МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ПОСБОНУ МАРДИ МАСТ
Мўҳтасиб дар нимшаб ҷойе расид,
Дар буни девор масте хуфта дид.
Гуфт: «Ҳай, мастӣ, чӣ хўрдастӣ? Бигў»,
Гуфт: «Аз ин хўрдам, ки ҳаст андар сабў».
Гуфт: «Охир дар сабў вогў, ки чист?»
Гуфт: «Аз он ки хўрдаам». Гуфт: «Ин хафист».
Зафт– сахт, дурушт, дағал.
Зулҷалол– дорои ҷалол, соҳиби ҷалол, боҳашамат, азим, бузург: маҷ. Худо.
Биҳил – пиҳил, бахшидани ҷурм, авф кардани гуноҳ.
Арғавон– дарахтест, ки гулҳояш бағоят сурх мешаванд, маҷозан сурх.
Сабў– куза, зарфи сафол ва ё филиззӣ барои об, шароб ва ғайра.
Хафӣ,хафо – пўшида, пинҳон, пинҳон ва махфӣ будан.
Гуфт: «Он чӣ хўрдаӣ, он чист он?»
Гуфт: «Он кӣ дар сабў махфист он»
Посбоне шабе аз кўча мегузашт. Мардеро дид, канори девор хуфта.
Гуфт:
–Эй маст, чӣ хўрдаӣ?
Гуфт:
–Он чӣ дар ин сабў аст, хўрдаам.
Гуфт:
–Пурсидам, чӣ хўрдаӣ?
Гуфт:
–Ҳар чӣ дар ин ҷо пинҳон аст.
Аз ин гуна пурсишу ҷавоби бе сару пуч посбон ба мақсад нарасид. Гуфт:
–Оҳ кун, то даҳонатро бў кунам.
Марди маст ҳу-ҳу кард.
Гуфт: «Гуфтам, оҳ кун, ҳу мекунӣ»
Гуфт: «Ман шоду ту аз ғам мунҳанӣ.
Оҳ, аз дарду ғаму бедодӣ аст,
Ҳуй-ҳуйи майхўрон аз шодӣ аст».
Маст гуфт:
–Чаро «оҳ» кунам? Ман дарду ғаме надорам, майхўрон шоданду шодӣ мекунанд.
Посбон гуфт:
–Бархез, туро бояд ба зиндон бибарам.
Гуфт: «Рав, ту аз куҷо, ман аз куҷо?
Гуфт: «Мастӣ, хезу то зиндон биё!»
Маст гуфт:
– Эй посбон, ман чӣ дорам, ки ба зиндон биёям? Аз бараҳна тавон намехоҳанд:
Мунҳанӣ– хамида, дуто, каҷ.
Гар маро худ қуввати рафтан будӣ,
Хонаи худ рафтаме в-ин кай шудӣ?
Ман агар боақлу боимконаме,
Ҳамчу шайхон бар сари дукконаме».
ДОСТОНИ СОҲИБХОНА ВА ДУЗД
Шабе дузде ба хонаи марде омад. Мард бедор шуду дар пайи дузд давид. Дузд медавиду ў ҳамчунон дунболаш мекард. Қариб буд, ки ўро бигирад, фарёде шунид.
Касе ўро садо мекард, ки «зуд баргард ва биё, бибин ин ҷо чӣ хабар аст». Мард гумон кард, ки дузди дигаре ба хонаи ў омадааст ва аз тарси ин ки ба зану фарзандаш осебе нарасад, баргашт ва аз садокунанда пурсид:
–Чӣ хабар аст?
Гуфт:
–Биё, пайи пойи дуздро пайдо кардам!
Соҳибхона гуфт:
–Ман худ дуздро дидам ва қариб буд, ки ўро ба чанг дарорам. Ту маро даъват мекунӣ, ки нишони пойи ўро бубинам?
Он мард гуфт:
– Нишони пой ҳақиқат аст.
Соҳибхона гуфт:
–Дидани дузду таъқиби ў ва қариб доштани ў муяссар буд, то он даме ки ту садоям задӣ, бештар ҳақиқат аст. Ё ту марди аблаҳ ҳастӣ ё ҳамдасти дуздӣ, ки барои гурезонидани ў ин бозиро ба ному кўмаки ҳақиқат пеш гирифтаӣ!
Гуфт: «Таррорӣ ту ё худ аблаҳӣ,
Балки ту дуздиву з-ин ҳол огаҳӣ.
Хасми худро мекашидам ман кашон,
Ту раҳонидӣ варо, к-инак нишон!»
ДОСТОНИ МУНОФИҚОНУ ПАЁМБАР (с) ВА МАСҶИДИ ЗИРОР
Дар замони зиндагонии Муҳаммад (с) гўруҳе ба фикр афтоданд, ки исломро хароб кунанд ва барои ин ки касе аз нияти нопоки онҳо огоҳ нашавад, масҷиде сохтанду мехостанд он ҷоро ҷойгоҳе барои гирд омадани мусалмонон қарор бидиҳанд ва касонеро, ки ба масҷиди Расули акрам (с) мерафтанд, ба он ҷо ҷалб кунанд, то донишмандони яҳудӣ, ки ба зоҳир ислом оварда буданд, битвонанд онҳоро аз роҳ бароранд. Вақте масҷид сохта шуд:
Назди Пайғамбар ба лоба омаданд,
Ҳамчу уштур пеши ў зону заданд.
Лоба – сухани ниёзмандона, сухани хоҳиш, зорию тавалло.
Аз ў дархост карданд, ки масҷидро бикушоянд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) хост хоҳиши онҳоро бипазирад, вале дилаш гувоҳӣ медод, гўё нияти бади онҳоро эҳсос карда буд. Ба ин ҷиҳат ба онҳо гуфт:
– Мо бояд акнун ба ҷанги мушрикон биравем, дар бозгашт дар ин бора фикре хоҳем кард.
Саркорони мунофиқ исрор карданд. Паёмбари акрам (с) ночор гуфт, ки ў ба хубии нияти онҳо бовар надорад. Онҳо бо Қуръон савганд хўрданд, ки бо нияти пок ба чунин коре даст задаанд:
Ки ба ҳаққи ин каломи поку рост,
К-он бинои масҷид аз баҳри Худост.
Боз Расули Худо (с) ваъдаи оянда дод. Ҷамъе аз ёрони содадили Паёмбар(c) равиши гуфтори ўро написандиданд, ки хоҳиши пирону бузургони тозамусалмонро намепазирад. Ва яке аз ёрони вай ин нукта ба дилаш гузашт, ки пайғамбарамон бояд айбпўшу богузашт бошад ва чаро ў хоҳиши онҳоро рад кардааст. Дар ин фикр буд, ки хобаш даррабуд. Дар хоб дид, ки дар он масҷиди нав саргин фаровон ҷамъ шуда, ахлотдон шуда, бўйи баде аз ў паҳн мешавад. Аз бўйи бад аз хоб бедор шуд:
Дарзамон дар рў фитоду мегирист,
К-эй Худо, инҳо нишони мункирист.
Он мард бовар ҳосил кард, ки Паёмбар (с) ҳақ доштааст, ки хоҳиши онҳоро қабул накунад, чунки аз нияти нопоки онҳо огоҳ шуда будааст.
Пас аз он Расули Худо (с) барои ёрони худ парда аз фикри нодурусту нопоки он гурўҳ бардошт ва гуфт:
– Он мунофиқон мехостанд дар хонаи Худо мусалмононро гумроҳ кунанд ва аз ҳамдигар дур намоянд.
Баъд дастур дод, он масҷидро хароб карданду замини онро ахлотдон намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё