра гашт. -Як пиёла чой!..
-Э-э, ташвиш шудед, муаллим!
-Барои шумо гӯсфанд сар занем, кам аст. Офтоб аз куҷо баромад, шамол аз кадом тараф вазиду нохост меҳмони мо шудед. Хӯш омадед!-дар лаб табассуми сохта, гуфт директор.
-Беҳтараш худи Сафолро медидем, маслиҳати муҳим буд. Ташаккур, чойхӯрӣ ягон рӯзи дигар, - фаҳмонд Дилдор Шокирзода.
-Ба чашм, хуб шудааст,-директор ба муовинаш амр дод:
-Худи ҳозир Сафоли Аброрро гирифта биё!
Муовин осема бадар рафт
Чанд дақиқа пас Сафоли лоғарандоми дароз ба ҳуҷра ворид гашт ва
баъди ҳолпурсӣ ба саволҳои Дилдор Шокирзода шарт-шарт посух додан гирифт.
-Чанд сол шуд муаллимиатро? - Панҷ сол.
- Касбат маъқул?
-Ҷак-ҷак ба кӣ маъқул?
- Чаро муаллим шудед?
- Худам ҳам ҳайрон. Аз шофирӣ афтидам, лекин ба муаллимӣ дохил шудам.
-Математикаро дӯст доред?
- Дӯст дорам, ки шоир шудам. Математикаро надонӣ, шоири ҳақиқӣ шудан-амри маҳол!
-Шеърнависиро аз кай машқ мекардед?
- Аз даврони ошиқ шуданам.
- Муборак шавад, имрӯз як шеъратро чоп кардем.
-Воҳ, нав ятоашро?! Дафтарҳои мағоза аз дасти ман тамом шуданду
шумо бошед, акнун..
- Медонед, мо матахассис надорем. Дар як рӯзномаи поҳанг ҳамагӣ чор
нафар кор мекунем. Ана, шоири азиз, омадам, ки туро бо худ ба редаксия барам. Чӣ қадар, ки хоҳӣ, шеърҳоятро чоп кардан мегирӣ.
-Олиҷаноб!- бо ваҷд ва пурмавҷ чапак зад директор. – О, ин ифтихор, сари баланд, обрӯи ҳайати муаллимони мо! Ҳазл нест аз мактаби деҳа шоир рӯйидан. Мо кор мекунем-да! Пур аҷоиб мешавад, домулло, пури пур! Ин дастоварди беназирро таври мутантан дар байни муаллимону хонандагони мактаб эълом кардан даркор. Бигзор ҳама донад, ҳама донад, ки Сафоли Аброр корманди рӯзномаи ноҳия гашт! Акнун мо дар боло ҳам соҳиби пушту паноҳ шудем. Ура, ура, ура!..
- Ман розӣ, -якбора паргори дасташро рӯи миз гузошт Сафол ва дастони буролудаашро афшонд.
-Ту дигар ҳеҷ гоҳ ин бури касофатро ба даст нагир! -худро зиқу зардов вонамуд директор ва шитобон бури бо худ овардаи муаллимро аз тиреза ба берун ҳаво дод. – Каллаи тиллоиатро фақат барои офаридани шеърҳои ҷаҳонӣ кор бифармо. Пайваста эҷод бикун ва бо маҳсули баланду дардзо моро рӯҳбаланд намо. Шабу рӯз муштоқи навиштаҳои туем, - директор аз ҷайб рӯймолча баровард ва оби чашмонашро пок кард. – Узр, ин аз хурсандӣ...
- Ташаккур, Сафолҷон, ки илтимосамро ба замин намондед,- аз ҷо рост шуд муҳаррир.–Дар се-чор рӯз дастатро ба навиштан чунон рост кунам, ки баъзеҳо лаб газанду оби даҳонашон фир-фир калоба шавад. Парво накунед, то рӯзе ки ман зиндаам, аз ин ба баъд боло-боло рафтан мегиред. Акнун, перёд!..
- Об-бо, аз санг нола хезад, рӯзи видоъи ёрон! Биё, Сафолҷон, туро бори охирон оғӯш кунам, - гуфт директор ва Сафолро сӯи худ кашида, ба гӯшаш пичиррос зад:-Аслан туро ҷавоб доданӣ набудам. Дар қади умрам акнун як муаллими дуруст ёфтам. Аммо ту ҳам моро тарк карда меравӣ. Кош, пайи қадами ҳамун аризабозҳои ашаддӣ аз мактаб якбора рӯфта мешуд, ки ҷонамон аз таҳлукаву даводави беҳуда халос мегашт! Гап не, поёни шаби сиёҳ сафед аст. Мард бош, худатро ҳамеша шердил бигир, сари ҳафтаю охири ҳафта, аз ҳолат худам бохабар мегардам. Саломат бош, додарам!
-Шумо ҳам саломат бошед,- гуфт Сафол ва дигар ба пушташ нигоҳ накарда, аз ақиби муҳаррир бардам-бардам қадам гузошт...
«Жигули»-и зардранги муҳаррир тасмаи роҳро ба зери чарх кашида, бо суръат пеш медавид. Офтоб дар болои сар мисли афлесуни шохи баланд овезон буд. Симчӯб ва дарахтони сари роҳ ақиб медавиданд. Мурғакон дар домани осмон арғушт мерафтанд. Ҷо-ҷо абрҳои сафед монандаи киштӣ дар баҳри гардун шино доштанд. Аз пеш як мошни сабукрав ду чароғашро се-чор карат дар гиронду хомӯш кард.
-Рамзро фаҳмидед? –пурсид Дилдор Шокирзода.
- Не, муаллим.
- Ронанда мегӯяд, ки ҳушёр бошед, дар пеш нозири ГАИ.
Огоҳгар «фиреб» надода буд. Дақиқае пас нозирони ҳаракати роҳ
пайдо шуданд. Муҳаррир суръати нақлиётро суст кард. Мошин онҳоро гузашта, дигарбора ба шиддаташ афзуд.
-Зиндагӣ, ҳамин додар, - ба гап даромад муҳаррир. –Якдигарро огоҳ месозем, ки ба роҳи каҷ нарав, лекин насиҳатро фаромӯш карда, боз хости худамон асп медавонем. Ту ҳам, Сафолҷон, акнун соҳиби вазифа мешавӣ, ба назарҳо намоён. Тарзе рафтор кун, ки мардум аз ту биҳаросад. Сояатро, ки аз дур диданд, талхакаф аз сари роҳат бигурезанд. Фаромӯш накун, ки агар одамон аз ту натарсанд, чени пушти нохун ҳурматат намекунанд, ҳатто дар қатори одамат намедонанд. Воҳима кун, сиёсат намо, он гоҳ мавқеъ ба даст меорӣ. Бо хоксорӣ хоки қади кӯча шуда меравӣ, шиму куртаи дуруст ёфта наметавонӣ, ки бипӯшӣ. Агар дӯғу дарангат набошад, барои хонаат як кило гӯшту ним литр рӯған харида наметавонӣ, он гоҳ шармандаи ду дунёву радди маърака мешавӣ, на зан эҳтиромат мекунад. на фарзанд.
Муҳарир нохун мезаду мошин пеш медавид. Сафоли Аброр дар замини андеша асп медавонд: «Иншооллоҳ, соҳиби курсӣ шавам, як бар- барашро дилкаф мекунам. То талхаи беъзеҳоро ба даҳонашон наорам, аз сиёсату дӯғу пӯписа даст намекашам...»
Дилдор Шокирзода нақлиёташро дар назди бинои пасти фарсудае нигоҳ дошт. «Идораи рӯзнома ҳамин!»-гуфт.
Барои муҳаррир, албатта, дафтари алоҳида ҷудо гашта буд. Онҳо пасо- пеш ба ҳуҷраи кории дигарон ворид гаштанд. Пушти мизу курсиҳои рангпарида, дар як дафтари васеъ, ду пиёла чойи гарм байни муовин Раззоқ Таваккал, котиби масъул Талбӣ Салим, хабарнигори аловак Замираи Қодир ва котибаи ҳуруфчин Моҳбонуи рафидарӯйи хандон гардон буд. Бо во гаштани дар ҳама ҷониби онҳо нигаристанд.
-Хабарнигорони мӯҳтарам, шинос шавед: Сафоли Аброр-шоир!- муаррифӣ кард муаллимро Дилдор Шокирзода ва афзуд:-Мизу курсиашро ҷудо кунед, ба дасташ қалам диҳед, пешаш варақ гузоред ва чӣ навиштанашро фаҳмонед! Ман тарбияи шогирди навро ба Талбӣ Салим вогузор менамоям. Сафоли Аброр дар як ҳафта бояд аскари қаторӣ шавад. Перёд!..
Муҳаррир бадар рафт. Ҷикомав шурӯъ ёфт: хабарро ин хел навис, лавҳаро унту, матни зерсуратро инту... Раззоқ Таваккал аз зери абрӯ бадҷаҳлона ба «проффесорон» менигарист...
Мақолаи нахусти аскари қаторӣ чунон бехосият баромад, ки...
Сафоли Аброр дар бораи обмоне лавҳа навишт. Аслан ба ҳамааш Талбӣ Салим гунаҳгор. Ӯ дафтарчаашро рӯи мизи Сафол гузошту гуфт:
-Ана далелу рақам, зуд як лавҳаи дилрас тайёр карда, ба муҳаррир супор, ба саҳифа то хекиртак даркор! -ва аз ҳуҷра, монандаи бод, бадар рафт.
Сафол варақҳои тозаро пеш кашида, мисле ин ки баъзан болои боми мактаб муддатҳо ба селаи турнаҳои осмон нигариста, шеър эҷод мекард, ба дарёи хаёлот ғӯта зад. Дар жанри лавҳа аз чӣ шурӯъ бикунад? Ба гумон, аз сарлавҳаи чашмрас! Баъди андешаи тӯлонӣ сарлавҳаи «Чаро насим риши меҳнатзодаро сила кард?» рӯи варақ омад. «Э, дар каллаат садқа, Сафол! Ин калла не, сандуқи сарлавҳа!» - хушҳол гашт Сафол ва азбас дирӯз шамоли сахт вазида буд, онро ба маврид истифода кард: «Насими серун вазида, ришу мӯйлаби сиёҳфому шоназадаи амаки Каримро нарм-нарм сила намуд...»
Рӯзи дигар лавҳаи ӯ саҳифаи якуми рӯзномаро гул кунонд. Аз ин хусус дар чапира низ сухан рафт ва Дилдор Шокирзода таъриф зад, ки бори аввал аст чунин сарлавҳаи хубро мебинад. Бигзор аз ин ба баъд ба матолиб Сафол сарлавҳа ҷӯяд. Шоир қабат-қабат гӯшт гирифт. Ин мавқеъ занги телефон баланд гашту муҳаррир гӯширо бардошт.
-Бале, Дилдор Шокирзода гӯш мекунад!.. Ташаккур!.. Мо хурсанд... Чӣ, чӣ?.. Қаҳрамони лавҳа ришу мӯйлаб надорад?.. Чӣ хел?..
Ҳанги Сафол канд. Муҳаррир ҳам, гӯё як коса дӯғи турш дам кашида бошад, ҷиготаш мисли халта овезон гашту якбора ғурунгид:
-Безобразия!.. – дигар чизе нагуфта, зуд-зуд пасу пеш қадам зад.
Ҷони Сафолро Талбӣ Салим харид:
- Сабақ мешавад, домулло. Ақлашро кор фармояду дигар афсонабофӣ
накунад. Одамро надида, фақат ба телефон бовар кардан мумкин аст, магар?! Кори кабинетӣ ҳамин, қаҳрамони асарро бо чашми сар дидан даркор, мӯҳтарам Сафоли Аброр!
-Минбаъд гӯшатро чур гиру ҳушёр бош! – таъкид кард муовин ҳам ва ба муҳаррир рӯ оварда гуфт:–Мӯҳтарам Дилдор Шокирзода, бовар дорам, ки ӯ дигар асояшро гум накарда, зирак мешавад. Одам аз модар якбора журналист таваллуд намеёбад. Ба шогирдӣ мегирем, дасташро рост мекунем...
Замираи Қодир лаби поёнашро зери дандон гирифта, сарҷунбон воҳима андохт:
-Шарманда шудем, шарманда! Охир, одами беришро чӣ хел ришдор мебофӣ? Ба хонандагон чӣ мегӯем? Э-ҳа, занҳои қади кӯча аз ҳама пеш бохабар мешаванд!
-Воҳима кардӣ, Замирабону! Мегӯем, ки ин лавҳаи воқеӣ не, ҳикояи бофта аст, тамом!-фаҳмонд Талбӣ Салим.
-Талбӣ, ин қадар донотарошӣ накун!-барошуфт муовин.- Ҳикояро дар сафҳаи якум медиҳанд, магар? Ин рӯзномаи адабӣ не!
-Ба фикрат, чӣ кор кунем?!
Дилдор Шокирзода асабиёна амр зад:
-Зуд «Тасҳеҳ» тайёр кунед!-ва фурсате пас афзуд:-Дасти ин шоирро рост
кунед, гуфтам, рост!..
Ва дасти Сафоли Аброр рост шуд. Албатта, яку якбора не, оҳиста-
оҳиста. Дар китоби ростшавии ӯ Ҳавасгул Сабуровна сафҳаи тозаву дурахшон во намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё