Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ХИРСУ МАРДЕ, КИ ЎРО АЗ ЧАНГОЛИ АЖДАҲО НАҶОТ ДОД

Аждаҳое хирсро дармекашид,

Шермарде рафту фарёдаш расид.

Шермардонанд дар олам мадад,

Он замон, к-афғони мазлумон расад.

Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд,

Он тараф чун раҳмати Ҳақ медаванд.

Аждаҳое бар хирсе печида буд ва мехост ўро фурў кашад. Ҷавонмарди зўрманде расиду аждаҳоро кушт ва хирсро наҷот дод.

Хирс чун фарёд кард аз аждаҳо,

Шермарде кард аз чангаш раҳо.

Ҳилату мардӣ ба ҳам доданд пушт,

Аждаҳоро ў бад-ин қувват бикушт.

Хирс чун наҷот ёфт, ба дунболи мард монанди саги Асҳоби Каҳф дилбохтаи ў шуд. Ҳар ҷо мерафт, ҳамроҳи ў буд. Дар роҳ ба марди доное вохўрданд. Чун он ҳардуро ҳамқадам дид, достонро пурсид. Мард гуфт:

Аждаҳо ба ҷони ин хирс афтода буд. Ман онро куштаму хирс акнун бо ман дўст шудааст. Ҳар ҷо меравам, ба дунболам равон аст. Марди доно гуфт:

–Ба дўстии хирс дил мадеҳ, чун ў аз ҷинси ту нест, ҳайвони нодоне аст. Дўсти нодон бадтар аз душмани доност. Беҳтар аст, онро ба ҳоли худ раҳо кунӣ, чун метарсам ба ту озоре бирасонад.

Мард хаёл кард, ки доно ин суханро аз рўйи ҳасад мезанад ва гуфт:

– Ман хостори дўсти вафодоре будам. Дар миёни одамиён пайдо накардам. Ба дўстӣ бо ин хирс тан додам, чун ҳам сипосгузори ман асту ҳам посбони ман.

Доно гуфт:

–Ту иштибоҳ мекунӣ. Ҳар кас бо ҳамнавъу ҳамҷинси худ бояд дўст шавад. Хирсро раҳо кун ва биё бо ман ҳамроҳ шав:

Ман кам аз хирсе набошам, эй шариф,

Тарки ў кун, то манат бошам ҳариф.

Бар ту дил меларзадам з-андешае,

Бо чунин хирсе марав дар бешае.

Ман метарсам, ки ин хирс ба ту осебе бирасонад, дилам ин тавр гувоҳӣ медиҳад.

Марди нодон панди доноро нашунид ва аз ў рўй гардонду бо хирс ба роҳ афтод. Дар роҳ ба бешае расид, хаста шуда буд. Зери дарахте дароз кашиду ба хоб рафт. Хирс ба посбонии ў пардохт. Дар беша магас фаровон буд ва ба сару рўйи мард менишастанд ва хоби ўро ошуфта мекарданд. Хирс онҳоро меронд ва онҳо дубора бозмегаштанд. Охир хашмгин шуду санги бузургеро бардошта, ба сахтӣ барои кўфтани магасҳо ба рўйи марди хобида зад. Магасҳо париданд, аммо ҷони он марди нодон, ки панди доноро нашунида буд, низ бо магасҳо парвоз кард.

Дўстӣ бо мардуми доно накўст,

Душмани доно беҳ аз нодони дўст.

ДОСТОНИ МЎСО ВА ГЎСОЛАПАРАСТ

Ҳазрати Мўсо (а) пайғамбар буд ва қавми худро ба парастиши Худо даъват мекард. Бо ин ки барои раҳнамоии онҳо мекўшид, пайравони ў ҳар рўз баҳонае пайдо мекарданд ва сар аз фармони ў мепечиданд. Як рўзи дигар гуфтанд:

–Агар Худо тавоност, чаро дасти Фиръавн, подшоҳи Мисрро, ки моро озор медиҳад, аз сари мо кўтоҳ намекунад?

Як рўзи дигар ба ў гуфтанд:

–Аз Худо бихоҳ, дар ин биёбони беобу алаф барои мо аз осмон мошу мурғи бирён бифиристад.

Гоҳе чашмаи оби равон металабиданд. Хулоса, ҳар дам бо баҳонае Худованд худоии худро ба онҳо собит бояд мекард.

Мўсо (а) бо тоқат ба суханони онҳо гўш медоду Худованд ҳам хоҳиши ўро мепазируфт, то ин ки Мўсо (а) ба фармони Худо ба кўҳи Тур рафт. Дар набудани ў марди ҷодугар барои ин ки қавми баҳонагири бани Исроилро гумроҳ кунад, аз зари тоза гўсолае сохт, ки аз даҳони ў садое берун меомад.

Ба мардуми Исроил гуфт: «Ин худои шумост ва бояд ўро парастед». Он мардуми нодон ҳам бовар карданд ва Худои ягонаи Мўсоро фаромўш карда, ба дунболи Сомирии ҷодугар афтоданд.

Мўсо аз кўҳи Тур баргашт ва қавми худро гумроҳ дид.

Ба онҳо гуфт:

–Аз рўзе, ки ман аз сўйи Худо ба пайғамбарӣ баргузида шудам, ҳар чӣ хостед, кардам, то сипоҳи Фиръавн фиреб бихўранду ғарқ шаванд. Чил сол Худованд барои шумо аз осмон хўрок фиристод, ки онҳоро хўрдед ва аз тавоноии Ў огоҳ шудед! Дар биёбон чашмаи об ҷорӣ кардам, то бинўшеду Худоро сипос доред. Ҳамин ки чанд рўз дур шудам, ҳама неъматҳои Парвардигорро фаромўш кардед ва фиреби ҷодугарро хўрдед. Ба ҷойи Худои бузург ба парастиши гўсолаи заррин пардохтед? Чаро аз ў муъҷиза намехоҳед? Чаро намегўед, ки дарёро хушк кунад, чашмасор падид оварад ва ғизо аз осмон биёварад? Мўсо (а) намедонист, ки:

Ботилонро чӣ рабояд? Ботилӣ,

Отилонро чӣ хуш ояд? Отилӣ.

Нодон рўзро мебинаду мункири офтоб мешавад.

ДОСТОНИ ҶОЛИНУС ВА ДЕВОНА

Ҳакими маъруфи юнонӣ Ҷолинус рўзе ба шогирдони худ фармуд, ки барои ў аз дорухона доруе биёваранд. Шогирдон чун номи он доруро шуниданд, дар шигифт шуданд, зеро он дору барои дармони девонагон ба кор мерафт. Пас аз устод пурсиданд:

–Онро барои чӣ мехоҳед?

Устод гуфт:

–Ман бо девонагон намемонам, вале имрўз дар роҳ, ки меомадам, девонаеро дидам, ки ба ман нигарист ва лабханд зад:

Соате дар рўйи ман хуш бингарид,

Чашмакам зад, остини ман дарид.

Гар на ҷинсиййат будӣ дар ман аз ў,

Кай рух овардӣ ба ман он зиштрў?

Гар надидӣ ҷинси худ, кай омадӣ?

Кай ба ғайри ҷинси худро барзадӣ?

Чун ду кас бар ҳам занад, бе ҳеч шак

Дар миёншон ҳаст қадри муштарак.

Агар он девона дар ман нишони девонагӣ намедид, бо ман чунин муомила ва муносибати хуш намекард ва маро чун худ намепиндошт. Магар шунидаед, ки ҳакиме гуфт: Аз дур дидам, зоғе бо лаклаке дўстона меравад. Дар шигифт шудам, ки онҳо ҳамҷинс нестанд, чӣ гуна дўст шудаанд. Чун ба онҳо наздик шудам, дидам, ки пойи ҳар ду ланг аст ва ҳамин лангӣ дарди муштараки онҳост, ки онҳоро ба ҳам наздик кардааст.

Дар аҷаб мондам, биҷустам ҳолашон,

То чӣ қадри муштарак ёбам нишон.

Чун шудам наздик ман ҳайрону данг,

Худ бидидам, ҳардувон буданд ланг».

ДОСТОНИ ДИДОРБИНИИ МУҲАММАД(с) АЗ БЕМОР

Марде аз ёрони Паёмбари акрам (с) бемор шуд ва он ҳазрат ба пурсиши ҳолаш ба дидорбинӣ рафт. Дидорбинии бемор чанд фоида дорад. Яке ин ки ранҷурро дилхуш мекунад ва дўстию муҳаббатро меафзояд. Дигар ин ки ба беҳбудии худ умедвор мегардад. Ҳоли бемор хуш набуд ва маргаш наздик менамуд.

Дар ривоят аст, ки Боязид дар роҳи сафари ҳаҷ ба ҳар шаҳр, ки мерасид, аз дўстон дидорбинӣ мекард. Рўзе пиреро дид, ки нобино буд. Аммо дили равшану бедор дошт. Пир пурсид:

–Куҷо меравӣ?

Боязид гуфт:

– Азми Макка дорам.

Пир пурсид:

–Бо худ чӣ дорӣ?

Гуфт:

– Дусад дирам нуқра харҷи роҳ дорам.

Пир гуфт:

–Он пулро ба ман деҳ ва ҳафт бор гирди ман бигард. Тасаввур кун, ки ба Макка рафтаӣ. Чун зиёрати мардони Худо аз дидори Макка пеши Худованд писандидатар аст:

Чун маро дидӣ, Худоро дидаӣ,

Гирди Каъбай сидқ баргардидаӣ.

Хидмати ман, тоату ҳамди Худост,

То напиндорӣ, ки Ҳаққ аз ман ҷудост.

Чашм некў боз кун, дар ман нигар,

То бибинӣ нури Ҳаққ андар башар».

Паёмбари акрам (с) ҳоли беморро пурсид.

Марди ранҷур гуфт:

– Ҳоли дурусте надорам, вале акнун ки ба дидори Расули Худо (с) расидаам, дилшод шудаам ва аз нохушии худ хушҳол ҳастам.

Паёмбар пурсид:

– Сабаби беморӣ чист?

Гуфт:

–Намедонам, аммо аз дарди пушт хоб надорам.

Ҳазрат фармуд:

–Шояд гуноҳе кардаӣ, ки ба ин рўз расидаӣ?

Бемор гуфт:

–Ёдам нест, чӣ гуфта ва чӣ кардаам, шояд дидори шумо ҳофизаамро ёрӣ диҳад.

Ва ба фикр фурў рафт. Ногоҳ ёдаш омад, ки рўзе ба дуо аз Худованд хостааст, ки сазои гуноҳони ўро дар ҳамин ҷаҳон бидиҳад, ки пас аз марг дар ҷаҳони ҷовидон осуда бошад.

Ҳад надорад васфи ранҷи он ҷаҳон,

Саҳл бошад ранҷи дунё пеши он.

Чун ин дуо кардам, ногаҳон танам дард гирифт ва ба ин парешонӣ афтодам. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуд:

Гуфт: «Ҳай-ҳай, ин дуъо дигар макун,

Бармакан ту хешро аз беху бун.

Ту чӣ тоқат дорӣ, эй мўри нажанд,

Ки ниҳад бар ту чунон кўҳи баланд?»

Ту бояд нияти нек кунӣ ва аз Худо хубӣ бихоҳӣ ё беҳтар аст ихтиёри худро ба Ў вогузорӣ, аз Ў бихоҳӣ, ҳар чӣ барои ту хуб аст, пеш оварад ва ҳар ду ҷаҳон туро хушнуду хушбахт кунаду бахшад. Беҳтарини дуо ин аст: «Худоё! Дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон ҳам ба мо хубию некӣ ато кун ва боқӣ бар уҳдаи ўст».

ДОСТОНИ СЎФӢ, САЙЙИДУ МУЛЛО ВА БОҒБОНИ ДОНО

Боғбоне чун назар дар боғ кард,

Дид чун дуздон ба боғи худ се мард.

