МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.
зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд
ДОСТОНИ ГУФТУГЎЙИ ХУДО БО МЎСО
Рўзе Худованди бузург ба Мўсо (а) фармуд:
–Маро ба забоне бихон, ки бо он гуноҳ накарда бошӣ.
Мўсо гуфт:
–Ман гунаҳкорам ва чунин забоне надорам.
Худованд фармуд:
–Маро бо забони дигар бихон.
Гуфт:
–Чӣ гуна?
Фармуд:
–Ба дигарон он қадар меҳрубонӣ кун, то ба ту дуои хайр бикунанд. Ман дуои дигаронро дар ҳаққи дигарон мепазирам.
Гуфт Мўсо: «Ман надорам он даҳон»,
Гуфт: «Моро аз даҳони ғайр хон.
Аз даҳони ғайр кай кардӣ гуноҳ?
Аз даҳони ғайр бархон, к-эй Илоҳ!
Ончунон кун, ки даҳонҳо мар туро
Дар шабу дар рўзҳо орад дуо.
Аз даҳоне, ки накардастӣ гуноҳ
В-он даҳони ғайр бошад, узр хоҳ.
Ё даҳони хештанро пок кун,
Рўҳи худро чобуку чолок кун».
Зикри Ҳақ пок аст, чун покӣ расид,
Рахт барбандад, бурун ояд палид.
Мегурезад зиддҳо аз зиддҳо,
Шаб гурезад, чун барафрўзад зиё.
Чун дарояд номи пок андар даҳон,
На палидӣ монаду на андуҳон.
Зиё – равшанӣ, нур.
ДОСТОНИ МАРДИ ХУДОПАРАСТ ВА ШАЙТОН
Он яке «Аллоҳ» мегуфтӣ шабе,
То ки ширин мешуд аз зикраш лабе.
Гуфт шайтон: «Охир, эй бисёргў!
Ин ҳама «Аллоҳ»-ро «лабайк» ку»
Шайтон шабе ба марде, ки «Худо-Худо» мегуфт ва аз таҳи дил дуо менамуд, гуфт:
–Эй марди пургў, то кай ин қадар Худоро мехонӣ.
Магар намебинӣ, гўшаш ба дуои туи гунаҳкору носавобкор нест ва ҷавоб ба дархостҳои ту намедиҳад.
Он мард дилшикаста шуд ва бо ноумедии бисёр ба хоб рафт. Дар хоб ҳазрати Хизрро дид. Хизр аз ў пурсид:
–Чаро дигар Худоро наметалабӣ.
Гуфт:
–Худованд ба ман ҷавоб намедиҳад.
Хизр гуфт:
–Ҳамон Худо омодаи ҷавоби ту аст, ў туро мешунавад ва дуои туро мепазирад. Ту агар чизе намешунавӣ, аз нодонии туст ва агар балое мерасад, барои озмоиши туст.
Ҳилаҳову чораҷўйиҳои ту,
Ҷазби мо буду кушод ин пойи ту.
Тарсу ишқи ту каманди лутфи мост,
Зери ҳар «ё Рабб»-и ту «лаббайкҳост».
Бандагони хуби Худо ҳар чӣ бихоҳанд, ба онҳо мерасад, агарчи дар ранҷ биафтанд. Аммо онҳое, ки дилашон ба Худо нест ва аз некӣ ба халқи Худо дареғ медоранд, дар нозу неъмат ҳастанд ва бад-ин васила аз Парвардигор ғофил мемонанд. Оқибат ба сазои носипосии худ мерасанд. Монанди Фиръавн, ки Худованд солҳо ба ў суруру шодмонӣ дод, ҳатто ҳаргиз бемор нашуд, то Худоро ба ёд наёвард ва дар охир дучори хашми Парвардигор шуд. Худу ҳамроҳонаш дар об ғарқ шуданд ва ба сахтию бадбахтӣ аз миён рафтанд:
Бар даҳону бар дилаш қуфл асту банд,
То нанолад бо Худо вақти газанд.
Дод мар Фиръавнро сад мулку мол,
То бикард ў даъвии иззу ҷалол.
Дар ҳама умраш надид ў дарди сар,
То нанолад сўйи Ҳақ он бадгуҳар.
Мардони Худо бояд ҳаргиз ғофил намонанд ва бовар дошта бошанд, ки Худованд музди сабру хушнудии онҳоро хоҳад дод. Одами худошинос аз мушкил ноумед намешавад ва пайваста мунтазири кушоиши корҳо мемонад.
Коҳ бошад, к-ў ба ҳар боде ҷаҳад,
Кўҳ кай мар бодро вазне ниҳад?
Дар зиндагӣ барои инсонҳо бадбахтию нокомӣ ва дарду ранҷ пеш меояд. Вале бо кўшишу сабру ризо ҳар ранҷе поён хоҳад ёфт. Худованд ба ёрии бандагони худ хоҳад шитофт.
ДОСТОНИ ДЕҲОТӢ ВА ШАҲРӢ
Як марди деҳотӣ бо як марди шаҳринишин дўсту рафиқ шуда буд. Ҳар соле як бор ба шаҳр меомад ва ду-се моҳ дар хонаи дўсти шаҳрии худ иқомат мекард.
Деҳотӣ ҳар сол меҳмон мешуд ва ҳангоми бозгашт аз соҳиби хона ва ҳамсару фарзандони ў даъват мекард, ки як бор ҳам бошад, ба деҳи ў бираванд, то битвонад дар баробари пазироиҳои гарми онҳо ононро чанд рўзе меҳмон кунад ва аз сафои деҳистон баҳраманд шаванд.
Аммо марди шаҳрӣ дилаш роҳ намедод, ки даъвати деҳотиро пазирад ва ҳар бор баҳонае мекарду намерафт. Бори охир марди деҳотӣ пас аз се моҳ мондан дар хонаи дўсти худ домани ўро гирифт ва бо зорӣ хоҳиш кард қавл бидиҳад, ки ба зудӣ аз ў боздид хоҳад кард.
Аз зану фарзандони ў ҳам хост, ки мардро розӣ кунанд, ки ба ин сафар ризо шавад. Он қадар аз обу ҳавою сафою зебоии деҳ таъриф кард, ки даҳони ҳама об гирифт ва муштоқи сафар шуданд. Ба падар исрор карданд, ки даъвати дўсти деҳотиро бипазирад.
Кўдакони хоҷа гуфтанд: Эй падар,
Моҳу абру соя ҳам дорад сафар.
Падар гуфт:
–Дили ман мехоҳад аз обу ҳавои хуш баҳра бибарам, аммо аз қадим гуфтаанд: «Аз бадии касе, ки ба ў некўӣ кардаӣ, бипарҳез». Аз ҳамин ҷиҳат ман ба ин сафар майл надорам.
Охир падар бо хоҳиши кўдакон тан дод ва ба роҳ афтоданд. Пас аз чанд рўзи роҳпаймоӣ ба он деҳ расиданд ва суроғи хонаи дўсти худро гирифтанд. Аммо ҳамин ки деҳотӣ хабари омадани онҳоро шунид, пинҳон шуду рў нишон надод. Марди шаҳрӣ бо пурсуҷў хонаи ўро ёфт, вале ҳар қадар дарро заданд, касе онҳоро ҷавоб надод:
Дар фурў бастанд аҳли хонааш,
Хоҷа шуд з-ин кажравӣ девонаваш.
Охир аз хастагӣ дармонданд ва панҷ рўз сабр карданд, то шояд он мард пайдо шавад. Оқибат марди деҳотӣ аз хона берун омад ва ҳамин ки марди шаҳрӣ ба ў салом кард, гуфт:
– Ту кӣ ҳастӣ? Бо ту ошноӣ надорам.
Марди шаҳрӣ нишонаҳо дод, ки ту солҳо ба хонаи мо омадаӣ ва пеши мо мондаӣ. Кўдакони ман бо ту ош ноянд. Деҳотӣ инкор кард, ки на онҳоро дида ва на чунин чизҳоро ба ёд меоварад. Дар он дам борони сахте гирифт ва марди шаҳрӣ хоҳиш кард, барои ин ки кўдакони ў сармо нахўранд, ҷое ба онҳо барои як имшаб бидиҳад.
Деҳотӣ гуфт:
–Дар хона ҷое надорам, аммо дар боғ як ҳуҷраи нигаҳбони боғ ҳаст. Ба шарти ин ки то субҳ бедор бошанд, роҳ медиҳам, мабодо гург вориди боғ шавад ва бачаҳоро битарсонад. Марди шаҳрӣ пазируфт ва бо зану бачаҳо он ҷо рафт, аммо то бомдод аз зиёдии пашша ҳеҷ кадом нахуфтанд.
Шаб ҳама шаб, ҷумла гўён: «Эй Худо,
Ин сазои мо, сазои мо, сазо.
Ин сазои он ки шуд ёри хасон,
Ё касӣ кард аз барои нокасон».
Нимаҳои шаб ба чашми марди шаҳрӣ омад, ки гург вориди боғ шудааст. Ўро бо тир зад, ҳамин ки ҳайвон афтод, боде аз ў даррафт. Ногаҳон марди деҳотӣ фарёд зад:
–Харамро чаро куштӣ.
Шаҳрӣ гуфт:
– Хар набуд, гург буд. Деҳотӣ даъвогар шуд, ки ў садои боди харашро мешиносад.
Марди шаҳрӣ гуфт:
– Дар шаби тору абру борон ту чӣ гуна хару гургро муайян мекунӣ?
Деҳотӣ гуфт:
– Курраи хар моли ман аст ва боди ўро дар миёни бист бод мешиносам!
Он гоҳ марди шаҳрӣ бо хашм аз ҷой ҷаста, гиребони деҳотии фиребкорро гирифту фарёд зад:
–Эй марди пасти намакношинос! Ту дар торикӣ ва ҳавои боронӣ аз роҳи дур боди хари худро мешиносӣ, дар рўзи равшан марде, ки ҳашт сол, ҳар сол ду-се моҳ аз ту пазироӣ карда, нону намакашро хўрда, дар хонааш хуфта, бо исрору хоҳиш ўро даъват кардаӣ, намешиносӣ?
Он кӣ донад нимашаб гўсоларо,
Чун надонад ҳамраҳи даҳсоларо?
Худованд одами пасту нокасро ин гуна расво мекунад. Он гоҳ ўро мушту лагади фаровон зада, бар сару рўйи ў кўфт, то дигар ҳаққи неъматро аз ёд набарад ва эҳсону некўкорӣ ва меҳрубониро бо дурўғи пастӣ ва намакношиносӣ ҷавоб нагардонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё