МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ ВА ҒУЛОМОН
Луқмони ҳаким марди сиёҳчардае буд ва асири дуздон гардид ва ўро ба ғуломӣ ба марди пулдоре фурўхта буданд. Харидор ҳам ўро нашинохта ва дар сафи ғуломону коргарони худ нигоҳ дошта буд. Дар фасли расидани мева марди пулдор фармон дод, ки ҳама ғуломон барои мевачинӣ ба боғи ў бираванд. Ғуломони дигар бештари меваҳоро хўрданду назди соҳиби боғ Луқмонро гунаҳкор шумурданд. Соҳиби боғ хост Луқмонро танбеҳ кунад. Луқмон, ки донишманди бузурге буд, гуфт:
– Ман ин корро накардаам, вале барои ин ки гунаҳкорро бишиносӣ, маҳлули шўру талх ба ману дигарон бинўшон ва ба ҳама фармон бидеҳ, ки бо шитоб бидаванд.
Он мард супориши Луқмонро пазируфту чунон кард. Ғуломон, ҳамин ки масофате давиданд, ба дамгирӣ афтоданд. Меъдаҳо дар шўридан омаду ҳарчи мева хўрда буданд, берун рехт. Танҳо Луқмон, ки меваро нахўрда буд, оби соф қай кард. Соҳиби боғ гунаҳкоронро шинохту онҳоро ҷазо дод ва Луқмонро навозиш кард.
Вақте ҳикмати Луқмон ин бошад, ки ба ин содагию осонӣ гунаҳкорро аз бегуноҳ бозмешиносад, барои Худованд бандагони гунаҳкорро бо чунин озмоишҳое расво кардан кори мушкил нест.
ДОСТОНИ СЎХТОР ДАР ШАҲР ДАР ЗАМОНИ УМАРИ ФОРУҚ(р)
Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб(р) дар шаҳре сўхтор шуд. Ниме аз хонаҳою бозорҳо сўхт. Мардум бо талошу кўшиши фаровон ба хомўш кардани оташ даст заданд, вале комёб нашуданд. Ночор гурўҳе назди халифа шитофтанд, ки оташ хомўш намешавад ва кўшиши мардум беасар аст.
Гуфт: «Он оташ зи оёти Худост,
Шуълае аз оташи бухли шумост.
Обу сирка чист? Нон қисмат кунед,
Бухл бигзоред, агар оли манед.
Халифа Умари Форуқ(р) мардумро огоҳӣ дод, ки он моли талафшуда қисмате аст, ки бояд ба нодорону гирифторон ва бенавоён расида бошад. Ва чун бухлу бахилии молдорону дорандагон ва тамаъу ози онон монеи бахшишу кўмак ба ниёзмандон шуда, Худованд бар онҳо хашм гирифтааст. Ҳар кӣ дорад, бояд ба онҳое, ки надоранд, кўмаку ёрӣ расонад.
ДОСТОНИ АЛӢ ВА ҲАМНАБАРДАШ
Аз Алӣ омўз ихлоси амал,
Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.
Дар ҷанге Алӣ ибни Абўтолиб(р) душмани худро ба замин заду шамшер кашид, ки бикушадаш. Паҳлавон ба рўйи он бузургвор оби даҳон андохт. Алӣ аз куштани ў сарфи назар карду шамшерашро дар ғилоф андохт.
Паҳлавони шикастхўрда аз ин кор ҳайрон шуд.
Гуфт: «Бар ман теғи тез афроштӣ,
Аз чӣ афкандӣ? Маро бигзоштӣ?
Гуфт: «Ман теғ аз пайи Ҳақ мезанам,
Бандаи ҳаққам, на маъмури танам.
Шери Ҳаққам, нестам шери ҳаво,
Феъли ман бар дини ман бошад гуво».
Алӣ фармуд:
– Ман ҷанг дар роҳи Худо мекунам ва туро ҳам бо фармони Ў мехостам бикушам. Аммо чун оби даҳон андохтӣ, агар даст ба хуни ту меолудам, ин кор ба хотири хашму кин мебуд ва аз роҳи Худо гум мешудам.
Он гоҳ Алӣ достонеро баён кард, яъне ҳазрати Расули акрам (с) хабар дода буд, ки фалон кас рўзе туро хоҳад кушт. Ва он мард, ки зоҳиран мусалмон буд, ба дасту пойи Алӣ афтод, ки ўро пеш аз ин ки чунин гуноҳе бикунад, бикушад. Ҳазрати Алӣ бо ин ки яқин дошт, пешбинии Паёмбари Худо (с) рост хоҳад омад, нахост душмани худро бикушад ва нахост, ки хуни касеро ба хотири худ бирезад. Паҳлавон, ки ин достонро шунид:
Гуфт: «Ман тухми ҷафо мекоштам,
Ман туро навъе дигар пиндоштам.
Сипас гуфт:
– Ҳоло донистам, ту пойбанди ҳавои нафс нестӣ ва танҳо дар роҳи Худою фармони Ў шамшер мезанӣ. Он қадар бар худ ҳокимият дорӣ, ки дар авҷи пирўзӣ бар душмани ҷон ўро мебахшӣ. Ман низ ислом меоварам ва бо ҳамроҳи панҷоҳ нафар аз хонаводаи дўстонаш имон оварданду мусалмон шуданд:
Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,
Бал зи сад лашкар зафарангезтар.
Сахт хоколуд меояд сухун,
Об тира шуд, сари чаҳ банд кун.
То Худояш боз софу х(в)аш кунад,
Ў, ки тира кард, ҳам софаш кунад.
Сабр орад орзуро, не шитоб,
Сабр кун, «валлоҳу аълам би-с-савоб».
ДОСТОНИ УМАР ВА ОДАМИ ХАЁЛПАРДОЗ
Моҳи Рамазон то ба поён нарасад ва рўзадорон ҳилоли моҳро дар осмон набинанд, бояд рўзадор бимонанд, магар ин ки сӣ рўзи тамом рўза гирифта бошанд.
Дар аҳди хилофати Умари Форуқ(р) мардум ба бомҳо рафтанд, то магар ба дидани ҳилоли моҳ поёни моҳи рўзаро ҷашн бигиранд. Аз миёни гурўҳ яке ба халифа фарёд зад, ки моҳро дидааст. Умар(р) бодиққат ба осмон нигаристу моҳро надид. Дигарон ҳам онро бо чашм надиданд.
Чун Умар бар осмон маҳро надид,
Гуфт, к-ин маҳ аз хаёли ту дамид.
Варна ман бинотарам афлокро,
Чун намебинам ҳилоли покро?
Сипас ба он шахс фармуд, ки дасти худро тар кунаду бар абру бикашад ва дубора ба осмон нигоҳ кунад. Он мард чунин кард, ҳарчанд нигарист, дигар ҳилолро надид. Донист, ки мўйҳои абруяш ба чашмаш чун ҳилол омадаанду ҳамон тавре ки халифа гуфта буд, моҳи нав дида нашудааст.
Чунки ў тар кард абру, маҳ надид,
Гуфт: «Эй шаҳ, нест маҳ, шуд нопадид».
Гуфт: «Оре, мўйи абру шуд камон,
Сўйи ту афганд тире аз гумон».
Чун яке мў каж шуд, ўро роҳ зад,
То ба даъво лофи диди моҳ зад.
Мўйи каж чун пардаи гардун бувад,
Чун ҳама аҷзот каж шуд, чун бувад?
Рост кун аҷзотро аз ростон,
Сар макаш, эй рострав, з-он остон.
Ҳам тарозуро тарозу рост кард,
Ҳам тарозуро тарозу кост кард.
Ҳар кӣ бо норостон ҳамсанг шуд,
Дар камӣ афтоду ақлаш данг шуд.
Бар сари ағёр чун шамшер бош,
Ҳин, макун рўбоҳбозӣ, шер бош.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё