Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ПОДШОҲУ ҒУЛОМУ ДАРБОРИЁНИ ҲАСУД

Подшоҳе яке аз зердастонашро аз миёни ҳамаи фармонбардорони худ баргузид ва мақоми болотарро дар дарбори худ ба ў дода буду беш аз ҳама ба ў меҳрубон буд. Ҳеҷ кадом аз вазирон пеши шоҳ пояи ўро надошт. Шоҳ чунон ба вай эътимод дошт, ки монанди як рўҳ дар ду бадан буданд. Он мард ҳам дар фармонбардории ў кўтоҳӣ намекарду пайваста чунон мекард, ки писанди шоҳ буд. Дарбориён бар ў рашк бурданд ва кўшиданд, ки миёни шоҳу вай дилсардӣ андозанд. Онҳо намедонистанд, ки шоҳ ўро озмоиш кардаву беҷиҳат чунин мақоми баланде ба вай насупурдааст. Ҳасудон дар ҷустуҷў буданд, ки ўро ба дом андохта, гарданашро ба дасти ҷаллод бисупоранд.

Шоҳ аз корҳои онҳо огоҳ буд, вале хомўш монда буду онҳоро тамошо карда, дар дил ришханд мекард ва ҳар рўз мақоми ў меафзуд. Оқибат чун дарбориён дар кори худ комёб нашуданд, ба фикр афтоданд, ки барои худи шоҳ доме биниҳанд.

Аммо намедонистанд: «Чароғеро, ки Эзид барфурўзад, ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисўзад» ва фикру ҳилаи дигарон дар кори ў беасар аст. Шоҳ баонон илтифоте намекард, то ҳамчунон дар оташи ҳасад бисўзонд.

Ҳар кас аз таҳи дил ва ба ростӣ ба Худованд рўй оварад, агар ҳама ҷаҳон душмани ў шаванд, сари сўзане озор нахоҳад дид:

Он ҳасудон бад дарахтон будаанд,

Талхгавҳар, шўрбахтон будаанд.

Аз ҳасад ҷўшону каф мерехтанд,

Дар ниҳонӣ макр меангехтанд.

То ғуломи хосро гардан зананд,

Бехи ўро аз замона баркананд.

ДОСТОНИ ТАШНАЕ, КИ ДАР ОБ КУЛЎХ МЕАНДОХТ

Бар лаби ҷў буд деворе баланд,

Бар сари девор ташнай дардманд.

Ҷўйи обе аз канори девори баланде мегузашт ва ташнае ҳам ба сари девор нишаста буд. Чун дасташ ба об намерасид, аз лаби девор хишту кулўх меканд ва дар об меандохт. Аз садои об хушаш омада, пайваста ин корашро такрор мекард. Об аз ташна пурсид:

–Чаро ин корро мекунӣ ва бо хишту кулўх маро меозорӣ?

Ташна гуфт:

– Аз ин кор ду фоида мебарам: яке ин ки аз садои афтодани кулўхҳо дар об хушам меояд ва ташнагиро камтар эҳсос мекунам ва ба зудӣ ҳам дастам ба об мерасаду ташнагиамро фурў менишонам.

ДОСТОНИ ЗУННУНИ МИСРӢ

Инчунин Зуннуни Мисриро фитод,

К-андар ў шўру ҷунуни нав бизод.

Шўр чандон шуд, ки то фавқи фалак

Мерасид аз вай ҷигарҳоро намак.

Ҳин, манеҳ ту шўри худ, эй шўрахок!

Паҳлуйи шўри худовандони пок,

Орифу донишманд Зуннуни Мисрӣ бемор шуду кораш ба ҷунун кашид, мардуми авом ўро чун девона ба зиндон андохтанд.

Халқро тоби ҷунуни ў набуд.

Оташи ў ришҳошон мерабуд.

Чунки дар риши авом оташ фитод,

Банд кардандаш, ба зиндоне ниҳод.

Нест имкон вокашидан ин лагом,

Гарчи з-ин раҳ танг меоянд ом.

Дида ин шоҳон зи ома хавфи ҷон,

К-ин гурўҳ кўранду шоҳон бенишон.

Чунки ҳукм андар кафи риндон бувад,

Лоҷарам Зуннун дар зиндон бувад.

Дўстони Зуннун, ки ин хабарро шуниданд, гуфтанд:

«Ҳаргиз чунин донишманде девона намешавад ва дар ин кори ў бояд розе бошад». Далеле ҳаст, ки худро ба девонагӣ задааст. Пас ба дидори ў рафтанд. Пурсид:

– Шумо кӣ ҳастед ва чаро ба ин ҷо омадед?

Бо адаб гуфтанд: «Мо аз дўстон,

Баҳри пурсиш омадем ин ҷо ба ҷон».

Гуфтанд:

– Мо медонем, ки донишманде монанди ту девона намешавад. Хоҳиш мекунем ба мо бигў чӣ розе дар ин нуҳуфтааст ва чаро ба дасти мардуми авом баҳона додаӣ?

Зуннун чун сухани онҳоро шунид, ҳамаро дашном дод ва ба ҷониби онҳо кулўху санг ҳаво дод. Дўстон гурехтанд. Зуннун бо садои баланди қаҳқаҳазананда хандида гуфт:

– Шумо чӣ дўстоне ҳастед, ки аз дўст мегурезед?

Магар барои дилсўзӣ ва дилдории ман наомадаед?

Кай карон гирад зи ранҷи дўст дўст?

Ранҷмағзу дўстӣ онро чу пўст.

Дўст ҳамчун зар, бало чун оташ аст,

Зарри холис дар дили оташ х(в)аш аст.

ДОСТОНИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ ВА ХОҶААШ

Луқмони ҳаким барои озмоиши донишомўзӣ ба хидмати марде даромада буд. Хоҷаи ў медонист, ки ў донишманд аст ва барои таҷриба андўхтан ғуломиро интихоб кардааст. Аз ин сабаб, ўро бисёр гиромӣ медошт.

Дар ҳар кор бо ў машварат мекард. Ў ҳаргиз ғизое, ки барояш меоварданд, намехўрд, то ин ки Луқмон аз он начашаду нахўрад.

Рўзе барои ў харбуза ҳадя оварданд. Хоҷа Луқмонро хост ва як тилими харбуза ба ў дод. Луқмон онро бо лаззат хўрд ва хоҷа пай дар пай тилимҳои харбузаро ба ў доду ҳамаро бо кушодарўйӣ хўрд. Дар охир як тилим монда буд. Хоҷа онро худаш хўрд ва аз шиддати талхӣ забонаш оташ гирифт, гулўяш сўхт ва гуфт:

–Ту чӣ гуна харбузаи бо ин талхиро хўрдӣ ва рўй турш накардӣ.

Луқмон гуфт:

–Ту он қадар ба ман муҳаббат кардаӣ, ки шармам омад, чизе, ки ту ба ман медиҳӣ, баргардонам ва мойил ҳам набудам, ки бо чашидани харбузаи талх туро ба дарди сар биандозам ва шахси ҳадяовардаро ҳам шармгину хиҷолатзада кунам.

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,

Аз муҳаббат миссҳо заррин шавад.

Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,

Аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.

Аз муҳаббат мурда зинда мекунанд,

Аз муҳаббат шоҳ банда мекунанд.

Ин муҳаббат ҳам натиҷай дониш аст,

Кай газофа бар чунин тахте нишаст.

пешина
аз 47
навбатӣ