Зеҳн
МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ» БОЗГЎЙИ АҲМАД НАФИСӢ

Сӣ сол қабл нависандаи маъруфи рус Радий Фиш ба водии Вахш ташриф овард ва шабе дар манзили шоир ва рўзноманигор шодравон Пиримқул Сатторӣ меҳмон гардид. Дар ин маҳфил камина, муаллифи ин сатрҳо низ ширкат доштам. Сари дастархон бо шарқшинос ва донишманди пурдони таърихи ислом ва Шарқ ҳамсуҳбат гардида, мақсади сафарашро ба Тоҷикистон пурсон шудам. Ў изҳор дошт, ки солиёни зиёд аст, ки дар бораи зиндагӣ ва осори мутафаккири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ таҳқиқот мебарад ва романе таҳти унвони «Ҷалолиддини Румӣ» таълиф намуда, ба табъ расонида- аст. Дар бархе аз сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, ки Мавлоно Румӣ на дар шаҳри Балх, балки дар канораи он – Вахшонзамини бостонӣ зода шудааст. Аз ин рў, камина дар китоби худ қайд намудам, ки падари Ҷалолиддини Румӣ–Баҳоуддинвалад қозии мулки Вахш буд, вале ҷуръат накардам, ки зодгоҳи ўро Вахшонзамин бинависам. Инак, бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо диёри Вахш ба ин ҷо омадам ва мехоҳам барои китоби ояндаам маводи зарурӣ ҷамъ оварам. Тайи се рўзе, ки дар ин сарзамин будаму ёдгориҳои таърихии ин диёрро тамошо кардам, бовар ҳосил намудам, ки дар ҳақиқат, маълумоти муаллифони сарчашмаҳои қадимӣ асоснок буда, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ тоҷики вахшонӣ аст. Радий Фиш илова кард, ки бо дархости Ҷамъияти умумииттифоқии «Дўстдорони китоб» дар бораи шоир ва андешаварзи бузурги форсу тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ асаре навиштааст, ки ба наздикӣ дар яке аз интишороти шаҳри Маскав ба табъ мерасад.

зеҳни сунъӣ · 8 октябри 2024 · 47 саҳифа · 3 писанд

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ПОДШОҲУ ҒУЛОМИ ХУДХОҲ

Ғуломе, ки меҳри шоҳ ба ў хунук шуда буд, ба шоҳ номае навишт. Дар он нома калимаҳо пур аз эътироз ва кинаву нохушнудӣ буд. Ў намедонист, ки нома ба шоҳ бояд чӣ гуна бошад, мебоист онро чанд бор мехонд ва тавре менавишт, ки ба хонанда таъсири хуб расонида тавонад. Яке ба ў бояд мегуфт:

Гўшае рав, номаро бикшо, бихон,

Бин, ки ҳарфаш ҳаст дархурди шаҳон?

Гар набошад дархур, онро пора кун,

Номаи дигар навису чора кун!

Одамӣ ҳар кор мекунад, бояд нахуст биандешад, ки чӣ мехоҳад ва чӣ бояд кунад. Агар ҷуволеро ба дўш мекашӣ, хуб аст бидонӣ, ки даруни он чӣ аст. Агар сангу кулўх аст, ба кашидан намеарзад. Нома ҳам бояд дорои нукоте бошад, ки бо ҳаққу воқеъ ҳамроҳ бошад, вагарна, агар бар пояи хашму худхоҳию зиёдаталабӣ бошад, кори ту пеш намеравад ва баҳрае нахоҳад бурд.

Фақеҳе саллаи бузурге бар сар дошт, ки дар миёни он куҳнаву жанда буд ва танҳо рўкаши нав дошт. Барои ин мехост ҳар ҷо равад, мардум аз дидани саллаи ба эҳтирому ситоиши ў бипардозанд.

Зоҳири дастор чун ҳуллай биҳишт,

Чун мунофиқ андарун расвою зишт.

Бомдоде торику равшан салларо ба сар гузошту ба сўйи мадраса равон шуд. Дар роҳ дузде дар гўшаи торик камин карда буд.Чун чашмаш ба саллаи калони фақеҳ афтод, онро аз сари ў даррабуд ва рў ба гурез овард:

Дар раҳи торик марде ҷомакан

Мунтазир истода буд аз баҳри фан.

Даррабуд ў аз сараш дасторро,

Пас давон шуд, то бисозад корро.

Пас фақеҳаш бонг барзад, к-эй писар!

Боз кун дасторро, он гаҳ бибар.

Инчунин ки чорпарра мепарӣ,

Боз кун он ҳадяро, ки мебарӣ.

Боз кун онро, ба дасти худ бимол,

Онгаҳон хоҳӣ бибар, кардам ҳалол.

Чунки бозаш кард он ки мегурехт,

Сад ҳазорон жанда андар раҳ бирехт.

Фақеҳ фарёд зад:

–Эй мард, дуруст нигоҳ кун, ки чӣ медуздӣ. Тавре ки хаёл мекунӣ, он салла аз матои гаронбаҳо нест.

Ҳамаи он жандапора ва куҳна аст. Онро боз кун ва агар арзиш дорад, бибар, ҳалоли ту бошад.

Дузд медавид ва латтапораҳо ба замин мерехтанд.

Охири кор аз он саллаи калону бошукўҳ ҷуз як газ матои камбаҳо чизе дар дасташ намонд.

Бар замин зад хирқаро, к-эй беиёр,

З-ин дағал моро баровардӣ зи кор.

Фақеҳ гуфт: –Ман туро аз беарзишии моли дуздӣ огоҳ кардам, ту напазируфтӣ. Ҳоли ту ба кори дунё монад, агарчи зоҳири фиребанда дорад, аммо аз бевафоии худ фарёд мезанад. Бадбахтона, гўши суханшунав, дидаи эътибор нест.

Гуфт: «Бинмудам дағал, лекин туро

Аз насиҳат бозгуфтам моҷаро».

Он ғулом номаеро, ки навишта буд, дубора нахонд, аммо пеши ошпази шоҳ рафту шикояти худро бозгуфт.

Ошпаз, ки маҳрами шоҳ буд гуфт:

–Шоҳ на тангдаст асту на бахил. Ў ба ҳар кас ба қадри ихлосу некандешию хидмати ў мебахшад. Агар аз музди ту кам карда ё бемеҳр шудааст, бояд аз худат иллашро бипурсӣ, на ин ки онро ба шоҳ нисбат бидиҳӣ.

Аммо ҳар чӣ ошпаз мегуфт, ба гўши ў намерасид ва ҳарфи худашро ҳақ мепиндошт. Ошпаз гуфт:

Об аз сар тира аст, эй хирахашм,

Бештар бингар, яке бикшой чашм.

Ин магир аз фаръ, ин аз асл гир,

Бар камон кам зан, ки аз бозуст тир.

Оқибат ғулом номаро ба шоҳ расонд. Шоҳ номаро хонду онро дур андохт ва посухе надод. Гуфт:

–Ин мард аз бемеҳрии ман ғам надорад. Аз ин ки дастмуздаш кам шудааст, дар хашм аст. Ўаз ман намеандешад, доир ба хўрду хўрок меандешад.

Аммо ғулом ба ин қаноат накард ва боз номаи дигар ба подшоҳ навишт. Пеши худ гуфт:

–Номабар номаро ба шоҳ нарасонда ва ба ман хиёнат кардааст. Аз ин ҷиҳат, дар номаи дувум ба ошпазу номабар дашном дод ва онҳоро муттаҳам намуд.

Ҳаргиз фикр накард, ки кирм аз дарахт аст ва айб аз худи ўст. Ин номаро ҳам шоҳ хонд ва посух надод. Он ғулом панҷ бор нома навиштанро такрор кард. Охир вазири шоҳ ба ў гуфт:

–Ў ғулому бандаи шоҳ аст. Агар ҷавоби ўро бидиҳед, аз шаҳии ту чизе кам нагардад.

Аз шаҳии ту чӣ кам гардад, агар

Бар ғулому банда андозӣ назар?

Гуфт: «Ин саҳл аст, аммо аҳмақ аст,

Марди аҳмақ зишту мардуди Ҳақ аст.

Гуфт Пайғамбар, ки аҳмақ ҳар кӣ ҳаст,

Ў адувви мосту ғули раҳзан аст.

Шоҳ гуфт: –Ман марҳамати хешро дареғ намедорам, аммо ин ғулом марди аблаҳе ҳаст ва ҳар коре дар ҳаққи ў бикунӣ, розӣ намешавад. Паёмбари акрам (с) дар ин маврид барҳақ фармудааст: «Ҳар кӣ аҳмақ бошад, душмани мо ва ғули раҳзан аст».

Одамӣ дорои ду ақл аст: яке он ки таҳсил мекунад ва дигар он ки худодод аст.

Ақли дигар бахшиши Яздон бувад,

Чашмаи он дар миёни ҷон бувад.

Чун зи сина оби дониш ҷўш кард,

На шавад ганда, на дерина, на зард.

Ақли таҳсилӣ мисоли ҷўйҳо,

К-он равад дар хонае аз кўйҳо.

Роҳи обаш баст шуд, шуд бенаво,

Аз даруни хештан ҷў чашмаро!

ДОСТОНИ СИТОИШГАРУ ХАЛИФАИ БАҒДОД

Марде ба Ироқ сафар кард. Чун баргашт, ёрони ў пурсиданд, ки сафар чӣ гуна анҷом ёфт? Хуш гузашт ё на? Марди мусофир посух дод, ки сафар бисёр хуб буд, ҷуз дурии дўстону азизон камбуде надоштам. Халифаи

Бағдод ба ман даҳ ҷома дод, ки яке аз дигаре беҳтар. Он гоҳ дар ситоиши халифа он қадар доди сухан дод, ки чӣ қадар меҳрубону бахшанда буд. Дўстон гуфтанд:

–Зоҳири ту нишон медиҳад, ки ин суханон дуруст нестанд. Саропойи ту жанда аст ва ҳоли ту ҳам зор.

Агар халифа ба ту чизе дода буд, бояд зоҳири дурусте медоштӣ.

Пас бигуфтандаш, ки аҳволи нажанд

Бар дурўғи ту гувоҳӣ медиҳанд.

Тан бараҳна, сар бараҳна, сўхта,

Шукрро дуздида ё омўхта.

К-ў нишони шукру ҳамди мири ту,

Бар сару бар пойи бетавфири ту?

Гар забонат мадҳи он шаҳ метанад,

Ҳафт андомат шикоят мекунад.

Дар сахои он шаҳу султони ҷуд

Мар туро кафшеву шалворе набуд?

Марди сафаркарда гуфт:

–Ман он чӣ аз халифа гирифтам, ба бенавоёну ниёзмандон бахшидам. Онҳо гуфтанд:

–Бахшиш кори хубест, агар ту бо хушнудиву ризо мол бахшидаӣ, муборак бошад. Вале рангу рухсори ту ошкор мекунад, ки ту на чизе гирифтаӣ ва на чизе додаӣ. Чеҳраи одами бахшанда равшану нуронӣ аст. Рўйи ту зарду чашми тира, ҳоли нохушу ботинат безор аст.

Худ гирифтам, мол гум шуд, майл ку?

Сайл агар бигзашт, ҷойи сайл ку?

Сад нишон бошад дарун исорро,

Сад аломат ҳаст некўкорро.

Ёрон гуфтанд:

–Аз ҳолу аҳволи ҳар кас сирри замири ў хабар медиҳад. Ту чаро беҷиҳат дидори халифа ва меҳрубонию бахшиши ўро ба худ мебандӣ, ба худ туҳмат мезанӣ? Ҳеҷ нишоне аз ин ки достони ту рост бошад, пайдо нест.

Ту малоф аз мушк, к-он бўйи пиёз

Аз дами ту мекунад макшуф роз.

«Гулшакар хўрдам» ҳамегўйиву бўй,

Мезанад аз сир, ки ёва магўй!

Дуруст аст, ки даруни хонаро деворҳо аз чашми ҳамсоя дур медоранд, аммо ҳамсояҳо аз шикофи равза ни девор бар он чӣ аз он сўйи онҳо мегузарад, огоҳ мешаванд. Аз асрори хонаи дил табибони дил бохабаранд ва бидуни гуфтугў бо нигоҳ рози ниҳонро дармеёбанд.

Ҳоло ки достон ба ин ҷо расид ва аз табиби дилу орифи худошинос ва ворастаи роздон сухан рафт, пешбинии Боязиди Бастомӣ, ки муждаи таваллуди

Шайх Абулҳасани Хорақониро дода буд, боз гўем:

Рўзе он султони тақво мегузашт

Бо муридон ҷониби саҳрову дашт.

Бўйи хуш омад мар ўро ногаҳон,

Дар саводи Рай, зи сўйи Хорақон.

Боязид рўзе аз саҳрои Рай ба сўйи Хорақон мерафт.

Ногаҳон муридон диданд, ки ҳоли ў дигаргун шуд ва дар чеҳрааш асари шодӣ ҳувайдо гардид. Муридон пурсиданд, ки чӣ ҳол ба шумо рух додааст?

Гуфт: «З-ин сў бўйи ёре мерасад,

К-андар ин деҳ шаҳриёре мерасад.

Баъди чандин сол мезояд шаҳе,

Мезанад бар осмонҳо хиргаҳе.

Рўяш аз гулзори Ҳақ гулгун бувад,

Аз ман ў андар мақом афзун бувад».

Он гоҳ гуфт: –Номи ў Абулҳасан аст ва аз авлиёи Худост. Дар бораи шаклу шамоил, ранги чеҳраву қадду боло нишонаҳое дод.

Муридон гуфтаҳои Боязиду таърихеро, ки ин пешгўйӣ ба ў даст дода буд, ёддошт карданд. Солҳо пас аз он ҳамон тавр ки гуфта буд, дуруст дар рўзи муайян

Абулҳасани Хорақонӣ ба дунё омад.

Аз паси он солҳо омад падид

Булҳасан баъди вафоти Боязид.

Ҷумлаи хўҳои ў з-имсоку ҷуд

Ончунон омад, ки он шаҳ гуфта буд.

Лавҳи маҳфуз аст ўро пешво,

Ў чӣ маҳфуз аст? Маҳфуз аз хато.

На нуҷум асту на рамл асту на хоб,

Ваҳйи Ҳақ, «валлоҳу аълам би-с-савоб».

Ваҳйи дил гираш, ки манзаргоҳи ўст,

Чун хато бошад, чу дил огоҳи ўст.

Пас аз ин ки шайх ба мақоми баланди ирфон расид, муридон достони гузаштани Боязид, пешгўйӣ ва хабари вилодати ўро, ки аз пеш хабар дода буд, таъриф карданд. Шайх гуфт:

–Ман ҳам дар хоб он чӣ шумо мегўед, ҳамаро дидаам ва аз он ҳангом ҳар бомдод ба гўристон мерафту мазори Боязидро зиёрат мекард, масоилу мушкили худро ҳал мекард, то ин ки як рўз ба гўристон омад. Он саросар аз барфи фаровон пўшида, ба тавре ки наметавонист гўри ўро пайдо кунад. Ногаҳон дар ҳоли тафаккур ва андеша овозе шунид:

Ҳин, биё, ин сў, ба овозам шитоб,

Олам аз барф аст, рўй аз ман матоб!

Ҳоли ў з-он рўз шуд хубу бидид,

Он аҷоибро, ки аввал мешунид.

Аз он рўз Шайх Абулҳасан соҳибкаромот шуд ва ба сафи волотарин орифони ҷаҳон даромад.

пешина
аз 47
навбатӣ