Боғбоне дар боғи худ се марди ношиносеро дид, ки зери дарахт нишастаанд. Аз он се нафар яке сўфӣ буд, яке саййид ва севумӣ мулло. Боғбон ба худ андешид:

Барнаёям як тана бо се нафар,

Пас, бибуррамшон нахуст аз ҳамдигар,

Ҳар якеро ман ба сўйе афганам,

Чунки танҳо шуд, сабилаш барканам.

Чун зўраш ба ҳар се нафар намерасид, ба фикр афтод, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Пас сўфиро пайи коре фиристоду ба муллою саййид гуфт:

– Ман намедонам, ин дарвеш бо чӣ ҳаққе бо шумо вориди боғи ман шудааст. Шумо ду тан, яке донишманду пешвои дину дигаре фарзанди Паёмбар ва ҳар кадом ҳақ доред аз меваҳои боғ бихўреду бибаред. Аммо ин дарвеш бекор ва муфтхўр аст. Далел надорад, ба ў иҷозат бидиҳам.

Он ду ҳарфи боғбонро писандиданд ва ба кори худ пардохтанд. Боғбон ба хотири осуда дунболи сўфӣ рафту ўро дашном дод, ки чаро бе иҷозат вориди боғ шудааст ва ба ў дарафтод:

Кўфт сўфиро чу танҳо ёфташ,

Нимкушташ карду сар бишкофташ.

Сўфии бечора кўфтаю дармонда аз боғ берун омад.

Боғбон, ҳамин ки аз кори дарвеш фориғ шуд, пеши он ду нафар омаду рў ба саййид карду гуфт:

– Ту шарм намедорӣ ба номи Паёмбари акрам (а) моли мардумро мехўрӣ ва беиҷозат ба боғу хонаи мардум даст мезанӣ. Кӣ медонад, ки ту рост мегўйӣ ва воқеан фарзанди Нўҳ пайғамбарӣ:

Гуфт: «Эй хар, андар ин боғат кӣ хонд?

Дуздӣ аз пайғамбарат мерос монд?

Шерро бачча ҳамемонад бад-ў,

Ту ба пайғамбар ба чӣ монӣ? Бигў».

Ин мард, ки ин ҷост ҳокими шаръ асту фақеҳу олими дин. Боғ моли худи ўст. Ҳақ дорад, ҳар чӣ мехоҳад, биканад.

Бо гуфтани ин ҷумла саййиди бадбахтро кўфтан гирифт ва ўро аз дари боғ берун кард. Марди мулло худро танҳо ёфт ва аз сарнавишти он ду нафар панд нагирифта, пиндошт, ки он чӣ боғбон мегўяд, бовари ўсту воқеан ўро ҳокими шаръ ва соҳиби ҳақ медонад.

Боғбони доно, ки зарари ду танро кам карду худро бо мулло танҳо ёфт, бар сари ў дод зад, ки ин ҷо чӣ мекунӣ? Ту ҳокими шаръӣ ё молимардумхўр?

Шуд аз ў фориғ, биёмад, к-эй фақеҳ!

Чӣ фақеҳӣ? Эй ту нанги ҳар сафеҳ.

Фатвият ин аст, эй бубридадаст,

К-андаройиву нагўйӣ амр ҳаст?

Ин тавр шаръи Паёмбарро ба кор мебандӣ? Магар на дасти дуздро бояд бурид? Ҳар кас дуздӣ кунад, бояд дасташро бибуранд. Ту ҳокими шаръӣ, агар дуздӣ кунӣ, ҷазои ту чист?

Мулло, ки фиреби боғбонро хўрда буд, гуфт:

– Ҳар чӣ ба сарам меояд, сазои ман аст.

Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун. Сазои ин ки дўстони худро дар бадбахтӣ мепартояд, беҳтар аз ин нест.

Гуфт: «Ҳақ астат, бизан, дастат расид,

Ин сазои он ки аз ёрон бурид».

пешина
аз 47
навбатӣ